wrapper

Варқа ОХОННИЁЗОВ, доктори илмҳои филологӣ, сарходими шуъбаи фолклор ва адабиёти Бадахшони ИИГ ба н. Б.Искандарови АМИТ

ТАНОСУБИ ИЛМУ ДИН,

АҚЛУ ИМОН ВА ҲИКМАТУ ЗУҲД

 

(Дарунмояи суханони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрӣ бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини мамлакат. Душанбе, 9-уми марти с. 2024)

 

Таҳлил, таълим, таъкид ва дархосту пешниҳодҳое, ки аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрӣ бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини мамлакат иброз гардиданд, бори дигар собит месозанд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роҳи дуруст ва рости рушд қарор дорад. Тоҷикистон дар роҳе қарор дорад, ки дар он имрӯз кулли имконот барои тавозуни ҳаёти дунявӣ ва тақвияти руҳонӣ вуҷуд дорад. Муҳтавои сухани Пешвои муаззами миллат маҳз ҳамин ҷанбаро дар назар дорад ва ҷомеаи мо бояд ба он тамаркуз кунад. Ин он ҷанбаест, ки гузаштагони миллати сарафрози мо онро дар тӯли тамоми таърих, аксаран дар ҳоле, ки умед ба оянда ҳам мавҷуд набуд, талқин менамуданд. Дин худ илм аст ва аз илм ҷудо нест, ақл ҷузъи эътиқод аст ва зуҳд бояд бар ҳикмат асос ёфта бошад – ин буд таълиму таъкиди бузургони миллат то ба даври мо ва ин аст таълиму таъкиди Пешвои миллат барои мо ва ояндагони мо!

 

Президенти муҳтарами мамлакат сухани хешро аз таҳнияти ҳамватанони дохилу хориҷи кишвар бо фарорасии моҳи шарифи Рамазон оғоз намуданд ва бар он таъкид доштанд, ки  “моҳи шарифи Рамазон – моҳи парҳезгориву эҳсонкорӣ, хайру садақот, бахшиши гуноҳҳо ва поксозии зоҳиру ботин” аст. Дар идомаи суханашон Пешвои миллат аз “ҳикмати парҳезгориву рӯзадорӣ” ёдрас гардиданд, ки “танҳо дар тарки хӯрдану ошомидан маҳдуд намегардад, балки ин моҳи муборак барои мусулмонон василаи эътиқодии муҳим ҷиҳати анҷом додани корҳои хайру савоб, амалҳои писандида, дасту забони пок доштан, гузашт кардану бахшидан, бо сабру таҳаммул будан ва дигар хислатҳои ҳамидаи инсонӣ маҳсуб мешавад”. 

 

Чун як фарди мусалмон ва ҳамчун як марди хирад, Сарвари давлат бо такя ба ояҳои қуръонӣ ва аҳодиси набавӣ аз аъмоли хайр ва баракоти садақаву назр ёдовар шуданд. Дар ҳамин замина буд, ки Пешво офарину сипоси худ ва мардуми Тоҷикистонро ба фарзандоне, ки дар тӯли беш аз сӣ соли соҳибистиқлолии кишвар сиёсати иҷтимоиву иқтисодии давлату Ҳукуматро бо саховатмандии хеш дастгирӣ намуда, “то имрӯз ҳазорон мактабу кӯдакистон, беморхонаву бунгоҳҳои тиббӣ, роҳу пулҳо, коргоҳу корхонаҳои саноатӣ ва дигар иншооти таъиноти иқтисодиву иҷтимоӣ бунёд карда, садҳо ҳазор сокинони мамлакатро бо ҷойи корӣ таъмин намуданд, ҳар сол чор – панҷ маротиба ба оилаҳои ниёзманд ва ятимону маъюбон кумак расониданд ва ҳоло боз бисёр корҳои хайру савобро амалӣ карда истодаанд”, иброз намуданд. Бо ин гуфтаҳояшон Сарвари давлат ҳикмати андешаи некро дар амал манзур сохтанд, ки волотарин намунаи таносуби андеша ва амали хайр ба шумор меояд.

