wrapper

Броимшоева Муслима – номзади илмҳои филологӣ, ходими калони шуъбаи забонҳои помирии Институти илмҳои гуманитарии ба номи Б. Искандарови АМИТ

 

          РАМЗУ БОВАРҲОИ  НАВРЎЗӢ

Наврўз яке аз ҷашнҳои қадимтарини ниёгонам аст, ки дорои рамзу аломатҳо, бовару эътиқод, дуову ормонҳои мардумӣ мебошад. Мардуми кўҳистони Помир аз замони қадим ин ҷашнро пос доштанд, то имрўз бештари расму қоидаҳои гузаронидани онро дар хотир нигоҳ медоранду дар аксари маҳалу ноҳияҳои вилоят ба таври ба худ хос мегузаронанд ва кўшиш ба харҷ медиҳанд, ки онро бо щодию хуррамӣ ҷашн гиранд, то ки он сол пурбаҳраву пурнишот ояд.

 Умари Хайём чандин аср пештар қайд карда буд: Ҳар кӣ рўзи Наврўз ҷашн кунад ва ба хуррамӣ  пайвандад, то Наврўзи  дигар умр дар шодӣ ва хуррамӣ гузорад  (Мирбобо Мирраҳим. Ҷашни Наврўз ва ҷаҳоншиносӣ. – Душанбе: Ирфон, 1992. -236 с. саҳ.9.).

Аз маъхазҳои қадимӣ бармеояд, ки Наврўз пеш аз Ҷамшед низ вуҷуд доштааст ва ў қудрати таслим намудани шайотинро дошта, онҳо ўро бо тахташ дар як рўз аз Дамованд ба Бобул оварданд ва мардум он рўзро ид намуданд.

Чуноне  ки Мирбобо Мирраҳим овардааст:… Ва осиёбсанге андар гардани деве афганд ва бар вай нишаст ва ўро андар ҳаво бибурд ва дуо кард:

-То Худои азз ва ҷалл гармову сармо ва беморӣ ва марг аз мардумон бигирад.

Сарчашмаҳои муътамад оиди ин ҷашн асарҳои аллома Абдурайҳони Берунӣ «Осор-ул-боқия» ва «Китоб-ут-тафҳим» ва «Наврўзнома»-и  Умари Хайём  мебошанд.

Мирбобо Мирраҳим дар китобаш қайд менамояд: Ва хоса, вақте ки сухан аз боби ҷашни Наврўз меравад, ҳаминро таъкид кардан зарур аст,  ки рўзи Наврўз дар тўли таърих рўзи оини адлу додгустарӣ, баробарии хосу ом, баробарии ҳамагон, ҳаққу ҳуқуқи хеш талаб кардани одамон буд.

Ва зарур мешуморем, танҳо як рубоии халқиро оид ба рамзҳои наврўзии дастархони «Ҳафт шин», ки бисёр ба мавқеъ аст, биёварем:

Ҷашни Наврўз аз замони Каён,

Мениҳоданд мардуми Эрон:

Шаҳду ширу шаробу шакари ноб,

Шамъу шамшоду шоя андар хон.

Ҳар яки ин рамзҳо дорои хусусиятҳои ифодакунандаи орзуву омоли халқ, деҳқонону ҳунармандон, ҳар як инсони соҳибдилу соҳибзавқ мебошанд:

Шаҳд - ифодакунандаи ҳаёти ширину гуворо.

Шир - нишонаи покию сафедбахтии одамон ва сафедии аввали сол.

Шароби сурхи арғувонӣ чун нишонаи дилхушӣ, барои нест кардани мушкилоту ғаму андўҳи  зиндагӣ.

Шакари ноб ва  шинӣ ва шарбати мева дар рўи дастархон, аз як тараф рамзи ширинии ҳаёт, аз тарафи дигар чун ҳалкунандаи ғизоҳои вазнини идона ба шумор меравад.

Шамъ-аломати нури Илоҳӣ, рўшноӣ, офтоби парваришдиҳандаи одамону наботот ва ҳайвонот, нишонаи гармии муҳаббати ҳамдигарии инсонҳо, аломати зиндагӣ, раҳнамунсозанда ба сўи мақсаду мароми инсонӣ,  инчунин гармии табиат мебошад.

Шамшод навдаест, ки рамзи зиндагиӣ ва сарсабзӣ мебошад.

