wrapper

Некушоева Шаҳло номзади илми филология, муовини директор оид ба илм ва таълими Институти илмҳои гуманитарии ба номи академик Б. Искандарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

СИЁСАТИ ДУРУСТ ВА АХЛОҚИ НЕК РУКНҲОИ АСОСИИ ДАВЛАТУ ДАВЛАТДОРӢ

Вохӯрии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони динро дар арафаи моҳи шарифи Рамазон як иқдоми муҳими сиёсиву иҷтимову фарҳангӣ муаррифӣ кардан мумкин аст. Ба назари мо, меҳвари суханронии Пешвои миллат дар ин вохӯриро ду мафҳуми асосӣ - “ахлоқ” ва “сиёсат”, ки дар навбати худ маҳаки асосии мафҳумҳои “дин” ва “давлат” мебошанд, ташкил медоданд. Бояд гуфт, ки ин ду мафҳум - “ахлоқ” ва “сиёсат” дорои арзиши умумибашарӣ буда, заминаҳоро барои ҳастии инсон ҳамчун як офаридаи дорои ақлу андешаву тафаккур ва арзи вуҷуд доштани як давлат ҳамчун як марзу буми муттаҳиду ҷудонопазир муҳайё месозанд.  

Мафҳумҳои “ахлоқ” ва “сиёсат” дар ҳар давру замон дорои арзишҳои миллӣ ва ҳам мардумӣ будаанду фаҳмишу дарки онҳо вобаста аз шароитҳои гуногуни таърихӣ рангу бўйи замонаро ба худ мегирифт, вале ҷавҳару асли ин ду мафҳум тағйирнопазир буду хоҳад монд. Бояд тазаккур дод, ки иртибот байни ин ду мафҳуми барои пешрафти ҷомеа муҳим равшану возеҳ аст, гарчанде ки бо як назари гузаро дарки он мушкилтар ҳам бошад. 

