wrapper

Институт

Институт

ВАЗЪИ ИҶТИМОИЮ ИҚТИСОДИИ МАМАЛАКАТ АЗ ПАЁМ ТО ПАЁМ

ИМОМЁРБЕКОВА ГУЛШАН ГУЛХАНОВНА - докторанти PhD-и шуъбаи таҳқиқоти иҷтимоӣ-иқтисодии Бадахшони Институти илмҳои гуманитарии ба номи Б. Искандарови АМИТ

ВАЗЪИ ИҶТИМОИЮ ИҚТИСОДИИ МАМАЛАКАТ АЗ ПАЁМ ТО ПАЁМ

         

Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хорҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ бо иштироки васеъи намояндагони вазорату идораҳо, корхонаҳо ва созмону ташкилотҳои ҷамъиятӣ  ироа гардид. 

Дар Паёми навбатии Президенти мамлакат ваъзи сиёсӣ, иқтсодӣ ва иҷтимоии мамлакат пурра ва мушаххас таҳлил гардид, ки мувофиқи муҳтавои он дастовардҳои иқтисодиву иҷтимоии кишварамон ба таври возеҳ мушоҳида мегарданд.

Соли 2023 барои Тоҷикистон бо вуҷуди мураккабшавии вазъи ҷаҳони муосир, инчунин тағирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он, ки дар минтақа идома дорад,  барои мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор буд. 

Дар рушди иқтисодиёту иҷтимоиёти  кишвар пешравиҳои назаррас ба назар мерасанд. ММД нисбат ба соли соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид, ки ин беш аз 130 миллиард сомонӣ мебошад.

Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукмати мамлакат вобаста ба ҳалли масъалаҳои соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд.

Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард сомонӣ равона карда шуд, ки ин нисбат ба соли 2022-юм 5,3 миллиард сомонӣ зиёд мебошад.

Дар ҳафт соли охир суръати рушди иқтисоди миллӣ ба ҳисоби миёна 7,5 фоизро ташкил дода, ҳаҷми ММД 1,5  баробар зиёд гардид.

Ҳол он, ки дар давраи пандимияи КОВИД-19 беш аз ду сол дар шароити маҳдудиятҳои иқтисодиву иҷтимои қарор доштем.

Дар ин давра даромади пулии аҳолӣ 3,3 баробар афзоиш ёфта аз 37,2 миллиард сомонӣ дар соли 2017 ба 112,7 миллиард сомонӣ дар соли 2023 расид. Музди миёнаи меҳнат беш аз 2 баробар ва андозаи нафақаи ниҳоӣ 1,9 баробар зиёд гардид.

Бо вуҷуди болоравии нархҳо дар бозорҳои ҷаҳонӣ солҳои охир дар мамлакат сатҳи таваррум муътадил нигоҳ дошта шуда, дар соли 2023-юм 3,8 фоизро ташкил намуд.

Дар натиҷаи амалисозии тадбирҳои зикригардида сатҳи камбизоатӣ аз 29,5 фоизи соли 2017 ба 21,2 фоиз коҳиш дода шуд. Дар ду даҳсолаи охир сатҳи зиндагии мардум тадриҷан беҳтар гардида нишондиҳандаи сатҳи камбизоатӣ аз 83 фоизи соли 1999 то 62 банди фоизӣ дар соли 2023 паст карда шуд.

Дар натиҷаи амалисозии барномаҳои созандаи Ҳукумати мамлакат қисми даромади буҷети давлатӣ ҳар сол зиёд гардида, соли 2023 ҳаҷми он нисбат ба соли 2017-ум 1,6 баробар афзоиш ёфт. Бо фароҳам омадани имконият хусусияти иҷтимоии буҷети давлатӣ тақвият дода шуда, хароҷот барои илму маориф, тандурустӣ ва дигар соҳаҳои иҷтимоӣ аз 9,6 миллиард сомонии соли 2017 ба 18,5 миллиард сомонӣ дар соли 2023 расонида шуд, яъне 1,9 баробар зиёд гардид.

