wrapper

Тошмамадова Ф. – докторант (Phd)-и шуъбаи фолклор ва адабиёти Институти илмҳои гуманитарии ба номи академик Б.Искандарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

 

Зиндагӣ зебост, аммо зеби ин дунё зан аст

Зан, пурбаҳотарин неъмати олам, сарчашмаи меҳри беандоза, олиҳимматтарин шахс дар тамоми ҷаҳон аст. Зери ин мафҳум тимсоли шахсе аён мегардад, ки барои тасвири шаҳомату бузургиаш сухан кардан хеле душвор аст. Вай мўъҷизаи осмонӣ, ёри бовофо, замири пур аз муҳаббат ва офаринандаи фарзанд мебошад. Солимии Зан бойгарии давлат ва қувваи ҳаракатдиҳандаи ҷомае аст.

Бояд зикр намуд, ки Асосгузори Сулҳу Ваҳдат Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста дар баромадҳои худ мақоми занро дар ҷомеаи кунунӣ чунин баҳогузорӣ карданд: «Беҳуда нест, ки бузургони олам дар назди қадру манзалати Зан-Модар сари таъзим фуруд оварда, эътироф кардаанд, ки ў вақеан бо як даст гаҳвора ва бо дасти дигар сайёраро меҷунбонад. Дар ҳақиқат, мақому мартабаи Зан дар ҷомеае, ки худро пешрафтаву мутамаддин мешуморад, басо арзанда ва баланд аст».

Зан ҳаётбахшандаи инсоният буда, дар тўли ҳаёташ онро ҳамроҳӣ мекунад. Зан-Модар диле беҳамто дорад, ки ба ҳамаи шабзиндадориҳо ва бедориҳояш нигоҳ накарда, аз рўзи таваллуди кўдак шуруъ карда то ба воя расондану ҳатто тамоми ҳаёт нигарону дар ташвиши ҷигарбандонаш мемонад. Ин ҳам аз он шаҳодат медиҳад, ки Зан-Модар дорои як қувваи беинтиҳое аст, ки ҳеҷ тамомие надорад. Дар баробари қувваи нотакрораш Худованд дар дили ин ҷинси латиф меҳру муҳаббати беандоза насиб кардааст. Он ҳам меҳру муҳаббати модарона дар нисбати фарзанд аст. Модар дар зиндагии фарзандаш як раҳнамо аст, ўро аз баду неки ҷаҳон огоҳ месозаду ба роҳи саҳеҳу дуруст раҳнамо мекунад. Модар ба мисли замин яктост ва муҳаббати ў барои мо фарзандон ҷовидона аст.

Дар ин бора Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин қайд кардаанд: «Ба ўҳдаи Зан-Модар, ки меҳвари асосии ҳар хонадон аст, аз рўзи азал вазифаи муқаддас ва басо масъулиятнок-тарбияи инсони нав ва дар ниҳоди вай ҷойгир намудани ахлоқи ҳамида, шавқат ва муҳаббат, эҳсоси ватанпарварию миллатдўстӣ, қудрати созандагию офаридагорӣ гузошта шудааст». Пас мо – занону модарон вазифаи муҳиму пурифтихоре бар душ дорем, ки ояндаи ҷомеаамон аз он вобастагии зич дорад. Аз суханони Пешвои миллат бар меояд, ки сулҳу суботи Ватанамон, пешрафти иҷтимоӣ ва иқтисодии давлат, оромиву осудагии оилаҳоямон ба диду андешаи мо, ба таҳсилоту пешрафти худи мо Занон-Модарон алоқаманд аст. Зеро ҳамаи ин чиз таъсири мустақиман дар тарбияи фарзандонамон, ки ояндаи Ватан дар дасти онҳост, хоҳад расонид.

Яке аз мутаффакирони ҷаҳон Самуел дар ин бора гуфтаанд:  «Агар касе барои одил будани Худо аз ман далеле бихоҳад, ба ў ҷавоб хоҳам дод: Беҳтарин нишона ва равшантарин ояти инояти Худованд дар ҳаққи мо офариниши зан аст».

Зан-Модар ҷонбахшандаи насли башарият буда, дар ҷаҳон беназиру такрорнашуданӣ мебошад. Мо бояд бар он бикўшем, ки ҳеҷ вақт дили нозуки модарронро нашканему онҳоро ноумед накунем. Саъю талош бар он дорем, ки Занон-Модарон ҳамеша шоду хандон ва дар паҳлуи мо сиҳату саломат бошанд. Зиндагии фарзанд ва дар умум гўем зиндагии инсоният дар будани Зан-Модар маънӣ дораду рангу равиши ҳаёт маънои умқтареро касб мекунад.

Зиндагӣ зебост, аммо зеби ин дунё зан аст,

Машъали оинадору шамъи маҳфилҳо зан аст.

Дар тариқи ишқ мардонанд гоҳе булҳавас,

То нафасҳои пасини ишқ побарҷо зан аст.

Рузи Модарон ва бонувону хоҳарон муборак!

Занону модарони муҳтарами Ватанамон Тоҷикистон! Иҷозат фармоед Шуморо бо фаро расидани мавсими баҳор ва омад омади Иди Модарон табрик намуда дар ҳаққатон дуо кунам, ки ҳамеша сиҳату саломат, шоду хушбахт, зебову барно монеду, баракати дастонатон рӯз аз рӯз зиёд шаваду аз қудуми Шумо Ватани азизамон дурахшону шукуфон гардад. Иди бонувон муборак бод!