Раёсати Институти илмҳои гуманитарии ба номи академик Б.Искандарови АМИТ дар асоси Нақша-чорабиниҳои таблиғотиву ташвиқотии Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ ҷиҳати вусъат бахшидани корҳои фаҳмондадиҳӣ-ташвиқотӣ дар самти пешбурди идеологияи давлатдории ҶТ дар тадқиқотҳои илмӣ ва рўйнамо намудани он дар пажўҳиҳои илмӣ, таблиғи таҳкими сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ ва эҳёи арзишҳои таърихиву фарҳангӣ ва маданиву адабии халқи тоҷик дар даврони соҳибистиқлолӣ, мубориза бар зидди хурофот, ифротгароӣ, радикализм, экстремизму терроризм мунтазам хонишҳои сиёсиро баргузор менамояд.
Дар санаи 11-уми апрел, дар доираи хониши сиёсӣ гузориши таҳлилии ходими илмии шуъбаи таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ИИГ Мамадшерзодшоев Умед таҳти мавзуи “Оқибатҳои номатлуби экстремизм дар ҷаҳони муосир” шунида шуд. Дар атрофи мавзуи баррасигардида суҳбати пурмуҳтаво байни иштирокдорон сурат гирифта, баромадкунанда ба саволҳои ҳозирин ҷавобҳои мушаххас дод.
Фишурдаи баромад аз руи мавзуи “Оқибатҳои номатлуби экстремизм дар ҷаҳони муосир” дар шакли мақола дар сайти ИИГ ба табъ расонда мешавад.