wrapper

Институт

Институт

ДАР РОҲИ ТАҒЙИРОТИ БУНЁДИИ ИЛМ

ПАЙШАНБИЕВА Сулҳия – магистранти курси 1-и шуъбаи

тадқиқоти иҷтимоиёту иқтисодиёти Бадахшони

Институти илмҳои гуманитарии ба номи Б.Искандарови АМИТ

 

ДАР РОҲИ ТАҒЙИРОТИ БУНЁДИИ ИЛМ

 

Андешаҳо дар ҳошияи мулоқоти Пешвои миллат бо намояндагони аҳли ҷомеа ва ходимони дини кишвар хеле ҷолиб ва ибратомӯз аст, ки ҳар мулоқоти Пешвои миллат бо аҳли зиё ҳамасола як ҳадафи нек ва баланди миллиро пешорӯи мо мегузорад ва як барномаи мушаххас ва ҷиддиро дар ҷодаи пешрафту дастовардҳои миллӣ пайгирӣ менамояд.

Мулоқоти имсола низ аз тамоми суҳбатҳои пешина ба куллӣ фарқ дошт ва бо тозагониҳо ва масъалагузориҳои мубрами рӯз уфуқҳои нави амалу кор ва пешрафти маънавии кишварро, хусусан дар соҳаи дин, ба рӯи мо боз гардонд. Воқеан маърӯзаҳое, ки бо иштироки ходимони дин ироа гардид, саросар бо руҳияи баланди ватандӯстӣ ва равшангароӣ баён ёфта, асосан барои баланд бардоштани иқтисодиёти кишвар ва некӯаҳволии мардум бахшида шуда буд.

Мавриди зикр аст, ки ҳамаи дастурҳои раҳнамунсози Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба анҷом додани хайру саховат, дастгирии оилаҳои камбизоат, ятимону бепарасторон, сарфаю сариштакорӣ ва танзими маъракаву маросимҳо аз беҳтарин аҳкоми тарбиявии Қуръони карим ва ҳадисҳои набавӣ гирифта шуда, мақсад аз он ҳидояти мардум ба роҳи пурсаодати зиндагӣ мебошад. Дар мулоқот ҳамчунин чанд тан аз зиёиён ва олимону ходимони дин нисбат ба ҳадафҳои арзишманди Роҳбарияти давлату ҳукумати кишвар, иҷрои ҳатмии қонуну муқаррароти ҳуқуқӣ, инчунини дигар масъалаҳои мубрами ҷомеа андешаронӣ намуда, ҳамзамон ба нигарониҳо ва талаботи хайрхоҳонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзи ҳамовозию пуштибонӣ карданд.

Мулоқоти Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони аҳли ҷомеа ва ходимони дини кишвар бори дигар нишон дод, ки таваҷҷуҳи Ҷаноби Олӣ ба ин қишри ҷомеа беандоза мебошад. Бинобар ин, суханронии мазкур дар байни намояндагони аҳли ҷомеа ва ходимони дини кишвар ва аҳли зиёи ҷумҳурӣ ҳисси баланди қаноатмандиро ба миён овард.

 

Муфассал ...

Конференсияи илмӣ бахшида ба Рӯзи илм таҳти унвони “Саҳми илмҳои гуманитарӣ дар тақвияти тафаккури миллӣ”

Конференсияи илмӣ бахшида ба Рӯзи илм таҳти унвони “Саҳми илмҳои гуманитарӣ дар тақвияти тафаккури миллӣ”