Сиёсат яке аз ҷабҳаҳои фундаменталӣ ва қисмати ҷудонопазири ҳастии инсонҳост ва институтҳои давлатӣ, принсипҳо ва меъёрҳои давлатдорие дар назар дорад, ки қобилияти ба таври устувор фаъолият намудани ҷомеаро кафолат медиҳанд. Сиёсат ҳамчунин дарбаргирандаи қонуну қонунгузорӣ ва муассиру мувофиқ будани он барои замони муайян мебошад. Албатта, тарзи дурусти ба роҳ мондани қонуну қонунгузорӣ ва мувофиқ буданаш ба давру замона маҳорати баланди давлатдориро тақозо менамояд. Имрӯзҳо мо шоҳиди ҳол ҳастем, ки чӣ гуна сиёсати нодурусти пешгирифтаи бархе аз давлатҳои ҷаҳон метавонад хатаре барои мавҷудияташон эҷод намояд ва ё худ боиси таназзули ахлоқу маърифат, фарҳангу одоби ҷомеаҳо гардад. Сиёсат як воситаи нозуке дар дасти ҳукуматҳои кишварҳост, ки тавассути он ба ҳам овардану муттаҳид сохтану шароити иқтисодиву ҷамъиятиву фарҳангиро барои сокинони он кишвар фароҳам овардан амалӣ мегардад. Пас, агар сиёсат бо қонуну қонунгузорӣ, тартиб додани кодексҳову конститутсияи давлатӣ ҳаммано бошад, онгоҳ он бо мафҳумҳои ба низому тартиб даровардани ҳаёти ҷамъиятӣ ва низоми давлатдорӣ, устувории сулҳу субот дар ҷомеа низ ҳаммано буда, аз ин ҷиҳат он воситаи муҳайё сохтани ахлоқи ҷамъиятӣ шинохта хоҳад шуд, ки ин хусусияти сиёсат онро дар як поя бо дину мазҳаб мегузорад. Тафовут танҳо дар он аст, ки сиёсат агар ахлоқи ҷамъиятиро тақозо дорад, дин риояи ахлоқи мазҳабиро талаб мекунад, ки инсон бояд ҳар ду навъи ахлоқро дошта бошад. Муҳим он аст, ки таассубу зиёдаравӣ ифроту тафриқасозӣ набояд дар кодексҳои ахлоқии ин ҳар ду зуҳур гардад.  Бахусус, дин, ки калимаи арабӣ ҳасту маънои он итоат ва эътиқод ба Худо ҳаст, пас он ягон алоқамандие бояд бо ифроту тафрит надошта бошад. Чун ченаки эътиқоду итоатро то ҳол ягон нафаре кашф накардаасту ибодат танҳо байни фарду Худо сурат мегирад, чаро нафароне фикрҳои ифротгароиро паҳн карда, тарзи ибодати худро дуруст шуморида дигаронро кофир меноманд. Ба назари мо, чунин равандҳо аз ҷиҳати сиёсиву диниву иҷтимоӣ хато буда, ин танҳо ба як воситаи амалӣ намудани манфиатҳои ғаразноки як гурӯҳ одамон табдил додани дин мебошад. Хеле дуруст аст суханони Президенти кишварамон, ки “Сиёсикунонии дин як раванди сунъӣ буда, дар таълимоти ислом ҷойгоҳе надорад. Зеро дини ислом аз оғози пайдоиши худ сиёсӣ набуд ва сархати таълимоти онро нахуст хондану омӯхтан, сипас имон овардан ба Худо ва шинохти ягонагии ӯ ташкил медиҳаду халос”. Пас чаро мо бояд дар имон овардан ба Худо ва шинохти ягонагии Худо зиёдаравӣ кунем? Албатта, аз ифроту тафрит дар ин ҷода, зиёдаравиву бегонапарастии мо эътиқодамон ба Худо, имонамон ба Худо ва ҳам шинохти Худованд дар тафаккури мо зиёд нахоҳад шуд. Бахусус бегонапарастии мо дар тарзи либоспӯшӣ ба ҳеҷ сурат нишонаи тақво ва парҳезгории мо нахоҳад буд. Чун агар мо фикр кунем, ки тарзи либоспӯшӣ нишонаи тақвост, пас чаро либоси миллии худро напӯшем, ки аз ҷиҳати этникӣ гуногуну аз ҷиҳати рамзҳои миллӣ дорои маъниҳои бою ғанӣ ва арзиши волои фарҳангист? Ва ё агар тарзи либоспӯшии бегона агар маънои мазҳабӣ буданамон бошад, ҳар нафаре метавонад либосҳои ба гуфт мусулмонӣ ба бар намояду даъвои диндор буданаш кунад, дар ҳоле ки қудрати ҷавоб додан ба саволҳои одитарин “Ислом чист?”, “Мусалмон кист?” ва ё кай, дар куҷо ва чӣ гуна зуҳур кардани Ислом надошта бошад.  Имону эътиқод ба Худо ва дараҷаи тақвову парҳезкориамон танҳо аз мутолеаи китобу дарки дурусти бинишҳову дидҳои мухталифу таҳлили назарҳои гуногун дар ин ҷода мустаҳкам мегардаду халос.