Дар ҳафт соли охир аз ҳисоби буҷети давлатӣ барои дастгирии гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ тавассути пардохти нафақа, кумакпулӣ ва ҷубронпулиҳо, нигоҳдории муассисаҳои ҳифзи иҷтимоӣ ва уҳдадориҳои дигар зиёда аз 21,9 миллиард сомонӣ, аз ҷумла танҳо дар соли 2023-юм 4 миллиард сомонӣ равона карда шуд.

Дар ин давра танҳо ҷиҳати пардохти кумаки унвонии иҷтимоӣ барои оилаҳои камбизоат ва кӯдакони маъюб, инчунин, ҷубронпулии яквақта ба шаҳрвандони аз фалокатҳо зарардида 2 милларду  70 миллион сомонӣ равона карда шудааст.

Инчунин ҷиҳати идома додани ғамхории давлат ва Ҳукумати мамлакат ба мардуми кишвар, боз ҳам баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии сокинон ва тақвият бахшидани ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ аз тарафи Пешвои миллат чунин супоришҳо ироа гардиданд:

  • аз 1-уми июли соли 2024 нафақаҳои суғуртавӣ, меҳнатӣ ва иҷтимоӣ, инчунин, иловапулӣ ба онҳо дар ҳаҷми 30 фоиз аз андозаи муқарраршудаашон,
  • маоши вазифавии кормандони мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ, муассисаҳои маориф, илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, дигар ташкилотҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва буҷетӣ, инчунин стипендияҳо 40 фоиз;
  • аз 1-уми январи соли 2024 музди меҳнати амалкунандаи хизматчиёни ҳарбӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар кормандони ин мақомот 40 фоиз зиёд карда мешавад.

Ҳамзамон, аз 1-уми июли соли 2024 ҳадди ақалли музди меҳнат барои тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар ба андозаи 800 сомонӣ дар як моҳ муқаррар карда шуд.

Ин албатта дастгирии навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ҳамаи кормандони муассисаҳои буҷетӣ ва донишҷӯён мебошад. Чунин ғамхорию дасгирӣ моро водор месозад, ки донишу малакаи худро тақвият дода, кору фаъолияти ҳарузамонро баланд бардошта, дар рушду нумуи Ватани азизамон саҳмгузор бошем.  

Муфассал ...

Дар ҳошияи Паёми Президенти Ҷуҳурии Тоҷикистон

Карамова Ибодат, ходими илмии шуъбаи таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии Институти илмҳои гуманитарии ба номи Б. Искандарови АМИТ

Роҳҳо – фарсахҳо

(Дар ҳошияи Паёми Президенти Ҷуҳурии Тоҷикистон)

         Албатта, пайдоиши роҳҳои аввалин ба тараққиёти ҷамъияти инсонҳо алоқаманд аст ва баъдан ба пайдоиши воситаҳои нақлиёт. Аз замонҳои қадим одамон кӯшиш мекарданд, ки аз роҳҳои   мувофиқтарини ҳаракат истифода баранд. Зарурияти кашондани ҳаҷми торафт афзояндаи борҳо омили асосии тараққиёти роҳҳо гардид. Дар натиҷа роҳҳои калон- шоҳроҳҳо пайдо шуданд ва мисли тори анкабут кураи заминро иҳота карданд. Қад-қади ин шоҳроҳҳо инсонҳо ҷои истиқоматро интихоб карда, аввал деҳаҳоро бино карданд, ин деҳаҳо  баъд ба шаҳр-давлатҳо ва оқибат ба давлатҳои абарқудрат табдил ёфтанд. Ба воситаи ин роҳҳо давлатҳо бо якдигар муносибатҳои иқтисодӣ, савдоӣ, фарҳангӣ, сиёсиро ба роҳ монданд.

         Империяи Рим дар рушди шабакаҳои роҳҳои ҷаҳони қадим нақши муҳим бозид. Римиҳо ҳар сол аз 500 то 800 километр роҳҳои нав месохтанд. Маъруфтаринаш Аппиан аст, ки зиёда аз 2300 сол пеш сохта шуда, аз Рим то Бриндизи тӯл кашидааст. Яке аз дарозтарин роҳҳои қадим Егнатево буд, ки аз қаламрави Туркия, Албания ва Македония мегузашт ва 800 километрро ташкил мекард.

