wrapper

Зоолишоева Шамшод- номзади илмҳои филологӣ, ходими калони шуъбаи забонҳои помирии Институти илмҳои гуманитарии ба номи Б. Искандарови АМИТ

 

САХОВАТМАНДӢ – ҲИКМАТИ БУЗУРГИ МОҲИ ШАРИФИ РАМАЗОН

(ибрози андеша аз суханоронии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон)

 

Паёмбари Худо (с) фармуданд:

Саховатмандӣ дарахте аз дарахтони Биҳишт аст, ки шохаҳояш дар дунё паҳн шудаанд. Ҳар касе яке аз он шохаҳоро бигирад, он шоха ӯро ба Биҳишт барад.

                                     

Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намунаи бараълои  саховатпешагии мардуми тоҷиканд ва метавон гуфт, ки, бешубҳа, шохае аз дарахти саховатмандӣ дар даст  доранд,  зеро  ғамхорӣ дар хаққи  маъюбону пиронсолон, кӯдакони ятиму бепарастор ва, умуман, сари вақт дасти сахоро ба мардум дароз кардан барояшон дар мадди аввал меистад.

Дар вохӯрии навбатиашон 9 март дар Кохи Ваҳдат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи моҳи шарифи Рамазон бо масъулини мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, намояндагони фаъоли аҳли ҷомеа, олимон ва ходимони дин мулоқот карданд.  

Дар оғоз Сарвари давлат ҳамаи иштирокдорони мулоқот ва кулли мардуми кишварро ба муносибати фаро расидани моҳи шарифи Рамазон – моҳи парҳезгориву эҳсонкорӣ, хайру садоқат, бахшиши гуноҳҳо ва поксозии зоҳиру ботин самимона табрик гуфта, дар бораи фазилатҳои пурарзиши ин моҳ андешаронӣ карданд.  Сарвари давлат дар бораи равандҳое, ки дар ҷаҳони муосир идома доранд ва таъсири онҳо ба ҷомеа ва давлат эҳсос мегардад, ибрози андеша намуданд.

Аз љумла таъкид карданд, ки зоҳирпарастиву исрофкорӣ ва риоя накардани меъёру андозаҳои муайяншудаи анъана ва расму оинҳои мардумию динӣ садди роҳи баланд гардидани сатҳи зиндагии аҳолӣ мегардад. Бо ёдоварӣ аз фармудаҳои қуръонӣ ва ҳадисҳои набавӣ бори дигар таъкид гардид, ки исрофкоронро Худои таъоло дӯст намедорад.

Дар бораи дигар масъалаҳои муҳими рӯз суханронӣ намуда, аз ҳикмати моҳи шарифи Рамазон, махсусан  аз бобати саховатманд будан, ки яке аз хислатҳои бузурги инсонӣ мебошанд, ишора намуданд,  ки: “ҳикмати парҳезгориву рӯзадорӣ танҳо дар тарки хӯрдану ошомидан маҳдуд намегардад, балки ин моҳи муборак барои мусулмонон василаи эътиқоди муҳим ҷиҳати анҷом додани корҳои хайру савоб, амалҳои писандида, дасту забони пок доштан, гузашт кардану бахшидан, бо сабру таҳаммул будан ва дигар хислатҳои ҳамидаи инсонӣ маҳсуб мешавад”.

Аз паёмҳои ҳамасолаи Пешвои миллат ва вохӯриҳояшон бо мардум, садҳо  шахсони саховатманду саховатпешаи мамлакат руҳу илҳоми тоза гирифта, барои фароҳам овардани шароити беҳтару хубтар барои сокинони ҷумҳурӣ саҳми арзишманди худро гузошта истодаанд.

 Сарвари давлат миннатдории самимии Худро ба ин шахсони ватандӯсту ватанпарвар иброз намуда, гуфтанд, ки: “...соҳибкорону тоҷирон, шахсони саховатпеша ва афроди бонангу номуси ҷомеа сиёсати инсондӯстонаи иҷтимоии давлату Ҳукуматро дастгирӣ карда, бисёр иқдомоти савобу созандаро анҷом доданд. Онҳо то имрӯз ҳазорон мактабу кӯдакистон, беморхонаву бунгоҳҳои тиббӣ, роҳу пулҳо, коргоҳу корхонаҳои саноатӣ ва дигар иншооти таъиноти иқтисодиву иҷтимоӣ бунёд карда, садҳо ҳазор сокинони мамлакатро бо ҷойи корӣ таъмин намуданд, ҳар сол чор – панҷ маротиба ба оилаҳои ниёзманд ва ятимону маъюбон кумак расонидаанд ва ҳоло боз бисёр корҳои хайру савобро амалӣ карда истодаанд”.

Кобили зикр аст, ки ҳамаи дастурҳои раҳнамунсози Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба анҷом додани хайру саховат, дастгирии оилаҳои камбизоат, ятимону бепарасторон, сарфаю сариштакорӣ ва танзими маъракаву маросимҳо аз беҳтарин аҳкоми тарбиявии Қуръони карим ва ҳадисҳои набавӣ гирифта шуда, мақсад аз он ҳидояти мардум ба иљрои кори нек, ба роҳи пурсаодати зиндагӣ мебошад.

 

                                      Пушаймон нагардад кас аз кори нек,

                                       Накӯтар зи некӣ чӣ чиз аст нек?