Абдулназар АБДУЛНАЗАРЗОДА - доктори илмҳои филологӣ, сарходими илмии шуъбаи фолклор ва адабиёти Бадахшони Институти илмҳои гуманитарии ба номи академик Б. Искандарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
СОҲАИ МАОРИФ ДАР ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ
Паём барномаи солонаи мукаммал ва мушаххасе аст, ки ҳар сол аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ироа мегардад. Ин барномаи солонае ба шумор меравад, ки маҷмуи нақшаву барномаҳои стратегии яксолаи тамоми ҷанбаҳои сиёсиву иҷтимоӣ, ҳуқуқиву шаҳрвандӣ ва фарҳангиву маърифатиро фаро мегирад.
Имсол низ Паёми Пешвои миллат, ки ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардид, барномаи мушаххас ва мукаммали солонаро рӯӣ кор оварда, барои тамоми соҳаҳои ҳаёти кишвар масъалагузориҳои мубрам ва ояндабинона дар миён гузошта шуданд ва ҳар як соҳаҳои ҳаёти кишвар муваззаф гардиданд, ки таҳти ҳидоятҳои Роҳбари Давлат фаъолияти яксолаи хешро ба роҳ монанд.
Дар Паёми навбатӣ Сарвари мамлакат самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии кишварро муайян намуда, дар баробари таъмини пешрафти дигар соҳаҳо ба соҳаи илму маориф таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, дар ин самт вазифаҳои мушаххасро ба миён гузоштанд.
Бояд тазаккур дод, ки соҳаи маориф, ки дар кишвар самти афзалиятнок дониста шудааст, дар ҳеҷ замоне аз мадди назари сиёсати пешгирифтаи Сарвари мамлакат дар канор наистода, балки ҳама вақт дар мадди аввал гузошта шудааст ва ба ин соҳа таваҷҷуҳи махсус равона карда мешавад.
Маълум аст, ки ин соҳаи ҳаётии кишвар, ки ба қавли Сарвари мамлакат «Пешравии мамлакат ба соҳаи маориф вобаста аст» дар Паёми ҳарсолаи Пешвои миллат нақши меҳварӣ дорад. Чунонки дар Паёми ироагардидаи соли 2022 ба бахши маориф ба таври бесобиқа таваҷҷуҳ зоҳир гардида, таъкид намудаанд: «Мо мактабро ба ҳайси боргоҳи илму дониш, саводу маърифат ва омӯзгорро чун шахси мафкурасозу тарбиятгари насли наврас эътироф намуда, ба онҳо арҷу эҳтиром гузоштанро аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимтарин медонем».
Имсол низ ин андешаҳоро Сарвари мамлакат тақвият бахшида, иброз намудаанд, ки: «Рушди сармояи инсонӣ мояи калидии баланд бардоштани сатҳу сифат ва самаранокии соҳаи иҷтимоӣ, махсусан маориф ва тандурустӣ, илм ва иноватсия, инчунин самаранокии муассисаҳои илмӣ мебошад. Дар навбати худ рушди илму маориф калиди пешрафти ҳамаи соҳаҳо ва омили муҳимтарини таъмин намудани ояндаи босуботи давлат ва фардои босаодати ҷомеа ба ҳисоб меравад».
Пешвои миллат пеш аз ҳама зина ба зина ва сол ба сол фароҳам овардани шароит барои кӯдакону наврасон, ба монанди сохтмони мактабҳои типи нав, ҷиҳозонидани мактабҳо ва муассисаҳои таълимӣ ёдоварӣ намуда, иброз намуданд, ки: «Бо фароҳам омадани имконият хусусияти иҷтимоии буҷети давлатӣ тақвият дода шуда, хароҷот барои илму маориф, тандурустӣ ва дигар соҳаҳои иҷтимоӣ аз 9,6 миллиард сомонии соли 2017 ба 18,5 миллиард сомонӣ дар соли 2023 расонида шуд, яъне 1,9 баробар зиёд гардид". Ин иқдоми бузурги Сарвари мамлакат мо маорифчиёнро рӯҳбаланд гардонида, боз ҳам бо ҷиддият дар амал татбиқ намудани ҳадафҳои босуботи кишвар тамоми қувваамонро равона менамоем.
Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми мазкур рушду густариши соҳаҳои илм, маориф ва фарҳанг ва дастовардҳои бузурги фарҳангии кишварамонро яке аз афзалиятҳои муҳими сиёсати Ҳукумати мамлакат арзёбӣ намуданд. Роҳбари олии мамлакат иброз намуданд, ки дар соли 2023 дар мамлакат аз ҷониби соҳибкорони ватандӯст дар соҳаи маориф 117 иншоот барои беш аз 43 ҳазор хонанда бунёд гардида аст.
