wrapper

Назрӣ Офаридаев, доктори илмҳои филология, профессор. Бознашр аз рӯзномаи “Тоҷикистон”,2016, №12,30-март

МО КИСТЕМ

аввал тоҷик ё мусулмон?

“Дини мубини ислом гуногунзабонӣ, гуногунфикрӣ ва дорои фарҳанги мухталиф будани халқу миллатҳоро эътироф кардааст.Масалан, дар Қуръони карим ин матлаб дар ояти 13-уми сураи «Ҳуҷурот» возеҳ баён шудааст: «Эй мардум, ба дурустӣ, ки шуморо аз як марду як зан офаридем ва шуморо қавмҳо ва қабилаҳо сохтем, то бо якдигар шиносо шавед». Яъне дар шакли қавмҳо ва қабилаҳо будани инсонҳо иродаи Парвардигор буда, онҳо аз якдигар маҳз бо миллият, расму ойин, забону фарҳанг, либоси ба худ хос ва дигар унсурҳо бояд фарқ кунанд. Вагарна, аз кадом қавму қабилаву миллат будани инсонҳо номаълум хоҳад монд. Бегонапарастӣ дар сару либос, яъне пӯшидани либоси бегона бо номҳои сохтаи сатру ҳиҷоб дигар масъалаи мубрам барои ҷомеаи мо мебошад.Бегонашавии одоб ва расму ойини либоспӯшӣ – бегонашавии фарҳангист, ки истиқлоли фикрӣ, ҳувияти миллӣ ва фарҳангии миллатро халалдор месозад” ......... “Имрӯз гурӯҳҳое пайдо шудаанд, ки мехоҳанд барои амалисозии нақшаҳои ғаразноки худ ҳамаро зери як шиор тағйир диҳанд. Тавре ки имрӯз мушоҳида мекунем, гурӯҳҳои ифротӣ ва бегонапараст кӯшиш мекунанд, ки барои расидан ба ҳадафҳои нопоки худ бо шиорҳои динӣ моро аз давлату миллати худ, аз асли тоҷик будан ва пояҳои устувори таъриху тамаддуни ниёгонамон дур созанд” Аз суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар, 9-марти соли 2024. Маълум аст, ки ислом дини ҷаҳонист. Мардуме, ки ин динро пайравӣ мекунанд, дорои фарҳангҳои мухталиф, забонҳои мухталиф буда, дар давлатҳои гуногун зиндагӣ мекунанд. Раванди гаравидан ба Ислом аз оғози зуҳури ин дини ҳақ оғоз ёфта, то имрӯз идома дорад. Масъалаи дину мазҳаб ва хусусиятҳои миллӣ ё ҳувияти фарҳангӣ имрӯз аз мавзуъҳои муҳим маҳсуб шуда, чи дар адабиёти илмӣ ва чи дар матбуот мавриди баҳсҳои ҷудогона қарор гирифтааст. Ҳувияти миллӣ ва ҳифзи он дар пояи омилҳои мухталифи фарҳангӣ, сиёсӣ амалӣ мегардад. Бисёре аз ҷаҳонгароӣ ва ҷаҳонишавӣ шиква доранд, ки ин намодҳо ба ҳувият ва асолату фарҳанги миллӣ зарба мезананд ва ҳатто роҳҳои аз ҷаҳоншаӣ эмин мондани фарҳанги миллиро ҷустуҷӯ менамоянд. Бархе онро дар пояи диниву мазҳабӣ ҷустуҷӯ доранд, ҳувияти миллиро бо ҳувияти мазҳабӣ айният медиҳанд. Ҳатто, дар саҳифаи бархе аз нашрияҳо баҳсе ба роҳ андохта шудааст, ки муҳтавои он чунин аст: тоҷики мусулмон ё мусулмони тоҷикем? Мо метавонем аввал аз тоҷик будани худ ифтихор кунем ё аввал аз мусулмон будани худ фахр намоем? Кадомашро дар аввал гузорем: ҳувияти миллӣ, нажодӣ ориёӣ, миллати