wrapper

Умед Мамадшерзодшоев -

ходими илмии шуъбаи таърих,

бостоншиносӣ ва мардумшиносии

ИИГ АМИТ

 

РУШДИ ИЛМ ДАР МАЪРАЗИ ДИҚҚАТИ ДАВЛАТ

       Рушди илм ва техника дар инкишофи соҳоти гуногуни ҳар як давлат нақши калидӣ мебозад. Зеро ин қудрати илм аст, ки тавассути он паҳлӯҳои мухталифи зиндагии аҳли ҷомеа инкишоф дода мешавад. Ба ин хотир  Ҳукумати мамалакат бо сарварии Пешвои миллат, Ҷаноби олӣ, Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолии кишвар дар мадди аввал ба рушди илми тоҷик диққати аввалиндараҷа дода онро ҳаматарафа маблағгузорӣ карда истодааст.

       Тавре маълум аст, 30 майи соли 2024 дар шаҳри Душанбе мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли илм ва маорифи кишвар баргузор гардид, ки сархати онро суханони Пешвои миллат оиди он ки илми тоҷик ҳамеша таҳти назорат ва ҳимояти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дораду ҳамеша дастгирӣ мешавад, иборат аст: “Маблағгузорӣ ва ҳавасмандсозиҳои дигари давлатӣ барои соҳаи илм яке аз масъалаҳои асосӣ мебошад, ки Ҳукумати мамлакат ба он таваҷҷуҳи ҳамешагӣ зоҳир менамояд ва онро бо дарназардошти имкониятҳои буҷет сол ба сол зиёд карда истодааст”.

       Бешак, қобили таъкиди махсус он нукта аст, ки маблағгузории соҳаи илм танҳо дар соли 2024-ум ба 225 миллион сомонӣ расонида шуд, ки назар ба соли 2023-юм 45 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Масалан, маоши миёнаи кормандони Академияи миллии илмҳо соли 2003-ум ҳамагӣ 45 сомонӣ буд ва соли 2023 он ба 2438 сомонӣ расонида шуд, яъне қариб 54 баробар афзоиш дода шуд.

       Аз моҳи июл дар баробари дигар соҳаҳо маоши кормандони илм боз 40 фоизи дигар зиёд карда мешавад”.

      Пешвои миллат махсус таъкид намуданд, ки ҳарчанд Ҳукумати Тоҷикистон барои соҳаи илм шароити мусоидро фароҳам овардааст, вале мутаассифона дар системаи он ҳанӯз баъзе норасоиҳо ҷой доранд: “Таъкид месозам, ки сатҳи нисбатан пасти самаранокии фаъолияти кормандони Академияи миллии илмҳо яке аз масъалаҳои ташвишовари соҳаи илми кишвар мебошад”. Агар мо ба бахши тарбияи насли нави олимони ҷавон ва рушди илмии онҳо назар андозем, ба суханони Роҳбари кишвар дар хусуси он ки “сабаби сари вақт ҳимоя накардани ҷавонон ин бетарафӣ ва камтаваҷҷуҳии роҳбарони куҳансол нисбат ба шогирдон”-ро пурра тарафдорӣ менамоем. Тавре Пешвои миллат мефармоянд:“Дар ин ҷо саволе ба миён меояд, ки барои чӣ баъзе устодону олимони номдори мо дар муддати беш аз панҷоҳ соли фаъолияти илмии худ ақаллан чор-панҷ шогирди сазовор тарбия накардаанд?

       Аз ин лиҳоз, ба ҷойи дастгирӣ кардани ҷавонон нисбат ба онҳо кӯтоҳбиниву тангназарӣ зоҳир намудан кори тамоман нодуруст мебошад”.

       Ин суханони сарвари кишвар олимонро вазифадор месозад, ки ба ин масъала таваҷҷуҳ зоҳир намуда, сабабҳои ин равандро ошкор созанд.

