wrapper

Умед Мамадшерзодшоев Ходими илмии шуъбаи

таърих ва мардумшиносии  Институти илмҳои

Гуманитарӣ ба номи Б.И.Искандарови АМИТ

 

АБУ ҲАНИФА НӮЪМОН БИННИ СОБИТ – ПЕШВОИ АДОЛАТПАРВАР, АҚЛГАРО, ТАҲАММУЛГАРО ВА ИСЛОҲГАРИ ОЛАМИ ИСЛОМ

Имоми Аъзам Абуҳанифа Нӯъмон бинни Собит дар олами ислом яке аз машҳуртарин фақеҳон ва мутакаллимони бузурги ислом ба ҳисоб рафта,  дар миёни пайравонаш ҳамчун имоми адолатпар, ислоҳгар, таҳаммулгаро ва равшанфикр  шуҳрати беандоза дошта, ӯ поягузори мазҳаби ҳанафӣ- яке аз мазоҳиби чаҳоргонаи аҳли суннат ба шумор меравад ва пайравонашро мусалмонони мазҳаби ҳанафӣ меноманд.  

Тавре маълум аст, 9 марти соли 2024 дар шаҳри Душанбе мулоқоти Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини мамлакат баргузор гардид. Зимни ин мулоқоти пурмӯҳтавои худ Пушвои миллат Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи ҳозиринро ба бузургии таълимот ва фалсафаи Имоми Аъзам Абу Ҳанифа бинни Собит, ки ақидаҳои ӯ саршор аз афкори адолатпарварӣ ва таҳаммулгароӣ мебошанд, ҷалб намуданд:

“Мо ин иқдомотро ҳамчун идомаи корҳои анҷомдодаи гузаштагони некноми худ дар роҳи ҳифзу такомули арзишҳои эътиқодиву ахлоқии дини мубини ислом, поксозии он аз ҳама гуна хурофоту таассуб, ҳимоя аз тафриқаандозӣ ва пойдории асолати диниамон анҷом додем.

Зеро фарзанди фарзонаи миллати тоҷик Абӯҳанифа Нуъмон ибни Собит ё Имоми Аъзам поягузори бузургтарин мазҳаби таҳаммулгарои ислом аст, ки шумораи пайравонаш қариб 60 фоизи мусулмонони дунё, яъне беш аз нисфи эътиқодмандони дини исломро ташкил медиҳад.

Хотирнишон месозам, ки сабаби пайравони зиёд доштани мазҳаби ҳанафӣ дар ақлгароӣ ва таҳаммулгароии он буда, ба шароити ҳар давру замон, аз ҷумла замони муосир мутобиқат дорад ва инсонро ҳамчун беҳтарин мавҷуди офаридаи илоҳӣ дар мақоми бисёр баланд мегузорад.

Воқеан, дар замони муосир халқу миллатҳо бо роҳи омӯхтану ихтироъ кардани илму дониш ва техникаву технологияҳои муосир кӯшиш мекунанд, ки арзишҳои миллӣ, дастовардҳои фарҳангӣ ва озодиҳои шахсии худро дар паноҳи давлати соҳибистиқлоли хеш аз таҳдиди ҷаҳонишавии манфиатҳо ва суйиистифодаи арзишҳо ҳифз намоянд.

Пайравӣ аз ойини аҷдодиамон – мазҳаби ҳанафӣ яке аз воситаҳои муассири аз таҳдиду хатарҳо ҳимоя кардани фазои мафкуравии ҷомеаи мо дар шароити муосир мебошад”.

Дар ҳақиқат дар олами ислом мисли таълимоти Имом Абу Ҳанифа ақоиде вуҷуд надорад, ки таҳаммулгаро, ақлгаро ва сулҳофар бошад. Имом пайравонашро таъкид мекунад, ки онҳо бояд озодандеш бошанд. Фикри худро ҳангоми баҳсҳои мазҳабӣ озодона баён созанд.