         Дар асрҳои миёна шабакаи роҳи автомобилгарди Аврупо ба ҷои аввал баромад. Дар шаҳри Париж аввалин донишкадаи олӣ кушода шуд, ки дар он мутахассисони соҳаи роҳсозӣ тайёр мекарданд. Дар асри XVIII асбобҳои геодезӣ дар тарҳрезии роҳҳо васеъ истифода бурда мешуданд. Прогресси техникии асри XIX ба сохтмони роҳҳо низ таъсир худро расонда, роҳҳои сифатан баланд сохта ба истифода дода шуданд. Роҳи дарозтарин дар ҷаҳон дар ин давра – шоҳроҳи панамерканӣ ба ҳисоб мерафт, ки зиёда аз 30 ҳазор километр тўл кашида, аз ҳудуди 14 мамлакати Амрикои Шимолӣ ва Ҷанубӣ мегузашт. Баландтарин роҳи мумфаршшуда Хитой ва Покистонро ба ҳам мепайвандад ва қад- қади қаторкӯҳҳои Ҳимолой, Помир ва Қароқурум дар баландии қариб 5 ҳазор метр аз сатҳи баҳр  мегузарад. Ин роҳ дар охири солҳои 80-ум дар ҷое сохта шуда буд, ки дар давраи қадим як қисми Роҳи Бузурги Абрешим аз он ҷо мегузашт. Лоиҳаи барқарор намудани муносибатҳои тиҷоратии Хитой бо дигар давлатҳо дар нимаи дуюми асри II пеш аз мелод ба миён омад. Дар соли 121 пеш аз мелод аввалин корвони шутурҳо бо абрешим ва оинаҳои биринҷӣ ба водии Фарғона раҳсипор шуданд. Ин роҳ аз пойтахти Хитои қадим-Луоян оғоз ёфта, минтақаҳои Осиёи Шарқиро бо баҳри Миёназамин дар замони қадим ва асрҳои миёна мепайваст. Соли 1877 ҷуғрофдони олмонӣ Ф.Ф. фон Рихтхофен бори аввал ба роҳи тиҷоратие, ки се қитъа: Осиё, Аврупо ва Африқоро бо ҳам мепайваст,  номи “Роҳи абрешим”-ро дод. Роҳи Абрешим, ки дар замонҳои  қадим даштҳо, баҳрҳо ва биёбонҳоро убур карда, барои вохӯриҳои сафирон ва барқарор кардани робитаҳои сиёсӣ-иқтисодӣ, муколамаи фарҳангӣ имконияти хуб фароҳам овард, ба бархўрду вусъат ёфтани  тамаддунҳои бузург мусоидат кард.

         Инсоният дар марҳилаи кунунии тараққиёти босуръати иқтисодиёт зарурияти барқарор кардани фаъолияти Роҳи Бузурги Абрешимро дарк карда барои аз нав барқарор ва вусъат додани он талошҳо карда истодааст.  

         Соли 1987 дар сесияи ЮНЕСКО қарор оиди тарҳрезии лоиҳаи байналмилалии омӯзиши ҳаматарафаи Роҳи Бузурги Абрешим қабул шуд. Ин лоиҳа  дар доираи ду барномаи бузурги ЮНЕСКО амал мекард: “Муҳити инсон, захираҳои заминӣ ва баҳрӣ” ва “ Фарҳанг ва оянда”. Мақсади ин лоиҳа омӯзиши амиқ ва ҳаматарафаи Роҳи Абрешим буд, то ки  ҷаҳониён зарурияти азнавбарқароркунӣ ва аҳаммияти ҷаҳонӣ доштани онро дарк кунанд.

