wrapper

 

Искандаршоева З.К.

Мудири шуъбаи тадқиқоти

иҷтимоиёту иқтисодиёти Бадахшон

 

ТАРБИЯИ ДУРУСТИ ФАРЗАНД - КАФИЛИ РУШДИ ҲАЁТИ ҶОМЕА

 дар ҳошияи мулоқоти Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин

 

“Нагузорем, ки фарзандони мову шумо, яъне оянда

  ва баракату саодати минбаъдаи мо василаи дасти

  дигарон ва боиси бадномии миллати тамаддунсози           

  тоҷик дар арсаи ҷаҳонӣ гарданд”

                                                                            Эмомалӣ Раҳмон

 

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи иштирокдорони мулоқот ва кулли мардуми шарифи мамлакатро ба муносибати фаро расидани моҳи шарифи Рамазон – моҳи парҳезгориву эҳсонкорӣ, хайру садақот, бахшиши гуноҳҳо ва поксозии зоҳиру ботин самимона табрик гуфта, дар бораи фазилатҳои пурарзиши ин моҳ андешаронӣ намуданд ва барои рафъи камбудиҳои дар ин соҳа ҷойдошта ба масъулин супоришҳои мушаххас додаанд.

Дар ҷараёни мулоқот бо намояндагони фаъоли ҷомеа ва ходимони дин Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар оид ба ҷараёни татбиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» андешаронӣ карда, аз аҳли ҷомеаи мамлакат риояи қатъии муқаррароти қонунҳоро талаб намуданд.

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониҳояшон роҷеъ ба таълиму тарбияи фарзандон андешаронӣ намуданд ва таъкид бар он доштанд, ки фарзанд меваи умри инсон аст, ва ҳар як нафар мехоҳад, ки соҳиби фарзанд бошад. Аммо тарбияи дурусти фарзанд низ сарбаландии инсонро бештар месозад. Зеро мақсади ҳамаи мо дар он аст, ки фарзандон дар пиронсолӣ дастгирамон бошанд. Аз ин рӯ пайваста онҳоро тарбия бояд намуд, ки дар пиронсолӣ асои дасти мо бошанд.

Мо бояд ҳамеша дар ёд дошта бошем, ки танҳо кадрҳои замони нав, яъне мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи ҷаҳони муосир метавонанд Ватан ва давлатро соҳибї кунанд, обод созанд, тараққиёти давлатро таъмин намоянд ва ҷомеаро пеш баранд. Дар ҳазораи сеюм танҳо давлату миллатҳое ҳастии худро ҳифз карда, пеш рафта метавонанд, ки илму дониши пешрафта ва техникаву технологияҳои замонавӣ дошта бошанд.

Бинобар ин, ҳар яки мо вазифадорем ва дар назди наслҳои имрӯзу оянда, барои тақдири Ватан, давлат ва миллат масъулият дорем, ки рӯ ба мактабу маориф оварем, барои фарзандонамон шароит муҳайё кунем, ки бесавод намонанд, илму дониш омӯзанд ва касбу ҳунарҳои замонавиро аз худ намоянд. Ин вазифаи ҷонии падару модарони азиз, аҳли маориф, роҳбарони тамоми сохтору мақомоти давлатї, зиёиён, фаъолон, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва аҳли ҷомеа, аз ҷумла ходимони дин мебошад.

Мо бояд хонем, илм омӯзем, илмҳои дақиқу риёзиро рушд диҳем, техникаву технологияҳои навтаринро аз худ кунем, кадр тарбия кунем ва заҳмат кашем, то зиндагии имрӯзаамон нисбат ба дирӯз ва фардоямон нисбат ба имрӯз беҳтар гардад.

Мо бояд сатҳу сифати зиндагии мардумамонро боз ҳам баланд бардорем. Фарзандонамонро тавре тарбия намоем, ки дастгиру ғамхори мо бошанд, донишманд шаванд, соҳибмаърифат ва мутахассиси замони нав гардида, одобу ахлоқи ҳамидаи инсонӣ дошта бошанд. Мову шумо фарзандро барои он ба дунё оварда, ба камол мерасонем, ки дар аёми пирӣ дастгирамон гардад.

Дар хотир дошта бошем, ки роҳбарони гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ, ки фарзандони мову шуморо ба сафҳои худ ҷалб менамоянд, азоби таваллуд кардану ба воя расонидани фарзандони моро накашидаанд, заҳмати бедорхобиро надидаанд ва ба онҳо нону об надодаанд.