             Имрӯз дар толори Институти илмҳои гуманитарии ба номи академик Б. Искандарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Конфронси илмӣ бахшида ба Рӯзи илми тоҷик гузашт, ки дар он бо маърўзаҳои илмӣ директори ИИГ АМИТ доктори илми филология Қаландариён Ҳоким Сафар дар мавзуи “Илмҳои инсоншиносӣ ва инсонмеҳварии илм”, доктори илми филология Варќа Охониёзов дар мавзуи “Таҷассуми симои сулҳофари Пешвои миллат дар шеъри муосири тоҷик”, номзади илми таърих Шоинбеков Аловиддин дар мавзуи “Ањаммияти илми мардумшиносї дар таќвияти тафаккури  миллї” ва ходими калони илмї Њаќназар Имомназар дар мавзуи “Мақоми тафаккури дунявӣ, инсонмеҳварӣ дар ҷаҳонбинӣ ва тафаккури миллӣ” суханронӣ намуда, арзиши калидии илму маърифат дар тақвияти тафаккури миллиро бо мисолҳои дақиқ пешниҳод намуданд. Бахусус, таъкид гардид, ки нақши аҳли зиё дар масъалаҳои пешгирии амалҳои хусусиёти террористиву экстримистӣ дошта, аз байнбарии хурофоту зиёдаравӣ, бегонапарастиву ифрот хеле калон ва муҳим буда, дар дуруст инкишоф додани ҷаҳонбинии насли наврасу ҷавонон зиёиён метавонанд амалан кумакҳои худро матраҳ созанд. Қайд гардид, ки оромиву сулҳу суботи ҷомеа аз фаъол будани зиёиёни он вобастагии зич дошта, афкори оқиланаи онҳо метавонад таъсир дар тафаккури миллӣ гузорад. 

            РӮЗИ ИЛМ барои ҳар як мутаффакиру зиёӣ ва ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ муборак бошад! Бигзор таффакури ҳар нафар ғанитар аз илму донишу маърифат гардаду дилҳоятон пур аз меҳру муҳаббати инсонӣ саршор гардад.

Муфассал ...

АБУ ҲАНИФА НӮЪМОН БИННИ СОБИТ – ПЕШВОИ АДОЛАТПАРВАР, АҚЛГАРО, ТАҲАММУЛГАРО ВА ИСЛОҲГАРИ ОЛАМИ ИСЛОМ

Умед Мамадшерзодшоев Ходими илмии шуъбаи

таърих ва мардумшиносии  Институти илмҳои

Гуманитарӣ ба номи Б.И.Искандарови АМИТ

 

АБУ ҲАНИФА НӮЪМОН БИННИ СОБИТ – ПЕШВОИ АДОЛАТПАРВАР, АҚЛГАРО, ТАҲАММУЛГАРО ВА ИСЛОҲГАРИ ОЛАМИ ИСЛОМ

Имоми Аъзам Абуҳанифа Нӯъмон бинни Собит дар олами ислом яке аз машҳуртарин фақеҳон ва мутакаллимони бузурги ислом ба ҳисоб рафта,  дар миёни пайравонаш ҳамчун имоми адолатпар, ислоҳгар, таҳаммулгаро ва равшанфикр  шуҳрати беандоза дошта, ӯ поягузори мазҳаби ҳанафӣ- яке аз мазоҳиби чаҳоргонаи аҳли суннат ба шумор меравад ва пайравонашро мусалмонони мазҳаби ҳанафӣ меноманд.  

Тавре маълум аст, 9 марти соли 2024 дар шаҳри Душанбе мулоқоти Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини мамлакат баргузор гардид. Зимни ин мулоқоти пурмӯҳтавои худ Пушвои миллат Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи ҳозиринро ба бузургии таълимот ва фалсафаи Имоми Аъзам Абу Ҳанифа бинни Собит, ки ақидаҳои ӯ саршор аз афкори адолатпарварӣ ва таҳаммулгароӣ мебошанд, ҷалб намуданд:

“Мо ин иқдомотро ҳамчун идомаи корҳои анҷомдодаи гузаштагони некноми худ дар роҳи ҳифзу такомули арзишҳои эътиқодиву ахлоқии дини мубини ислом, поксозии он аз ҳама гуна хурофоту таассуб, ҳимоя аз тафриқаандозӣ ва пойдории асолати диниамон анҷом додем.