 

Президенти кишвар, ҳамчун як фарди ҷаҳони муосирро бо тамоми чолишҳо ва имкониятҳояш мушоҳидаву дарккунанда, роҳи имрӯзу ояндаи Тоҷикистонро дар таносуби илму дин, ақлу имон ва ҳикмату зуҳд мебинанд. Ҷои зикр аст, ки чунин мушоҳида, чӣ дар гузашта ва чӣ дар замони муосир, танҳо хоси бузургтарин шахсиятҳои ҷаҳонӣ буду ҳаст ва мутаассифона, аксари намояндагони илму дину ақлу имону ҳикмату зуҳд ҳар яке ба пову роҳи худ равонанд. Аз ин рӯ, рисолати Пешво ба ҳам овардани ҳар ин се ҷуфти мафҳуми дарки дунё ва дин дар Тоҷикистон мебошад, ки Истиқлоли кишвар барои он заминаи мустаҳкам ва васеъро фароҳам овардааст. Инро Пешвои миллат чунин арзёбӣ мекунанд: “Бори дигар такрор менамоям, ки ин ҳама аз баракати муқаддастарин неъмати зиндагии халқамон – истиқлолу озодӣ ва дунявӣ будани давлатамон аст, ки барои пайравони ҳамаи динҳо имкониятҳои баробар ва шароити озоду созгори эътиқодиро фароҳам овардааст”.

 

Таъкиди ҳамешагии Пешвои миллат бар он аст, ки мардуми мо, пеш аз ҳама, бояд аз арзишҳои миллии хеш дар рӯёрӯйи зуҳуроти номатлуби муосир дифоъ ва истифода намояд. Ин таъкиди батакрор ҳикмате дар замир дорад, зеро маҳз арзишҳои миллӣ, забону фарҳанг ва суннату маросими гузаштагони мо буданд, ки миллатро дар тӯли таърих аз ҳар гуна вартаи ҳалокат наҷот дода, то ба имрӯз оварда расонданд. Воситаи наҷоти миллат ҳамоно ҳикмату хираду таҳаммулу ақлу имони дар ин суннатҳо қолабу таҳкимёфта буданд. Таваҷҷуҳ мекунем ба ин гуфтаҳои Пешвои миллат дар хусуси ҷашнҳои аҷдодӣ ҳамчун ҷузъи фарҳанги миллӣ: “Мардуми мо, ҳамчунин, имкон пайдо намуданд, ки расму ойинҳои миллӣ ва маросиму идҳои динӣ – ҷашнҳои Наврӯзу Меҳргон, Тиргону Сада ва идҳои Рамазону Қурбонро ҳамчун ҷузъи фарҳанги миллӣ эҳё карда, онҳоро бо иштироки озодонаи хурду бузурги мамлакат ва бо ифтихор аз таърихи беш аз шашҳазорсолаи миллати тоҷик таҷлил намоянд”.

Пешвои миллат ҳангоми суханронии хеш пайваста аз низоми дунявии давлат, ки таъмини озодии виҷдон дар он мақоми худро доро мебошад, ёдрас мешуданд. “Низоми дунявӣ” гуфта, Президенти кишвар маҳз ба мақоми конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ишора дорад, ки дар Моддаи 1-и Қонуни асосии кишвар ба ин тавр сабт шудааст: “Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад... Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ буда, барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меорад”.

Озодии виҷдон бошад имкониятҳоеро дар назар дорад, ки тавассути онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон аз ҳуқуқу манфиатҳои динӣ, эътиқодӣ ва мазҳабии хеш озодона истифода менамоянд. Инро Президенти муҳтарами кишвар чунин иброз доштанд: “Танҳо соҳибистиқлолӣ ва низоми дунявии давлатамон имкон фароҳам овард, ки миллатҳои гуногун ва пайравони дину мазҳабҳои мухталиф дар кишварамон фаъолияти динию эътиқодии худро дар доираи муқаррароти Конститутсияи мамлакат ва қонунгузории амалкунанда озодона анҷом диҳанд”.

Асли таълими ислом хондану илм андӯхтан ва тавассути имони холис дарк намудани Офаридгори хеш  аст, на сиёсат. Вале ҷаҳони мураккаби имрӯза ва тарғиби ғалатбинонаю ғалатандози бархе аз исломбадбинони олам онро аз аслаш дур сохта сиёсатзада мекунанд. Роҳ ва вазифаи моро дар ин ҷода нишон дода, Президенти кишвар вазифагузорӣ менамоянд:  “Дар вазъияти мураккаби ҷаҳони муосир мо вазифадорем, ки ба хотири ҳифзи истиқлолу озодӣ ва амнияти давлату ҷомеа дар баробари риояи талаботи қонунҳои давлати дунявӣ ба арзишҳои динӣ оқилона муносибат намуда, ҳам арзишҳои созандаи дини исломро ҳифз намоем ва ҳам пеши роҳи паҳншавии тафриқаандозиву ифротгароиро гирем”.

