wrapper

Институт

Институт

Раёсати Институти илмҳои гуманитарии ба номи академик Б.Искандарови АМИТ дар асоси Нақша-чорабиниҳои АМИТ ва ҳамзамон дар асоси Нақша-чорабиниҳои МИҲД-и ВМКБ, Нақша-чорабиниҳои дохилиро оиди хонишҳои сиёсӣ таҳияву баррасӣ намуда, онро мунтазами амалӣ

Раёсати Институти илмҳои гуманитарии ба номи академик Б.Искандарови АМИТ дар асоси Нақша-чорабиниҳои АМИТ ва ҳамзамон дар асоси Нақша-чорабиниҳои МИҲД-и ВМКБ, Нақша-чорабиниҳои дохилиро оиди хонишҳои сиёсӣ таҳияву баррасӣ намуда, онро мунтазами амалӣ намуда истодааст.

Дар санаи 24.04.2024 дар толори ИИГ хониши сиёсии навбатӣ дар мавзуи “Нақши стратегия ва барномаҳои давлатӣ дар рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон” баргузор гардид. Дар назди ҳозирин бо мавзуи зикргардида ходими калони шуъбаи тадқиқоти иҷтимоиёту иқтисодиёти Бадахшон доктори илми иқтисод Ғоибназарзода Саид Муҳаммадназар баромад намуданд. Устод Ғоибназарзода дар доираи мавзуъ  ҳадафҳои стратегии Тоҷикистон: таъмини истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ,  ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии босуръати кишварро бо далелҳо ва истиноди мушаххас таҳлилу баррасӣ намуданд.

Маъракаи хониши сиёсӣ бо саволу ҷавоб ва таҳлили ҷамъбастии мавзуи “Нақши стратегия ва барномаҳои давлатӣ дар рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон” анҷом ёфт.

Фишурдаи баромад аз рӯи мавзуъ дар шакли мақола дар сайти ИИГ ба табъ расонда мешавад.

 

Муфассал ...

23.04.24 дар Институти илмҳои гуманитарии ба номи академик Б. Искандарови АМИТ бо ибтикори директори Институти илмҳои гуманитарӣ, доктори илмҳои филологӣ Қаландариён Ҳ.С. маҳфили илмию адабӣ дар мавзуи «Адабиёт-зидди хурофот» бо иштироки шоири маъруф

23.04.24 дар Институти илмҳои гуманитарии ба номи академик Б. Искандарови АМИТ бо ибтикори директори Институти илмҳои гуманитарӣ, доктори илмҳои филологӣ Қаландариён Ҳ.С. маҳфили илмию адабӣ дар мавзуи «Адабиёт-зидди хурофот» бо иштироки шоири маъруфи тоҷик, доктори илмҳои филологӣ, профессор Салими Хатлонӣ баргузор гардид. Маҳфилро директори ИИГ АМИТ, доктори илмҳои филологӣ Қаландариён Ҳоким Сафар кушода, қудуми шоири маъруфи тоҷик, профессор Салими Хатлониро ба Институти илмҳои гуманитарӣ хайрамақдам гуфта, доир ба фаъолияти густурда, арҷгузорӣ ба дастовардҳои давлату миллати тоҷик ва нақши ўро дар тарбияи худшиносиву худогоҳии насли наврас арзёбӣ намуданд.

         Сипас, муовини раиси Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, доктори илмҳои филологӣ Абдулназарзода Абдулназар Абдулқодир сухан ронда, роҷеъ ба ашъори пурғановати Салими Хатлонӣ андешаҳои ҷолибро баён намуда, таклиф карданд, ки минбаъд барои боз ҳам вусъат додани андешаҳои ватандўстии насли наврасу ҷавон чунин маҳфилҳо бештар ба роҳ монда шаванд.  

         Ҳамзамон иштирокчиёни маҳфил Шоири халқии Тоҷикистон Лаълҷубаи Мирзоҳасан, академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Акрамшо Фелалиев роҷеъ ба ғояҳои баланди ватандўстона, ваҳдату ягонагӣ ва шукргузорӣ аз ватану миллати хеш, ки асоси ашъори ўро фаро гирифтааст, сухан ронданд.

         Дар қисмати дуюми чорабинӣ аз тарафи магистрони ИИГ ба номи академик Б. Искандаров ва донишҷўёни ДДХ ба номи М. Назаршоев  порчаҳои шеърӣ аз ашъори Салими Хатлонӣ қироат гардиданд.

Дар бахши музокирот бошад, иштирокдорон андешаҳояшонро иброз доштанд.

Дар охир аз тарафи раёсати Институти илмҳои гуманитарии ба номи академик Б. Искандарови АМИТ ба шоири маъруфи тоҷик, доктори илмҳои филологӣ, профессор Салими Хатлонӣ ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим шуданд. Ҳамчунин шоири ширинкалом Салими Хатлонӣ бо самимияти хос ба ташкилкунандагони маҳфил изҳори сипос намуда, китобҳояшро тақдим намуд.

Маҳфил дар сатҳи баланди илмию адабӣ гузаронида шуд.

 

                         

 

 

 

        

 

Муфассал ...

