wrapper

Институт

Институт

Азорабеков Сардорбек рўзи мавлуд доранд.

Имрўз яке аз чеҳраҳои шинохтаи илм, номзади илмҳои филологӣ, ходими калони илмии шуъбаи фолклор ва адабиёти Бадахшони Институти илмҳои гуманитарии ба номи академик Б. Искандарови АМИТ Азорабеков Сардорбек рўзи мавлуд доранд. Ба ин муносибат аҳли кормандони Институти номбурда устоди гиромиро муборакбод намуда, барояш сиҳату саломатӣ, умри дарозу ризқи фароз, неруи тоза ва дастовардҳои навро таманно медорем. Дар фаъолияти илмиатон комёбиҳои нав ва фатҳи қуллаҳои баландтаринро орзу дорем. Бигзор, ҳамеша солиму сарбаланд ва фирўз бошед!

Муфассал ...

ТАФАККУРИ НАВОВАРОНА ВА РУШДИ ХУДШИНОСӢ (чанд ҷумла дар рӯзи таваллуди профессор Варқа Дӯстович Охонниёзов)

                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                   

       Ҳар сол ният мекунам, то дар рӯзи зодрӯзи устод Варқа Дӯстович чанд калимаро бо риштаи муҳаббат дӯзам ва лоақал як аз сад хизмаҳои ӯро барои илм ва барои шахсан худам баён намоям, мутаассифона, серкорӣ баҳона, аммо норасоии баёну нотавонии қалам асос мегарданду муддатҳост, ки ин нияту орзӯро ба зодрӯзҳои баъдина вогузор мекунам. Имрӯз худро хеле нороҳат эҳсос кардам, зеро 30 сол мешавад, ки бо устод Варқа Дӯстович шиносоӣ дорему ҳарчанд ин шиносоӣ аз зинаи шогирдиву устодӣ то ба мақоми дӯстиву бародарӣ расида бошад ҳам, ҳанӯз ҳам ҳаққи шогирдиямро бо сипосномае напардохтаам. Сӣ сол пеш, сентябри соли 1993 дар курси якуми факултаи таъриху филология таҳсиламонро оғоз намудем ва аввалин дарсу аввалин имтиҳону аввалин баҳоро аз устод гирифта будам. Баҳои аъло гирифтан аз фанни назмшиносӣ бо имзои устод Варқа Охониёзов Дӯстович равзанаи тасаввурамро васеъ ва андешаи аълохониро дар майнаам пазонд. Имрӯзҳо ҳеч тасаввур карда наметавонам, ки устод ҷавони 28 сола буданд ва ин қадар ваҷоҳату шаҳомат доштанд. Ҳам акнун метавон хулоса кард, ки агарчанд китоб сарчашмаи илму дониш аст, аммо ба ирсӣ будани тафаккури илмӣ эътимод зиёдтар мегардад.

     Насли он солҳо, махсусан филологҳо, агар дар боби яке аз беҳтарин ва донишмандтарин муаллимон сухане ба забон оваранд, ба ҳақ, номи устод Варқа Дӯстович дар садри ин мақом қарор мегирад. Ҷавондокторони илм аз мутаассилини солҳои навадум Абдулназарзода Абдулназар, Отамбек Мастибеков, Назархудо Дастамбуем, Дагихудо Дагиев, Вафо Навкаров, Султонбек Ақсақолов, Сафина Абодуллоева ва даҳҳо номзадони илми дигар дурустии ин суханро тасдиқ мекунанд, ки маҳз тарзи муносибату муошират ва бархӯрди хосса бо донишҷӯёну такя ба усули омӯзиши ҷадид таҳаввули тоза дар равиши тарбияту таълим падид оварда, дар доираи танги кӯҳсори дур аз марказ ҷаҳонбинии филологии донишљўёнро васеъ, муҳаббатро ба ин риштаи муҳим гарм ва дар ибтидои таъсиси Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М.Назаршоев васоиле фароҳам сохт ва ҷастгоҳи устоди донишгоҳиро чунон баланд бардошт, ки сазовортарин адабиётшиносону забоншиносон ба ин даргоҳи илму маърифат ҷалб гардиданд.