Аз ҳамин хотир фарзандони мову шумо барои онҳо ҳеҷ арзиш надоранд, дар як лаҳза онҳоро ба террористи худкуш табдил дода, ҳадафҳои нопоки худро амалӣ месозанд. Баъди аз даст додани онҳо танҳо ҷони падару модар месӯзаду халос. Мо набояд гузорем, ки номи фарзандони мо дар таърихи миллат ҳамчун террорист ё ифротгаро сабт шавад. Ин дар шаъни падару модари тоҷик ва миллати соҳибфарҳангу бостонии тоҷик айб аст.

Пас биёед, фарзандонамонро тарбия намоем, илм омӯзонем, китобхон кунем ва соҳибкасб гардонем, ки дар зиндагии ояндаи худ азият накашанд, роҳгум назананд, дастёр ва ғамхори падару модар бошанд. Маҳз ба ҳамин хотир мо ин масъаларо дар сатҳи меъёри Конститутсия қабул намудем.

Мо бояд иттиҳоду ҳамбастагї, сулҳу суботи ҷомеа ва ваҳдати миллиамонро, ки ҷавшани мо дар муқобили хатарҳои замони муосир мебошанд, чун гавҳараки чашм ҳифз кунем, зеро қудрати мо дар иттиҳоду сарҷамъӣ, ватандӯстӣ ва заҳмати содиқонаи мо ба хотири ободии Ватан ва рушди давлатамон аст.

Президенти кишвар ба тамоми љавонони Тоҷикистони соҳибистиқлол муроҷиат намуда, таъкид менамоянд, ки истиқлолу озодиро, ки беҳтарин неъмат барои миллати озодихоҳи тоҷик мебошад, ҳифз намоянд!

Ин Ватани биҳиштосоро дӯст доранд, онро чун амонати аҷдодамон ҳимоя кунанд!

Аз тоҷик будани худ ифтихор дошта бошанд, зеро гузаштагони мо - фарзандони фарзонаи миллати тоҷик дар рушди фарҳангу тамаддуни башарият саҳми бузург гузошта, роҳи ҷаҳониёнро ба сӯйи ҳамзистиву ҳамбастагӣ мунаввар сохтаанд.

Имрӯз мо бояд шукрона аз он намоем, ки давлати мо тинҷу ором аст ва дар ҳавои сулҳу субот орому осоишта кору зиндагӣ дорем. Натиҷаи ҳамин аст, мардуми сарбаланди тоҷик сатҳи зиндагиашонро боло бардошта, қисмати зиёди мардуми мо имрӯз ба зиёрати хонаи Худо мушарраф гардидаанд. Аммо бояд дарк намоем, ки дар қатори зиёрати хонаи Худо бояд дастгириву кӯмак ба табақаи ниёзманди аҳолиро низ дар мадди назар қарор бидиҳем.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гаштаву баргашта таъкид намуданд, ки мо бояд дар амалӣ намудани арзишҳои миллӣ ва динии худ ҳамеша манфиати мардуми Тоҷикистонро дар мадди назар дошта, ба қадри соҳибистиқлолии давлатамон бирасем ва ин неъмати бебаҳоро ҳамчун гавҳараки чашм нигаҳбонӣ намуда, шукронаи онро ба ҷо орем. Зеро дастовардҳои бузурги Тоҷикистон дар замони Истиқлол худ аз худ ҳосил нашудаанд, балки дар натиҷаи ранҷу заҳмат, меҳнати эҷодгарона ва ободкоронаи ҳуди ҷомеаи Тоҷикистон ба даст оварда шудаанд. Бинобар ин мо бо итминони комил гуфта метавонем: Мардуми шарифи Тоҷикистон таҳти роҳбарии хирадмандонаи Пешвои миллат мушкилтарин ва сахттарин имтиҳонҳо ва монеаҳоро дар роҳи бунёди давлати ҳуқуқбунёд, демократӣ ва дунявии миллии худ бурдборона ва муваффақона паси сар карданд ва минбаъд низ барои таъмини арзишҳо ва манфиатҳои миллию давлатии Тоҷикистон дар партави ҳидоятҳои роҳбари мардумии худ муттафиқона мубориза мебаранд.