Тавре аз иттилооти сарчашмаҳои таърихӣ ва осори муқаққиқон маълум мегардад, Имоми Аъзам илми фиқҳро инкишоф медод ва аз тамоми гӯшаву канори мамлакатҳои Шарқ шогирдон барои илмомӯзӣ ба назди ӯ меомаданд. Ҳангоми баргузории дарсҳо чунин ҳолат ҳеҷ гоҳ ба мушоҳида нарасида буд, ки Имом аз посух додан ба саволот шогирдон худдоррӣ намояд. Имом ба онҳо иҷоза медод, ки онҳо бояд дар бораи тамоми умуроти динӣ аз ӯ савол кунанд. Ва мегуфт: “Худовандо!  Агар дигарҳо аз мо тангдил мешаванд, дили мо барои онҳо фарох аст”. Муҳаққиқ Иноятуллоҳ Иблоғ дар китоби “Имоми Аъзам- Абу Ҳанифа ва афкори ӯ” мактаби Имоми Аъзамро бо мактаби Афлотун муқоиса мекунад ва менависад: “Афлотун бар дарвозаи мадрасааш навишта буд, касе бо илми ҳандаса ошно нест дохил нашавад”.  Вале Имоми Аъзам барои шогирдонаш чунин маҳдудиятро пеш намеовард. Ӯ дар назди шогирдонаш бо суханрониии қолабӣ баромад намекард, балки барои онҳо иҷоза медод, ки ҳангоми дарс онҳо бояд фикри худро озодона баён кунанд, доир ба масъалаҳои динӣ фикр кунанд ва агар чизеро нафаҳмиданд, аз устод суол кунанд. Аммо Афлотун баръакс ба шогирдон ҳангоми баҳс камтар имкон медод, ки онҳо аз ӯ суол кунанд. Афлотун танқидро низ кам меписандид. Имоми Аъзам бошад баръакс ба шогирдон таълим медод, ки ҳар як шогирд ҳуқуқ дорад ҳангоми дарс фикрашро рӯирост баён кунад. Ӯ мегӯяд, ки фикри ман як назария аст ва агар касе беҳтар аз он андешаеро баён кунад, ман онро қабул дорам. Аз ин ҷо маълум мегардад, Имоми Аъзам дар таълимоти фалсафиаш равиши хосеро пеш гирифта буд.

Бояд зикр кард, ки дар он давра низ дар кишварҳои Шарқ аз ҷумла арабӣ осори мутафаккирони Юнон нуфузи хеле зиёд пайдо карда буд. Вале Абу Ҳанифа фалсафаи Юнонро ҷонибдорӣ накард ва таълимоти ислом ва фарҳанги миллиро дар ҷои аввал мегузошт ва ба бегонапарастӣ роҳ намедод.Ба шогирдон таълим медод, ки мо бояд  мактаби худро дошта бошем.

Масъалаи дигари ҳассое, ки дар замони Абу Ҳанифа вуҷуд дошт, ин пайравӣ намудани мусалмонон  аз хурофотпарастӣ буд. Чуноне ки маълум аст дар он давра дар кишварҳои арабӣ ҷарайёнҳои исломӣ ба мисли муътазила, равофиз, хавориҷ ва дигарон вуҷуд доштанд, ки онҳо ақоиди ҳамдигарро қабул надошта, ҳамдигаррро бо куфр мутаҳам мекарданд. Дар натиҷа ин муборизаи идеологӣ онҳоро ба задухӯрд ва хунрезӣ оварда мерасонид. Имом Абӯ Ҳанифа бо ин гурӯҳҳо муборизаи беамон мебурд ва дар назди худ вазифа гузошт, ки дар миёни ин мазоҳиби тундрав сиёсати сулҳофариниро эҷод кунад, то ки  онҳо ҳамдигарро эҳтиром кунанд ва дар фазои дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ кор ва зиндагӣ намоянд. Масалан вақте ки Имом дар Куфа бо Ато ибни Рибоҳ вомехӯрад аз ӯ мепурсад аз куҷоӣ? Гуфт: Аз Куфа. Абӯ Ҳанифа гуфт: Аз мардуме, ки дар дини худ тафриқаҳо эҷод карданд. Гуфт: Бале. Ва Имом ин рафтори қабилаи Ато Ибни Рибоҳро мавриди интиқод қарор медиҳад.

Имоми Аъзам бо он фирқаҳои исломӣ, ки бо душманони ислом ва бегонагон бо ғарази эҷоди фасод ва фитнаи динӣ ҳамкорӣ мекарданд ва ин амалро ҳамчун васила барои расидан ба мароми  сиёсии хеш истифода мебурданд, муборизаи беамон мебурд. Зеро бар асари ин ихтилофот фирқаҳои исломӣ аз ҳамдигар ҷудо шуда, ҳадигарро бо куфр мутаҳам мекарданд. Имом пешниҳод мекард, ки дар ин муборизот гунаҳкоронро набояд ҷазо дод, балки онҳоро дар руҳияи инсонӣ тарбия кард хатогиии гунаҳкоронро рӯирост бояд гуфт ва ба онҳо бояд роҳи ростро нишон дод.

Яке аз паҳлӯҳои ҷолиби фалсафаи Имом Абӯ Ҳанифа ин буд, ки ӯ ба пешвоёни мазоҳиби исломӣ таълим медод, ки онҳо бояд ҳамдигарро эҳтиром кунанд, дар миёнашон иттиҳод бошад. Таърих ва фарҳанги гузаштаи худро инкор накунанд ва ҳамдигарро бо куфр мутаҳам насозанд. Кинаву адоватро як  сӯ гузошта, дар бандагии Худованд дӯсти ҳамдигар бошанд.

Хуллас Имоми Аъзам яке аз пешвоёни бузургтарини  олами ислом ба шумор меравад, ки ӯ дар миёни мусалмонон ҳамчун имоми адолатпарвар,ақлгаро, таҳаммулгаро ва ислоҳгар шӯҳрати беандоза дорад.