Азорабеков С. Қ. - номзади илмҳои филология, ходими илмии шуъбаи фолклор ва адабиёти ИИГ АМИТ
Санаи 9-уми марти соли равон Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолон, намояндагони аҳли ҷомеа ва ходимони динӣ вохӯрии хеле судманд, саривақтӣ, талаби замон ва муҳимеро баргузор намуда, бо суханронии пурмуҳтавои хеш масъалаҳои хеле мубрами рӯзро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор доданд.
Тавре маълум аст ва бо чашмони худ аён дида истодаем, Ҷумҳурии азизамон ба таври бесобиқа ва мунтазам дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёт рушду нуму карда истодааст, иншоотҳои азими аср бунёд ёфта истодаанд, шоҳроҳҳо ва пулҳои азими байналмилалӣ ва дохилӣ сохта шуда, сатҳи зиндагонии аҳолӣ беш аз пеш беҳтару беҳтар гардида истодааст. Тавре ки Пешвои миллат дар Паёми навбатии имсола ҳам ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз доштанд, “Ҳукумати мамлакат барои дастгирии соҳаҳои иҷтимоӣ ва ба ин васила баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум аз ҳисоби буҷети давлатӣ дар оянда низ тадбирҳои иловагиро амалӣ мегардонад”. Вале новобаста аз ҳамаи ин ва пойдор будани сулҳу ваҳдати саросарӣ, таъмин будани озодиҳо ва саодати зиндагии мардум, ҳоло зуҳуроти номатлубе дар самти риояи озодии виҷдон, эътиқодоти динӣ ва иҷрои муқаррароти қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ”, “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” аз тарафи баъзе шаҳрвандон мушоҳида мегардад. Пешвои миллат иброз доштанд, ки “вале бар ивази ҳамаи ин тадбирҳои то имрӯз амалигардида ва дастгириву пуштибонии давлату Ҳукумат ҷиҳати муътадил нигоҳ доштани вазъи динӣ дар мамлакат таассубу хурофот, тафриқаандозӣ, бегонапарастиву зиёдаравӣ, ифротгароӣ ва амалҳои террористии хусусияти динидошта ба омили ташвишовар ва нигаронии ҷиддӣ табдил ёфта истодааст. Ҳоло он ки мо Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун давлати соҳибистиқлолу демократӣ, ҳуқуқбунёду дунявӣ ва муҳимтар аз ҳама, ба ҳайси кишвари ташаббускору созанда ва муаллифи панҷ ташаббуси байналмилалӣ муаррифӣ карда истодаем”. Пешвои миллат аз он изҳори нигаронӣ карданд, ки гуруҳҳои экстримистӣ ва террористии хориҷи кишвар ҷавонони ноогоҳ ва таҳсилнокарда, ё дар мактабҳои ғайриқонунии динии хориҷӣ таҳсилкардаро гумроҳ ва ба гуруҳҳои худ шомил намуда, ба ин васила мехоҳанд амнияти кишвари ободу зебои моро халалдор ва монади солҳои навадуми асри гузашта ба вартаи ҷангу хунрезӣ гирифтор намоянд. Дар ин маврид Пешвои миллат таъкид доштанд, ки “солҳои охир аз ҷониби баъзе шаҳрвандони Тоҷикистон дар ҳудуди дигар кишварҳои ҷаҳон амалҳои мудҳиши террористӣ содир шуда, ин кирдори ғайриинсонии онҳо ба обрӯйи давлати тоҷикон ва миллати тоҷик дар арсаи ҷаҳонӣ иснод оварда истодааст”.
