Имомназаров Машҳур – ходими илмии шуъбаи фолклор ва адабиёти
Бадахшони Институти илмҳои гуманитарии ба номи
Б. Искандарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
БЕҲТАРИН ИНСОН НАФЪРАСОН АСТ
(Дар ҳошияи мулоқоти Роҳбари давлат бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар)
Чанде қабл мулоқоти Роҳбари давлат бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар дар ҳоле сурат гирифт, ки дунё дар вазъи тағйироти босуръати кулливу пешгӯинашаванда қарор дошта, инсоният ба дарки моҳияти ҳамзистии мусолиматомез, дурӣ ҷустан аз зиёдаравию сариштакорӣ дар зиндагӣ, пешгирии ифротгароии диниву терроризм ва дигар ҳолатҳои манфури ҷомеа ва дигар аъмолу одатҳои бад воқеан ниёз дорад. Ин вохӯрии навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар қиёс бо дигар вохӯриҳо, албатта, аз рӯи муҳтавою муҳиммият, давру таърих, ҷолибияту оммафаҳмӣ ва дарбаргирии тамоми масоили маънавиёту моддиёт воқеан камназир буд.
Нахуст Сарвари давлат беҳуда ба масъалаи рӯзадориву парҳезгорӣ тамаркуз нашудаанд, зеро инсони ворастаю комилро мебояд, ки дар тӯли зиндагӣ, ҳар давру замон ва тамоми ҳолату вазъият парҳезгор бошад, яъне, нигоҳ доштани ин мизону таъодул дар ҳамаи кору фаъолият калиди муваффақиятҳои ӯст. Ба таъкиди Пешвои миллат: «… ҳикмати парҳезгориву рӯзадорӣ танҳо дар тарки хӯрдану ошомидан маҳдуд намегардад, балки ин моҳи муборак барои мусулмонон василаи эътиқодии муҳим ҷиҳати анҷом додани корҳои хайру савоб, амалҳои писандида, дасту забони пок доштан, гузашт кардану бахшидан, бо сабру таҳаммул будан ва дигар хислатҳои ҳамидаи инсонӣ маҳсуб мешавад».
Ё худ мисоли одие, ки метавон чорпоро хонагӣ кард ва ӯро чанд вақт дар оғил бе обу алаф нигоҳ дошт, вале воқеият тағйир нахоҳад хўрд, зеро дар ҳар сурат он ҳайвон мемонад. Пас, инсонро дар навбати аввал мебояд, то ки нахуст худро бисозад ва баъдан ба таълиму тарбияи ҷомеа бипардозад.
Дар идома Президенти кишвар аз он низ ёдовар шуданд, ки соли 2009 бо ширкати олимону донишмандони машҳури ҷаҳони ислом ва шахсиятҳои маъруф аз 55 давлати дунё баргузор кардани 1310-солагии асосгузори мазҳаби таҳаммулгарои ҳанафӣ, фарзанди фарзонаи миллати тоҷик – Абӯҳанифа Нуъмон ибни Собит, ки бо номи Имоми Аъзам машҳур аст, як рӯйдоди муҳим дар ҳаёти маънавии мардуми мо гардид:
«Вақте ман барои баргузории чунин чорабинӣ чунин қарор қабул кардам, баъзе намояндагони аҳли зиёии мамлакат мухолиф буданд, ки мо ба кадом мақсад ин корро карданием? Онҳо як масъалаи муҳимро ба назар намегирифтанд, ки мардуми мо на мазҳаби худашонро медонанд, на пири мазҳаб мегӯянд, ҳатто бисёриҳо намедонистанд, ки мо дар кадом мазҳаб қарор дорем… На ҳаҷ буд, на ҳоҷӣ буд, на умра буд, на донишкадаи исломӣ ва на шумораи зиёди масҷидҳои панҷвақтаю ҷумъахонӣ…Вале бо вуҷуди чунин маҳдудиятҳои қатъии он замон на ифротӣ буд, на террористи динӣ ва на фитнаву дасисаи динӣ».
Мағзшӯӣ, шомилшавӣ ва иштироку даст доштани баъзе зодагони мамлакат дар амалҳои террористии ҷаҳону минтақа давоми солҳои охир боиси ташвиши ҷиддӣ ва латма бар ҳувияту шарафи миллат ва давлатдории муосир буда, дар ин ҷода аз усулҳои наву корҳои фаҳмондадиҳӣ ва маълумотнокии васеи аҳолӣ, бахусус, ҷавонон бояд кор гирифта шавад. Зеро ба қавли бузургони давр падидаҳои терроризму экстремизм аз мушкилоти сиёсии ҷаҳон замина гирифта, бо тарҳрезӣ ва роҳандозии инқилобҳои ранга дар давлатҳои мухталиф решаи он устувортар хоҳад шуд. Зеро омили асосӣ аз як ҷиҳат агар фақру бенавоӣ, кашароитӣ ва бесаводӣ бошад, паҳлӯи асосии масъала дахолати беруна ба фаъолияти давлатҳои соҳибихтиёр, тарғиботи беасос ва мағзшӯии мардум, зӯран тағйир додани сохти конститутсионии кишварҳо, тамомияти арзӣ, барҳам задани суботи сиёсӣ ва истиқлоли онҳо, ба арсаи сиёсат овардани режимҳои худкома ва чун бозича идора кардани онҳо мебошад.