Хеле муҳим ҳаст, ки ба таври воқеӣ дарк кунем, ки ҳар навъи ифроту тафрит, зиёдаравиву бегонапарастӣ дар ҳар коре ба осонӣ метавонад муҷиби зиддиятҳои шаддид дар муносибатҳои ҷамъиятӣ гардад. Мо имрӯзҳо дар арсаи ҷаҳонӣ ҳодисаҳои шиддат гирифтани муносибатҳо дар дохили як ҷомеа ё байни ҷомеаҳоро мушоҳида ҳам карда истодаем ва ин ҳам ҳамон “инқилобҳои ранга”-ву ҷангҳои шаҳрвандиву ҷангҳои сард ва рӯйдодҳои элементи террористиву экстримистӣ доштае, ки Пешвои миллат дар суханронии худ ишора ба онҳо карда буд, мебошанд. Аз ин рў, барои нигаҳ доштани истиқлолияти давлатӣ ва фазои ороми кишвар ҷиҳати пешбурди ҳаёти осуда ва рушди ҷомеа дарки дурусту воқеъбинонаи руйдодҳои иҷтимоиву сиёсии дохилӣ ва ҳам дар арсаи ҷаҳонӣ ба вуқуъ пайваста аз тарафи ҳар як шаҳрванди кишварамон аҳаммияти бузург дорад, ки дар аснои он мавқеи фардии ҳар як шаҳрванд дар ҷомеа муайян мегардад. Зеро мавқеи фардии ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон бо масъалаи осудагиву оромӣ сулҳу суботи кишвар вобастагии зич дошта, он таъсири худро мустақиман ба ахлоқи ҳар як аъзои оила, ба хусус ба фарзандони наврасу ҷавон, ки қувваи калони пешбарандаи ҷомеа ба шумор мераванд, гузошта метавонад.  

Ахлоқи нек, ки сутуну пояи муҳими инсон буданамон ва ченаки асосии фарқгузоранда миёни инсону ҳайвон мебошад, қоидаҳои рафтору одоб, хислатҳои руњиву маънавӣ ва фарҳангии пазируфта миёни мардум ва риояи онҳо аз тарафи ҳар як фардро дар назар дорад.  Қоидаҳои рафтору одоб дар кодексҳои навиштаву нонавиштаи халқиятҳо, дар расму оини анъанавӣ ва дину диёнати онҳо инъикос гардида, муаррифгари принсипҳои рафтори шоистаи ин ё он халқияту миллат мебошанд. Сарфи назар аз он ки намудҳои ахлоқ дар ҷомеа зиёданду (ахлоқи умумибашарӣ, ахлоқи сиёсї, ахлоқи иҷтимоӣ, ахлоқи муоширати расмӣ ва ғ.), ҳар кодекси ахлоқӣ макону замони амалӣ шуданаш дорад, вале пеш аз ҳама ҳар як кодекси ахлоқӣ тарғибгари беҳтарин сифоти инсонӣ аст, чаро ки аксарияти инсонҳо дар ҷомеа дар асоси таҷрибаи ахлоқи неку бад принсипҳои гуногуни рафтори беҳтаринро барои ҷомеаи худ интихоб намудаанд. Шояд инсонҳо дар ҷомеа бо ин ё он принсипи ахлоқӣ эҳсоси ризоият надошта бошанд, вале дар умум ва бахусус қоидаҳои дар асоси қонунгузории давлати Тоҷикистон ва ҳам принсипҳои мазҳабии барои ҷомеа пешниҳодшуда танҳо ва танҳо бо мақсади ба як низоми дуруст даровардани муносибатҳои иҷтимоӣ равона шудаанд. Ба назари мо, ин қонунҳо ва принсипҳо беҳтарин воситае барои пешгирии ифроту тафрит ва зиёдаравиву хурофот миёни мардуми ҷомеа мебошанд ва мутмаин ҳам ҳастем, ки кодексҳои ахлоқие, ки дар Тоҷикистон амал мекунанд, мувофиқу муносиб ба ҷомеаи муосири кишварамон мебошанд, зеро ки ин кодексҳо дар маҷмуъ бар арзишҳои умумибашарии замонавӣ ва ҳам расму оинҳои анъанавии мардуми тоҷик ва дини ислом асос ёфтаанд.

