wrapper

МИРЗОЕВ Шоҳназар- номзади илмҳои филологӣ,

ходими пешбари илмии  шуъбаи забонҳои помирии

Институти илмҳои гуманитарии ба номи Б. Искандарови АМИТ

АНДЕШАЕ ПЕРОМУНИ МУЛОҚОТИ АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ - ПЕШВОИ МИЛЛАТ, ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМХУРИИ ТОҶИКИСТОН МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

Вазъи ҷаҳони имрӯза басо тезу тунд аст. Давлатҳои абарқудрат дар тараддуди онанд, ки ҷаҳони кайҳо тақсимшударо боз аз сари нав байни худ тақсим намоянд. Барои ба ин мақсади худ расидан онҳо тамоми воситаҳоро истифода мебаранд. Аз он ҷумла аз воситаҳои информатсионӣ истифода бурда, онҳо кӯшиш мекунанд, ки дар миёни мардум ҷудоиандозӣ барангезанд.

 Барои ба мақсадҳои худ расидан онҳо ҷор мезананд, ки дар ин ё он давлат ҳуқуқҳои инсон поймол шавад. Бояд қайд намуд, ки барои ба мақсадҳои разилонаи худ расидан, онҳо пеш аз ҳама муҳоҷиронро истифода мебаранд.

 Ин муҳоҷирон, ки бад ин ё он сабаб Ватани худро тарк кардаанд, дар хориҷ барои дарёфти пул шуда тез тобеи он шахсиятҳои манфиатҷӯе мешаванд, ки барои аз нав тақсим кардани бозори иқтисодӣ ва меҳнатии ҷаҳон камар бастаанд.

 Бархе аз муҳоҷирони аз Ватан дур ва аз ҳоли Ватан бехабар фирефтаи ахбори дурӯғин ва пул шуда, дар бораи сиёсати давлати хеш суханҳои туҳматангез паҳн менамоянд. Зиндагии мардумро ноором месозанд. Чи хеле ки гуфтаанд: “Овози дуҳул шунидан аз дур хуш аст”.

 Мардуми инсондӯст ва сулҳпарвари тоҷик намехоҳад, ки ҳодисаҳои мудҳиши солҳои 90-уми асри XX боз аз нав такрор шаванд.

 Ба ҳамагон маълум аст, ки ҷаҳони имрӯза дар кадом ҳолат қарор дорад. Пас аз ба итмом расидани ҷанги дуюми ҷаҳонӣ харитаи сиёсии ҷаҳон ранги дигар гирифт. Дар қисми ҷаҳон сохти мустамликавӣ аз байн рафт ва дар арсаи ҷаҳонӣ давлатҳои наве пайдо шуданд, ки онҳоро Созмони Миллали Муттаҳид ба расмият шинохт. Боварӣ буд, ки осмони кабуд дигар чанголуд намешавад ва ҳамаи масъалаҳои аз нав пайдошудаи байни давлатҳо дар Созмони Миллали Муттаҳид ба таври осоишта ҳалли худро меёбанд.

 Афсӯс, ки ин дер давом накард. Аз миёнаи солҳои даҳуми асри гузашта байни собиқ иттифоқчиёни Иттиҳоди Шӯравӣ, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Британияи Кабир зиддиятҳо ба рӯи об баромаданд. Давлатҳои Европаи Ғарбӣ ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ҷаҳониёнро метарсонданд, ки ба онҳо сохти коммунистӣ таҳдид мекунад ва онҳо бояд иттифоқ баста худро аз ҳамлаи Иттиҳоди Шӯравӣ ва дигар мамолики сохти сотсиализм дошта муҳофизат намоянд. Байни давлатҳои сохташон капиталистӣ ва сохташон коммунистӣ мухолифат пайдо шуд, ки номи ҷанги сардро гирифт. Дар байни ин давлатҳо ҷанги иттилоотӣ мақоми махсус пайдо намуд, ки сол аз сол алангаи он баланд мешуд. Давлатҳои сохташон капиталистӣ кӯшиши зиёдеро ба харҷ медоданд, ки давлатҳои сохти сотсиалистӣ доштаро буғӣ кунанд ва иттиҳоди шӯравиро пароканда намоянд. Барои ба ин мақсад расидан онҳо на танҳо аз расонаҳои хабарӣ, балки аз қувваҳои опозитсионии давлтҳои сотсиалистӣ истифода баранд.

 Аз нимаи солҳои 80-уми асри асри XX дар натиҷаи ҷанги иттилоотӣ ва қувваҳои опозитсионии дохилии ин ё он кишвари сотсиалистӣ боиси пайдо шудани зиддиятҳои сиёсии дохиликишварӣ шуданд ва ин давлатҳо рӯ ба таназзул ниҳоданд, ки оқибати вазнини он боиси аз байн рафтани давлати абарќудрати Иттиҳоди Шӯравӣ гардид.

 Бо аз байн рафтани Иттиҳоди Шӯравӣ ҷанги сард ҳам бояд аз байн мерафт, вале ин тавр нашуд. Вазъияти сиёсӣ ва иқтисодии ҷаҳон боз ҳам вазнинтар гардид. Қисме аз давлатҳо дар натиҷаи мудохилоти қувваҳои беруна ва дохилӣ қариб, ки аз байн рафтанд: Ливия, Ироқ, Афғонистон. Югославия бошад тамоман нобуд шуда аз харитаи сиёсии ҷаҳон тамоман барканор гардид.

 Ва бояд гуфт, ки ин қувваҳои зиддиинсонӣ дар шароити ҳозира ҳам амал намуда аз мухолифатҳои начандон калони байниқавмӣ, динӣ ва мазҳабии ин ё он давлат истифода намуда вазъияти онро ноором месозанд.

 Гуфтаҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои тоҷикони ҷаҳон, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазъияти сиёсӣ ва иқтисодии ҷаҳонро инъикос менамоянд.

 Мо, шаҳрвандони Тоҷикистон шукрона бояд аз он кунем, ки дар мамлакати мо сулҳ побарҷост ва ба ояндаи дурахшон умед дорем. Фирефтаи хоҷаҳои мансабталоши берун аз марзи кишвар нашавем.