wrapper

Назаршоева Чилла, мудири шуъбаи забонҳои помирии

Институти илмҳои гуманитарии ба номи академик

Б. Искандаров, номзади илмҳои филологӣ

 

РОҲИ  ИЛМРО БА ХОТИРИ РУШДИ КИШВАР БОЯД ИНТИХОБ НАМУД

 

      Мулоқоти имсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли илму маориф аслан тамоми самтҳои бурду бохти илми кишварро дар 30 - соли Истиқлолият матраҳ намуда, ба дарёфти роҳҳои ҷавобгў будани илми тоҷик ба талаботи замони муосир аз ҷониби олимону аҳли маориф нигаронида шуда буд.

      Сарвари давлат изҳор намуданд, ки роҳбарияти давлату Ҳукумати кишвар ба ин ду ҷанбаи меҳварии ҷомеа: ба илму маориф ҳамчун ба яке аз омилҳои асосии рушду пешрафти кишвар ва ба олимон ҳамчун ба захираи бузурги зеҳнии ҷомеа таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир менамояд.

      Аксаран, ҳар як давлат мехоҳад, ки аҳолии он соҳибмаълумот ва дорои сатҳи баланди зеҳнӣ бошад, алалхусус ҷавонон, ки нерўи тақвиятдиҳандаи рушду пешрафти ҷомеа ва давлат ҳастанд, бояд аз силоҳи илмию маърифатӣ пурқувват бошанд. Зеро танҳо равиши илмӣ имкон медиҳад, ки тағйироти беҳтаре ба вуҷуд оварда шавад ва ба он дар навбати аввал бояд ҷавонони аз нигоҳи илмӣ камолёфта саҳмгузор бошанд.

      Дарвоқеъ, имрўз ҷавонони тоҷик кўшиш ба харҷ медиҳанд, ки ҳарчӣ бештар аз нуфузу арзишҳои пешқадами фарҳангию маънавӣ ва дастовардҳои беназири илмию техникии давлатҳои пешрафта, ба хусус, технологияи муосири коммуникатсионию дастовардҳои мутамаддин бархӯрдор бошанд ва худашон низ дар ин ҷараён ҳиссагузор бошанд. Вале таҷриба нишон медиҳад, ки насли ҷавони муосир, бахусус ҷавонписарон ба илм чандон майл надоранд ва бисёре аз хатмкунандагони донишгоҳҳову донишкадаҳои олии кишвар баъди хатми мактабҳои олӣ қисме агар ба тиҷорату савдо машғул гарданд, қисми дигарашон ҳатман рў ба муҳоҷирати меҳнатӣ меоранд. Ҳатто агар баъди хатми бакалавриат дар зинаи магистратура таҳсилашонро идома бахшанд ҳам, он ҳам танҳо ба хотири гирифтани дипломи дараҷаи олӣ ҳаст, на машғул шудан ба илму пеш бурдани корҳои илмӣ -таҳқиқотӣ дар самти муайяни касбӣ.

     Ва шояд сабаби ин падида он бошад, ки онҳо медонанд, ки пеш гирифтани роҳи илм кори заҳматталабу пурмашаққат аст ва барои қисмати дигар он душвору дилгиркунанда ба назар мерасад. Вале бояд иқрор шуд, ки дар байни ҷавононе, ки шояд бо сабабҳои мухталифе ҳанўз ба ҷаҳони илм ворид нашудаанд, потенсиалҳои бузургро метавон дарёфт кард. Ва вазифаи муассисоти олӣ низ аз он иборат аст, ки бояд усулу воситаҳоеро пайдо намоянд, ки чунин ҷавонони боистеъдодро ба илм ҳидоят намоянд, ба таври дигар гўем муассисаҳои олӣ дар маъмулгардонии илми муосир дар байни ҷавонон бояд саҳим бошанд.

      Аз ин рў дар ниҳоди шогирдон ташаккул додани майлу рағбат ба илм ва корҳои илмӣ-тадқиқотӣ бояд аз курсии донишҷўӣ бо раҳнамоиву ҳидояти омўзгор - роҳбар замина гузошт ва минбаъд низ ин анъана дар зинаҳои дигари омўзиш: магистратура, аспирантура ва докторантура бо ҷиддияту азму иродаи қавӣ идома ёбад.

     Дар ин масоил мо бояд давомдиҳандаи анъанаи “мактаби устоду шогирд”-ро маҳз аз курсии донишҷўӣ бошем. Сарвари давлат ба ин масъала ишора карда, изҳори норозигӣ аз он карданд, ки «барои чӣ баъзе устодону олимони номдори мо дар муддати беш аз панҷоҳ соли фаъолияти илмии худ ақаллан чор-панҷ шогирди сазовор тарбия накардаанд» ва таъкид карданд, ки ин анъана қарзи ҳар як олими соҳа аст, ки дар назди шогирдони худ бояд онро адо намоянд: «Ба ақидаи ман, идома додани мактаби устоду шогирд дар ҳамаи касбу корҳо ва махсусан дар соҳаи илм қарзе мебошад, ки онро ҳар як олими собиқадору соҳибтаҷриба дар назди шогирдони худ бояд адо намояд». Ин суханони Пешвои миллат ҳақиқати таърихро нишон медиҳанд, зеро ки миллати куҳанбунёди тоҷик ҳанӯз аз замонҳои қадим дар хусуси ин масъала соҳиби анъанаи тўлонии чандинасра ҳаст.

     Масъалаи дигаре, ки Пешвои миллат ба миён гузоштанд, ин муносибати олимон, бахусус олимони ҷавон роҷеъ ба бетаваҷҷуҳӣ намудан ба унвони илмии сазоворгаштаашон мебошад. Дар ин ҷо саволе ба миён меояд, ки оё ҳамаи он кормандони илмие, ки сазовори унвони олим гардидаанд, дар рушд ва такомули минбаъдаи илм саҳмгузор ҳастанд? Дар мадди аввал мо – олимони ҷавон бояд ба худ савол диҳем, ки мо то кадом дараҷа илмро рушд медиҳем, агар давомнокии онро бо ҳимояи рисолаамон ба охир мерасонем, ё ки агар мо ба илм танҳо ба хотири манфиати худамон ва гирифтани унвони илмӣ ворид мегардем, ё ки бо ин роҳ мо танҳо барои талоши мавқеъеро дар ҷомеа гирифтан ҷӯё мешавем. Инҳо саволҳои кушодае ҳастанд, ки ҳар яки мо – олимон бояд дар атрофи онҳо тафаккур намоем ва аниқу устувор  посух дода тавонем, ки интихоби мо аз роҳи илм пешрафту рушди он аст. Илм дар ҳамон вақт рушд мекунад, агар ҳар як олим бо тамоми вуҷудаш ба он ворид шаваду онро дўст дорад ва давлату Ҳукумати кишвар дар навбати худ барои дастгириву ҳавасмандкунии олимони ҷавон роҳу воситаҳоро муҳайё намояд.

     Боварӣ дорем, ки баъди мулоқоти Пешвои миллат бо аҳли маорифу илм мо - олимони ҷавон масъулияти олимии худро бештару бештар дарк намоему дар рушди илми тоҷик корҳою дастовардҳои муфиду назаррасро анҷом диҳем. Зеро роҳи  илмро танҳо ба хотири рушди кишвар бояд интихоб намуд.