Умед Мамадшерзодшоев
Ходими илмии шуъбаи таърих ва этнографияи Институти илмҳои гуманитарӣ ба номи Б.И Искандарови АМИТ
СУННАТҲОИ НАВРӮЗИИ ТОҶИКОНИ АФҒОНИСТОН
Наврӯз яке аз ҷашнҳои қадимтарини қавмҳои ориёӣ аз ҷумла Эрон , Афғонистон ва Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, таърихи он ба давраҳои бостонӣ иртиботи қавӣ дорад ва он дар тули асрҳо дар миёни сокинони ин кишварҳо маҳбубияти беандоза касб намуда, онро бо шукӯҳу шаҳомат ва суннатҳои хоса ҷашн мегирифтанд.
Дар ин мақола мо тасмим гирифтем, ки мавзӯи “Суннатҳои наврӯзии тоҷикони Афғонистон”-ро, ки онҳо ин ҷашнро бо расму оинҳои хоса ва мутафовит анҷом медиҳанд мавриди баррасӣ қарор диҳем. Ҳамчунин ҳангоми баррасии мавзӯъи мазкур мо кӯшиш намудем, бархе аз оинҳои наврӯзии Бадахшони Тоҷикистон ва Наврӯзи тоҷикони Афғонистонро бо ҳам муқоиса намуда, фарқият ва шабоҳати онҳоро нишон диҳем.
Яке аз оинҳои наврӯзии тоҷикони Афғонистон ин милла ё ҷашни “Гули сурх” мебошад, ки сокинони Афғонистон онро бо шукӯҳу шаҳомати хоса анҷом медиҳанд. Ҷашни ”Гули сурх” ба рӯидани лолаҳои сурх иртибот дорад, яъне вақте ки лолаҳои сурх дар даштҳо ва рӯи талу тепаҳо ва атрофи он мерӯянд ва майдонҳо ҳама ҷо сурх мешаванд мардум аз саросари кишвар ба Мазори шариф меоянд, то дар ин ҷашни бузург яъне Наврузи Аҷам ширкат кунанд.
Бояд гуфт, ки агар мардуми Бадахшони Тоҷикистон дар гузашта мувофиқи шароити табиати худ фарорасии рӯзи Наврӯзро бо тақвимҳои сангӣ муайян мекарданд, тоҷикони Афғонистон фарорасии рӯзи Наврузро бо шукуфтани гули лола ва сурх шудани пуштаҳо ва талу тепаҳо муайян мекарданд. Шоире дар ин бора фармудааст:
Табассум кардааст Наврӯз имрӯз,
Ки фавҷи лола дар саҳро бадар шуд.
Доир ба таърихи наврӯзгоҳи Мазори шариф муҳаққиқон чунин ибрози назар намуданд, ки ин наврӯзгоҳ таърихи тоисломӣ дорад ва он мазоре, ки дар он ҷо мавҷуд аст он маълум нест, ки ба кадом шахс тааллуқ дорад вале ин чиз маълум аст , ки он аз давраи ориёӣ ба ёдгор монда буд. Бархе гумон мекунанд, ки ин оромгоҳи Зардушт буда, таърихи панҷҳазорсола дорад. Вале вақте ки Темуриён ба сари қудрат меоянд дар замони ҳукмронии ҳокими темурӣ Ҳусайн Бойқаро ва вазираш Алишер Навоӣ ин мазор аз сари нав бо услуби ҳунари меъмории Хуросонӣ кошикорӣ карда мешавад ва бо амри Ҳусайн Бойқаро ин мазор ба Шоҳи вилоят мансуб дониста мешавад.Вале бархе аз сокинони шимоли Афғонистон бошанд, ин мазорро ба ягон шахси хосе мансуб намедонанд.
Сокинони Афғонистон дар гузашта ҷашни Наврӯзро бо номҳои “Ҷашни Ҷамшедӣ” ё “Наврӯзи султонӣ” ёдовар мешуданд, вале имрӯз бошад ин ҷашн бо номҳои “Ҷашни Наврӯз”, “Наврӯзи бостон”, “Милаи гули сурх” ва “Иди Наврӯз” таҷлил мешавад.
ДИРАФШИ КОВАЁНӢ
Тавре қаблан ишора намудем, замоне, ки гулҳои лола дар талу теппаҳои вилоёти Афғонистон мерӯянд ва тамоми майдонҳо сурх мешаванд, мардум аз аз ҳар гӯшаву канори кишвар ва давлатҳои ҳамсоя барои ҷашнгирии иди Наврӯз ба шаҳри Мазори шариф меоянд ва бо расидани нахустин рӯзи Ҳамал сараввал дар наврӯзгоҳи Мазори шариф соати 8 субҳ дирафши коваёниро барафрошта мекунанд ва ин дирафш то чиҳил рӯз бар фарози Мазори шариф нигоҳ дошта мешавад.