Пешвои миллат ҳам дар ин маврид ҳам равшану кушод фаҳмонда доданд: «Дар саҳифаҳои таърихи давлатдории миллати тоҷик фоҷиаву рӯйдодҳои сахту сангине сабт гардидаанд, ки бартарӣ пайдо намудани мафкураи тундрави динӣ, таассубгароӣ ва сиёсисозии ақидаҳои динӣ омили асосии онҳо буд…
Барои мисол сарнавишти давлати Сомониёнро мегирем.Тибқи маълумоти аллома Бобоҷон Ғафуров дар китоби «Тоҷикон» давлати Сомониён дар заминаи худогоҳиву бедории шуури миллӣ ташаккул ёфта, 124 сол фаъолият кард ва маҳз дар натиҷаи тундгароии динӣ ва бегонапарастӣ ба шикаст рӯ ба рӯ гардид.Рӯҳониёни асолату ҳувиятбохта барои дастгирии бегонаҳо, ки ҳадафи ғасби давлати миллии тоҷиконро доштанд, замина муҳайё карданд».
Кӯшишҳои беисти табадуллоти давлатию зидди конститутсионӣ дар мамлакат давоми солҳои соҳибистиқлолӣ низ кам набуданд. Кӯдакону наврасон ва ҷавонони зиёд маҳз аз дасти иғвоангезону бехирадон, фаъолияти сусти институтҳои давлатдорӣ ва бетарафию бешарафии қисме аз волидону аҳли зиё раҳгум шудаанд. Маҳз моддиётпарастӣ, канор гирифтани наслҳои ояндасоз аз китобхонӣ, маърифатомўзӣ ва дурӣ ҷустан аз илму адаб теъдоде аз эшонро бо ҷаҳолату хурофотпарастӣ мувоҷеҳ сохт.
Роҳбари давлат аз хулосаи донишмандону коршиносон ва мутахассисони исломшинос мисол оварданд, ки тайи чордаҳ асри охир яке аз воситаҳои санҷидашудаи бозигарони геополитикӣ татбиқи барномаҳои «исломи сиёсӣ» мебошад, ки барои амалисозии ҳама гуна лоиҳаву нақшаҳои муғризонаву манфиатҷӯёнаи онҳо истифода мегардад: «Сабаби асосии чунин вазъият, пеш аз ҳама, дар он аст, ки кор бо мардум дар самти ташаккули маънавиёти солиму созанда ба таври зарурӣ ба роҳ монда нашудааст», - таъкид намудаанд Роҳбари давлат.
Ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ албатта, як рӯйдоди талх ва сахту сангин дар қалбу хотираи шаҳрвандон монда, оқибатҳои он чӣ даҳшату пайомадҳои фалокаборро ба бор овард. Тавре Ҷаноби Олӣ ишора карданд: «Бисёриҳо фаромӯш кардаанд, ки ҷанг аз чӣ, аз куҷо ва бо чӣ сабабу омилҳо сар шуд. Дар ҳоле, ки он рӯзҳо ҳама сохторҳои зарурӣ буданд.Ҳатто зиёдтар аз имрӯза буданд, вале фақат ҳисобот буд, ҳама дар рӯи коғаз буд».
Воқеан бадтарин чиз аст, ки иҷроиши қонуну кору амал рӯи коғаз монаду сохтакорӣ болотар аз ҳама кор гирад. Бо ибораи дигар, маҳз худфиребию бесадоқатӣ дар ҳар кору фаъолият бар он оварда мерасонад, ки рушди пешрафти босуръати кишвар боз ба даҳсолаҳо қафо рафта, натиҷаи дилхоҳ нахоҳад дод. Яъне, агар воқеан тарақиёту музаффарияти ҳар соҳаи афзалиятнокро дидан хоҳем, бояд аз ҳарвақта бештар муттаҳид шавему дар рушду нумӯи меҳан саҳми арзандаи худро гузорем.
Аз ин рӯ Президенти мамлакат иброз доштанд, ки Худованди пок ҳам фармудаанд, ки «Беҳтарин инсон касест, ки нафърасон аст». Яъне на исрофкорону зиёдаравон, на риёкорону зоҳирпарастон, на ҳаҷрафтагону нафарони дигар, балки касоне, ки нафъашон ба пайвандону наздикон, ҳамсояҳову ҳамдеҳагон, ятимону маъюбон ва дигар ниёзмандон мерасад ва қалби ин қабил инсонҳоро шод менамоянд, шахсони ба Худованд наздик мебошанд».
Қайд шуд, ки халқи мо ба ҳар кору фаъолияти созанда, бунёдкориву созандагӣ қодир аст, бинобар ин, Ватани моро ба ҷуз худамон каси дигар ободу пешрафта намесозад. Аз ин ҷиҳат, ташаббускорӣ дар ҳар шуғлу кор, ботаваҷҷуҳ будан дар фаъолият ва обод кардани як гӯшаи меҳан худ нафъе барои ҷомеаву меҳан аст.
«Дур нест рӯзҳое, ки мову шумо барои худамон зиндагии аз ин ҳам беҳтарро месозем ва номи худро дар саҳифаҳои таърихи миллат бо ҳарфҳои заррин сабт месозем.Зеро халқи мо – мардуми сарбаланди Тоҷикистон – барои бунёди зиндагии аз ин ҳам босаодату осуда қудрату тавоноӣ доранд!» - хулоса кард Роҳбари давлат.
Гарчанд олам дар вазъияти хеле мураккаб қарор дошта, дархурду зиддиятҳои давлатҳои калидии дунё рӯз аз рӯз печидатару вазнинтар шуда истодаанд, моро зарур аст. ки ба қавлу амал, ҳарфҳои масарратбахши Пешвои миллат ва ояндаи дурахшону пурсаодати неки Ватан умед баста, ақлу идрок, фаҳмишу дониш ва тавоноии хешро ба аъмоли ваҳдабахшу созанда равона намуда, дар ин масир ҳамаи талошҳоро ба харҷ бояд бидиҳем.