wrapper

Қаландариён Ҳоким Сафар, директори Институти илмҳои гуманитарии ба номи академик Б.Искандарови АМИТ, д.и.фил.

 

Бонувону модарони азизу меҳрубон!

Хушбахтии занҳо пирӯзии мардон аст!

Гӯянд, ки мардҳо аз кадом ҷиҳате, ки худро барои занҳо нишон надиҳанд, занҳо шавҳарҳои худро ба панҷ гурӯҳ ҷудо мекунанд: хайрият шавҳари ман зебо асту сарватманд; хайрият шавҳари ман зебо аст; хайрият шавҳари ман бой аст; хайрият шавҳари ман арақхӯр нест ва ба гурӯҳи панҷум ва ғайраҳо дохил мешаванд.  

            Банда, ки хайрият ба қатори «ва ғайраҳо» дохилам, дар рӯзи муқаддаси МОДАРОН дуогӯям, ки вожаҳои бо ҳарфи «М» амсоли модар доштану модар шудан, меҳрварзу меҳрубон будану муҳаббат варзидану муҳофизи ҳаёт доштан, мардозмову мардафган будан, моҳталъату меҳрдавлату меҳандӯсту миллатпарвар будан муддатулумру муддатулмадид муждагонии малики мулку мамлакатро Молики мутало барои кулли модарон арзонӣ намояд.

            Бошад, ки Худованд сафи бонувони соҳибному модарони соҳибқиронро афзун гардонад!

            Имрӯзҳо дар тамоми дунё раванди мақоми волову боло пайдо кардани ҷинси латиф бисёр назаррас аст. Барои чанд насли охир шояд ин баҳс нав бошад, аммо дар таърих дар адвори мухталиф сарчашмаҳо аз модаршоҳӣ зиёд сухан мекунанд. 

            Мувофиқи ривоёту афсонаҳои ба истилоҳ модаршоҳӣ, занҳо аз аввал бар мардон ҳукмронӣ мекарданд. Занон риш доштанду мардони кӯдаконро мемаконданд. Шикор вазифаи зан буд, ҳукмронӣ бар ҷомеа низ ба уҳдаи зан буд. Мардон гӯянд эътироз намуданд, ришҳои занонро ба зӯрӣ аз худ карданд ва синаҳояшонро ба онҳо доданд. Аз ин ба баъд қудрат ба дасти мардон меафтад.

            Ин албатта, ривояте беш нест, аммо барои баъзе муҳаққиқон далели мавҷуд будани даврони модаршоҳиро қавӣ мегардонад. Яъне баҳс дар бораи ду давра меравад – пеш аз интиқоли риш ва баъд. Ва чун «ҷаҳон ҳамеша чу чашмест гирдгардон аст» такрори таърих ногузир нест.

            Дувум, мавҷуд будани давраи модаршоҳиро ба он иллат пайваст мекунанд, ки замоне дар байни баъзе халқиятҳо институти бисёршавҳарӣ маъмул буду машҳур.

            Севум, модаршоҳӣ барои он вуҷуд дошт, ки дар баъзе қавмиятҳову халқиятҳо модаргаройиро нигоҳ доштанд.

            Чаҳорум, модаршоҳӣ аз он сабаб гӯянд вуҷуд дошт, ки баъзе халқиятҳо дар таърихашон анъанаҳои тӯйи занон бо занон доштанд.

            Панҷум, дар шароити муносибатҳои ҷинсии номуносиб кӯдакон танҳо модаронашонро мешинохтанд, муайян кардани падарон          и худ ғайриимкон буд, аз ин рӯ боигарӣ ва унвонҳо тавассути хати зан интиқол дода мешуд. Пас, касе, ки сарватро интиқол медиҳад, қудрат ӯ дорад.

            Имрӯз дар ҷомеаи мо сухан аз баланд бардоштани мақоми зан-модар меравад. Албатта, ин на ба хотири он ки афзалияту бартарият байни ду ҷинс маълум гардаду лаҷоми якеро бар дигаре дод.  Аммо тақозои ҷомеа чунин аст. Биеёд доварӣ кунем ва биёед ба тарбияи танҳо кӯдакони худ назар афканем. Чӣ гуна онҳо калон мешаванд ва дарси тарбияро аз кӣ мегиранд? Дар синни пешазмактабӣ ба боғча мераванд, дар зери тарбияи мураббиён ташаккул меёбанд. Мураббиён киҳоянд? Албатта, занон! Баъд кӯдак ба мактаб меравад. Ҳаштод андар сади муаллимон киҳоянд? Албатта, занон! Маълум мешавад, ки мард аз хурдӣ, бал аз тифлӣ ба зан тобеъ шудан мегирад. Тарбияти шахсият тобеи зан ташаккул меёбад. Аммо вақте ки кӯдак ҳамеша ва дар ҳама чиз одат кардааст, ки ба зан итоат кунад, пас ӯ барои худ зани мувофиқ меҷӯяд. Зани хашмгин, аксар вақт мардонасифат ва бо иродаи қавӣ. Ва он гоҳ, ки зан мегирад, модари писар норизоёна савол медиҳад, ки канӣ нишонаҳои мардиат ва афсӯсхӯрон ёд аз мардони гузашта мекунад. Ноогоҳ аз он ки ин ҳам аз нутфаи ҳамон куҳанмардон аст, аммо дар тарбияи занон ба воя расидааст.