СУМАНАКПАЗӢ
Яке аз оинҳои муҳим ва куҳани наврӯзии тоҷикони Афғонистон ин суманакпазӣ мебошад, ки тавассути пухтани ин ғизо мардум аз омодагии худ аз истиқбол намудани фасли баҳор хабар медиҳанд.Тавре донишманди эронӣ Алиакбари Деҳхудо иттилоъ медиҳад суманакпазӣ барои ақвоми эронитабор аз замони Сосониён ба ёдгор мондааст. Суманак навъе аз ғизои суннатӣ аст, ки аз орд, гандум, равған ва об таҳия мешавад. Ба ақидаи мардум суманак назри баромадани ҳоҷот ва муродот ва хайру баракат аст. Ба ин ният занон ва духтарони ҷавон чанд рӯз қабл донаҳои гандумро тар мекунанд, то он ҷавона бизанад ва бо гандумҳои сабзида ба истиқболи баҳор мерафтанд. Пас аз ин онҳо дар шаби Наврӯз гирди ҳам меомаданд ва ҷавонаҳоро дар дег андохта, то субҳ ба пухтани суманак машғул мешаванд. Ҳангоми пухтани суманак занҳо ва духтарон бархе аз оинҳои фарҳангии худро низ анҷом медиҳанд. Масалан духтарҳои ҷавон дар назди дег истода, барои худ фол мегиранд. Барои фолгирӣ онҳо ангуштарии худро ба деги пур аз об мепартоянд ва то пухтани суманак шеърхонӣ мекунанд ва ин суманакпазӣ то субҳ идома меёбад. Вале занҳои Тоҷикистон бошанд барои фолбинӣ ба деги пур аз об сангчаҳоро мепартоянд. Вале он дубайтиҳое, ки занҳо ва духтарони Афғонистон дар сари деги суманак мехонанд, занҳои Тоҷикистон низ айнан ҳамин мисраҳоро мехонанд, ба мисли:
Суманак дар ҷӯш мо кафча занем,
Дигарон дар хоб мо дафча занем.
Пас аз пухта шудани суманак занҳо онро дар зарфҳои кучак ба мисли пиёла гирифта ба хешу табор ва ширкаткунандагони ҷашни Наврӯз тақсим мекунанд.
ОИНИ ҲАФТ МЕВА
Яке аз ҷолибтари расмҳои наврӯзии афғонҳо ин “Ҳафт мева” мебошад. Одатан афғонҳо дар рӯзи Наврӯз ба ҷои суфраи ҳафт син меҳмононро бо суфраи “Ҳафт мева” пазироӣ мекунанд.Ҳафт мева аз ҳафт намуди меваи хушк ташкил шудааст ба мисли кишмиш, санҷид, писта, фундуқ, ғулинг(зардолуи хушк), чормағз ва олу.
Ҳар як хонавода барои таҳияи ҳафт мева чанд рӯз пеш аз Наврӯз меваҳои хушки дар боло зикршударо харидорӣ мекунад ва модаркалонҳо онҳоро се ё чор рӯз пеш аз Наврӯз шуста, дар як деги калон омехта мекунанд. Оби гармро низ ба андозаи зарурат рӯи меваҳо мепошанд.Он вақт сари дегро пӯшида дар ҷои сард мегузоранд, то шираи ҳафт мева якҷо шуда ширин шавад.
Дар рӯзи Наврӯз аъзои оила дар канори ҳам гирд омада,аввал дуъо мехонанд ва соли навро табрик мегӯянд. Пас аз он модаркалонашон бо салавот сари ҳафт меваро мекушояд ва каме арақи гулобро низ ба он илова мекунад ва онро ба ҳамагон тақсим мекунад.
ҶАШНИ ДЕҲҚОН
Дар Афғонистон деҳқонон дар рӯзи Наврӯз гирди ҳам ҷамъ шуда, анвоъи васойили зироъатро аз қабили бел, дос, каланд ва маҳсулоти худро ба намойиш гузошта ва пойкӯбию хурсандӣ мекунанд. Ва бо иҷрои ин корҳо орзӯ мекунанд, ки соли нав пурбаракат бошад.
Дар деҳоти вилоёт мардум барои оғоз намудани кишту кор барзаговро омода мекунанд ва шохҳову паҳлӯҳои онро ранг мекунанд ва ба шудгоркунӣ машғул мешаванд.
Дар Бадахшони Тоҷикистон низ ин оинро ба таври хоса анҷом медиҳанд. Дар рӯзи ҷуфтбаророн барзаговро ба берун мебароранд ва соҳибхоназан растании муқаддас стирахмро дуд мекунад ва марди он хона болои сари барзагов орд мепошад. Баъзеҳо бошанд ба шохҳои барзагов атола мемоланд ва ба шудгори нахустин оғоз мекунанд. Дар ин вақт дуъо мехонанд: Шудгори нахустини онҳо дар шакли доира анҷом дода мешавад.
ХОНАТАКОНӢ
Яке аз расмҳои ҷолиби тоҷикони Афғонистон ин қабл аз наврӯз анҷом додани хонатаконӣ мебошад. Ин расм ба тариқи зерин ба ҷо оварда мешавад: занони афғон дар остонаи Наврӯз ба шустани фаршҳо ва гардгирии хонаи худ машғул мешаванд, то ин ки дар остонаи Наврӯз хонаашон покиза бошад. Дар охири зимистон бошад онҳо хонаҳои худро ороиш дода ранг мекунанд. Мардҳо кӯшиш мекунанд, ки васоили хонаро дар соли нав нав кунанд.
Дар Бадахшони Тоҷикистон бошад гардгириро чидирдед мегӯянд. Сокинони ин вилоят ороиши хонаро бо орд анҷом медиҳанд ва дар рӯи сутунҳо ва чӯбҳои хона рамзҳои ориёиро нақш мекунанд.
Хуллас таҷлили ҷашни Наврӯз дар миёни тоҷикони Афғонистон ҳамчун як ҷашни бузурги ориёӣ маҳбубияти беандоза дорад ва оинҳои тоҷикони Афғонистон бо сокинони Тоҷикистон шабоҳат ва умумияти беандоза доранд.