 

Бар ақлгароии мазҳаб тамаркуз кардан аз вижагиҳои дигари суханронии Пешвои миллат маҳсуб меёбад. Ақлгароӣ ба мафҳуми фалсафии хеш хирадгароӣ мебошад, ки бар ақл асос ёфтааст. Ақл ва таҳаммул аз ҳам ҷудо нестанд ва бинобар ин, ақлгароӣ ва таҳаммулгароӣ аз зумраи таъкидҳои аслӣ дар суханронии Сарвари давлат мебошанд: “Хотирнишон месозам, ки сабаби пайравони зиёд доштани мазҳаби ҳанафӣ дар ақлгароӣ ва таҳаммулгароии он буда, ба шароити ҳар давру замон, аз ҷумла замони муосир мутобиқат дорад ва инсонро ҳамчун беҳтарин мавҷуди офаридаи илоҳӣ дар мақоми бисёр баланд мегузорад”.

 

Ҷои ишораву ёдрас кардан нест, ки инсон дар ҷаҳони андеша ва осори мутафаккирони миллати мо чӣ мақомро сазовор буд. Худи ин мутафаккирон намунаи олитарин фарзанди инсон буданд ва мусаллам аст, ки пешсафтарин мубаллиғони инсону инсоният ба шумор мерафтанд. Инро низ Пешвои миллат ба мо ёдрас намуданд, чунончи: “Тамоми донишмандону бузургони миллати мо, аз қабили устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакиву Ҳаким Абулқосими Фирдавсӣ, Носири Хусрави Қубодиёниву Абӯалӣ ибни Сино, Мавлоно Ҷалолиддини Балхиву Шайх Саъдии Шерозӣ, Хоҷа Ҳофизи Шерозиву Камоли Хуҷандӣ, Мирзо Абдулқодири Бедилу Аҳмади Дониш ва устод Садриддин Айнӣ тавассути маърифату худшиносӣ дарк кардани муаммои дунёву охиратро талқин мекарданд”.

 

Масъалаи ақлгароии мазҳабро идома дода, Сарвари давлат аз мардуми Тоҷикистон, бо таъкиди махсус ба ҷавонон талаби ҳамчун меросбари шахсиятҳои оламшумули илмию ахлоқӣ ифтихор намуданро талаб кард, чунончи: “Бинобар ин, мардуми Тоҷикистон, хусусан, ҷавонону наврасон, ки худро мусулмон ва пайрави мазҳаби ақлгарои ҳанафӣ меҳисобанд, ҳуқуқи маънавӣ доранд, ки аз меросбари шахсиятҳои оламшумули илмию ахлоқӣ будани хеш ифтихор кунанд”.

 

Воқеан, Пешвои миллат дар радифи мазҳаби ақлгарои ҳанафия, аз тариқаи исмоилия низ ёдовар гардиданд (“...исмоилия, ки мазҳаби таърихии як қисми аҳолии бумии кишвар мебошад...”), ки низ пешсафтарин намояндагони он ақлро ҷузъи имон гуфтаанд ва маърифатро бар хирад асосёфта мепиндоштанд.

 

Пайравони ҳар ду мазҳаб, пеш аз ҳама, ифтихор аз таъриху фарҳангу забону адаби ягона доштан, ифтихор аз фарзанди як миллат будан, ифтихор аз сокинони бумии ин сарзамини аҷдодӣ буданашон мекунанд. Ифтихори тоҷик будан барои мо аз ҳар гуна тафохури дигар баландтар аст. Ва агар гӯям, ки ҳамин пайванд муносибати хуби эътиқодии кулли сокинони Тоҷикистонро низ тақвият додааст, хато намекунам.

 

Дар масъалаи пайравии эътиқодӣ илова намудан зарур аст, ки ҳар ду мазҳаб ҳам бар ақл такя доранд ва мазҳабҳои ақлгаро ҳастанд. Маҳз ҳамин рукни ақлгароии мазҳаби ҳанафия ва тариқаи исмоилия буду ҳаст, ки пайравонашон дар тӯли таърихи қариб 1500 сол паҳлӯ ба паҳлӯ, китф ба китф ва қадам ба қадами якдигар таърихи ватану миллати худро сохта омаданд. Барои боз ҳам равнақ бахшидан ба комёбиҳои беназири даврони Истиқлол аз ин рукн бояд истифодаи комил намуд.

 

Андешаҳоямро бо ҷумлаҳои пур аз ифтихору насиҳату роҳнамоии Пешвои миллат ҳусни анҷом мебахшам:   

Ҳар фарди ин сарзамин ва ҳар як наврасу ҷавони он, ки бо решаҳои таърихиву забонӣ ва фарҳангиву маънавӣ бо миллат ва халқи тоҷик пайванди ногусастанӣ дорад, бояд бо ифтихор иброз намояд, ки ман тоҷикам, набера ва меросдори аҷдоди бофарҳанге ҳастам, ки барои рушди илму фарҳанг ва тамаддуни башарӣ, инчунин, ҳифзи асолати дини мубини ислом хизмати басо арзишманд карда, дар олами ислом ҷойгоҳи сазоворро соҳиб гардидаанд”.