Илова бар ин, шахсони алоҳидаи мардумфиреб дар дохили кишвар аз содагию камсаводии баъзе афроди ҷомеа истифода бурда, онҳоро бо роҳи таассуб ва хурофот тобеи худ гардонда, бо “муъҷизот” ва “каромот”-и худ ба хештан бузургтароширо раво дида, лақабҳои бардурӯғи “мавлоно”, “мавлавӣ” ва ғайраро ба худ мечаспонанд ва ба ин васила пулу сарвати зиёдеро аз мардум меситонанд. Яке аз амалҳои ташвишовари дигар, ин ба ҷо овардани такрор ба такрои маносики ҳаҷ аз тарафи шаҳрвандон ва истиқболи номатлуби ҳоҷиён ва зиёдаравию худнамоӣ, исрофкории зиёд ва тақлидкориҳои бемаънӣ дар ин самт мебошад. Дар робита ба ин падидаҳо, Пешвои миллат зикр намудаанд, ки “вазъи мураккабу ташвишовари минтақа ва ҷаҳон, аз ҷумла торафт шиддат гирифтани раванди азнавтақсимкунии дунё, яроқнокшавии бошитоб, “ҷанги сард”, таҳдиду хатарҳои муосир - терроризму экстримизм, қочоқи силоҳ, ҷиноятҳои киберӣ ва дигар ҷинояткориҳои муташаккили фаромиллӣ моро водор месозад, ки барои таъмин намудани амнияти мудофиавии кишварамон тадбирҳои иловагӣ андешем”. Дар робита ба ин, бояд зикр намуд, ки агар ҳамаи зиёдаравию ифротгароӣ дар эътиқодоти динӣ пешгирӣ карда нашаванд, оқибат ба амалҳои экстримистиву террористӣ ва халалдор гардидани амнияти кишвар оварда мерасонад.
Инчунин, Пешвои миллат дар суханронии худ оид ба амалишавии нокифояи муқаррароти қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” изҳори нигаронӣ карда, аз масъулини соҳа, аҳли ҷомеаи кишвар ва ходимони динӣ талаб намуданд, ки ба иҷро намудани талаботи қонунҳои мазкур диққати ҷиддӣ равона намоянд.
Дар робита ба ин, бояд таъкид кард, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” баъд аз қабул гардиданаш санаи 8-уми июни соли 2007 дар самти ҳифзи анъанаҳои миллӣ ва ҳалли бисёр мушкилоти ҳаётан муҳими ҷомеа заминаи мусоид фароҳам овард. Қонун ҷашну маъракаҳо ва расму ойинҳоро дар кишвар ба низом дароварда, барои ҳифзи арзишҳои фарҳанги миллӣ асос гузошта, суннатҳои диниву мардумиро ба танзим даровард, анъана ва маросиму ҷашнҳои миллиро мушаххасу дақиқ намуд. Ба ғайр аз ин, пеши роҳи хурофоту таассуб, худнамоиву зоҳирпарастӣ ва исрофкориву зиёдаравӣ гирифта шуда, ба ҷорӣ гардидани низому тартиботи ягонаи баргузории чорабиниҳои милливу мардумӣ роҳ кушод. Аммо дар баробари ин, вобаста ба боло рафтани сатҳи зиндагӣ то ҳоло бархе аз шаҳрвандони кишвар ба хотири худнамоӣ ва худро аз дигарон боло гузоштан ба исрофкорӣ, хароҷоти зиёди пулию молӣ роҳ медиҳанд.
Чунин камбудию норасоиҳо дар самти иҷрои талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” мушоҳида мегардад. Гарчанде мақсади қонуни мазкур пурзӯр намудани масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд дар рӯҳияи инсондӯстӣ, ифтихори ватандорӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ, умумибашарӣ ва фарҳангӣ мебошад, ҳоло ба таври бояду шояд ба ин масъалаҳо таваҷҷуҳи лозимӣ равона намегардад. Пешвои миллат роҷеъ ба ин масъалаҳо фикрҳои ҷолиб манзур намуда, аз ҷумла чунин таъкид намуданд: “Фарзандонамонро тавре тарбия намоем, ки дастгиру ғамхори мо бошанд, донишманд шаванд, соҳибмаърифат ва мутахассиси замони нав гардида, одобу ахлоқи ҳамидаи инсонӣ дошта бошанд. Мову шумо фарзандро барои он ба дунё оварда, ба камол мерасонем, ки дар айёми пирӣ дастгирамон гардад”.
Дар охир, Пешвои миллат пешниҳод намуданд, ки ин бо мақсади ҳадафноктар ва мукаммалтар амалӣ шудани муқаррароти қонунҳои миллӣ дар таҳрири нав қабул карда шаванд.