Терроризм – таҳдид ба давлатдории миллӣ
Дирӯз дар толори Институти илмҳои гуманитарии ба номи академик Б. Искандарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мизи мудаввар дар мавзуи “Терроризм – таҳдид ба давлатдории миллӣ” бо иштироки ходимони илмӣ, магистрон ва докторантони (PhD)-и Институт гузашт. Мавзуъро номзади илмҳои таърих Саидасанов Юсуф пешниҳоди ҳозирин намуда, нукоти асосии ин проблемаи муосирро таҳти баррасӣ қарор дод. Ба хусус, маълумот дар бораи нишонаҳои терроризми муосир, манбаҳои маблағгузории он, шаклҳои фаъолияти гурӯҳҳои террористӣ, тарзҳои омода намудани қувваҳои террористӣ пешниҳод гардид. Таъкиди махсус бар хавфи фаъолияти ин гуна гурӯҳҳо ба давлату давлатдорӣ, сулҳу оромии кишварҳо, якпорчагиву амнияти давлатҳо гардида, зикр шуд, ки ҷавонону наврасон бояд дар ҳама гуна ҳолатҳо аз ворид шудан ба шабакаҳои иҷтимоии шубҳанок худдорӣ намоянд.
Мизи мудаввар бо саволу ҷавоб ва суҳбати пурмазмун байни ҳозирин анҷом пазируфт.