            Кӯдак, ки оянда лаҷоми давлатдорӣ дар дасти ӯст, маълумотро тавассути нусхабардорӣ мегирад. Чун нусхаи асл зан-модар аст, ба ҷинси латиф мақому манзалати бештар додан тақозои замони муосир аст. Чун зан-модар рукни хонаи ҳастӣ аст, ҳатман бояд фазилатоин бошаду аз фазлу камолу фазлу фитнат баҳраманд.

            Бонувони хушлиқову модарони дилсафо!

            Боре марде назди Худо омад ва гуфт, ки ӯ танҳо хеле дилгир шудааст. Пас Худо ба ӯ ваъда дод, ки ба ӯ занеро меофарад. Чун Худо дарк кард, ки барои офаридани зан маводе дар даст надорад, занро аз гармии нурҳои офтобу нозукии насиби тобистон, бӯйи садбарги шукуфону зебогии қуву фазли гурба биофарид. Худованд чун дид, ки ин махлуқи офаридаи ӯ ниҳоят идеалӣ аст, ба вуҷуди ӯ номунтазамии бод, борони тунду макри рӯбоҳ, қасосгирии занбӯру хунукии сангу ҳирси наҳангро низ илова мекунад. Дар натиҷа зани воқеӣ ба дунё меояд. Худо ба он мард муроҷиат карда мегӯяд: Онро ҳамон тавр ки ҳаст, бигиред ва саъй накунед то дубора онро бисозед. Дуруст аст, ки ӯ дигарнашавандааст.

            Мард аз зан мепурсад, ки чи мушкилӣ доред? Ҷавоб медиҳад, ки агар ту набудӣ, ҳеҷ мушкилие намедоштам. Дуогӯям, то мардҳо ҳеч мушкилие надошта бошанд, то бонувони модарон дар зери сояи баракату бахти онҳо ҳамеша шукуфон бимонанд. Бонувонро мегӯянд, ки на дурахши алмоси гарданаш зебо мекунад, балки дурахши хушбахтӣ дар чашмонаш. Илоҳо, ҳамеша нурҳои чашмони шумо – бонувону модарони дилсӯзу дамсоз - афрӯзандаи қалбҳои мо бошад.

            Хуҷаставу бобаракат бод ҷашнатон!!!                        

            Бузургмарди адаби форсии тољикӣ Ҳаким Абулқосими Фирдавсӣ дар ду мисраъ тамоми арзандатарин сифотеро, ки Зан-Модар бояд дошта бошад, пайи хам чидаанд:  

Хирадманду бо донишу нозу шарм,

Сухан гуфтани хубу овои нарм.

Дуогӯям, ки хамеша чарххои зиндагӣ дар хонаводаи ҳар яки шумо бо низому тартиб дар гардиш биафтанд ва хар як ҷинси латиф, хар хубчехраи зариф ва ҳар модари шариф хирадманд бошаду бо фахму дониш бошаду соҳибнозу соҳибшарм бошаду гуфтори хубу овози мулоиму нарм дошта бошад, то мисли имрӯз гули лабханди мо - мардхо ҳамеша шукуфон бимонад.

  Субхгоҳон духтарон ба 4 намуд тақсим мешаванд:

  1. Бигузор худамро ороиш надиҳам, аммо хоб кунам.
  2. Бигузор худамро ороиш надиҳам, аммо субҳона хӯрам.

3.Бигузор хоб накунам, хӯрок нахӯрам, аммо худамро ороиш диҳам.

  1. Бигузор ҳама ҷо дер кунам, аммо хоб мекунам, субҳона мехӯрам ва худамро орову торо медиҳам!

Мо – мардҳо бисёр дӯст медорем занонеро, ки хоболуд набошанд, сер бошанду зебо бошанд.

Муборак бошад ин ҷашн бар Шумо, ҳамеша зебо бимонед! Ба ќавле чун субҳ бархезед ва дар оина нигоҳ мекунед, бо овози баланд бигӯед: Ман ҳамеша 18 сола ҳастам. Ин боқимонда солҳо ҳама собиқаи кориам!

Бори дигар муборак боду фархунда ҷашни модарону бонувон!