         Бо ташаббуси давлати Чин, 15 - майи соли 2017 дар ш. Пекин Форуми байналмиллалии иқтисодии “Як камарбанд ва як роҳ” баргузор гардид. Мақсади ин форум сармоягузорӣ ва ҷалби давлатҳои абарқудрат дар азнавбарқароркунӣ ва вусъат додани Роҳи Бузурги Абрешим, ки барои ба дараҷаи баланд вусъат додани муносибатҳои иқтисодию сиёсӣ хеле зарур аст, ба ҳисоб меравад. То 13 - марти соли 2022 давлати Чин бо 148 кишвар ва 31 созмонҳои байналмиллалӣ дар доираи ташаббуси “Як камарбанд ва як роҳ”,  аз ҷумла бо 38 давлати Осиё ҳамкорӣ кардааст. Тоҷикистон ба қатори он давлатҳо шомил аст, ки бо давлати Чин созишномаро ба имзо расонд.  Дар баробари ин, Тоҷикистон яке аз давлатҳое мебошад, ки дар сохтмон ва барқароркунии роҳҳои сатҳи  байналмилалӣ, аз он ҷумла Роҳи Бузурги Абрешим саҳмгузор аст ва дар ин самт кӯшишҳои зиёдеро ба харҷ дода истодааст.

         Аз суханони Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, ки дар паёми навбатӣ баррасӣ шуданд, бармеояд, ки дар ояндаи наздик роҳҳои Тоҷикистон ба сифати долони транзитӣ ва иқтисодии Чин-Тоҷикистон -Афғонистнон ва Чин–Тоҷикистон-Ӯзбекистон-Туркманистон-Эрон-Туркия-Аврупо, инчунин Тоҷикистон-Чин-Покистон истифода хоҳад шуд.

         Ҳукумати Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки дар ояндаи наздик барои ташаккули долонҳои иқтисодӣ як қатор лоиҳаҳои афзалиятноки бунёду таҷлили роҳҳои мошингарди дорои аҳаммияти байналмилалӣ лоиҳакашӣ ва барои ҷалби сармоя пешниҳод намояд. Итминони комил дорем, ки  ин иқдоми пешгирифтаи Сарвари давлат, дар солҳои наздик амалӣ гардида Тоҷикистонро пурра аз гумбасти коммуникасионӣ мебарорад.

 

 

 

 

Муфассал ...

МАҚОМУ МАНЗАЛАТИ ЗАНОН -БОНУВОН ДАР ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

 Зоолишоева Ш. Ф.  –  номзади илмҳои филологӣ, ходими калони илмии шуъбаи забонҳои помирии Институти илмҳои гуманитарӣ ба номи Б. Искандарови АМИТ

МАҚОМУ МАНЗАЛАТИ ЗАНОН -БОНУВОН ДАР ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

 

Паёми ҳамасолаи Президенти мамлакат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчун як раҳнамоест бораи рушди ҷомеа ва давлат.

Ҳурмату эҳтироми самимонаи Пешвои муаззами миллат нисбати зан-модар дар ҳар як суҳбату вохӯриҳояшон, ки  мо шоҳиди он ҳастем, нишонгари он аст, ки ин масъала барои роҳбари давлат чи қадар муҳим аст.  Сарвари давлат дар  паёмашон нуқтаи аз ҳама муҳимро дар бораи баланд бардоштани мақому манзалат, соҳиби донишу маърифат гардидани бонувонро таъкид намуданд: “Мо дар даврони соҳибистиқлолӣ мақоми занонро дар ҷомеа марҳала ба марҳала баланд бардошта, барои онҳо шароити муносиби фаъолиятро фароҳам овардаем”.

Имрӯзҳо, баробарҳуқуқӣ бо мардон ва озодии занон аз он шаҳодат медиҳад, ки  онҳо тавонистанд ба ҳаёти иҷтимоию сиёсии мамлакат фаъолона ворид гардида, дар  тараққиёти мамлакати маҳбубамон саҳми назарраси худро гузоранд. Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон занон-бонувонро қувваи созанда ва боэътимоди ҷомеа меҳисобанд. Бонувон ин дастгирии пешвои миллатро бо як дилгармӣ пазируфта, дар мақомотҳои мухталифи ҳокимият кору фаъолият карда истодаанд. 

Мақому манзалати зан-модар дар тамаддуни миллати тоҷик аз давраҳои пеш то ба имрӯз мавқеи муҳимеро ишғол мекунад ва ҳар як панду андарз, ҳар як сухани  шоиру нависандаҳои гузашта ва  имрӯзаи мо аз тавсифу таърифи ин олиҳаи бузург холӣ нест.

