Конференсияи илмӣ бахшида ба Рӯзи илм таҳти унвони “Саҳми илмҳои гуманитарӣ дар тақвияти тафаккури миллӣ”
Имрӯз дар толори Институти илмҳои гуманитарии ба номи академик Б. Искандарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Конфронси илмӣ бахшида ба Рӯзи илми тоҷик гузашт, ки дар он бо маърўзаҳои илмӣ директори ИИГ АМИТ доктори илми филология Қаландариён Ҳоким Сафар дар мавзуи “Илмҳои инсоншиносӣ ва инсонмеҳварии илм”, доктори илми филология Варќа Охониёзов дар мавзуи “Таҷассуми симои сулҳофари Пешвои миллат дар шеъри муосири тоҷик”, номзади илми таърих Шоинбеков Аловиддин дар мавзуи “Ањаммияти илми мардумшиносї дар таќвияти тафаккури миллї” ва ходими калони илмї Њаќназар Имомназар дар мавзуи “Мақоми тафаккури дунявӣ, инсонмеҳварӣ дар ҷаҳонбинӣ ва тафаккури миллӣ” суханронӣ намуда, арзиши калидии илму маърифат дар тақвияти тафаккури миллиро бо мисолҳои дақиқ пешниҳод намуданд. Бахусус, таъкид гардид, ки нақши аҳли зиё дар масъалаҳои пешгирии амалҳои хусусиёти террористиву экстримистӣ дошта, аз байнбарии хурофоту зиёдаравӣ, бегонапарастиву ифрот хеле калон ва муҳим буда, дар дуруст инкишоф додани ҷаҳонбинии насли наврасу ҷавонон зиёиён метавонанд амалан кумакҳои худро матраҳ созанд. Қайд гардид, ки оромиву сулҳу суботи ҷомеа аз фаъол будани зиёиёни он вобастагии зич дошта, афкори оқиланаи онҳо метавонад таъсир дар тафаккури миллӣ гузорад.
РӮЗИ ИЛМ барои ҳар як мутаффакиру зиёӣ ва ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ муборак бошад! Бигзор таффакури ҳар нафар ғанитар аз илму донишу маърифат гардаду дилҳоятон пур аз меҳру муҳаббати инсонӣ саршор гардад.