wrapper

Институт

Институт

Тараннуми Наврӯзӣ

Тараннуми Наврӯзӣ

         Имрӯз дар маркази шаҳри Хоруғ ду муассисаи бонуфузи илмӣ-таҳсилотӣ - Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М. Назаршоев ва Институти илмҳои гуманитарии ба номи академик Баҳодур Искандарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон чорабинии бахшида ба ҷашни Наврӯзро бо як шукӯҳу шаҳомати хоса гузарониданд. Дар чорабинӣ муовини Раиси Вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон муҳтарам Нилуфар Асламшоева иштирок дошта, пас аз тамошо намудани дастархони наврузӣ ва дастовардҳои илмии ин ду муассиса, ҳозиринро бо ин иди бузурги мардуми тоҷик табрику таҳният намуданд. Муовини Раиси ВМКБ махсус таъкид бар он доштанд, ки маҳз бо ибтикору ташаббуси оқилонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Навруз ҳамчун иди байналмиллалӣ аз тарафи созмони ЮНЕСКО эълон гардид ва мо имрӯз метавонем ин идро бо як фараҳу бузургӣ ҷашн гирему фарҳангу маданияти чандинҳазорсолаи худро ба ҷаҳониён муаррифӣ созем.

            Раёсати Институти илмҳои гуманитарии АМИТ аз фурсати муносиб истифода бурда кулли мардуми шарифи Тоҷикистонро бо ин ҷашни фархундапай ва хуҷаста табрику таҳният намуда, барои ҳар як тоҷикистонӣ зиндагии осудаву озоду пурбарор, қалби поку нияти тозаву тафаккури расо, ҳар рӯза дастархони пури наврӯзиву ҳамдигарфаҳмиву тинҷиву амониро хоҳон аст. Бигзор Тоҷикистони азизамон рӯз аз рӯз зеботару озодатар, бойтару бадавлаттар гардида, бо сулҳпарвариву некхоҳии худ машҳури ҷаҳониён гардад.

 

Ҳамватанони азизу гиромӣ!

Наврӯзатон фирӯз бод, ҳар рӯзатон Наврӯз бод!

 

Муфассал ...

СУННАТҲОИ НАВРӮЗИИ ТОҶИКОНИ АФҒОНИСТОН

Умед Мамадшерзодшоев

Ходими илмии шуъбаи таърих ва этнографияи Институти илмҳои гуманитарӣ ба номи Б.И Искандарови АМИТ

 

СУННАТҲОИ НАВРӮЗИИ ТОҶИКОНИ АФҒОНИСТОН

Наврӯз яке аз ҷашнҳои қадимтарини   қавмҳои ориёӣ аз ҷумла Эрон , Афғонистон ва Тоҷикистон  ба ҳисоб рафта, таърихи он ба давраҳои бостонӣ иртиботи қавӣ дорад ва он дар тули асрҳо дар миёни сокинони ин кишварҳо маҳбубияти беандоза касб намуда, онро бо шукӯҳу шаҳомат ва суннатҳои хоса ҷашн мегирифтанд.  

Дар ин мақола мо тасмим гирифтем, ки мавзӯи “Суннатҳои наврӯзии тоҷикони Афғонистон”-ро, ки онҳо ин ҷашнро бо расму оинҳои хоса ва мутафовит анҷом медиҳанд мавриди баррасӣ қарор диҳем. Ҳамчунин ҳангоми  баррасии мавзӯъи мазкур мо кӯшиш намудем, бархе аз оинҳои наврӯзии Бадахшони Тоҷикистон ва Наврӯзи тоҷикони Афғонистонро бо ҳам муқоиса намуда, фарқият ва шабоҳати онҳоро  нишон диҳем.   

Яке аз оинҳои наврӯзии тоҷикони Афғонистон ин милла ё ҷашни “Гули сурх” мебошад, ки  сокинони Афғонистон онро бо шукӯҳу шаҳомати хоса анҷом медиҳанд. Ҷашни ”Гули сурх” ба рӯидани лолаҳои сурх иртибот дорад, яъне вақте ки лолаҳои сурх дар даштҳо ва рӯи талу тепаҳо ва атрофи он  мерӯянд ва майдонҳо ҳама ҷо сурх мешаванд мардум аз саросари кишвар ба  Мазори шариф меоянд, то дар ин ҷашни бузург яъне Наврузи Аҷам ширкат кунанд.