      Тарк кардани донишгоҳ ба иллати кӯчидан ба пойтахти кишвар зарбаи сахте ба риштаи филология буд ва бояд иқрор шуд, ки ин факулта то ба ҳол аз ҳамон эътибору эътироф бенасиб аст. Ҳарчанд профессор Варқа Дӯстович зоҳиран аз ин Донишгоҳ берун шуданд, аммо асари мустақими нақши ӯ ва таълими ӯ дар ёди тамоми шогирдон ҳамчунон зинда ва боқӣ аст ва шахсияташро ҳанӯз ҳам меситоянд.   

      Устод Варқа Дӯстович дар баробари он ки муаллими комилу камназиранду дар фазоили ахлоқӣ каммонанд, олими соҳибназар мебошанд. Мавсуф мақолаҳои мутааддиди илмӣ ва асарҳои пурарзиш дар мавзуоти мухталифи риштаи адабиётшиносӣ таълифу нашр намудааст, ки дар ниҳояти устодӣ танзим шудаанд. Ҳосили ҳавсала, ишқ ва алоқаи шадиди устод ба адабиёти гузаштаву муосири тоҷик асарҳои зерин ҳастанд, ки то ба имрӯз аз нӯги қалами ӯ таровидаанд: “Берангӣ - хосияти Офаридгор” (2010), “Мафҳум ва рамзи рангҳо дар назми классикии форсии тоҷикӣ” (2010), “Нодир Шанбезода ва адабиёти муосири тоҷик” (2012), “Пайдоиш ва ташаккули шеъри муаллифӣ ба забонҳои помирӣ” (2017), “Таърихи адабиёти форсии тоҷикӣ дар Бадахшон” (2022), “Таҳаввули адабиёти Бадахшон  дар замони Истиқлол” (2023).

    Профессор Варқа Дӯстович аз нахустин адабиётшиносони тоҷик мебошад, ки равзанаи баҳс ба рӯи мавзуи ранг ва мафҳуму рамзи он дар назми классикии форсии тоҷикӣ кушудаанд. Бояд изҳор дошт, ки масъалаи рамз ва мавқеи ранг дар адабиёти классикии форсии тоҷикӣ ба ҳайси пажӯҳиши алоҳидаи мураттаб танҳо дар асарҳои профессор Варқа Дӯстович “Берангӣ - хосияти Офаридгор” ва “Мафҳум ва рамзи рангҳо дар назми классикии форсии тоҷикӣ” дида мешавад ва то ба имрӯз на дар илми адабиётшиносӣ ва на дар илмҳои равоншиносии тоҷик мавриди таҳлили назари пажӯҳишгарон қарор дода шудааст. Ҳангоми баррасии масъалаҳои дар ин ду асари фавқуззикр баёнёфта, кас ба чунин хулоса меояд, ки чӣ қадар асрори нокушуда дар самти дарки афкори гузаштагони мо ҳанӯз вуҷуд дорад ва чӣ миқдор аз онро метавон бо кушодани розу рамзи рангҳо ба даст овард. Дар пешгуфторе ба унвони “Заминаи нави баҳси илмӣ”, ки барои асари “Берангӣ - хосияти Офаридгор” соли 2010 навиштаам, низ таъкид гардидааст, ки масъалаи мавриди баҳси ин ду асар омӯзиши рамзи рангҳоро дар таърихи тамаддун, хоса адабиёти тоҷик ҳамчун рушди афкори фалсафиву зебопарастии мардумони ориёиасл, ба тариқи аз сода ба мураккаб, пешниҳод ва муаррифӣ менамояд. Муаллиф таҳлили рамзи навъҳои ранг дар таърихи тафаккури ақвоми эрониасл ва дастрас намудани мафоҳими онҳо барои хонандагон ва махсусан, насли наврасро яке аз муҳимтарин воситаҳо барои пешбурди ҷомеаи навини тоҷик ва рушди дарки худшиносӣ медонад. Аз хулосаҳои алоҳидаи ҳар қисмати ин асар бармеояд, ки таҳлили муносибати табақаҳо, гурӯҳҳо ва доираҳои адабӣ дар муддатҳои муайяни таърихӣ ба рангҳо ва мафоҳими рамзии онҳо боиси кушоиши гиреҳбандҳои илмҳои дигар, амсоли таърих, фалсафа, зебошиносӣ, одамшиносӣ, равоншиносӣ, санъаткорӣ, забону адабиётшиносӣ мегардад. Ба изҳори Варқа Дӯстович рамзи рангҳо дар осори адибони классикии форсии тоҷикӣ ифшогари дарк ва фаҳмҳои равонии онҳост. Аз ин рӯ, таҳлили масъалаи мазкур барои илми равоншиносӣ ва аниқ намудани афкори ҳаётшиносии ин ё он давра маводи арзишмандро пешниҳод мекунад. Профессор Варқа Охонниёзов бо баёни муҳимтарин масоили баҳс барои мавзуи зикршуда ва роҳнамоии шогирдон барои давом додани ҳалли ҳазорҳо масъалаи дигар вобаст ба мафҳум ва рамзи рангҳо дар адабиёт дари мактаби рангшиносӣ дар адабиётро ба рӯи муҳаққиқону ҳаводорони минбаъда кушода, роҳро ҳамвор намудааст.

