Боз як ибтикори бузурги Тоҷикистон дар сатҳи ЮНЕСКО
Як ҳафта пеш дар таърихи 5 то 8-уми июни соли 2024 дар толори ЮНЕСКО як руйдоди фарҳангии хотирмон барои кулли дӯстдорони як шахсияти бузурги умумиҷаҳонӣ Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ ва осори ӯ таҳти унвони “815 сол бо Мавлоно” гузашта буд. Дар доираи ин руйдоди фарҳангӣ рӯзи охирон Конфресияи байналмилалии илмӣ-назариявӣ таҳти унвони “Осори Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ “Мавлавӣ” ва саҳми ӯ дар тавсияи фарҳанги ҷаҳонӣ” баргузор гардид. Хотирмон барои кишварамон ин руйдод аз он ҷиҳат аст, ки он маҳз бо ибтикори Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамкории бахши омӯзишӣ, илмӣ ва фарҳангии Созмони Миллали Муттаҳид (ЮНЕСКО) ва Анҷумани Рӯдакӣ дар Париж баргузор гардида буд.
Маълум аст, ки баргузор намудани чорабинӣ дар сатҳи ЮНЕСКО ин ташкил ва гузаронидани чорабиние мебошад, ки ба миссия ва ҳадафҳои Созмони Милали Муттаҳид оид ба маориф, илм ва фарҳанг (ЮНЕСКО) мувофиқ бошад ва ба пешбурди ҳамкориҳои байналмилалӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ дар соҳаҳои марбут ба ваколатҳои ЮНЕСКО нигаронида шуда бошад. Чунин чорабиниҳо маъмулан иштирок ва фарогирии кишварҳо ва фарҳангҳои гуногунро дар назар доранд. Ҳадафи асосии чунин чорабиниҳо баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ аз масъалаҳои глобалӣ, табодули дониш ва таҷриба, рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ ва тарғиби арзишҳои ЮНЕСКО мебошад. Аз ин ҷиҳат, боиси фахр аст, ки маҳз бо ибтикору пешниҳоди кишвари азизамон Тоҷикистон бузургдошти шахсияте, ки диду бинишаш боиси тағйири фаҳму бардошти масъалаҳои гуногуни маънавӣ аз тарафи инсонҳо дар тӯли қарнҳо аст, дастгирӣ ва амалӣ гардид.
Ташкили чорабиниҳо дар сатҳи ЮНЕСКО риояи стандартҳои баланди банақшагирӣ ва иҷроиш, таъминоти моддӣ ва коммуникатсияи сатҳи байналмилалиро талаб мекунад. Яъне амалӣ намудани тамоми ҷанбаҳои чорабинӣ, аз интихоби макони баргузории чорабинӣ то таҳияи барнома ва даъвати иштирокчиён ва фароҳам овардани тамоми шароитҳо барои онҳо, дастгирии самараноки иттилоотӣ барои чорабинӣ, аз ҷумла маркетинг, фиристодани даъватномаҳо, ҳамкорӣ бо матбуот ва пешниҳоди фикру мулоҳизаҳо ба иштирокчиён ва байни онҳо бояд ба талаботи ЮНЕСКО ҷавобгӯ бошанд. Аз ин ҷиҳат ҳам метавон гуфт, ки ба намояндагони Тоҷикистон муяссар гардид, ки ҷараёни баргузории чорабинро дар сатҳи мувофиқ буданаш ба стандартҳои ЮНЕСКО гузаронида, дар давоми чор рӯз як ҳамоҳангиву ҳамдигарфаҳмӣ байни иштирокчиёнро таъмин намоянд.
Боиси фахр буд, ки баромадкунандагон аз 14 кишвари ҷаҳон қабл аз пешниҳоди маърўзаи илмиашон, ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Президенти кишварамон Эмомалӣ Раҳмон арзи сипос ҷиҳати муҳайё намудани чунин як платформаи илмӣ дар сатҳи ЮНЕСКО барои мубодилаи афкор байни олимону румишиносон карданд. Чун қарорҳои дар чунин сатҳ пазируфта эътибору арзиши хосае касб мекунанд ва яке аз чунин пешниҳодҳо, ки дар охири конфроси байналмилалии бахшида ба 815 - солагии Ҷалолиддини Балхӣ ироя гардид, ном ниҳодани рӯзи мавлуди ин мутаффакиру адиби барҷаста “эњтиром ба дигарӣ” буд, ки алъон ин пешниҳод дар вазъияти баррасӣ қарор дорад.
Ҳамчунин боиси фахр аст, ки дар миёни олимони 14 давлати ҷаҳон олимони Ҷумҳурии Тоҷикистон низ бо маърӯзаҳои илмӣ иштирок варзида, илми тоҷикро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ намуданд, ки ин бори дигар шаҳодат аз рушди устувори илму маорифи кишварамон медиҳад.
Институти илмҳои гуманитарии ба номи академик Б. Искандарови АМИТ-ро дар ин чорабинии сатҳи байналмилалӣ номзади илми филология, ходими калони шуъбаи забонҳои помирӣ, муовини директор оид ба илм ва таълими Институт Некушоева Шаҳло Саиднуриддиновна бо маърӯзаи илмӣ таҳти унвони “Тағайюри руҳии Мавлонои Рум ва масъалаи “ваҳдат” дар ашъори ӯ” намояндагӣ карданд.