Бояд гуфт, ки агар мардуми Бадахшони Тоҷикистон дар гузашта  мувофиқи шароити табиати худ  фарорасии рӯзи Наврӯзро бо тақвимҳои сангӣ муайян мекарданд,  тоҷикони Афғонистон фарорасии рӯзи Наврузро бо шукуфтани гули лола ва сурх шудани пуштаҳо ва талу тепаҳо муайян мекарданд. Шоире дар ин бора фармудааст:

            Табассум кардааст Наврӯз имрӯз,

            Ки фавҷи лола дар саҳро бадар шуд.

Доир ба таърихи наврӯзгоҳи Мазори шариф муҳаққиқон чунин ибрози назар намуданд, ки ин наврӯзгоҳ таърихи тоисломӣ дорад ва он мазоре, ки дар он ҷо мавҷуд аст он маълум нест, ки ба кадом шахс тааллуқ дорад вале ин чиз маълум аст , ки он аз давраи ориёӣ ба ёдгор монда буд. Бархе гумон мекунанд, ки ин оромгоҳи Зардушт буда, таърихи панҷҳазорсола дорад.  Вале вақте ки Темуриён ба сари қудрат меоянд дар замони ҳукмронии ҳокими темурӣ Ҳусайн Бойқаро ва вазираш Алишер Навоӣ ин мазор аз сари нав бо услуби ҳунари меъмории  Хуросонӣ кошикорӣ карда мешавад ва бо амри Ҳусайн Бойқаро ин мазор ба Шоҳи вилоят мансуб дониста мешавад.Вале бархе аз сокинони  шимоли Афғонистон бошанд,   ин мазорро ба ягон шахси хосе мансуб намедонанд.   

Сокинони Афғонистон дар гузашта ҷашни Наврӯзро бо номҳои “Ҷашни Ҷамшедӣ” ё “Наврӯзи султонӣ” ёдовар мешуданд, вале имрӯз бошад ин ҷашн бо номҳои “Ҷашни Наврӯз”, “Наврӯзи бостон”, “Милаи гули сурх” ва “Иди Наврӯз” таҷлил мешавад.

 

 

ДИРАФШИ КОВАЁНӢ

Тавре қаблан ишора намудем, замоне, ки гулҳои лола дар талу теппаҳои вилоёти Афғонистон мерӯянд ва тамоми майдонҳо сурх мешаванд, мардум аз аз ҳар гӯшаву канори кишвар ва давлатҳои ҳамсоя барои ҷашнгирии иди Наврӯз ба шаҳри Мазори шариф меоянд ва бо расидани нахустин рӯзи Ҳамал сараввал дар наврӯзгоҳи Мазори шариф соати 8 субҳ дирафши коваёниро барафрошта мекунанд ва ин дирафш то чиҳил рӯз бар фарози Мазори шариф нигоҳ дошта мешавад.

СУМАНАКПАЗӢ

Яке аз оинҳои муҳим ва куҳани наврӯзии тоҷикони Афғонистон ин суманакпазӣ мебошад, ки тавассути пухтани  ин ғизо мардум  аз омодагии худ аз истиқбол намудани фасли баҳор хабар медиҳанд.Тавре донишманди эронӣ Алиакбари Деҳхудо иттилоъ медиҳад суманакпазӣ барои ақвоми эронитабор аз замони Сосониён ба ёдгор мондааст. Суманак навъе аз ғизои суннатӣ аст, ки аз орд, гандум, равған ва об таҳия мешавад. Ба ақидаи мардум суманак  назри баромадани ҳоҷот ва муродот ва хайру баракат аст.  Ба ин ният занон ва духтарони ҷавон чанд рӯз қабл донаҳои гандумро тар мекунанд, то он ҷавона бизанад ва бо гандумҳои сабзида ба истиқболи баҳор мерафтанд. Пас аз ин онҳо дар шаби Наврӯз гирди ҳам меомаданд ва ҷавонаҳоро дар дег андохта, то субҳ ба пухтани суманак машғул мешаванд. Ҳангоми пухтани суманак занҳо ва духтарон бархе аз оинҳои фарҳангии худро низ анҷом медиҳанд. Масалан духтарҳои ҷавон дар назди дег истода, барои худ фол мегиранд. Барои фолгирӣ онҳо ангуштарии худро ба деги пур аз об мепартоянд ва то пухтани суманак шеърхонӣ мекунанд ва ин суманакпазӣ то субҳ идома меёбад. Вале занҳои Тоҷикистон бошанд барои фолбинӣ ба деги пур аз об сангчаҳоро мепартоянд. Вале он дубайтиҳое, ки занҳо ва духтарони Афғонистон дар сари деги суманак мехонанд, занҳои Тоҷикистон низ айнан ҳамин мисраҳоро мехонанд, ба мисли: 