       Устод Варқа Дӯстович яке аз шоирони ширинсухан ба забони шуғнонӣ мебошад. Баҳс дар бораи ҳунари шоирии устод ин ҷо бамаврид нест, аммо ба як ҷумла метавон хулоса кард, ки Варқа Дӯстович дар ин самт ягона шогирди сазовори устод Нодир Шанбезода буда, шоириро ба ин забон аз як ҳунари пӯшида ба муносибати амалӣ бо дигар шаклҳои ҳаёти ҷамъиятӣ пайванд дода, дар байни садҳо шоирони ба забонҳои маҳаллӣ таълифнамуда ҳанӯз ҳам ягонаест, ки шеъри ӯ бе имзояш баёнгари қудрати тахайюлаш мебошад.

       Устод Варқа Дӯстович дар масъалаи тадқиқу таҳлили анвои мухталифи каломи бадеӣ ба забонҳои помирӣ асари алоҳида таълиф намуда, заминаҳои пайдоиш ва омилҳои устуворшавии шеъри муаллифиро ба ин забонҳо муайян намудааст. Монографияи “Пайдоиш ва ташаккули шеъри муаллифӣ ба забонҳои помирӣ (дар мисоли гурӯҳи забонҳои шуғнонӣ-рӯшонӣ)” аз нахустин таҳқиқоти ҷиддии илмиест, ки ба ин мавзуъ ихтисос дода шудааст. Муаллиф дар бахши аввали ин асар заминаҳои пайдоиши шеъри таълифӣ ба забонҳои маҳаллиро мавриди пажӯҳиш қарор дода, пас аз баррасии назми шифоҳии помиризабони Бадахшон ва пардохтан ба таҳлили вижагиҳои сабкиву адабии намунаҳои фолклорӣ, дар қисмати охирони боби аввал перомуни мавқеъ, мақом ва манзалати адабиёти форсии тоҷикӣ дар Бадахшон сухан ронда, нақши боризи назми тоҷикӣ дар ҳаёти маданӣ-адабии мардуми Бадахшонро таъкид ва таъсири мустақими он ба ашъори таълифии помиризабонро баръало муайян намудааст.  Бахши аввали боби дуюми асар ба омилҳои пайдоиши шеъри муаллифӣ марбут буда, муаллиф пас аз баррасии мавзуи мазкур дар бахши дуюм ҳолу фаъолияти эҷодии нахустин таълифгарони шеъри помиризабонро ба риштаи таҳлил мекашад. Дар бахшҳои сеюму чаҳоруми ин боб вижагиҳои калом, хусусиятҳои жанрӣ ва масъалаҳои поэтикаи назми таълифӣ ва мазмуну мундариҷаи ин ашъор ба ихтисор муаррифӣ гардидааст.