тоҷик ё мансубияти динию мазҳабии худ? Тарафдорони ақидаи дуюм бар онанд, ки рушду нумуъи фарҳанги миллати тоҷик маҳз дар давраи ислом фаро расид. Маҳз ислом тавонист дар фарҳанги миллати тоҷик тағйироти сифатиеро ба вуҷуд орад. Ба қавле дину мазҳабҳои қадима муносибатҳои иҷтимоӣ ва ҳатто маишию оилавиро танзим карда натавонистанд. Иддае аз уламои ислом адёну оинҳои пеш аз исломро таҳти танқиди шадид гирифта, иддао доранд халқи тоҷик танҳо дар давраи ислом ба дараҷаи баланди рушди фарҳангӣ расида, зуҳури давлати Сомониён самараи давраи исломист ва маҳз шароитро барои рушди забон ва адабиёти тоҷикии Осиёи Миёна муҳаё сохт. Лозим ба ёдоварсит, ки раванди инкишофи ҷомеаи Тоҷикистон имрӯз мафҳумҳои дигареро мавриди баррасӣ қарор медиҳад ва хуб мешуд, масоили зикршуда аз назари васеътар пешниҳод гарданд. Таҳти мафҳуми ҳувияти миллӣ - ҳувияти шаҳрвандӣ, бо дар назардошти эҳё ва ҳифзи ҳувияти милли халқи тоҷик ба эътибор гирифта шавад. Ба ин тариқ, ҳувияти шаҳрвандии Тоҷикистонро метавон ба сифати яке аз ҷузъҳои ғояи милли тоҷикӣ қарор дод. Идеали миллии тоҷикӣ – ин идеали мардуми Тоҷикистон, ҳувияти миллӣ – ин ҳувияти шаҳрвандии Тоҷикистон, ки тамоми сокинони кишвари мо аз он ифтихор доранд. Аз ин рӯ, тамоми шаҳрвандони Тоҷикистон новобаста ба нажод, забон, дину мазҳаб ва ғайра, ки қисматашонро ба Тоҷикистон пайвастаанд, дар ин ҷо таваллуд шудаанд ё кору зиндагӣ мекунанд, ҳаққи шинохти ҳувият шаҳрвандии Тоҷикистонро доранд ва набояд аз доираи фаҳмиши ҳувияти миллии тоҷикӣ хориҷ гарданд. Ҳувияти миллӣ ва ғояи миллии тоҷикӣ гуфта мо бояд идеали мардуми Тоҷикистонро дар назар дорем. Ифтихор аз гузаштаи таърихӣ, барои тақвият ва тарбияти ҳофизаи таърихӣ аҳамияти калон дошта, бояд барои кору пайкори оянда мавриди истифода қарор гирад. Ҳувияти миллиро имрӯз аз бойгонии таърихии салтанати пешиниён ҷустуҷӯ намудан низ моро ба натиҷаи дилхоҳ оварда намерасонад. Зеро тоҷики асри бисту як, шаҳрванди Тоҷикистони асри XXI аз тоҷики даврони Сомониён ба куллӣ фарқ дорад ва мо ҳаргиз наметавонем барои пешрафти халқу ватан ба қафо баргардем. Ҳувияти миллии худро аз давраи ороиҳою каёниён, пешдодиёну ҳахоманишиниён, сосониёну сомониён ҷустуҷӯ намудан низ аз назари ҷанбаи методологӣ дар шароити имрӯза дархӯри ҳаллу фасли масъала шуда наметавонад. Чунин иқдом танҳо ба мақсади муаррифии тоҷикон дар арсаи байналмиллалӣ ва бомаърифат намудани шаҳрвандони Тоҷикистон муфид арзёбӣ мешавад. Имрӯз масъаларо аз дигар ҷиҳат низ баррасӣ намудан лозим аст: ҳастии давлат ва ҳувияти миллии давлат. Зеро миллат танҳо тавассути давлати соҳибихтиёр ва қудратманд метавонад ҳастии худро