Рӯзи 9 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо кормандони мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, намояндагони фаъоли аҳли ҷомеа, олимон ва ходимони дин мулоқот гузаронида, дар рафти он ба масъулин оиди рафъи хурофотпарастӣ супоришҳои мушаххас доданд.
Дар ҷараёни ин вохурӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фикрҳои навро оид ба ворид кардани тағйирот ва иловаҳо ба қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” иброз карда, аз ходимони дин даъват намуданд, ки дар фаъолияти худ ба масъалаҳои гирифтани пеши роҳи исрофкорӣ диќќати аввалиндараҷа диҳанд.
Пешвои миллат зарари омили тундгароиро баррасӣ карда, қайд намуданд, ки «имрӯз дар Тоҷикистон 4 ҳазор масҷид, Донишкадаи исломӣ, ниҳодҳои диншиносии илмӣ, беш аз 250 ҳазор нафар ҳоҷиён, бештар аз 400 ҳазор умракардагон ва ҳазорҳо нафар ходимони дин – дастпарварони муассисаҳои таҳсилоти динии хориҷиву ватанӣ дар фазои озодиҳои истиқлол тарбия ёфтаанд. Вале бар ивази ҳамаи тадбирҳои то имрӯз амалигардида ва дастгириву пуштибонии давлату Ҳукумат ҷиҳати муътадил нигоҳ доштани вазъи динӣ дар мамлакат таассубу хурофот, тафриқаандозӣ, бегонапарастиву зиёдаравӣ, ифротгароӣ ва амалҳои террористии хусусияти динидошта ба омили ташвишовар ва нигаронии ҷиддӣ табдил ёфта истодааст. Ҳоло он ки мо Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун давлати соҳибистиқлолу демократӣ, ҳуқуқбунёду дунявӣ ва муҳимтар аз ҳама, ба ҳайси кишвари ташаббускору созанда ва муаллифи панҷ ташаббуси сатҳи байналмилалӣ муаррифӣ карда истодаем». Рӯи кор омадани падидаи хурофотпарастӣ дар чунин шароит ба ҳеҷ ваҷҳ барои обруи давлат дар арсаи байналмилалӣ ва дохилӣ мусоидат намекунад ва баръакс ба ҷомеаи муосир ва раванди инкишофи устувори он зарар мерасонад. Дар ин самт ҳамчун қисми осебпазир ҷавонон маҳсуб мешаванд, зеро аз надоштани таҷриба зуд ба доми гуруҳҳои ифротӣ гирифтор мешаванд. Бинобар ҳамин мо зиёиёнро зарур аст, ки моҳияти манфии гуруҳҳои ифротгароиро барои ҷавонон фаҳмонем ва ин равандро бартараф созем. Чуноне, ки дар суханронии Пешвои миллат дар ин вохурӣ қайд гардид, дар Тоҷикистон бо қарорҳои Суди Олӣ фаъолияти 28 ташкилоти экстремистиву террористӣ манъ шудааст, аммо «дар 10 соли охир дар мамлакат 6680 ҷинояти дорои хусусияти экстремистиву террористӣ, аз ҷумла 86 амали террористӣ ва сӯиқасд ба он ошкор ва ба қайд гирифта шуда, 11 ҳолати амали террористӣ ва сӯиқасд ба он пешгирӣ гардидааст».
Ҷавонони тоҷик фирефтаи гуруҳҳои экстремистӣ шуда, дар кишварҳои хориҷӣ дар задухӯрдҳои мусаллаҳона ба манфиати бегонагон кушта мешаванд, ё беному нишон гум мешаванд. Қисми ҷавонони мо аз тарафи ифротгароён бо баҳонаи таҳсил ба ҳаракатҳои террористӣ ҷалб мегарданд. Бинобар ҳамин таҳсили ҷавонони мо дар хориҷа як проблемаи асосӣ барои ҷомеа мебошад, зеро таълими баъзе мадрасаҳои хориҷӣ мухолифи мазҳабҳои анъанавии Тоҷикистон мебошад. «Шахсоне, ки аз таҳсил дар муассисаҳои таълими динии ғайрирасмӣ ва шубҳаноки кишварҳои хориҷӣ бармегарданд, ба фазои динии Тоҷикистон афкори тундраву душманонаро ворид месозанд. Чунончи, намояндагони равияи «Салафия» ба мазҳаби ҳанафӣ ва асосгузори он Имом Абӯҳанифа назари манфӣ ва ба исмоилия, ки мазҳаби таърихии як қисми аҳолии бумии кишвар мебошад, муносибати хеле хусуматомез доранд. Пайравони ин равия ақидаҳои намояндагони дигар мазҳабҳоро инкор ва онҳоро ба куфр маҳкум намуда, дар ин замина ихтилофи байнимазҳабиро дар байни мусулмонон тезутунд менамоянд. Қобили зикр аст, ки аксари шахсони ба «Давлати исломӣ» ва дигар ташкилотҳои экстремистиву террористӣ шомилшуда пайравони таълимоти «Салафия» мебошанд. Аз ин лиҳоз, бо қарори Суди Олии Тоҷикистон ин равия экстремистиву террористӣ эълон шуда, фаъолияти он дар ҳудуди мамлакат манъ гардидааст. Бо вуҷуди ин, дар давраи аз соли 2015 инҷониб зиёда аз 2300 нафар шаҳрвандони кишвар ба равияи мазкур шомил гардида, оид ба ин ҳолатҳо 1945 парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст».
Бо дарназардошти масъалаҳои дар вохурӣ баёншуда, зарур аст, ки мо зиёиён вазифадорем, ки шуури ҷамъиятии сатҳи пешқадамро рӯи кор оварем, ки дар он манфиати дин, миллат ва давлат ба самти ободии Тоҷикистони азиз яксон бошад.