wrapper

МОДАР - ГАНҶИНАИ БЕБАҲО ВА САРЧАШМАИ ҲАСТИИ ИНСОН

Модар модар о шири сафедам додӣ.

Дунё ба умед асту умедам додӣ.

 

   Зан-Модар муҷассамаи гӯёи зиндагӣ ва ширинтарин лафз дар забони одамӣ мебошад. Модар оғози зиндагӣ, олами эъҷоз, меҳвари умр ва маъбади меҳру вафост. Модар шахси муқаддас аст. Вақте, ки симои ӯ пеши назар меояд, аз чашмони ӯ, аз тамоми ҳастии вай нур меборад. Ин нур роҳи ояндаи ҳаётамонро равшан месозад. Зан-модар офарандаи ҳаёту мамот буда, аз ҳама қиматтарину азизтарин шахс дар олами ҳастӣ мебошад. Меҳри беҳамтои модар ба мисли хуршеди олам аст, ки ба тамоми олам саховатмандона нур мепошад, ишқи поки модар ба мисоли чашмаҳои пурҷушест, ки дашту биёбонро гулистоне мекунад. Ширинтарину гуворотарин ва азизтарин сухан ин модар мебошад. Сини инсон чанде ки набошад, хоҳ 5 хоҳ 50, барои ӯ модар-навозишу нигоҳи вай зарур аст. Ва ҳар қадаре, ки муҳаббати кас ба модар зиёд бошад, ҳаёт ҳамон қадар фараҳбахшу дурахшон аст.

   Модар дар ҳама ҳолат чӣ ҳозиру ғоиб пайваста дар ёди фарзанд аст. Оромиву сиҳатӣ ва хушгуфтории фарзандро дида меболад ва шод мегардад. Аҷаб дунёи рангину қашанге доранд, модарон.

   Зиндагӣ худ шеър аст, ки ба аллаи модар ибтидо гирифта, бо номи он хотима меёбад. Ана ҳамин бузургию шаҳомати ўро ба назар гирифта модарро тимсоли Ватан медонанд. Ҳар фарзанде, ки қимати модарро донад, бо дуояш хушбахттарини олам мегардад. Дасти дуои модар калиди дари хушбахтии мост.

   Меҳри модари мушфиқу ғамхор барои ҳар як фарзанд аз оғӯши гаҳвора ва айёми тифлӣ оғоз ёфта, ӯро то лаҳзаҳои вопасини умр раҳнамоӣ мекунад ва мадору қувват медиҳад. Яъне, бӯи биҳиштии модар ва лаззати шири поку сафедаш аз машоми фарзанд ҳаргиз фаромӯш намегардад. Ҳусну зебоӣ, лутфу меҳрубонӣ, бузургдиливу сарсупурдагии ӯ ҷиҳати амну субот, оромиву рушд, рисолати офаридгорӣ аз сифатҳоест, ки аз зан ба аҳли башар расидааст. Пешрафту тараққиёт, шукуфоиву зебоии ҷомеаро бе ширкату нақши Зан-Модар тасаввур кардан амрест маҳол.

   Саҳми зан-модар дар беҳдошти ҳаёт, таълиму тарбия, солимии ҷисмонӣ ва маънавӣ, ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон, таҳкими пойдевори асосии сулҳу субот ва рушди Тоҷикистон хеле барҷаста мебошад, чунки дар баробари рисолати модарию ҳамсарӣ, рисолати роҳбарӣ, тарбияи камолоти маънию ахлоқии аҳли ҷомеа дар баробари мардон, ба уҳдаи зан-модар низ гузошта шудааст.

   Бале, Зан – Модар сарчашмаи меҳру вафо, олиҳаи зебои рамзи ишқи ҷовидонӣ, нахустин муррабӣ мебошад. Модар аввалин суханҳо ва гузоштани нахустин қадамҳоро ба тифлаш меомӯзад. Беҳуда нагуфтаанд, ки волотарин гавҳари дунё танҳо модар аст.

Имрӯзҳо пешрафти дилхоҳ соҳаро бе иштироки занону духтарон тасаввур кардан ғайриимкон аст. Бо дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон занону духтарон дар ҷомеа мақоми хосса пайдо кардаанд ва дар тамоми соҳаҳо кору фаъолияти назаррас менамоянд. Боиси ифтихор аст, ки Сарвари давлат меҳнати занону духтаронро қадр карда, нисбати фаъолияти эшон назари нек дорад ва андешаву афкор, қобилияту истеъдод ва садоқату ҷасорати ҳар як нафарро дарк мекунанд. Бо ташаббусҳои наҷибонаи Пешвои миллат солҳои охир мардум ба ин масъала бо диди нав, бо назари тоза менигаранд. Занҳо имкони аз хона берун шудан ва ё ба ягон кори давлатӣ машғул шуданро надоштанд.