wrapper

Институт

Институт

Кулли мардуми Тоҷикситон, ҳамаи тоҷиконе, ки футболро дӯст медоранд МУБОРАК БОД мекунем

Раёсати Институти илмҳои гуманитарии ба номи академик Б. Искандаров ва ҳамаи кормандони муассиса дар баробари кулли сокинони Тоҷикистони азизамон имрӯз аз он фарх доранд, ки тими мунтахаби футболбозони кишварамон дар мусобиқаи Ҷоми Азияи 2023 тими мунтахаби Аморати Арабистонро мағлуб сохта, бо ин ғалабаи худ номи Тоҷикистонро дар сатрҳои аввали ВАО-и ҷаҳонӣ баровард.
22 январ дар доираи сафари давлатӣ ба Давлати Қатар Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо футболбозон мулоқот намуда, дар ин асно, ҷавононро ба ватандӯстӣ, худшиносӣ ва ифтихор аз Ватан насиҳат карданд. Зикр гардид, ки ҷавонон бояд ҳарчи бештар ба варзиш машғул шаванд ва парчами кишварро дар арсаи ҷаҳонӣ бо дастовардҳои беназирашон баланд бардоранд.
Бояд зикр кард, ки таъмини рушди варзиш дар Тоҷикистон ва дастгирии варзишгарон, бахусус футболбозон дар маркази таваҷҷуҳи Сарвари давлатамон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, дар ин ҷода дар давоми солҳои Истиқлолият иқдомҳои бемислу монанд ва маблағгузориҳои зиёд амалӣ гардидаанд. Ташаббуси Ҳукумати кишварамон бе натиҷа намонд ва ҳоло самараву натиҷаҳои хуберо рӯи кор оварда истодааст.
Аз ин рӯ, мо кормандони Институти илмҳои гуманитарӣ на танҳо тими мунтахаби футболбозони кишварамонро бо ин санаи фаромӯшнашаванда табрику таҳният мегӯем, балки кулли мардуми Тоҷикситон, ҳамаи тоҷиконе, ки футболро дӯст медоранд МУБОРАК БОД мекунем ва ҷавононро даъват ба он менамоем, ки чунин пайкорҳоро сармашқи зиндагии ҳаррӯзаи худ дониста, дар сарбаланд намудани номи Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ кӯшиш намоянд.

Муфассал ...

Санаи 29-январи соли 2024 дар толори Институти илмҳои гуманитарӣ

Санаи 29-январи соли 2024 дар толори Институти илмҳои гуманитарии ба номи академик Б. Искандарови АМИТ вакилони палатаи поёнии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзали Идизода ва Даринг Раҳмон Ҷаҳонафзун бо кормандони ИИГ вохӯрӣ гузаронда нуктаҳои асосии Паёми имсоларо баррасӣ намуданд.
Вохуриро директори ИИГ доктори илмҳои филологӣ Қаландариён Ҳоким Сафар ифтитоҳ намуда, ба таври хеле фишурда аз фаъолияти кории ИИГ ахборот дода қайд намуд, ки кормандони ИИГ дар тарғибу ташвиқи сиёсати давлат аз ҷумла Паёмҳои Пешвои муаззами миллат, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомали Раҳмон сахмгузоранд.
Сипас, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзали Идизода баъзе нуктаҳои паёмро оиди илму маориф ва сайёҳӣ ташреҳу тавзеъ дода, дар пешрафти давлат мавқеи калидӣ доштани онҳоро қайд намуд.
Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Даринг Раҳмон Ҷаҳонафзун бошад доир ба пешниҳоди Ҷаноби олӣ, оиди дар назди Ҳукумати мамлакат ташкил кардани сохтори алоҳида-Агентии ҳифзи мероси таърихиву фарҳангӣ сухан ронда, масъалаи аҳамияти ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ, рушди ҳунарҳои мардумиро баррасӣ намуд.
Дар охир баъзе масъалаҳои мубрам мавриди муҳокима қарор гирифта, аз ҷониби кормандони ИИГ таклифу пешниҳодҳои судманд ироа гардиданд.

Муфассал ...

«Мизи мудаввар» дар мавзуи «Садашиносӣ дар Тоҷикистон»

Дар толори Институти илмҳои гуманитарии ба номи академик Б. Искандарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон «Мизи мудаввар» дар мавзуи «Садашиносӣ дар Тоҷикистон» баргузор гардида буд. Дар он ходимони илмии Институт бо мавзуъҳои ҷолиб баромад намуданд.
Раёсат ва кормандони Институти илмҳои гуманитарии ба номи академик Б. Искандарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба муносибати Ҷашни Сада кулли мардуми шарифи ВМКБ ва дар симои онҳо кулли сокинони Тоҷикистони азизро табрику таҳният гуфта, ба ҳамагон рўзгори хушу осуда ва осмони софу беғуборро таманно доранд.
ИДИ САДА МУБОРАК БОД!

Муфассал ...