Суманак дар ҷӯш мо кафча занем,

Дигарон дар хоб мо дафча занем.

Пас аз пухта шудани суманак занҳо онро дар зарфҳои кучак ба мисли пиёла гирифта ба хешу табор ва ширкаткунандагони ҷашни Наврӯз   тақсим мекунанд.  

ОИНИ ҲАФТ МЕВА

Яке аз ҷолибтари расмҳои наврӯзии афғонҳо ин  “Ҳафт мева” мебошад. Одатан афғонҳо дар рӯзи Наврӯз ба ҷои суфраи ҳафт син меҳмононро бо суфраи “Ҳафт мева” пазироӣ мекунанд.Ҳафт мева аз ҳафт намуди меваи хушк ташкил шудааст ба мисли кишмиш, санҷид, писта, фундуқ, ғулинг(зардолуи хушк), чормағз ва олу.

Ҳар як хонавода барои таҳияи ҳафт мева чанд рӯз пеш аз Наврӯз меваҳои хушки дар боло зикршударо харидорӣ мекунад ва модаркалонҳо онҳоро се ё чор рӯз пеш аз Наврӯз шуста, дар як деги калон омехта мекунанд. Оби гармро низ ба андозаи зарурат рӯи меваҳо мепошанд.Он вақт сари дегро пӯшида дар ҷои сард мегузоранд, то шираи ҳафт мева якҷо шуда ширин шавад.

Дар рӯзи Наврӯз аъзои оила дар канори ҳам гирд омада,аввал дуъо мехонанд ва соли навро табрик мегӯянд. Пас аз он модаркалонашон бо салавот  сари ҳафт меваро мекушояд ва каме арақи гулобро низ ба он илова мекунад ва онро ба ҳамагон тақсим мекунад.

ҶАШНИ ДЕҲҚОН

Дар Афғонистон деҳқонон дар рӯзи Наврӯз гирди ҳам ҷамъ шуда, анвоъи васойили зироъатро аз қабили бел, дос, каланд ва маҳсулоти худро ба намойиш гузошта ва пойкӯбию хурсандӣ мекунанд. Ва бо иҷрои ин корҳо орзӯ мекунанд, ки соли нав пурбаракат бошад.  

Дар деҳоти вилоёт мардум барои оғоз намудани кишту кор  барзаговро омода мекунанд ва шохҳову паҳлӯҳои онро ранг мекунанд ва ба шудгоркунӣ машғул мешаванд.

Дар Бадахшони Тоҷикистон низ ин оинро ба таври хоса анҷом медиҳанд. Дар рӯзи ҷуфтбаророн барзаговро ба берун мебароранд ва соҳибхоназан растании муқаддас стирахмро дуд мекунад ва марди он хона болои сари барзагов орд мепошад. Баъзеҳо бошанд ба шохҳои барзагов атола мемоланд ва ба шудгори нахустин оғоз мекунанд. Дар ин вақт дуъо мехонанд:  Шудгори нахустини онҳо дар шакли доира анҷом дода мешавад.

 ХОНАТАКОНӢ

            Яке аз расмҳои ҷолиби тоҷикони Афғонистон ин қабл аз наврӯз анҷом додани хонатаконӣ мебошад. Ин расм ба тариқи зерин ба ҷо оварда мешавад: занони афғон дар остонаи Наврӯз ба шустани фаршҳо ва гардгирии хонаи худ машғул мешаванд, то ин ки дар остонаи Наврӯз хонаашон покиза бошад. Дар охири зимистон бошад онҳо хонаҳои худро ороиш дода ранг мекунанд. Мардҳо кӯшиш мекунанд, ки васоили хонаро дар соли нав нав кунанд.