Кобили қайд аст, ки  таваҷљуҳи махсуси Пешвои миллат чиҳати баланд бардоштани мақоми занон дар даврони соҳибистиқлолии кишварамон пурра амалӣ гашта истодааст ва онҳо дар баробари мардон дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ адои хизмат намуда истодаанд. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёмаш иброз даоштанд, ки: “Имрӯз занону бонувони тоҷик ба хотири рушди ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат, аз ҷумла дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ содиқона хизмат карда истодаанд”.

Занону ҷавондухтарони тоҷик инчунин дар баробари мардон дар ҷодаи соҳибкорӣ низ фаъоланд. Онҳо чандин корхонаҳои хизматрасониву истеҳсолиро таъсис дода бомуваффақият меҳнат мекунанд ва мунтазам аз ҷониби Пешвои миллат мавриди дастгирии ғамхорона қарор мегиранд: “Кредитҳои ба занону бонувони соҳибкор пешниҳодшуда 30 фоиз афзоиш ёфта, ба 4,8 миллиард сомонӣ расонида шуд”.

Бояд зикр намуд, ки Роҳбари давлат ба масъалаи муҳими тарбия ва соҳиби дониш гардидани фарзандонамон, аз кӯдакистонҳо сар карда то ба Донишгоҳҳову донишкадаҳо, тавваҷҷуҳи махсус изҳор мекунанд. Диққати асосӣ ба соҳибмаълумот гардидани духтарон дода мешавад, зеро онҳо  тарбиятгар, мураббӣ ва муаллимони насли ояндаамон мебошанд. Ҳамасола барои духтароне, ки мактабро дар деҳот хатм менамоянд квотаи президентӣ дода мешавад, то ки онхо ба мактабҳои олии мамлакат дохил шуда таҳсили илм намоянд, соҳиби маълумоти олӣ гарданд, ва барои халқу миллат хизмати арзандаи худро расонанд: “Танҳо дар даҳ соли охир 11 ҳазор духтарон муассисаҳои таҳсилоти олии касбиро бо квотаи президентӣ хатм кардаанд”. 

Нуқтаи дигари муҳимеро, ки Пешвои миллат қайд намуданд, ин буд, ки, хушбахтона, љавондухтарони тољик на фақат дар дохили кишвар, балки берун аз он –дар давлатҳои хориља низ таҳсил карда истодаанд: “аз 41 ҳазору 232 нафар донишҷӯёни тоҷик, ки ҳоло дар давлатҳои хориҷӣ таҳсил мекунанд, беш аз 11 ҳазор нафарашон духтарон мебошанд”. Ё ин ки дар ҷои дигар қайд карда гузаштанд, ки: “Аз 3 ҳазору 300 нафар ҷавононе, ки соли ҷорӣ танҳо тавассути маркази барономаҳои байналмилалии назди Вазорати маориф  ва илм ба хориҷи кишвар барои таҳсил рафтаанд, 30 фоизашон духтарон мебошанд”.

Роҳбари давлат дар бораи масъулияти волидон дар таълиму тарбияи фарзанд борҳо таъкид карда гузаштанд, ки: “Падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд бояд фаъол бошанд, фарзандро ба зиндагии мустақилона омода карда, онҳоро ба роҳи дурусти зиндагӣ ҳидоят намоянд, сарфаю сариштакориро, ки яке аз хислатҳои беҳтарини миллати  мост, риоя кунанд, ва дар эҳёи ҳунарҳои мардумӣ ҳамеша пешсаф бошанд, расму ойин, анъанаву суннатҳо ва фарҳанги миллиамонро ҳифз намоянд”.  

Дар охир, гуфтан ба маврид аст, ки мо-занону бонувони мамлакат, аз ғамхориҳои доимии Пешвои муаззами миллат, барои баланд бардоштани мақому манзалати зан-модар дар ҷомеа, барои  дастгирии ҳаматарафаашон бениҳоят миннатпазирем. Аз Паёми навини Сарвари давлат рӯҳу илҳоми тоза гирифта, минбаъд ҳам  барои пешрафту гулгулшукуфии  Ватани маҳбубамон софдилона хизмат хоҳем кард.

 

Муфассал ...