Зеро фарзанди фарзонаи миллати тоҷик Абӯҳанифа Нуъмон ибни Собит ё Имоми Аъзам поягузори бузургтарин мазҳаби таҳаммулгарои ислом аст, ки шумораи пайравонаш қариб 60 фоизи мусулмонони дунё, яъне беш аз нисфи эътиқодмандони дини исломро ташкил медиҳад.

Хотирнишон месозам, ки сабаби пайравони зиёд доштани мазҳаби ҳанафӣ дар ақлгароӣ ва таҳаммулгароии он буда, ба шароити ҳар давру замон, аз ҷумла замони муосир мутобиқат дорад ва инсонро ҳамчун беҳтарин мавҷуди офаридаи илоҳӣ дар мақоми бисёр баланд мегузорад.

Воқеан, дар замони муосир халқу миллатҳо бо роҳи омӯхтану ихтироъ кардани илму дониш ва техникаву технологияҳои муосир кӯшиш мекунанд, ки арзишҳои миллӣ, дастовардҳои фарҳангӣ ва озодиҳои шахсии худро дар паноҳи давлати соҳибистиқлоли хеш аз таҳдиди ҷаҳонишавии манфиатҳо ва суйиистифодаи арзишҳо ҳифз намоянд.

Пайравӣ аз ойини аҷдодиамон – мазҳаби ҳанафӣ яке аз воситаҳои муассири аз таҳдиду хатарҳо ҳимоя кардани фазои мафкуравии ҷомеаи мо дар шароити муосир мебошад”.

Дар ҳақиқат дар олами ислом мисли таълимоти Имом Абу Ҳанифа ақоиде вуҷуд надорад, ки таҳаммулгаро, ақлгаро ва сулҳофар бошад. Имом пайравонашро таъкид мекунад, ки онҳо бояд озодандеш бошанд. Фикри худро ҳангоми баҳсҳои мазҳабӣ озодона баён созанд.

Тавре аз иттилооти сарчашмаҳои таърихӣ ва осори муқаққиқон маълум мегардад, Имоми Аъзам илми фиқҳро инкишоф медод ва аз тамоми гӯшаву канори мамлакатҳои Шарқ шогирдон барои илмомӯзӣ ба назди ӯ меомаданд. Ҳангоми баргузории дарсҳо чунин ҳолат ҳеҷ гоҳ ба мушоҳида нарасида буд, ки Имом аз посух додан ба саволот шогирдон худдоррӣ намояд. Имом ба онҳо иҷоза медод, ки онҳо бояд дар бораи тамоми умуроти динӣ аз ӯ савол кунанд. Ва мегуфт: “Худовандо!  Агар дигарҳо аз мо тангдил мешаванд, дили мо барои онҳо фарох аст”. Муҳаққиқ Иноятуллоҳ Иблоғ дар китоби “Имоми Аъзам- Абу Ҳанифа ва афкори ӯ” мактаби Имоми Аъзамро бо мактаби Афлотун муқоиса мекунад ва менависад: “Афлотун бар дарвозаи мадрасааш навишта буд, касе бо илми ҳандаса ошно нест дохил нашавад”.  Вале Имоми Аъзам барои шогирдонаш чунин маҳдудиятро пеш намеовард. Ӯ дар назди шогирдонаш бо суханрониии қолабӣ баромад намекард, балки барои онҳо иҷоза медод, ки ҳангоми дарс онҳо бояд фикри худро озодона баён кунанд, доир ба масъалаҳои динӣ фикр кунанд ва агар чизеро нафаҳмиданд, аз устод суол кунанд. Аммо Афлотун баръакс ба шогирдон ҳангоми баҳс камтар имкон медод, ки онҳо аз ӯ суол кунанд. Афлотун танқидро низ кам меписандид. Имоми Аъзам бошад баръакс ба шогирдон таълим медод, ки ҳар як шогирд ҳуқуқ дорад ҳангоми дарс фикрашро рӯирост баён кунад. Ӯ мегӯяд, ки фикри ман як назария аст ва агар касе беҳтар аз он андешаеро баён кунад, ман онро қабул дорам. Аз ин ҷо маълум мегардад, Имоми Аъзам дар таълимоти фалсафиаш равиши хосеро пеш гирифта буд.