Дар Бадахшони Тоҷикистон бошад гардгириро чидирдед мегӯянд. Сокинони ин вилоят ороиши хонаро бо орд анҷом медиҳанд ва дар рӯи сутунҳо ва чӯбҳои хона рамзҳои ориёиро нақш мекунанд.

Хуллас таҷлили ҷашни Наврӯз дар миёни тоҷикони Афғонистон ҳамчун як ҷашни бузурги ориёӣ маҳбубияти беандоза дорад ва оинҳои тоҷикони Афғонистон бо сокинони Тоҷикистон шабоҳат ва умумияти беандоза доранд.

                         

  

  

Муфассал ...

СИЁСАТИ ДУРУСТ ВА АХЛОҚИ НЕК – РУКНҲОИ АСОСИИ ДАВЛАТУ ДАВЛАТДОРӢ

Некушоева Шаҳло номзади илми филология, муовини директор оид ба илм ва таълими Институти илмҳои гуманитарии ба номи академик Б. Искандарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

СИЁСАТИ ДУРУСТ ВА АХЛОҚИ НЕК РУКНҲОИ АСОСИИ ДАВЛАТУ ДАВЛАТДОРӢ

Вохӯрии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони динро дар арафаи моҳи шарифи Рамазон як иқдоми муҳими сиёсиву иҷтимову фарҳангӣ муаррифӣ кардан мумкин аст. Ба назари мо, меҳвари суханронии Пешвои миллат дар ин вохӯриро ду мафҳуми асосӣ - “ахлоқ” ва “сиёсат”, ки дар навбати худ маҳаки асосии мафҳумҳои “дин” ва “давлат” мебошанд, ташкил медоданд. Бояд гуфт, ки ин ду мафҳум - “ахлоқ” ва “сиёсат” дорои арзиши умумибашарӣ буда, заминаҳоро барои ҳастии инсон ҳамчун як офаридаи дорои ақлу андешаву тафаккур ва арзи вуҷуд доштани як давлат ҳамчун як марзу буми муттаҳиду ҷудонопазир муҳайё месозанд.  

Мафҳумҳои “ахлоқ” ва “сиёсат” дар ҳар давру замон дорои арзишҳои миллӣ ва ҳам мардумӣ будаанду фаҳмишу дарки онҳо вобаста аз шароитҳои гуногуни таърихӣ рангу бўйи замонаро ба худ мегирифт, вале ҷавҳару асли ин ду мафҳум тағйирнопазир буду хоҳад монд. Бояд тазаккур дод, ки иртибот байни ин ду мафҳуми барои пешрафти ҷомеа муҳим равшану возеҳ аст, гарчанде ки бо як назари гузаро дарки он мушкилтар ҳам бошад. 