      Профессор Варқа Дӯстович асари алоҳида ба шарҳу баррасии фаъолияти давлативу эҷодии яке аз пурмаҳсултарин шоирону донишмандони адабиёти муосири тоҷик - Нодир Шанбезода бахшидааст. Китоби “Нодир Шанбезода ва адабиёти муосири тоҷик” нахустин асарест дар адабиётшиносии муосири мо, ки ба таври ҷомеъ ва куллӣ ба баррасии муҳимтарин масъалаҳои илми адабиётшиносӣ, таҳлили дурусту беғаразонаи адабиёти даврони Шӯравӣ, хизматҳои Нодир Шанбезода барои адабиёти тоҷик ва ҷомеаи он замон ва таъкиди арҷгузории аниқу беғаразона ба ҷойгоҳи ин шахсияти маъруф дар таърихи фарҳанги муосири мо ихтисос ёфтааст.

          Дар солҳои охир устод Варқа Дӯстович ба таҳқиқи таърихи адабиёти форсии тоҷикӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон машғул буда, аз ҷумла асари “Таърихи адабиёти форсии тоҷикӣ дар Бадахшон” аз муҳимтарин таълифоти солҳои охир маҳсуб меёбад. Ба таъкиди муаллифи асар маҳз адабиёти форсии тоҷикӣ тафаккури бадеӣ ва андешаи зебоишиносии сокинони ин сарзаминро ташаккул дода, бо вижагиҳои мундариҷавию шаклии худ аз дигар манотиқ фарқ дорад. Дуруст аст, ки имрӯз омӯзиши ҳаматарафаи таърихи адабиёти форсии тоҷикӣ дар ин минтақа боиси дарки пурраи аҳаммияти он дар ташаккули ҳувияти миллӣ ва худшиносии фардии сокинони он гардида, мавқеи адибони Бадахшон дар рушду нумӯи адабиёти муосири тоҷик мунсифона нишон дода мешавад. Муаллифи асар бо такя ба навиштаҳои таърихии мутанаввеъ ва манобеъву заминаҳои мухталиф ба яке аз марказҳои куҳан будани Бадахшон таъкид дошта, навиштаҳои аз садаи ҳафтуми мелодӣ то гузоришҳои қарни бистро таҳлил ва бар авзои таърихиву ҷуғрофиёӣ ва фарҳангии Бадахшон равшанӣ меандозад. Ин асар имрӯз ба ҳайси муҳимтарин сарчашмаи илмӣ дар шинохти этимологияи Помиру Бадахшон, ки бар бунёди асноду мадорик устувор гардидааст, шинохта шуда, мансубияти милливу махсусиятҳои фарҳангии маскунони Бадахшонро баррасӣ ва зарурату мушкилоти омӯзиши таърихи пайдоиш ва таҳаввули адабиёти форсии тоҷикӣ дар Бадахшонро нишон ва ҳамчунин сарчашмаҳои интишори адабиёти мазкур дар ин минтақаро баён менамояд ва ба илова,  ба шеваи бисёр ҷолибу хонданӣ таълиф ёфтааст.

            Чанд рӯз пеш як асари дигари устод Варқа Дӯстович, ки таълифи он бисёр муҳим ва саривақтӣ ҳисобида мешавад, мусаммо ба “Таҳаввули адабиёти Бадахшон дар даврони Истиқлолият” мебошад. Ин асар аз нахустин иқдомот дар омӯзиши адабиёти навини тоҷик дар замони соҳибистиқлолӣ ба шумор рафта, ба қисмати адабиёти тоҷик дар ҳудуди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ихтисос ёфта, бори аввал мавзуъҳои адабиёти навини тоҷик, ки ба Истиқлолияти давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ марбут ҳастанд, ба баррасии илмӣ кашида мешаванд. Пажӯҳиши мазкур аз се бахши аслӣ ташкил шудааст, ки дар он ҷойгоҳ ва ҳадафи мафоҳими Истиқлол ва Ваҳдат, муқаддасоти давлатӣ, арзишҳои миллӣ, таҳаввулоти иқтисодию фарҳангӣ, футуҳот ва бузургтарин сукунатгоҳҳо, тағйири симои шаҳрҳову рустоҳо ва монанди он дар адабиёт, ба вижа дар шеъри шоирони Бадахшон, ба таври комил ва ҷомеъ мавриди таҳлил қарор гирифтааст. Бахши аслии таҳқиқ ба шарҳ ва тамҷид аз мавқеият, мақом, тасвири шахсият ва фидокориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Раҳбари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар фароянди халоқият ихтисос дорад, ки дар шеъри шоирони Бадахшон инъикос ёфтааст.