ҳифз намояд ва ҳувияти худро муаррифӣ созад. Маълум аст, ки ҳар як давлат дорои Парчам, Суруди миллӣ, Нишони давлатӣ, забони миллӣ, тамомияти арзӣ буда, маҳз ин рукнҳо ҳувияти милли онро нишон медиҳад. Маҳз ба масъалаи ҳувияти миллӣ, ба назари мо аз ин ҷиҳат бояд наздик шуд: зеро имрӯз дар ҷаҳон кишваре нест, ки танҳо аз як нажод, аз як мазҳаб ва ё як халқият иборат бошад. Дар зиндагии шаҳрвандони Тоҷикистон имрӯз чандин фарҳангҳо нақшаи хоси худро гузоштаанд. Мисоли ин фарҳангҳо, андешаи исломӣ, таъсири ҷаҳонбинии комунистӣ ва таъсири ҷаҳони Ғарб. Пас ҳангоми сухан гуфтан аз ҳувияти миллӣ ва фарҳангӣ мо набояд таъсири ин фарҳангро надида гирем. Чунки ҳар яке аз ин фарҳангҳо арзишҳои қобили қабул дошта, хилофи андешаи миллӣ нестанд. Нахуст бояд эътироф намоем, ки ислом дар зарфи 14 аср дар эътиқод ва афкори мардумони гуногуннажод нақши босазои худро гузоштааст ва барои мардум раҳнамо аст. Сабаби ҷовидон будани ин дин шинохти мақоми ақл ва хусусиятҳои ахлоқии он аст. Дар ахлоқи исломӣ арзишҳои умумибашарӣ нуҳуфтааст: ба мисли баробарии зиндагонии моддӣ ва рӯҳонӣ баробарӣ, бародарӣ, таҳаммулпазирӣ, фурӯтанӣ, масъулияти муштарак, хайру садақа аз ҷумлаи арзишҳои беҳтарини ин фарҳанганд. Арзишҳои зиндагии иҷтимоӣ, талошҳо барои беҳбуд бахшидани зиндагии ҷомеа, маорифпарварии даврони салтанати коммунистӣ дар рушди давлат ва миллат кори бисёр мусбиро анҷом доданд, ки дараҷаи саводнокии мардуми тоҷик ҳатто дар сатҳи ҷаҳонӣ ба сатҳи баланд баромад. Соҳаи маориф ва сиҳатии омма, ки самти иҷтимоӣ доштанд, қобили қабули ҳамагон буда, аз зеҳни мардум ҳанӯз зудуда нашудааст. Арзишҳои ба мисли ҳуқуқи башар, интихоби шахси лаёқатманд барои роҳбарӣ аз тариқи интихоботи умумӣ, баланд бардоштани мақоми илму маърифат ва истифодаи дониш барои рафъи мушкилоти замони муосир, аз қабили арзишҳое мебошанд, ки дар ҷаҳони Ғарб бештар инкишоф ёфтаанд ва, бешубҳа, мо ҳам ба онҳо ниёз дорем. Аз арзишҳои дар фавқ номбурдашуда моро ҷои гурез нест. Ин арзишҳоро метавон дар ташаккули андешаи миллӣ истифода кард. Ҳамин тариқа, ҳувияти миллӣ дар марҳилаи имрӯзаи рушди ҷомеаи Тоҷикистон бояд мафҳум ва доираи васеътареро касб номида, ба ҳувияти шаҳрвандӣ табдил ёбад. Дину мазҳаб ба сифати яке аз унсурҳои мушаххаскунандаи ҳувияти шаҳрандӣ маҳсуб мегарданд. Вақти он расидааст, ки дар ташреҳи анъанавии истилоҳи фалсафӣ - иҷтимоии миллат таҷдиди назар шавад. Сиёсати давлат дар ин самт ба он ниигаронда шавад, то дар зеҳни мардум зинаҳои дарёфти мақоми баланди шаҳрвандӣ ташвиқ шуда, давлат барои пай дар пай ва зина ба зина камол ёфтани мардум ба мақоми баланди шаҳрвандӣ мусоидат намояд.