Сиёсат яке аз ҷабҳаҳои фундаменталӣ ва қисмати ҷудонопазири ҳастии инсонҳост ва институтҳои давлатӣ, принсипҳо ва меъёрҳои давлатдорие дар назар дорад, ки қобилияти ба таври устувор фаъолият намудани ҷомеаро кафолат медиҳанд. Сиёсат ҳамчунин дарбаргирандаи қонуну қонунгузорӣ ва муассиру мувофиқ будани он барои замони муайян мебошад. Албатта, тарзи дурусти ба роҳ мондани қонуну қонунгузорӣ ва мувофиқ буданаш ба давру замона маҳорати баланди давлатдориро тақозо менамояд. Имрӯзҳо мо шоҳиди ҳол ҳастем, ки чӣ гуна сиёсати нодурусти пешгирифтаи бархе аз давлатҳои ҷаҳон метавонад хатаре барои мавҷудияташон эҷод намояд ва ё худ боиси таназзули ахлоқу маърифат, фарҳангу одоби ҷомеаҳо гардад. Сиёсат як воситаи нозуке дар дасти ҳукуматҳои кишварҳост, ки тавассути он ба ҳам овардану муттаҳид сохтану шароити иқтисодиву ҷамъиятиву фарҳангиро барои сокинони он кишвар фароҳам овардан амалӣ мегардад. Пас, агар сиёсат бо қонуну қонунгузорӣ, тартиб додани кодексҳову конститутсияи давлатӣ ҳаммано бошад, онгоҳ он бо мафҳумҳои ба низому тартиб даровардани ҳаёти ҷамъиятӣ ва низоми давлатдорӣ, устувории сулҳу субот дар ҷомеа низ ҳаммано буда, аз ин ҷиҳат он воситаи муҳайё сохтани ахлоқи ҷамъиятӣ шинохта хоҳад шуд, ки ин хусусияти сиёсат онро дар як поя бо дину мазҳаб мегузорад. Тафовут танҳо дар он аст, ки сиёсат агар ахлоқи ҷамъиятиро тақозо дорад, дин риояи ахлоқи мазҳабиро талаб мекунад, ки инсон бояд ҳар ду навъи ахлоқро дошта бошад. Муҳим он аст, ки таассубу зиёдаравӣ ифроту тафриқасозӣ набояд дар кодексҳои ахлоқии ин ҳар ду зуҳур гардад.  Бахусус, дин, ки калимаи арабӣ ҳасту маънои он итоат ва эътиқод ба Худо ҳаст, пас он ягон алоқамандие бояд бо ифроту тафрит надошта бошад. Чун ченаки эътиқоду итоатро то ҳол ягон нафаре кашф накардаасту ибодат танҳо байни фарду Худо сурат мегирад, чаро нафароне фикрҳои ифротгароиро паҳн карда, тарзи ибодати худро дуруст шуморида дигаронро кофир меноманд. Ба назари мо, чунин равандҳо аз ҷиҳати сиёсиву диниву иҷтимоӣ хато буда, ин танҳо ба як воситаи амалӣ намудани манфиатҳои ғаразноки як гурӯҳ одамон табдил додани дин мебошад. Хеле дуруст аст суханони Президенти кишварамон, ки “Сиёсикунонии дин як раванди сунъӣ буда, дар таълимоти ислом ҷойгоҳе надорад. Зеро дини ислом аз оғози пайдоиши худ сиёсӣ набуд ва сархати таълимоти онро нахуст хондану омӯхтан, сипас имон овардан ба Худо ва шинохти ягонагии ӯ ташкил медиҳаду халос”. Пас чаро мо бояд дар имон овардан ба Худо ва шинохти ягонагии Худо зиёдаравӣ кунем? Албатта, аз ифроту тафрит дар ин ҷода, зиёдаравиву бегонапарастии мо эътиқодамон ба Худо, имонамон ба Худо ва ҳам шинохти Худованд дар тафаккури мо зиёд нахоҳад шуд. Бахусус бегонапарастии мо дар тарзи либоспӯшӣ ба ҳеҷ сурат нишонаи тақво ва парҳезгории мо нахоҳад буд. Чун агар мо фикр кунем, ки тарзи либоспӯшӣ нишонаи тақвост, пас чаро либоси миллии худро напӯшем, ки аз ҷиҳати этникӣ гуногуну аз ҷиҳати рамзҳои миллӣ дорои маъниҳои бою ғанӣ ва арзиши волои фарҳангист? Ва ё агар тарзи либоспӯшии бегона агар маънои мазҳабӣ буданамон бошад, ҳар нафаре метавонад либосҳои ба гуфт мусулмонӣ ба бар намояду даъвои диндор буданаш кунад, дар ҳоле ки қудрати ҷавоб додан ба саволҳои одитарин “Ислом чист?”, “Мусалмон кист?” ва ё кай, дар куҷо ва чӣ гуна зуҳур кардани Ислом надошта бошад.  Имону эътиқод ба Худо ва дараҷаи тақвову парҳезкориамон танҳо аз мутолеаи китобу дарки дурусти бинишҳову дидҳои мухталифу таҳлили назарҳои гуногун дар ин ҷода мустаҳкам мегардаду халос.

