Қурбонхонова Н.М.
Андешаҳо дар боби суханрониҳои Ҷаноби Олӣ дар мулоқот бо аҳли илм
Вохўрии навбатии Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки 30.05.2024 баргузор гардид, хотирмон барои аҳли илми кишвар арзёбӣ мегардад. Дар ин вохўрӣ ҳалли мушкилоту баланд бардоштани сатҳу сифати илми кунунии кишвар, тарбияи кадрҳои илмӣ мавриди баррасӣ қарор ёфта буд. Ҳар як сухани Ҷаноби Олӣ барои тараққиёту таҳаввулоти зеҳниву технологӣ ва пешрафти минбаъдаи давлат равона карда шудаанд.
Имрўзҳо тамоми сайёра ба ҷаҳонишавии бесобиқа рўбарў гардида, зуҳуроти манфии он махсусан, фарҳангу маънавиёти бегона ва ѓарази бархе аз афроди нотавонбин ба тамаддуни бостонии миллат хатар ба вуҷуд оварда истодааст. Аз ин рў ҳам Ҷаноби Олӣ таъкид намудаанд, ки барои мо меъёрҳои муқарраркардаи Конститутсия ва арзишҳои миллӣ, фарҳангиву таърихӣ ҳамеша афзалият доранд. Маълум аст, ки таърихи ҳазорсолаҳои миллати тоҷикро муҳаққиқони ватаниву хориҷӣ таи садсолаҳо таҳқиқу таҳлил намудаанд ва натиҷагирӣ кардаанд, ки миллати тоҷик дар ҳама вазъияту бархўрдҳо дорои фарҳангу арзишҳои миллии худ будааст. Пешвои миллат таъкид доштанд, ки “Истиқлоли давлатӣ шароит фароҳам овард, ки таҳқиқи илмии дастовардҳои моддиву маънавӣ, мероси фарҳангӣ ва таърихи куҳанбунёди тоҷикон вусъати бесобиқа пайдо карда, миллати тоҷик дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун миллати тамаддунсозу фарҳангсолор, эҷодкору илмпарвар ва шаҳрсозу шаҳрнишин муаррифӣ гардад”. Ин кори мусбат аз тарафи аҳли илму дониш то сатҳе анҷом дода шуда бошад ҳам, вале ба таъкиди Президенти мамлакат қаноаткунанда намебошад.
Дар ин раванд аҳли илми кишвар, ки ҳамчун нерўи зеҳниву пешрав шинохта мешаванд, зарур донанд, ки сарманшаи арзишҳои фарҳангиву миллии гузаштаи халқи тоҷикро таҳқиқу таҳия намуда, бо далелҳои муътамаду собитшуда ба тақлидгарону хурофотпарастон ҷавоб диҳанд. Ин арзёбӣ метавонад, насли наврасу ҷавонро минбаъд ҳам аз ҳақиқати таърих, фарҳанги ѓании миллати хеш огоҳ намуда, аз гаравидан ба фарҳанги бегонаро боз дорад ва нисбат ба ватан, забон, таърих, расму анъана ва либоси миллиашон ҳамчун унсурҳои асосии арзишҳои волои миллӣ арҷгузорӣ намоянд.
Дар радифи дигар масъалаҳо Ҷаноби Олӣ бори дигар масоили ҷалби ҷавонон ба илмомўзӣ ва густариши тафаккури илмӣ дар ҷаҳони муосирро ба миён гузошт. Рушди маърифатнокии аҳолӣ, тавсеаи тафаккур ва ҷаҳонбинии илмӣ ва ҷалби бештари ҷомеа, алалхусус, наврасону ҷавонон ба илмомӯзӣ, ки бунёди онро илмҳои табиӣ ва риёзӣ ташкил медиҳанд, василаи асосии пешгирӣ кардани хурофот, ифротишавӣ, зоҳирпарастии динӣ ва гароидан ба ғояҳои иртиҷоӣ мебошад. Дар ин ҷода Ҷаноби Олӣ ишора намуданд, ки кишварҳое метавонанд, ҳастии худро ҳифз карда, рушд ёбанд, ки шаҳрвандонашон дорои сатҳи баланди саводнокӣ ва маърифату фарҳанг, илмдўсту донишманд ва соҳибҳунар бошанд. Масъалаи густариши тафаккури илмии ҷавононро дар марҳилаи кунунӣ ҳамчун вазифаи афзалиятноки рушди илми тоҷик дар арсаи байналмилалӣ мушаххас намуданд. Аз ин рў бояд талоши ҷавонон дар раванди илм ҳамаҷониба дастгирӣ карда ва дар маркази таваҷҷуҳи ниҳодҳои дахлдори давлат гузошта шавад, то ки дар ҳал намудани чанд масоили дигари имрӯзу ояндаи кишвар мусоидат хоҳад кард. Аввалан, зарур аст, ки насли ҷавон ба арсаи байналмилалии инноватсинонӣ дохил шуда, дастовардҳои беназири миллати тоҷикро дар арсаи ҷаҳонӣ боз ҳам беҳтар муаррифӣ намояд. Аз тарафи дигар пайванди наслҳо, ки тўли ҳазорсолаҳо арзиши баланди халқи тоҷикро нишон дода, дар пояи он ҳастиашро аз даст надод, боз ҳам мустаҳкамтар мегардад. Баъдан, ҷалби ҳар чи бештари ҷавонон ба соҳаи илм ва дастгирӣ ёфтани ҷавонон метавонад сатҳи маърифатнокии ҷомеаро баланд бардошта, дар ҳифз намудани манфиатҳои миллии хеш устуворонатар саҳм гузоранд. Аён ба назар мерасад, ки ҷавонон аз ҷониби Роҳбарияти Олии кишвар мунтаззам дастгирӣ ёфта, барои онҳо имкониятҳои зиёд фароҳам оварда шудааст. Аз ҷумла, таъсис ёфтани Комиссия олии аттестатсионии миллӣ як намунаи олии ин дастгириҳо мебошад, ки ҷавонон бе ягон мушкилӣ ва монеа метавонанд дар кишвари хеш рисолаҳои илмиашонро таҳия ва ҳимоя намоянд. Инчунин баланд бардоштани музди меҳнати кормандони соҳаи илм, стипендияҳо, тарҳрезии барномаҳо ва грантҳо барои анҷоми корҳои илмӣ шаҳодати ин ғамхориҳо ва дастгириҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд
Дар маҷмӯъ мулоқоти навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли илм барои тамоми аҳли ҷомеа ба хусус, илм ва низоми маориф хотирмон боқӣ монда, дар роҳи баланд бардоштани мақоми илм ва маориф дар ҷомеа, рушду пешрафти илми муосир, арҷгузорӣ ба давлату миллати куҳанбунёди точик раҳнамои боарзише мебошад.