Бояд зикр кард, ки дар он давра низ дар кишварҳои Шарқ аз ҷумла арабӣ осори мутафаккирони Юнон нуфузи хеле зиёд пайдо карда буд. Вале Абу Ҳанифа фалсафаи Юнонро ҷонибдорӣ накард ва таълимоти ислом ва фарҳанги миллиро дар ҷои аввал мегузошт ва ба бегонапарастӣ роҳ намедод.Ба шогирдон таълим медод, ки мо бояд  мактаби худро дошта бошем.

Масъалаи дигари ҳассое, ки дар замони Абу Ҳанифа вуҷуд дошт, ин пайравӣ намудани мусалмонон  аз хурофотпарастӣ буд. Чуноне ки маълум аст дар он давра дар кишварҳои арабӣ ҷарайёнҳои исломӣ ба мисли муътазила, равофиз, хавориҷ ва дигарон вуҷуд доштанд, ки онҳо ақоиди ҳамдигарро қабул надошта, ҳамдигаррро бо куфр мутаҳам мекарданд. Дар натиҷа ин муборизаи идеологӣ онҳоро ба задухӯрд ва хунрезӣ оварда мерасонид. Имом Абӯ Ҳанифа бо ин гурӯҳҳо муборизаи беамон мебурд ва дар назди худ вазифа гузошт, ки дар миёни ин мазоҳиби тундрав сиёсати сулҳофариниро эҷод кунад, то ки  онҳо ҳамдигарро эҳтиром кунанд ва дар фазои дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ кор ва зиндагӣ намоянд. Масалан вақте ки Имом дар Куфа бо Ато ибни Рибоҳ вомехӯрад аз ӯ мепурсад аз куҷоӣ? Гуфт: Аз Куфа. Абӯ Ҳанифа гуфт: Аз мардуме, ки дар дини худ тафриқаҳо эҷод карданд. Гуфт: Бале. Ва Имом ин рафтори қабилаи Ато Ибни Рибоҳро мавриди интиқод қарор медиҳад.

Имоми Аъзам бо он фирқаҳои исломӣ, ки бо душманони ислом ва бегонагон бо ғарази эҷоди фасод ва фитнаи динӣ ҳамкорӣ мекарданд ва ин амалро ҳамчун васила барои расидан ба мароми  сиёсии хеш истифода мебурданд, муборизаи беамон мебурд. Зеро бар асари ин ихтилофот фирқаҳои исломӣ аз ҳамдигар ҷудо шуда, ҳадигарро бо куфр мутаҳам мекарданд. Имом пешниҳод мекард, ки дар ин муборизот гунаҳкоронро набояд ҷазо дод, балки онҳоро дар руҳияи инсонӣ тарбия кард хатогиии гунаҳкоронро рӯирост бояд гуфт ва ба онҳо бояд роҳи ростро нишон дод.

Яке аз паҳлӯҳои ҷолиби фалсафаи Имом Абӯ Ҳанифа ин буд, ки ӯ ба пешвоёни мазоҳиби исломӣ таълим медод, ки онҳо бояд ҳамдигарро эҳтиром кунанд, дар миёнашон иттиҳод бошад. Таърих ва фарҳанги гузаштаи худро инкор накунанд ва ҳамдигарро бо куфр мутаҳам насозанд. Кинаву адоватро як  сӯ гузошта, дар бандагии Худованд дӯсти ҳамдигар бошанд.

Хуллас Имоми Аъзам яке аз пешвоёни бузургтарини  олами ислом ба шумор меравад, ки ӯ дар миёни мусалмонон ҳамчун имоми адолатпарвар,ақлгаро, таҳаммулгаро ва ислоҳгар шӯҳрати беандоза дорад.

                                  

              

Муфассал ...