Дар навбати баъдӣ, бояд тазаккур дод, ки зина ба зина баланд бардоштани маоши соҳаи маориф ва илм аз ғамхориҳо ва таваҷҷуҳи бевоситаи Сарвари мамлакат ба ин соҳа донистан шарт ва зарур аст. Хушбахтона, имсола дар ин соҳа ва дигар соҳаҳои иҷтимоии мамлакат 40 фисад маоши ҳармоҳаи кормандон баланд бардошта шуд, ки ин худ шаҳодат аз ғамхории беғаразона ва ояндабинонаи Сарвари мамлакат ба ҳисоб меравад. Вобаста ба ин, сатҳи рушд ва самаранокии истифодаи сармояи инсонӣ барои давлату Ҳукумат аҳаммияти аввалиндараҷа дорад. Рушди сармояи инсонӣ омили калидии баланд бардоштани сатҳу сифат ва самаранокии соҳаҳои иҷтимоӣ, махсусан, маорифу тандурустӣ, илму инноватсия, инчунин, фаъолияти самараноки муассисаҳои илмӣ мебошад. Дар навбати худ, рушди илму маориф калиди пешрафти ҳамаи соҳаҳо ва омили муҳимтарини таъмин намудани ояндаи босуботи давлат ва фардои босаодати ҷомеа ба ҳисоб меравад. Дастгирии таҳқиқоти илмӣ тавассути боло бурдани меъёри маблағгузории он, таъсиси марказҳои муосири илмӣ, озмоишгоҳҳо ва ба роҳ мондани ҳамкории муассисаҳои илмӣ бо истеҳсолот дар давраи минбаъда муҳим арзёбӣ мегардад”.
Ин аст, ки баҳри пешрафти ин соҳаи муҳимтарини ҳаёт Сарвари мамлакат махсусан, таъкид намуданд, ки мо бояд тамоми кӯшишҳо ва заҳматҳоро баҳри пешравии босуботи ин соҳаи ҳаёт сафарбар намоем, то дар ин замони зудтағирёбанда ба талаботи рӯзафзуни ҷомеа ҷавобгӯ бошад. Барои расидан ба ин ҳадафҳои муҳим ва саривақтӣ Сарвари мамлакат дар ин самт вазифагузориҳои мушаххасро дар миён гузоштанд:
- Аввал, омода намудани кадрҳои баландихтисос;
- Дувум, баланд бардоштани сифати таълим дар тамоми зинаҳои таҳсилот;
- Савум, ба таври ҷиддӣ ба роҳ мондани омӯзиши забонҳои хориҷӣ, фанҳои дақиқ ва риёзӣ;
Барои пиёда намудани ин ҳадафҳо Пешвои миллат таъкид намуданд, ки: «Дар ин раванд, Вазорати маориф ва илм, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ҷиҳати таҳкими заминаи моддиву техникии муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёнаи касбӣ, ҳамкории фаъол ба корҳонаҳои истеҳсолӣ ва омода кардани кадрҳои баландихтисоси техникиву муҳандисӣ чораҷӯӣ намоянд».
Зеро агар омӯзгори соҳибкасб набошад ва сатҳи маърифатнокии замони муосир ба талабот ҷавобгӯ набошад, пешрафти ҷомеа ғайри имкон аст. Ин масъулияте аст, ки ҳар як омӯзгор бояд дар он таҳаммул намояд ва барои ба талабот ҷавобгӯ кардани насли навраси ояндасоз омода намояд. Агар дар ин замони зудтағйирёбанда шахсони соҳибихтисос ва дорои зеҳнияти баланд омода карда нашаванд, ҷомеа наметавонад пешрафт намояд.
Дар фаровард метавон гуфт, ки омӯзгор шахсияте аст, ки ҷомеа дар масири таърих ба он ниёз доштааст ва он асоси мафкурасози мардум аст. Дар ин росто ҳар як омӯзгор ва тарбиятгари насли наврас муваззаф аст, ки тамоми ҳастияшро ба харҷ диҳад ва баҳри пиёда намудани сиёсати пешгирифтаи давлат ва минҷумла Пешвои миллат камари ҳиммат баста, ватани азизамонро ҳамчун кишвари пешрафта ва дорои захоири бойи интеллектуалӣ муаррифӣ намояд.
Бе мураббӣ зери гардун муътабар натвон шудан,
Моҳи навро рафта-рафта чарх оламгир кард.
Ин ҳама ғамхориҳо ва дастгириҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми зиёиён, кормандони соҳаҳои илм ва маорифу фарҳангро водор менамояд, ки дар меҳвари сиёсати маорифпарварона ва фарҳангпарваронаи Роҳбари Олии мамлакат собитқадам бошем ва дар рушди қувваҳои зеҳнӣ ва пешрафти ҳаёти фарҳангии миллату кишварамон саҳми боризи худро гузошта, Ватани азизамонро ба як кишвари соҳиби нерӯҳои зеҳнӣ ва маданӣ табдил бидиҳем.