ДАР МАСИРИ ОЯНДАСОЗӢ…

НИЁЗБЕКОВ Давлат Толибекович – номзади илми таърих,

ходими пешбари илмии шуъбаи таърих, бостоншиносӣ

ва мардумшиносии Институти илмҳои гуманитарии ба номи академик Б.Искандаров и АМИТ

 

ДАР МАСИРИ ОЯНДАСОЗӢ…

(бардошт аз вохӯрии Сарвари давлат бо фаъолон ва намояндагони дин)

 

Бадахшон аз қадим зебо буду дар ситоиши шоирону ҷаҳонгардон қарор дошт, аммо бо заҳматҳову талошҳои пайдарпайи Сарвари кишвар Эмомалӣ Раҳмон чанд соли охир чунон зеботару дилработар шудаст, ки ҳатто шоирон дар тавсифи он сухан намеёбанд. Бадахшон як ҷузви ҷудонопазири Тоҷикистони азиз буду њаст.  Агар Тоҷикистон хонаи мост, пас Бадахшон равзанаи он аст, ки аз тариқи он  Худованд ба мову шумо нуру равшаноӣ ато мекунад. Равшании моҳ  равшании илму дониш ва равшании офтоб нури яздонии ақлу фаросат ва одаму одамгарист. 

Бадахшон аз қадим дарвозаи ғарбии давлатдории тоҷикон буду њаст ва имрӯзҳо бо шарофати соҳибистиқлолии кишвар ва сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат, дар ҳақиқат, ба дарвозаи тиллоии Тоҷикистон табдил ёфта истодааст. Гулшаҳри Хоруғ имрӯз аз Хоруғи пешин ба куллӣ фарқ дорад. Баробари табиат имрӯзҳо мардуми мо ҳам дар ботину ҳам дар зоҳир тағйир кардаанд. Баланд гардидани сатҳи донишу илмомӯзӣ, васеъ гардидани ҷаҳонбинии илмиву назариявӣ имкон фароҳам овард, ки ҳар як фард худро дар назди миллату давлат баҳри ояндасозӣ саҳим донад.

Мардуми шарифи Бадахшон дар тӯли қарнҳо агарчи дар мазҳабу ақоиди динӣ дигар буданд, лекин дар андешаву афкор ҳеҷ гоҳ аз бародарони минтаќаҳои дигари худ ҷудо набуда, як умр дар фазои баробариву бародарӣ умр ба сар мебурданд.

Бадахшон аз қадим намунаи олии ҳамгироии мусолиҳатомез, гуногунфарҳангиву гуногунандешӣ буда, таърих ёд надорад, ки боре байни онҳо бархӯрди фикрӣ ё ақидатӣ ба амал омада бошад. Ҳамеша байни онҳо шаҳпули дӯстӣ барқарор буд ва аз тариқи ин шаҳпул бо ҳам равобити мустақими сиёсиву фарҳангӣ, иҷтимоиву тиҷорӣ доштанд. Ягона сабаби ин ҳамзистии бародарона як омил дошт, ки он доштани ҳисси баланди миллӣ буд. Маскунони ин минтақаи кӯҳӣ новобаста аз ҳамаи тафовутҳо тоҷик буданд. Тоҷик будан рамзи ҳастӣ ва ифтихори онҳо буд. Олӣ доштани ҳувияти миллӣ аз ҳувияти динӣ ва манофеи миллӣ аз манфиатҳои шахсӣ, принсипи таърихии мардуми тоҷик буда, мардуми кӯҳистон ба он сахт эътиқодманданд.

Таърих худ мактаби сабақ дар роҳи расидан ба худшиносиву худошиносӣ аст. Азбаски халқи тоҷик ҳанӯз пеш аз таҳоҷуми Ислом ба Шарқ ҳамчун миллат ташаккулёфта арзи ҳастӣ дошт, аз ин мактаби вақту замон кайҳо гузашта буд. 

Агарчи то Ислом дар қаламарави Моварҳуннаҳр мардум ба дину мазоҳиби мухталифе гироиш доштанд, лекин байнашон ҷангу пархош вуҷуд надошт, зеро ҳама ҳамхун буданду ориё ва аз ҳама пеш тоҷик. Азбаски аллакай дар тинати миллати тоҷик худогоҳиву худошиносӣ, ҳамдигарфаҳмию ҳамгироӣ ва чандандешиву таҳаммулпазирӣ ҷойгузин гардида буд, Ислом натавонист байни онҳо тафриқа эҷод намояд. Агарчи дар зоҳир ба фирқаҳо тақсим шуда бошанд, вале дар ботин яке буданд, яъне тоҷик. Арабҳо ҳарчи кӯшиданд, ки фарҳангу маданияти ин мардумро аз байн бародоранд, вале дар ин варта ноком монданд. На ин ки онро аз байн бардошта натавонистанд, балки ба онҳо умри ҷовидонаю мақоми байналхалқӣ бахшиданд. Мисоли ин гуфтаҳо Наврӯзи бостонӣ аст, ки бо сиёсати хирадмандонаи  Ҷаноби Олӣ ба он мақоми байналхалқӣ дода шуда, он василае шуд, ки пас аз парешониҳои ҳазорсола бори дигар тамоми мардуми ориётабори оламро гирди фарҳангу тамаддуни азалӣ муттаҳид намуд. Эҳё намудани ҷашнҳои қадима, аз қабили Садда, Наврӯз, Меҳргон ва амсоли онҳо шаҳодати онанд, ки хазинаи фарҳангии миллати тоҷик сол то сол ғанитар гардида, аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ чун фарҳанги бузурги инсоният шинохта мешавад.

Агар гӯем, ки халқи тоҷик дар ин лаҳазоти мушкил ҳампаҳлӯи   Сарвари давлат хизмати худро барои таърихи миллату давлат анҷом дод, иштибоҳ намешавад. Танҳо чизе, ки бояд насли имрӯзу фардои миллат анҷом диҳад, ин пос доштани арзишҳои миллӣ ва эҳтиром гузоштан ба хизматҳои раҳбари миллат дар ҷодаи давлатсозии навин аст. Гиромӣ доштану ҳифз кардани дастоварҳои бадастомада вазифаи ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон аст.

 

Муфассал ...