wrapper

ПАЙШАНБИЕВА Сулҳия – магистранти курси 1-и шуъбаи

тадқиқоти иҷтимоиёту иқтисодиёти Бадахшони

Институти илмҳои гуманитарии ба номи Б.Искандарови АМИТ

 

ДАР РОҲИ ТАҒЙИРОТИ БУНЁДИИ ИЛМ

 

Андешаҳо дар ҳошияи мулоқоти Пешвои миллат бо намояндагони аҳли ҷомеа ва ходимони дини кишвар хеле ҷолиб ва ибратомӯз аст, ки ҳар мулоқоти Пешвои миллат бо аҳли зиё ҳамасола як ҳадафи нек ва баланди миллиро пешорӯи мо мегузорад ва як барномаи мушаххас ва ҷиддиро дар ҷодаи пешрафту дастовардҳои миллӣ пайгирӣ менамояд.

Мулоқоти имсола низ аз тамоми суҳбатҳои пешина ба куллӣ фарқ дошт ва бо тозагониҳо ва масъалагузориҳои мубрами рӯз уфуқҳои нави амалу кор ва пешрафти маънавии кишварро, хусусан дар соҳаи дин, ба рӯи мо боз гардонд. Воқеан маърӯзаҳое, ки бо иштироки ходимони дин ироа гардид, саросар бо руҳияи баланди ватандӯстӣ ва равшангароӣ баён ёфта, асосан барои баланд бардоштани иқтисодиёти кишвар ва некӯаҳволии мардум бахшида шуда буд.

Мавриди зикр аст, ки ҳамаи дастурҳои раҳнамунсози Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба анҷом додани хайру саховат, дастгирии оилаҳои камбизоат, ятимону бепарасторон, сарфаю сариштакорӣ ва танзими маъракаву маросимҳо аз беҳтарин аҳкоми тарбиявии Қуръони карим ва ҳадисҳои набавӣ гирифта шуда, мақсад аз он ҳидояти мардум ба роҳи пурсаодати зиндагӣ мебошад. Дар мулоқот ҳамчунин чанд тан аз зиёиён ва олимону ходимони дин нисбат ба ҳадафҳои арзишманди Роҳбарияти давлату ҳукумати кишвар, иҷрои ҳатмии қонуну муқаррароти ҳуқуқӣ, инчунини дигар масъалаҳои мубрами ҷомеа андешаронӣ намуда, ҳамзамон ба нигарониҳо ва талаботи хайрхоҳонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзи ҳамовозию пуштибонӣ карданд.

Мулоқоти Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони аҳли ҷомеа ва ходимони дини кишвар бори дигар нишон дод, ки таваҷҷуҳи Ҷаноби Олӣ ба ин қишри ҷомеа беандоза мебошад. Бинобар ин, суханронии мазкур дар байни намояндагони аҳли ҷомеа ва ходимони дини кишвар ва аҳли зиёи ҷумҳурӣ ҳисси баланди қаноатмандиро ба миён овард.