Хеле муҳим ҳаст, ки ба таври воқеӣ дарк кунем, ки ҳар навъи ифроту тафрит, зиёдаравиву бегонапарастӣ дар ҳар коре ба осонӣ метавонад муҷиби зиддиятҳои шаддид дар муносибатҳои ҷамъиятӣ гардад. Мо имрӯзҳо дар арсаи ҷаҳонӣ ҳодисаҳои шиддат гирифтани муносибатҳо дар дохили як ҷомеа ё байни ҷомеаҳоро мушоҳида ҳам карда истодаем ва ин ҳам ҳамон “инқилобҳои ранга”-ву ҷангҳои шаҳрвандиву ҷангҳои сард ва рӯйдодҳои элементи террористиву экстримистӣ доштае, ки Пешвои миллат дар суханронии худ ишора ба онҳо карда буд, мебошанд. Аз ин рў, барои нигаҳ доштани истиқлолияти давлатӣ ва фазои ороми кишвар ҷиҳати пешбурди ҳаёти осуда ва рушди ҷомеа дарки дурусту воқеъбинонаи руйдодҳои иҷтимоиву сиёсии дохилӣ ва ҳам дар арсаи ҷаҳонӣ ба вуқуъ пайваста аз тарафи ҳар як шаҳрванди кишварамон аҳаммияти бузург дорад, ки дар аснои он мавқеи фардии ҳар як шаҳрванд дар ҷомеа муайян мегардад. Зеро мавқеи фардии ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон бо масъалаи осудагиву оромӣ сулҳу суботи кишвар вобастагии зич дошта, он таъсири худро мустақиман ба ахлоқи ҳар як аъзои оила, ба хусус ба фарзандони наврасу ҷавон, ки қувваи калони пешбарандаи ҷомеа ба шумор мераванд, гузошта метавонад.  

Ахлоқи нек, ки сутуну пояи муҳими инсон буданамон ва ченаки асосии фарқгузоранда миёни инсону ҳайвон мебошад, қоидаҳои рафтору одоб, хислатҳои руњиву маънавӣ ва фарҳангии пазируфта миёни мардум ва риояи онҳо аз тарафи ҳар як фардро дар назар дорад.  Қоидаҳои рафтору одоб дар кодексҳои навиштаву нонавиштаи халқиятҳо, дар расму оини анъанавӣ ва дину диёнати онҳо инъикос гардида, муаррифгари принсипҳои рафтори шоистаи ин ё он халқияту миллат мебошанд. Сарфи назар аз он ки намудҳои ахлоқ дар ҷомеа зиёданду (ахлоқи умумибашарӣ, ахлоқи сиёсї, ахлоқи иҷтимоӣ, ахлоқи муоширати расмӣ ва ғ.), ҳар кодекси ахлоқӣ макону замони амалӣ шуданаш дорад, вале пеш аз ҳама ҳар як кодекси ахлоқӣ тарғибгари беҳтарин сифоти инсонӣ аст, чаро ки аксарияти инсонҳо дар ҷомеа дар асоси таҷрибаи ахлоқи неку бад принсипҳои гуногуни рафтори беҳтаринро барои ҷомеаи худ интихоб намудаанд. Шояд инсонҳо дар ҷомеа бо ин ё он принсипи ахлоқӣ эҳсоси ризоият надошта бошанд, вале дар умум ва бахусус қоидаҳои дар асоси қонунгузории давлати Тоҷикистон ва ҳам принсипҳои мазҳабии барои ҷомеа пешниҳодшуда танҳо ва танҳо бо мақсади ба як низоми дуруст даровардани муносибатҳои иҷтимоӣ равона шудаанд. Ба назари мо, ин қонунҳо ва принсипҳо беҳтарин воситае барои пешгирии ифроту тафрит ва зиёдаравиву хурофот миёни мардуми ҷомеа мебошанд ва мутмаин ҳам ҳастем, ки кодексҳои ахлоқие, ки дар Тоҷикистон амал мекунанд, мувофиқу муносиб ба ҷомеаи муосири кишварамон мебошанд, зеро ки ин кодексҳо дар маҷмуъ бар арзишҳои умумибашарии замонавӣ ва ҳам расму оинҳои анъанавии мардуми тоҷик ва дини ислом асос ёфтаанд.