       Ба андешаи мо сабаби дигари ин норасоӣ паст будани сифати рисолаҳои илмии унвонҷӯён мебошад ва дар ин нукта низ ба суханони Пешвои миллат дар хусуси он ки: “... вобаста ба мубрам будан ё набудани мавзуъҳои таҳқиқотӣ, сифати корҳои илмӣ, натиҷаҳои бадастовардашуда ва аҳаммияти амалӣ, яъне татбиқи онҳо дар истеҳсолот ҷой доранд” ҳамовоз мегардем.

       Пас барои бартараф намудани тамоми норасоиҳои аз ҷониби Сарвари мамлакат қайдгардида чӣ бояд кард? Ба андешаи ман ба ҳар як норасоию камбудии қайдгардида дар пажуҳишгоҳҳо ва донишгоҳҳо чораҳои фаврӣ андешида, диққати лозима дода шавад:

  1. Ба тайёр намудани аспирантон ва унвонҷӯён аз ҷониби роҳбарони илмӣ диққати ҷиддӣ дода шавад. Ҷавононе, ки шавқи олим шудан надоранд, набояд ба кори илмӣ ҷалб карда шаванд. Он ҷавононе, ки пазируфта мешаванд, роҳбарон бояд дар муҳлати муайяншуда онҳоро барои ҳимоя омода созанд ва ба роҳи илм ҳидоят намоянд.
  2. Дар бинои пажуҳишгоҳҳо бояд китобхонаҳо (бахусус китобхонаи электронӣ) ва бойгонии илмӣ таъсис дода шавад, то ин ки унвонҷӯй, аспирант ё доктору номзад китоб ё маводи илмии худро ба зудӣ пайдо намуда, барои таҳқиқоти худ истифода баранд. Зеро имрӯз на ҳар як пажуҳишгоҳ бойгонӣ ва китобхонаи зарурӣ дорад.
  3. Тамоми пажуҳишгоҳҳо ва мутахассисон бояд барои анҷом додани кори илмӣ аз компютерҳои замонавӣ, принтерҳо, дурбини аккосии рақамӣ, диктофонҳо, барномаи антивирус ва дигар лавозимоти навиштафзор таъмин карда шаванд. Имрӯз на ҳамаи пажуҳишгоҳҳо бо ин лавозимот таъмин мебошанд.
  4. Барои мусофиратҳои таҳқиқотӣ ба ноҳияҳо барои кормандон маблағи зарурӣ ҷудо карда шавад. Зеро тавре мушоҳида мекунем, ба сабаби ҷамъоварӣ накардани маводи илмӣ-таърихӣ аз миёни мардум, сол то сол ин маводи муҳим аз байн меравад.
  5. Мо бояд аз системаи илмии кишварҳои пешрафта ба мисли кишварҳои Аврупо, Амрико, Ҷопон, Туркия, Ҳиндустон ва дигар давлатҳои пешрафта пайравӣ намоем. Ки ин давлатҳо ба тайёр намудани кадрҳои илмӣ диққати аввалиндараҷа медиҳанд.
  6. Пажуҳишгоҳҳо бояд кормандони илмии худро барои омӯхтани таърих, адабиёт, фолклор, осори мардумшиносӣ, фарҳанг ва санъат ба минтақаҳои мухталифи кишвар сафарбар намоянд, то фарҳанги ҳамдигарро омӯхта, дар ин замина асарҳои пурарзиши илмиро таълиф намоянд.
  7. Кормандони илмии болаёқат, ки забонҳои хориҷиро ба дараҷаи кофӣ медонанд, барои таҷрибаомӯзӣ ба Донишгоҳҳои пешрафтаи дигар давлатҳо фиристонда шаванд.

       Дар сурати ба назар гирифтану таснифу таҳлил гардидани дархосту пешниҳодот, ки аз ҷониби пажӯҳишгарони кишвар иброз мегарданд, метавон сифат ва самаранокии корҳои илмиро ба нафъи илми тоҷик баланд бардошт.