Тоҷикистон, ки яке аз давлатҳои пешагирифтаи принсипҳои инсондӯстӣ ва инсонгароӣ мебошад, стратегияи давлатдории худро бар пояи давлати дунявӣ пеш бурда истодааст ва ба қавли Пешвои миллат “Таърихи давлатдории навини тоҷикон ва гузашти вақт дуруст будани интихоби низоми дунявии давлатро дар шароити муосир собит сохт”. Дуруст будани интихоби ҳамин низом дар он зоҳир мегардад, ки шакли низоми дунявии давлатдории Тоҷикистон хусусиятҳои хосаи худро дорад ва он ҳам зиддият надоштан бо муносибатҳои динӣ дар ҷомеа ва ҳам шароити мусоид фароҳам овардан барои амалӣ намудани расму русуми мазҳабӣ мебошад, ки дар бораи онҳо Президенти кишварамон дар суханронии худ ишораҳои зиёде намуданд. Пешвои миллат ҳамбастагии низоми давлати дунявӣ ва дини ислом дар мисоли Тоҷикистонро маҳз дар ба даст овардани истиқлолият дида, иброз доштанд, ки: “... аз баракати истиқлоли давлатӣ дар тамоми соҳаҳои ҳаёти иҷтимоии кишварамон, аз ҷумла дар самти озодии виҷдон шароити созгору мусоид фароҳам гардидааст ва имрӯз шаҳрвандони мо фаризаҳои динии худро озодона анҷом медиҳанд” ва дар идома илова намуданд, ки “... ин ҳама (яъне эҳёи арзишҳои миллӣ ва мазҳабӣ НШ) аз баракати муқаддастарин неъмати зиндагии халқамон – истиқлолу озодӣ ва дунявӣ будани давлатамон аст, ки барои пайравони ҳамаи динҳо имкониятҳои баробар ва шароити озоду созгори эътиқодиро фароҳам овардааст”.

Тайи солҳои истиқлолияти кишвари азизамон Тоҷикистон, ки ба як давраи мушкилу пурпечутоби сиёсиву иқтисодӣ барои кулли ҷаҳон рост меомад, дурустиву мувофиқат доштани сиёсати пешгирифтаи ҳукумати кишварамон ба давраву замони муосир муназзаму пайдарҳам исбот мегардид ва суханони Пешвои миллат дар ин бора хеле баҷо ҳастанд, ки таъкид дошт: “Танҳо соҳибистиқлолӣ ва низоми дунявии давлатамон имкон фароҳам овард, ки миллатҳои гуногун ва пайравони дину мазҳабҳои мухталиф дар кишварамон фаъолияти динию эътиқодии худро дар доираи муқаррароти Конститутсияи мамлакат ва қонунгузории амалкунанда озодона анҷом диҳанд”. Савол ба миён мебиёяд, ки оё дар шароити имрӯзаи ҳам ҷаҳониву ҳам Тоҷикистон низоми дигари давлатдорӣ қодир мебуд, ки чунин осудагиву сулҳу суботи ҷодошта дар кишварамон ва шароити озоду созгори эътиқодиро муҳайё созад? Ҷавоб ба ин саволро бояд ҳар нафари соҳибфикру соҳибмаърифат низ воқеъбинона диҳад, зеро мо шоҳиди ҳол ҳастем, ки аз ҷиҳати сиёсиву иҷтимоӣ тайи солҳои тўлонӣ фазои кишвари азизамон орому осуда буда, шароитҳои иқтисодии он сол ба сол рӯ ба беҳбудӣ ниҳода истодаанд. Аз ҷиҳати мазҳабӣ ҳам шаҳрвандони Тоҷикистон, ки аксаран агар пайравони мазҳаби ҳанафия бошанд, дар паҳлўи онҳо ақаллияти пайравони мазҳабу боварҳои дигар озодона зиндагӣ ба сар бурда, ҳамаи онҳо фаризаҳои мазҳабиву анъанаҳои аҷдодии худро озодона амалӣ карда истодаанд. Танҳо аз ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон тақозо карда мешавад, ки дар чаҳорчўби сиёсати оқилонаи кишвар ва ахлоқи иҷтимоиву динӣ, ки ҳар ду заминаи хубе барои созишу ҳамдигарфаҳмӣ ва муросо кардан бо ҳам мебошанд, зиндагӣ ба сар бараду, аз ҳар гуна ифротгароиву зиёдаравӣ ва бегонапарастӣ худдорӣ намояд.