Умед Мамадшерзодшоев – ходими илмии шуъбаи таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ИИГ АМИТ
ИЛМУ ДОНИШ МУХОЛИФИ ХУРОФОТ ВА ИФРОТГАРОӢ
Тавре маълум аст пас аз пошхўрии Иттиҳоди Шуравӣ ҷомеаи Тоҷикистон ба як вазъи ногувори сиёсӣ, иҷтимоъӣ ва иқтисодӣ дучор гардид, ки дар ин давра душманони хориҷӣ барои ба ҷумҳурии исломӣ табдил додани Тоҷикистон хеле талош меварзиданд. Дар натиҷа онҳо шаҳрвандони Тоҷикистонро ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстримистии исломӣ аъзо намуда, тоҷиконро ба майдони ҷанг кашиданд. Дар ин майдони мубориза душманони хориҷӣ барои амалӣ сохтани аҳдофи душманонаи худ аз усулҳои хурофотӣ ва ифротӣ сохтани шаҳрвандони Тоҷикистон истифода мебурданд. Зеро ин усулро онҳо роҳи осони ба худ тобеъ сохтани шаҳрвандони кишварҳои дигар медонистанд. Барои пешгирӣ кардани ин падидаи номатлуб Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо раҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳаргуна чорабиниҳои муҳимро роҳандозӣ мекарданд. Аз ҷумла Раҳбари муаззами миллат ҳар сол бо қишрҳои мухталифи ҷомеаи Тоҷикистон мулоқотҳои судмандро анҷом дода,аҳли ҷомеаро аз хатари ин зуҳурот манфур, яъне ифротгароӣ огоҳ менамуданд. Масалан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми мулоқот бо сокинони ноҳияи Ванҷ , ки дар таърихи 11 сентябри соли 2018 баргузор гардида буд, чунин ибрози назар карда буданд: «Вазъи пуртаззоди ҷаҳони имрӯза ба ҳар яки шумо маълум аст ва мо ҳамарӯза мушоҳида мекунем, ки дар гӯшаҳои мухталифи дунё низоъҳои дохиливу ҷангҳои мазҳабӣ ва дигар зуҳуроти манфӣ торафт доман паҳн карда, боиси ташвишу нигаронии аҳолии сайёра гардиданд. Доираи алоҳидаи манфиатҷӯй барои амалӣ сохтани ҳадафҳои нопоки худ бо истифода аз ахбори омма , бахусус шабакаҳои интернетӣ дар миёни мардум , хусусан наврасону ҷавонон ва ҳатто миёни кишварҳо низоъ ангехта истодаанд». Ба ин хотир дар ин мақола мехостем доир ба хатари ин аъмоли зишт ибрози назар намоем ва дар асоси асарҳои илмии мутафаккирони гузаштаи тоҷик ва муҳаққиқони муосир собит кунем, ки то чи андоза ин падидаҳои манфур барои инкишофи ҷомеа ва рушди илм садди роҳ мешаванд. «Хурофот» дар луғат ба маънои «асотир» ва «афсона» омадааст, яъне он суханҳои беҳудаеро дар бар мегирад, ки онҳо ҳеҷ пояи илмӣ надоранд. «Ифротгароӣ» бошад ба маънои зиёдаравӣ, тундравӣ, зулму ситам омадааст. Яъне агар инсонҳое, ки ба ифротгароӣ ғута мезананд онҳо аз доираи адолат ва эътидол хориҷ мешаванд ва рафтори золимона ва ситамгаронаро аз худ нишон дода, ба фасод рў меоваранд ва инкишофи илмро дар ҷомеа боз медоранд Одатан хурофот ва ифротгароиро диндорони беилм тарғиб мекунанд. Аз замонҳои қадим тамоми олимон ва файласуфони равшанфикр бар зидди хурофот ва ифротгароӣ мубориза мебурданд. Масалан мо афкори файласуфони форсу тоҷикро баррасӣ намуда, чунин пай бурдем, ки аксари донишмандони гузаштаи мо барои ҳимоят аз илмомўзӣ, пешравии ҷомеа ва рушди илму фарҳанг ҷонбозиҳо мекарданд. Яке аз чунин фарзонагони тоҷик, ки мухолифи хурофот ва ифротгароӣ будаанд, файласуф ва мутафаккир Ҳаким Носири Хусрав маҳсуб мешуд. Ҳаким Носири Хусрав пешвоёни исломи хурофотпарастро дар китоби «Ҷомеъ-ул-ҳикматайн» «фуқаҳолақабони дини ислом» ном ниҳодааст. Ба ақидаи ў маҳз ин «фуқаҳолақабон» дар ҷомеа садди роҳи рушди илмҳои замон мешаванд. Ў фуқаҳои исломро аз он сабаб танқид мекунад, ки онҳо имкон намедиҳанд, ки донишмандон офариниши оламро ба мисли коинот, наботот, ҳайвонот ва инсонро ҳаматарафа мавриди омўзиш қарор диҳанд. Ба ақидаи онҳо олимон гўё фақат дар зоти Худо тафаккур кунанд вале ба офариниши Худо кордор нашаванд. Аммо тавре аз фалсафаи адён аён аст инсон қодир нест, ки дар зоти Худованд тафаккур кунад. Аз ин андешаҳои Ҳаким Носири Хусрав чунин истинбот мешавад, ки чун дар диёри Хуросон уламолақабони хурофотпараст ба ташвиқи ақоиди хурофотии худ машғул шуданд дар натиҷа онҳо доираи олимон ва файласуфони ҳақикатнигорро танг намуданд ва нагузоштанд, ки онҳо лаб боз кунанд ва перомуни офаиниш, асрори табиат, коинот ва инкишофи ҷомеа сухан гўянд. Дар натиҷа илм рўй ба таназзул ниҳод ва дар кишварҳои Шарқ, ки як вақтҳо олимони он поягузори илм буданд, майдони дониш танг гардид. Тавре аз сарчашмаҳои таърихӣ маълум аст пас аз суқути Давлати Сомониён дар замони Ғазнавиён, Темуриён ва Аштархониён низ доираи илм дар кишварҳои Шарқ аз чумла Осиёи Марказӣ хеле танг гардида, аксари олимони забардаст аз ҷониби сиёсатмадорони тангназар ва хурофотпарастон аз дами теғ гузаронида шуда, осори пурарзиши илмии онҳо ба коми оташ супорида шуд. Равшанфикрӣ дар ин манотиқ бидъат эълон гардид ва ҷои онро хурофот гирифт. Ин вазъи ногувор дар Осиёи марказӣ то замони ташрифоварии русҳо ба минтақаи мо идома пайдо мекард. Аз ин ҷо чунин натиҷагирӣ кардан мумкин аст, ки хурофот ва ифротгароӣ барои ҷомеаи мо хатари ҷиддӣ дошта, барои шаҳрвандони тоҷик зарур аст, ки бо ин зуҳуроти манфӣ муборизаи беамон баран два нагузоранд ҳаёти ҷомиаи онҳо халалдор гардад.