            Профессор Охонниёзов Варқа Дӯстович дар доираҳои илмии ҷумҳурӣ олими шӯҳратёфта аст ва ниёз ба муаррифӣ надорад. Қасди мо аз ин чанд ҷумла на муаррифии осори таълифнамудаи устоду на таърифи шахсияти ӯ аст, балки хитоб ба худам, ки ҳар як асари арзишмандашонро бояд хонду ба алоҳидагиву ба ҷиддият баррасӣ кард. Аз ин рӯ, баҳс дар бораи осори илмиву ашъори ӯ фурсати зиёд мехоҳад ва бо ин чанд ишораи кӯтоҳ ба фаъолияти эҷодии устод Варқа Дӯстович метавон хулоса кард, ки мавсуф яке аз пуркортарину донишмандтарин олимони муосир аст ва ҳарчанд дар камоли эҷодию офарандагӣ қарор дорад, бо таълифоти то ҳол кардааш дар илми адабиётшиносии тоҷик асари амиқ аз худ ба ҷой гузошта, бо тарбияи шогирдоне, ки зери роҳбариву роҳнамоии ӯ корҳои илмиашонро дифоъ намудаанд, соҳибмактабе аст шинохташуда ва имрӯз ба арзиши қаламиву фикрии худ дар таҳаввули осори илмии муосир аз пешгомон маҳсуб меёбад.

            Устод Варқа Дӯстович имрӯз зодрӯз доранд. Дуоямон ин аст, ки он вусъати фикру баландпарвозии андешаеро, ки Ҳақтаоло ба ӯ арзонӣ доштааст, то ба сад ҳамроҳӣ бикунанд ва роҳи умрашон ҳамеша ҳамвор, осмони сарашон пурситораву равшан ва рӯзгорашон пурбаракат бимонад.

                                                                                                                                                                                                                                                                                                                         ҚАЛАНДАРИЁН Ҳоким Сафар

 

 

         

 

 

 

 

         

     

             

   

 

 

      

 

 

 

 

Муфассал ...

Бузургонро бузургон зинда медоранд, Бузургонро бузургони дигар поянда медоранд.

        Баргузор гардидани симпиозиуми байналмилалӣ бахшида ба 115-солагии арбоби намоёни давлатӣ, муаррих ва олми намоёни собиқ Иттиҳоди Шуравӣ  Бобоҷон Ғафуров бори дигар аз он шаҳодат медиҳад, ки дар Тоҷикистони соҳибистиқлол ба хизмати фарзандони фарзонаи миллат таҳти сарварии  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президени Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  арҷгузорӣ намуда, аз кору пайкори пурифтихори эшон дар рушди Тоҷикистон пайваста ёдоварӣ менамоянд. Дар суханронии Пешвои муаззами миллат кору пайкори  Бобоҷон Ғафуров дар даврони пуртаззоду ҳукмронии мутлақи тартиботи давлатӣ  таҳлил карда шуда, ба хизматҳои арзандаи ин шахсияти маъруфи миллат баҳои сазовор дода шуда, фаъолияти сиёсию давлатии  эшон барои даврони имрӯзаи давлатсозию миллатсозӣ омӯзанда ва қобили  пайравӣ мебошад. Ёддоварӣ аз ашхоси барӯманди халқ дар самти тарбия ва тақвияти худшиносӣ ва дар рӯҳии ватанпарастӣ ба воя расондани насли ҷавон  аҳамияти бузурги маънавӣ дорад.