Тоҷикистон, ки яке аз давлатҳои пешагирифтаи принсипҳои инсондӯстӣ ва инсонгароӣ мебошад, стратегияи давлатдории худро бар пояи давлати дунявӣ пеш бурда истодааст ва ба қавли Пешвои миллат “Таърихи давлатдории навини тоҷикон ва гузашти вақт дуруст будани интихоби низоми дунявии давлатро дар шароити муосир собит сохт”. Дуруст будани интихоби ҳамин низом дар он зоҳир мегардад, ки шакли низоми дунявии давлатдории Тоҷикистон хусусиятҳои хосаи худро дорад ва он ҳам зиддият надоштан бо муносибатҳои динӣ дар ҷомеа ва ҳам шароити мусоид фароҳам овардан барои амалӣ намудани расму русуми мазҳабӣ мебошад, ки дар бораи онҳо Президенти кишварамон дар суханронии худ ишораҳои зиёде намуданд. Пешвои миллат ҳамбастагии низоми давлати дунявӣ ва дини ислом дар мисоли Тоҷикистонро маҳз дар ба даст овардани истиқлолият дида, иброз доштанд, ки: “... аз баракати истиқлоли давлатӣ дар тамоми соҳаҳои ҳаёти иҷтимоии кишварамон, аз ҷумла дар самти озодии виҷдон шароити созгору мусоид фароҳам гардидааст ва имрӯз шаҳрвандони мо фаризаҳои динии худро озодона анҷом медиҳанд” ва дар идома илова намуданд, ки “... ин ҳама (яъне эҳёи арзишҳои миллӣ ва мазҳабӣ НШ) аз баракати муқаддастарин неъмати зиндагии халқамон – истиқлолу озодӣ ва дунявӣ будани давлатамон аст, ки барои пайравони ҳамаи динҳо имкониятҳои баробар ва шароити озоду созгори эътиқодиро фароҳам овардааст”.

Тайи солҳои истиқлолияти кишвари азизамон Тоҷикистон, ки ба як давраи мушкилу пурпечутоби сиёсиву иқтисодӣ барои кулли ҷаҳон рост меомад, дурустиву мувофиқат доштани сиёсати пешгирифтаи ҳукумати кишварамон ба давраву замони муосир муназзаму пайдарҳам исбот мегардид ва суханони Пешвои миллат дар ин бора хеле баҷо ҳастанд, ки таъкид дошт: “Танҳо соҳибистиқлолӣ ва низоми дунявии давлатамон имкон фароҳам овард, ки миллатҳои гуногун ва пайравони дину мазҳабҳои мухталиф дар кишварамон фаъолияти динию эътиқодии худро дар доираи муқаррароти Конститутсияи мамлакат ва қонунгузории амалкунанда озодона анҷом диҳанд”. Савол ба миён мебиёяд, ки оё дар шароити имрӯзаи ҳам ҷаҳониву ҳам Тоҷикистон низоми дигари давлатдорӣ қодир мебуд, ки чунин осудагиву сулҳу суботи ҷодошта дар кишварамон ва шароити озоду созгори эътиқодиро муҳайё созад? Ҷавоб ба ин саволро бояд ҳар нафари соҳибфикру соҳибмаърифат низ воқеъбинона диҳад, зеро мо шоҳиди ҳол ҳастем, ки аз ҷиҳати сиёсиву иҷтимоӣ тайи солҳои тўлонӣ фазои кишвари азизамон орому осуда буда, шароитҳои иқтисодии он сол ба сол рӯ ба беҳбудӣ ниҳода истодаанд. Аз ҷиҳати мазҳабӣ ҳам шаҳрвандони Тоҷикистон, ки аксаран агар пайравони мазҳаби ҳанафия бошанд, дар паҳлўи онҳо ақаллияти пайравони мазҳабу боварҳои дигар озодона зиндагӣ ба сар бурда, ҳамаи онҳо фаризаҳои мазҳабиву анъанаҳои аҷдодии худро озодона амалӣ карда истодаанд. Танҳо аз ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон тақозо карда мешавад, ки дар чаҳорчўби сиёсати оқилонаи кишвар ва ахлоқи иҷтимоиву динӣ, ки ҳар ду заминаи хубе барои созишу ҳамдигарфаҳмӣ ва муросо кардан бо ҳам мебошанд, зиндагӣ ба сар бараду, аз ҳар гуна ифротгароиву зиёдаравӣ ва бегонапарастӣ худдорӣ намояд.

  

 

Муфассал ...