Магистранти курси 2-юми шуъбаи таърихи ватании ИИГ ба номи академик Б.Искандарови АМИТ Қурбоншоев Аловатшо
МАҚОМИ ВОЛИДАЙН ДАР ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ ФАРЗАНД
(Дар ҳошияи мулоқоти Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалї Раҳмон бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини мамлакат санаи 9 марти соли 2024).
Ҳар дафъае, ки Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолон, зиёиён, равшанфикрон ва дигар табақаҳои аҳолии кишвар вохӯриву мулоқот баргузор менамояд, мо аз он як пайёме ва ё дастуре мегирем барои бунёди зиндагии имрӯзу фардо.
Дар мулоқоти навбатии худ Президенти мамлакат бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини мамлакат, ки санаи 9 марти соли равон баргузор гардид, дар бобати нақшу ҷойгоҳи падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд чандин маротиба таъкид ба таъкид гуфтаанд. Аз ҷумла иброз доштанд: "Фарзандонамонро тавре тарбия намоем, ки дастгиру ғамхори мо бошанд, донишманд шаванд, соҳибмаърифат ва мутахассиси замони нав гардида, одобу ахлоқи ҳамидаи инсонӣ дошта бошанд".
Дар қисми дуюми моддаи 34-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст, ки «Падару модар барои таълиму тарбияи фарзандон масъул мебошанд». Тарбия намудани насли наврас дар рӯҳияи ватандӯстӣ, хештаншиносӣ ва арҷ гузоштан ба аркони ниёгон, ки ҳамарӯза дар суханрониҳои Президенти кишварамон садо медиҳад, сармашқи кори ҳаррӯзаи худ намоем ва аз он хулосаи зарурӣ бароварда насли наврасро дар ин рӯҳия тарбия намуда ба воя расонем.
Барои пурзӯр намудани масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд дар рӯҳияи инсондӯстӣ, ифтихори ватандорӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ, умумибашарӣ ва фарҳангӣ дар Љумҳурӣ қонуни миллие қабул ва мавриди амал қарор гирифт, ки масъулияти падару модарро дар таълиму тарбияи фарзанд дар сатҳи қонунгузорӣ танзим менамояд. Ин Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” аст, ки 2-юми августи соли 2011 таҳти рақами № 762, кабул гардида, аз 6 боб ва 17 модда иборат аст ва имрӯз дар низоми қонунгузории Тоҷикистон аллакай мавқеи махсуси хешро пайдо кардааст.
Чи хеле ки дар қисми дуюми моддаи 5-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” омадааст: "Вазифаи падару модар фароҳам овардани шароити моддӣ, молиявӣ, маънавӣ ва равонӣ дар таълиму тарбияи дурусти фарзанд мебошад", албатта ҳар як падару модар вазифадор аст то барои фарзандони худ шароити хуби зиндагӣ фароҳам оранд то аз ягон чиз танқисӣ накашанд, шароити хуби таҳсил фароҳам оваранд то соҳибкасбу соҳибмаълумот шаванд. Дар сурати хуб набудани шароит ё камчинӣ дар зиндагї ва соҳиб нагардидан ба донишу саводи зарурӣ фарзанд метавонад ба корҳои ношоям, яъне даст задан ба дуздӣ, шабгардӣ, бозиҳои компютерӣ ва дигару дигар, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикисон манъ кардааст, даст зананд.
Муҳаммад Ғаззолӣ дар ин хусус овардаанд: “Фарзанд амонат аст дар дасти падару модар ва дили фарзанд нафис асту нақшпазир, ҳар нақше, ки ба ӯ гузорӣ, чун мушк ба худ бигирад ва чун замин пок аст, ба саодати дину дунё расад, падару модар дар он савоб шарик бошанд. Агар тухми бадӣ афканӣ ва ӯро ба ҳолаш гузорӣ ва ба ҳарчӣ хоҳад, нишинад, ҳаргиз аз вай умеди некӣ макун”. Ва ё бузурге дар ҷое мефармояд: "Ба ҷои ба фарзандонатон чизҳое, ки худатон дар вақташ надоштаро харидорӣ кунед, беҳтар аст ба онҳо он чизеро таълим диҳед, ки ҳеҷ гоҳ ба шумо наомӯзондаанд".
Маҳз дар натиҷаи ба воя расонидани фарзандони солимфикр ва бедордил маънии зиндагии мо аён мегардад. Барои ба ин ҳадафҳо ноил шудан падару модарон бояд назоратро аз болои кору фаъолияти ҳаррӯзаи фарзандонаш ҷиддӣ ба роҳ монанд. Чунки ҳангоми аз таълиму тарбия дур мондан кӯдак метавонад ба оқибатҳои ногувор дучор гардад ва ҳатто ояндаи худро зери хатар гузорад.
Чуноне ки Пешвои миллат, Президенти мамлакат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромадхои қаблиашон қайд намуда буданд: «Агар волидайн дар ин давра тарбияи кӯдакро масъалаи содда шуморанд ва дар тарбияи фарзанд саҳлангорӣ намоянд, аз кўдак рафтори дуруст, тани солим, ахлоқи ҳамидаро набояд интизор шавем".
Маҳз таҳкими оила, таълиму тарбияи наслҳои солиму соҳибмаърифат яке аз воситаҳои рушду нумӯи ҷомеа, мустаҳкамии қудрати мамлакат ва побарҷойии арзишҳои миллиамон ба шумор меравад. Мутаассифона, имрӯз баъзе падару модарон барои ба таълиму тарбия фаро гирифтани фарзандони худ монеъ мешаванд ва нисбати ҳаёту зиндагии онҳо беаҳамиятӣ зоҳир мекунанд. Ҳамаи ин бар он оварда мерасонад, ки кӯдакону наврасон ва ҷавонон даст ба амалҳои номатлуби ҳуқуқвайронкунию ҷиноятӣ зада, шомили ҳизбу ҳаракатҳои характери террористию экстремистидошта мешаванд.
Тибқи маълумоти мавҷуда дар се соли охир 24 нафар шаҳрвандони мо дар 10 кишвари дунё ба амалҳои террористӣ, аз ҷумла дар анбӯҳи одамон таркондани худ даст задаанд. Ин амалу рақамҳо барои мо хеле нигаронкунанда мебошанд ва дар ин росто каммасъулиятии баъзе аз падару модар ва омӯзгорон низ ба назар мерасад.
Дар суханрониашон Пешвои миллат дар бобати таҳрир ва ба талаботи замон љавобгў намудани қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»-ро мувофиқи мақсад шуморид. Ин бори дигар моро водор месозад, ки моҳияти қонуни мазкурро байни аҳолӣ ташвиқу тарғиб намоем, то ки дар оянда волидайн барои рафъи ниёзҳои фарзандони худ саъйи худро дареғ надошта, барои муҳайё кардани шароити хуби таҳсил, омўхтани забонҳои хориҷӣ ва огоҳӣ аз дастовардҳои илмии муосир барномарезӣ кунанд.
Хулоса дар ин ҳолати ҳассос, ки илму технологияи муосир босуръат пеш рафта истодааст, беназорат гузоштани фарзандон ва бемасъулиятии волидайн бар зарари миллату ҷомеа ба ҳисоб меравад. Бояд ҳисси масъулиятнокии волидайн нисбати фарзандонашон бештар гардида, ин масоили зарурии даврон ба низом дароварда шавад ва ободиву осоиштагии ватану миллатамон таъмин гардад.