     Бобоҷон Ғафуров  дар давоми 10-сол, аз соли 1946 – 1956 котиби якуми Кумитаи марказии Ҳизби коммунисти Тоҷикистон буданд, ки дар он замон   ба вазифаи  роҳбари Ҷумҳурии Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон  баробар буд. Ин давра ба  замони душвори тараққиёти баъдиҷангӣ рост омад. Дар манотиқи марказии давлати шуравӣ ба барқарор сохтани харобиҳои  ҷанг машғул буданд. Таҳти роҳбарии Бобоҷон Гафуров  дар Тоҷикистон низ  короҳои азими бунёдӣ  оғоз ёфтанд. Пешвои муаззами миллат фаъолияти Бобоҷон Ғафуровро  дар самти бар кор андохтани заминҳои бекорхобида дар шимолу ҷануб ва водии Вахши  ҷумҳурӣ  хотиррасон намуда,  масълаи муҳоҷир кардани як қисми мардум аз манотиқи кӯҳистон ба водиҳои пахтакор омили муҳимми ваҳдати мардуми тоҷик  арзёбӣ  намуданд.  Дар воқеъ, ба кор андохта шудани заминҳои бекорхобидаи водиҳо ва ба мантиқаи муҳимми пахтакорию боғдорӣ ва дигар соҳаҳои кишоварзӣ  табдил намудани  ин водиҳо ба рушди иқтисодии Тоҷикистон  ва беҳбуди сатҳи некуаҳволии мардуми муҳоҷир такони тоза бахшид. Дар ин давра Бобоҷон Ғафуров ба тараққиёти тамоми соҳаҳои  ҷумҳурӣ  таваҷҷуҳ  зоҳир намуда, бунёди як қатор корхонаҳои саноатӣ  оғоз ёфта, ба рушди саноат  асос гузоштаанд.

     Пешвои муаззами миллат таъкид карданд, ки  дар рушди маорифу илм низ дар даврони роҳбарии Бобоҷон Гафуров қадамҳои устувор гузошта шуда буданд. Таъсис ёфтани  Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон  дар  рушди илму маорифи  Тоҷикистон рӯйдоди бузурге маҳсуб меёфт. Дар даргоҳи ин маркази илму омӯзиш дар солоҳои минбаъда ҳазорҳо мутахассисони илму маориф тарбия ёфта, дар  тараққиёти минбаъдаи ҷумҳурӣ саҳми бузург гуштаанд. Садҳо академикҳо, мутахассисони соҳаҳои мухталиф, нависандагон,  шоирон, омғзгорони барҷаста, ки ин маркази илму маърифатро  хатм намуданд, дар рушди илму маорифи   Тоҷикистони соҳибистиқлол  саҳми бузург  мегузоранд.  Дар таъсиси Академияи Илмҳои Тоҷикистон низ Бобоҷон Ғафуров саъю талоши хастанопазир ба харҷ додаанд. Нахустин Президенти АИ Тоҷикистон  устод Садриддин Айнӣ таъин гардида буданд. Пешвои муаззами  миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хизмати ин ду шаҳсутуни илму фарҳанги миллатро хотиррасрн намуда, рисолати бузурги онҳоро дар даврони тақдирсози  миллат махсус  арзёбӣ намуданд. Арҷгузорӣ ба кору пайкор ва фаъолияти созандаи эшон дар марҳиллаи имрӯзаи таҳаввулоти давлати Тоҷикистони соҳибистиқлолол моро руҳбаланд намуда, дар арсаи байналмилалӣ  эътироф гардидааст.

   Соли 1956  бо тавсияи Роҳбарияти Олии ҳамонвақтаи Иттиҳоди Шуравӣ Бобоҷон Ғафуров ба вазифаи Институти шарқшиносии АИ Иттиҳоди Шуравӣ таъин гардиданд. Таъин гардидани намояндаи миллати тоҷик  ба вазифаи сарвари чунин муассисаи бонуфузи илмӣ боси ифтихои ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ буд. Ашхоси маъруфи сиёсию илмӣ борҳо таъкид кардаанд, ки Бобоҷон Ғафуров  на танҳо  олим буд, балки ӯ давлатмарди тавоно ва сиёсатмадори маъруф буд, ки ба  Институти шарқшиносӣ  роҳбарӣ кард. Институти шарқшиносӣ  ба таҳкими робитаҳо ва ҳамкориҳои судманди мамолики шарқ ва Иттиҳоди Шуравии собиқ мусоидат намуд. Бобоҷон Ғафуров ба даҳо кишварҳои шарқ сафар намуда, дар доираҳои сиёсии мамолики гуногун соҳиби обрӯю эътибори баланд буда, бо ҷоизаҳои давлатӣ мукофотонида шудааст.

