Мавлоназарова Ганҷина – докторанти PhD-и шуъбаи забонҳои помирии Институти илмҳои гуманитарии ба номи Б. Искандарови АМИТ
“МОДАР – САРЧАШМАИ ҲАЁТ”
“Модар ба истилоҳ вожае мебошад, ки дар тамоми забонҳои ҷаҳон оҳанги навозишкорона дорад ва ҳар қадаре ки муҳаббати инсоният ба модар зиёд бошад, ҳаёт ҳамон қадар фараҳбахшу дурахшон мегардад. Ҳусни ҳаёту файзи зиндагонии мо аз модар аст ва ӯ ситораи дурахшонест, ки бо нерӯмандии атокардаи Худои мутаол роҳи фарзандро дар тӯли зиндагӣ равшан месозад” (Эмомалӣ Раҳмон- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 7 Марти соли 2014).
Мо занону модарон аз он шукригузору сипосгузорем, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон занону духтарони болаёқату бо нангу номусро ҳамеша ҷонибдорӣ мекунад. Бахусус барои боло бурдани мақоми зан дар ҷомеа таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамояд. Боиси ифтихор аст, ки бо ташаббуси Сарвари давлат имрӯз сафи занон – модарон ва духтарони соҳибтаҷриба дар баробари мардон дар зинаҳои мухталифи илму маориф, сиёсату иқтисодиёт, фарњангу санъат рӯз аз рӯз меафзояд. Чуноне ки дар яке аз суханрониҳояш Пешвои миллат зан – модарро бо чунин суханҳои воло таърифу тавсиф кардааст: “Модар – нахустустоди башарият аст ва фарзанд каломи аввалинро аз ӯ меомӯзад. Ҳар модаре, ки соҳиби саводу дониш ва таҷрибаву ҷаҳонбинӣ мебошад, фарзанди ӯ ҳам босаводу хушахлоқ ба воя мерасад. Ҳатто сатҳи забондонии фарзанд аз сатҳи забондонии модар вобаста аст, зеро халқ беҳуда нагуфтааст, ки “нотиқ он кас шуд, ки аз модар шунид”.
Мардуми соҳибфарҳанги мо аз қадимулайём ба қадру мартабаи волои модар арҷ мегузорад ва ба ҷо овардани ҳурмату эҳтироми ӯ то ба имрӯз яке аз суннатҳои миллии мо ба шумор меравад. Модар аст, ки зиндагии ҳаррӯзаи инсоният пур аз хушиву хурсандӣ аст. Як табассуми модар метавонад тамоми рӯзи моро равшан ва пурнур намояд. Модар аст, ки ҳар рӯз ба мо қувват медиҳад, бо насиҳатҳои худаш роҳи дурустро нишон дода ба мо нерӯ мебашхад. Модар вожаи равон ва дилнишин асту ҳангоме ки калимаи “Модар”-ро ба забон мегирем, як эҳсоси фараҳбахше вуҷуди моро фаро мегирад. Модар ба мисли замину осмон якто аст ва муҳаббати ӯ барои мо фарзандон ба монанди ситораҳое, ки дар осмони торик медурахшанд, ҷовидона аст.
Ту монанди замин танҳои, модар,
Ту монанди замин яктои, модар.
Мақому манзалати волои модар, заҳмату шабзиндадориҳои ӯ ва рафтори неку пурмуҳаббаташ нисбат ба наслҳои башарият боис гардид, ки модарро ҳамчун бузургтарин ва муқаддастарин инсон ҳамеша дӯст доранд ва азиз шуморанд.
Якшаба ранҷе ки модар кашид,
Бо ду ҷаҳонаш натавон баркашид.
Мардон аз домани поку мубораки модар ба меъроҷ расидаанд ва ҳеҷ Пайғамбаре бе модар ба дунё наомадааст. Аз ин рӯ, Пайғамбари бузурги Ислом – Ҳазрати Муҳаммад дар мавриди мақому манзалати модар дар яке аз ҳадисҳои шарифи худ чунин фармудааст: “Фазилату савоби некӣ ва эҳсону хизмат дар ҳаққи падару модар бештар аз намоз, закот, ҳаҷ, умра ва ҷиҳод дар роҳи Худои таъоло аст.”
Гар шоирони олам як ҷо мадеҳа гӯянд,
Як байт ҳам наарзад андар санои Модар.
Пос доштани иззату эҳтироми зан-модар ва арҷ гузоштан ба мақому манзалати ӯ қарзи муқаддаси ҳар як инсон буда, подоши заҳмату бедорхобиҳои модар фақат аъмоли писандида, рафтори шоиста ва фазилатҳои неки ҳар як фарди солимфикр ва бонангу номус аст. Модар аст ки зиндагӣ дар рӯи замин аст, гармӣ дар хонадон аст, хушиву хурсандӣ дар рӯзгори одамият аст, яъне худи маънии зиндагӣ низ Модар аст. Модар туро дӯст медорем, ва дӯст доштан ҳам аз ту ёд гирфтем. Сарчашмаи зиндагӣ, сарчашмаи хушиву хушбахтӣ, сарчашмаи меҳру муҳаббат, сарчашмаи ҳаёт Модар аст.
Модарам ганҷу гуҳар гӯям туро, з-он беҳтарӣ,
Ман агар шаҳду шакар гӯям туро, ширинтарӣ.
Ҳамчу фирӯза дурахшон дар само исторагон,
Нест мисли ту ситора худ фурӯзон ахтарӣ.
Аз фурсати муносиб истифода бурда, ҳамаи занон-модарони ватани азизамон Тоҷикистонро ба фарорасии иди Занон-Модарон табрику таҳният гуфта, аз даргоҳи Худованд барояшон таманно дорам, ки ба таври ҳамешагӣ дар дидаи фарзандонатон бузургтарин фариштаи ҳаёташон боқӣ монеду фарзандонатон дар дидаи Шумо мисли кабўтарони сафеди бе нуқсу олоиш ҷилва зананд. Шумо Занон-Модарон қувваи бузурги такондиҳандаи ҷомеа ҳастед, ки ояндаи ҳамин ҷомеа аз тарбия дурусти наслҳо вобастагӣ дорад. Ба ҳамин хотир, дуогӯям, ки ҳар фарзанди дар тарбияи Шумо Занон-Модарон буда, ҳамчун беҳтарин инсони кишварамон, барўмандтарин шахсияти Ватанамон ба воя расаду, парчамбардори миллату посдорандаи номи неки Шумо гардад.