wrapper

Баргузории маҳфили илмӣ-адабии “Хирад” дар Институти илмҳои гуманитарии АМИТ

Дар Институти илмҳои гуманитарии ба номи академик Б. Искандарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба таҷлили бошукӯҳи 35-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳфили навбатии илмӣ-адабии “Хирад” доир гардид. Ин нишасти илмиву фарҳангӣ бо иштироки ходимони барҷастаи илму адаби кишвар - Шоири халқии Тоҷикистон Муҳтарам Ҳотам ва адиби варзида, сармуҳаррири маҷаллаи фахрии “Садои Шарқ” Ато Мирхоҷа баргузор шуд.

Дар кори маҳфил доираи васеи зиёиён, аз ҷумла кормандони илмии Институти илмҳои гуманитарӣ, ходимони Институти биологии Помири ба номи академик Х. Юсуфбеков, намояндагони бахши Бадахшонии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, инчунин алоқамандони илму адаб ширкат варзиданд.

Маҳфилро директори Институти илмҳои гуманитарии АМИТ, доктори илмҳои филологӣ Қаландариён Ҳоким Сафар оғоз намуд. Мавсуф ҳузури меҳмонони арҷмандро ба боргоҳи илм хайрамақдам гуфта, аҳамияти баргузории чунин нишастҳоро дар рӯзҳои ҷашнвораи Истиқлолияти давлатӣ зарурӣ арзёбӣ кард. Инчунин дар бораи рӯзгор, осори гаронбаҳо ва фаъолияти густурдаи адабиву иҷтимоии Муҳтарам Ҳотам ва Ато Мирхоҷа ба ҳозирин маълумоти муфассал дода, саҳми онҳоро дар рушди шеъру адаби муосири тоҷик ва тарғиби ғояҳои ватандӯстӣ баланд арзишдор намуд.

 Сипас, Шоири халқии Тоҷикистон Муҳтарам Ҳотам бо маърӯзаи ниҳоят ҷолиб, амиқи илмӣ ва пажӯҳишӣ таҳти унвони “Ҷуғрофияи Помир дар сарчашмаҳои ориёӣ” баромад намуд. Мавсуф бо такя ба далелҳои раднопазири таърихӣ, матнҳои куҳани ориёӣ, «Авесто», катибаҳои мехӣ ва пажӯҳишҳои ҷуғрофиву бостоншиносии донишмандони маъруфи шарқшиноси ватаниву хориҷӣ, иштирокчиёнро бо ҷойгоҳи хос, муқаддас ва стратегии минтақаи Помир дар тамаддуни ориёӣ шинос кард.

Дар маърӯза алоҳида таъкид гардид, ки номвожаҳо ва мавзеъҳои ҷуғрофии ин сарзамини куҳанбунёд дар асарҳои қадимаи таърихӣ на танҳо ҳамчун ҳудуди ҷуғрофӣ, балки чун рамзи устуворӣ, маркази рӯҳоният ва гаҳвораи тамаддуни аҷдодии эронинажодҳо сабт шудаанд. Муҳтарам Ҳотам унсурҳои асосии асотириву табиии минтақаро таҳлил намуда, собит сохт, ки Помир дар хотираи таърихии қавмҳои ориёӣ мақоми меҳварӣ дошта, ҳифзи ин хотира барои имрӯзи мо аҳамияти бузурги худогоҳӣ дорад.

Пас аз хотимаи маърӯзаи асосӣ, сармуҳаррири маҷаллаи “Садои Шарқ” Ато Мирхоҷа суханронӣ карда, дар бораи робитаи зичи шеъру адаби имрӯз бо таъриху фарҳанги бостонии миллат изҳори назар намуд. Мавсуф қайд кард, ки адабиёти муосир бояд аз чашмаи зулоли таърихи куҳан ва устураҳои ориёӣ об бихӯрад, то битавонад ҳуввияти миллиро дар ҷаҳони муосир устувор нигоҳ дорад.

Дар ин замина, Ато Мирхоҷа ба донишмандон ва пажӯҳишгарони ҷавон тавсияҳои судманд дода, зарурати омӯзиши амиқи илмӣ ва мунаққадони осори як зумра шоирону адибони ҳавзаи адабии Бадахшонро, ки дар ганҷинаи адабиёти тоҷик саҳми босазо гузоштаанд, махсус таъкид намуд. Саҳми ин адибон дар ҳифзи сунатҳои каломи бадеъ ва инъикоси обуранги маҳаллӣ яке аз мавзӯъҳои муҳим барои рисолаҳои илмии оянда арзёбӣ шуд.

Инчунин, байни ходимони илмӣ ва меҳмонон мубодилаи афкори судманд ва баҳси гарми илмӣ сурат гирифт. Коршиносон, муҳаққиқон ва иштирокчиёни маҳфил доир ба паҳлӯҳои гуногуни мавзӯъ, аз ҷумла умумиятҳои фарҳангии қавмҳои ин минтақа, пажӯҳиши этнографӣ ва ҳифзи мероси заминшиносиву (геологӣ) таърихии Помир саволҳо пешниҳод намуда, аз ҷониби маърузачиён ҷавобҳои мушаххасу қонеъкунанда гирифтанд. Ҷамъомадагон якдилона қайд карданд, ки чунин баррасӣ барои устувор намудани пояҳои илми миллӣ ва шинохти дурусти гузаштаи дурахшони тоҷикон заминаи мусоид мегузорад.

Маҳфили илмӣ-адабии “Хирад” дар рӯҳияи баланди ватандӯстӣ, худогоҳӣ ва арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ ва таърихи бостонии тоҷикон анҷом ёфт. Ин нишаст бори дигар собит намуд, ки пайванди илм ва адабиёт дар даврони Истиқлолият метавонад ба сохтмони маънавии ҷомеа ва тарбияи насли ҷавон хизмати арзишманд намояд.

Баёнияи маҳфил ва пешниҳодҳо:

Матну маводи маърузаи Муҳтарам Ҳотам барои истифода дар корҳои илмӣ-таҳқиқотии Институт тавсия карда шавад.

Ҳамкориҳои Институти илмҳои гуманитарӣ бо Иттифоқи нависандагон дар самти тарғиби адабиёту таърихи миллӣ боз ҳам густурдатар гардад.