     Бобоҷон  Ғафуров  чун  муаррихи тавонодар омӯзиши таърихи халқи тоҷик саҳми бузург  гузоштааст. Ба қалами эшон даҳо асари хурду бузург дар бораи таърихи халқи тоҷик тааллуқ доранд. Ва тавре Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид карданд, шоҳасари бузурги Бобоҷон Гафуров “Тоҷикон” шиносномаи миллат буда, дар тақвияти худшиносии миллӣ нақши бузург дорад. Бо ин асар муаллиф нақши халқи тоҷикро ба ҳайси  миллати фарҳангӣ дар таърихи Осиёи Марказӣ  васеъ ва барҷаста нишон дода, таърихи  пурифтихори халқи тоҷик ва арбобони гузаштаи ин халқро, ки дар тамаддуни ҷаҳонӣ бо далелу бурҳонҳои раднопазир бозгӯ намуда, хонандагонро ба ифтихор аз бузургони худ раҳнамун сохта,  дар тақвияти ҳофизаи таърихии миллат нақши созгор  мегузорад.

      Бо арҷгузорӣ ба хизматҳои бузурги академик Бобоҷон Ғафуров бо ҳидояти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон озмуни ҷумҳуриявии “ Тоҷикон - оинаи таърихи миллат”  роҳандозӣ карда шуд, ки дар он ҳазорон нафар аз қишрҳои гуногуни мамлакат  ширкат варзида,  дар арафаи ҷашни 115-солагии Бобоҷон Гафуров ҷамъбаст гардид. Пеш аз ин китоби пурарзиши “Тоҷикон” бо супоришу ҳидоёти Пешвои миллат аз ҳисоби фонди эҳтиётии Президент нашр гардида, ба тамоми хонаводаҳои мардуми Тоҷикистон  ҳадя  гардид ва баро аҳли ҷомеаи тоҷик  ин як ҳадяи пурарзише буд. Мардуми сарбаланди тоҷик аз ин ҳадяи Пешвои муаззами миллат басо шоду масруранд ва сипоси бепоён изҳор мекунанд.

       Пешвои миллат муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон масъалаи таъсиси Ҷоизаи ба номи Бобоҷон Ғафуровро барои офаридани осори барҷастаи таҳрихӣ эълон намуданд, ки бори дигар аз арҷгузории хизматҳои олими тавоно, арбоби намоёни  давлатӣ ва ғамхорию пешрафти илм дар мамлакат гувоҳӣ  медиҳад.

           Дар  ин ҳамоиши бузурги илмию фарҳангӣ  масъалаи нашри “Шоҳнома” – и Фирдавсӣ ва ба ҳар як хонаводаи мардуми Тоҷикистон  тақдим намудани он ба миён гузошта шуда, дар рушди маърифату маънавиёти ҷомеаи тоҷик  нақши бузурге хоҳад гузошт.

     Бо шукуҳу шаҳомат ҷашн гирифтани  бузургдошти Академик Бобоҷон Ғафуров сиёсати донишпарварона ва фарҳангпарваронаиАсосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвом миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро нишон дода, нуктаи асосии суханронии эшон дар симпозиуми байналмилалӣ омӯзишу аз худ намудани донишҳои илмӣ буд, зеро илму дониш бузургтарин омили  пешрафти ҳар як миллату  мамлакат мебошад. Дар амал татбиқ намудани ҳидоятҳои Пешвои миллат вазифаи ҷонии ҳар як корманди илму маориф мебошад.

Бузургонро бузургон зинда медоранд,

Бузургонро бузургони дигар поянда  медоранд.

 

Назрӣ Офаридаев, доктори илмҳои филология, сарходими илмии Институти илмҳои гуманитарии ба номи Б.Искандарови АМИТ

Муфассал ...