Шоя дастаест аз растании кўҳӣ, ки ифодакунандаи сарсабзии ҳаёт, аз нав сабзидану зиндашавии гиёҳҳову дарахтон, сабзаву гулҳои гуногун ва ин ду гиёҳ вобастагии инсону табиатро ифода  мекунанд.

Мумкин аст, ки ҳарфҳои аввали номи ҳар яки ин ғизоҳо ҳам дорои рамз бошанд.

Ин рамзҳо ва аломатҳо вабаста ба ҷойгиршавии ҷуғрофии ноҳияҳои Шуғнон, Роштқалъа, Рўшон ва Ишкошим ба тағйирот дучор гардидаанд, зеро дар ин ноҳияҳои ҷумҳурӣ баъзе меваҳо ба монанди ангур, ки аз он шинӣ (ширинӣ) тайёр менамуданд,  набуданд ва инчунин  дарахтону гиёҳҳо дертар сабз мешуданд, бинобар ин расму оинҳо ба таври дигар иҷро мешуданд ва мардум мувофиқи шароити зисташон ғизоҳоро тайёр намуда, истеъмол менамуданд. Ғунчаи дарахт низ нишона аз шамшоду шоя мебошад.

Азбаски дар зимистони ниҳоят сарди ин ноҳияҳо мардум дар хонаҳои аз дуди сиёҳчароғ, шамъҳо ва оташдони хона шабу рўз менишастанд, шир дар баробари рамзи покию сафедӣ вуҷуди дохилии одамонро низ пок мекунад.

Чуноне ки дар китоби «Шогуни баҳор омадааст: «Дар Бадахшон асосан дар субҳи рўзи «Хирпичор» ва «Хидир-айẙм» мардум таоми субҳонаро аз анвои ширӣ тайёр мекунанд… Хўроки субҳона, асосан аз шир ва нвои ширӣ аз қабили шир, ширравған, ширбиринҷ, шир бо нон (хувдашав), кочи (атолаи ширдор) иборат буд» (Шодихон Юсуфбеков, Аловиддин Шоҳинбеков. Шогуни баҳор Хидирайўм. -Хоруғ, 2016. -216 с.).

Мардум пас аз ин ба берун мебароянд, то ки аз  ҳавои софи баҳорӣ баҳра гиранд ва байни худ ба бозиҳои ланка, шули, чавгонбозӣ, санҷакбозӣ, арғунчакбозӣ ва ғайра машғул мешуданд. Бозиҳо, аз як тараф агар урфу одати мардумиро инъикос менамоянд, аз тарафи дигар чун варзиши бадан ва саломатиии  ҷисми инсон дар ҳавои тозаи баҳорӣ мебошанд. Алвонҷхўрон духтарон чунин суруд хонда шўхию бозӣ мекарданд:

Қишқу тар боғен

Холи димоғен

Ту сӣвдти тоғен

Роштен ту кафчен

Кайи ту лоғен,

Налўм ту нозен.

Наврўз ин иди ба ҳамдигар  баён намудани дуову фотиҳаҳо ва шод намудани дили ҳамдигар мебошад. Аз ин килоғузғузу идгардак ва туҳфаву ҳадяҳо ба ҳамдигар шаҳодат медиҳанд.

Инчунин дуоҳои зерин ба ҳамдигар изҳор мешаванд:

  1. Худованд мисли баҳор туро сабз намояд.
  2. Худоҷон дар ин сол ризқу рўзиатонро фаровон созад.
  3. Илоҳо ҳосили мо зиёд гардад.
  4. Дар ин сол ҳаргиз хафагиро набинед.

То имрўз дар байни деҳқонон чунин дуо роиҷ аст:

Фотеҳаи кор, фотеҳаи рўзгор,

Муборакатии шогуни баҳор.

Аз як дона ҳазор,

Ҳазори мо бешумор.

Ба ҳаққи Ҳайдари Карор,

Соли нав моҳи нав,

Ҷамъият ҷамъ, дилҳо беғам,

Оллоҳу Акбар!

Хулоса, Иди Наврўз бузургтарин ид буда, то имрўз рамзу оинҳои нарўзӣ, дуову боварҳои он пурра омўхта нашудааст ва имрўз ҳам тадқиқот оиди ин масъала давом дорад.