Форуми ҷумҳуриявии сайёҳии “Бадахшон дарвозаи тиллоии Тоҷикистон”
Имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Форуми ҷумҳуриявии сайёҳии “Бадахшон дарвозаи тиллоии Тоҷикистон” гузашта буд, ки кори Панели 3-и он таҳти унвони “Нақши ёдгориҳои таърихии ВМКБ дар ҷалб ва рушди сайёҳӣ” дар толори Институти илмҳои гуманитарии ба номи академик Б. Искандарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикситон таҳти роҳбарии директори Институт доктори илмҳои филологӣ Қаландариён Ҳоким Сафар амалӣ гардид. Зимни сухани ифтитоҳии худ Қаландариён Ҳоким Сафар таъкиди махсусе бар он доштанд, ки баррасӣ ва ҳифзи мероси фарҳангӣ, аз ҷумла ёдгориҳои таърихӣ яке аз шартҳои зарурии пешгирии раванди хароб ва нобуд гардидани мероси фарҳангӣ ба шумор меравад ва ин ёдгориҳои сершумори таърихиву фарҳангӣ дар саросари кишвари азизамон гувоҳ бар миллати бостониву қадима ва соҳибтамаддун будани тоҷикон мебошанд.
Дар кори Панели 3-и Форуми мазкур вазифаи мадиратори онро муовини аввали Агентии ҳифзи мероси фарҳангӣ ва таърихии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафолзода Комрон Муҳаммад бар уҳда дошта, дар мавзуи «Ҳифзи ёдгориҳои бузурги таърихӣ дар шоҳроҳи Абрешим аз қадим то ба имрўз» маърўзаашро баррасӣ кард. Ҳамчунин мутахассисони соҳа: Шоинбеков А. н.и.т. дар мавзуи «Нақши ёдгориҳои таърихии ВМКБ дар рушди сайёҳии дохилӣ», н.и.т. Аламшоев Қ. дар мавзуи «Қалъаҳои куҳани Бадахшон макони бузурги ҷалби сайёҳон ва манбаи беҳсозии вазъи иҷтимоӣ ва иқтисодии маҳалҳо (дар мисоли қалъаи Вомари ноҳияи Рўшон)», н.и.геог. Симоилбек А.М. дар мавзуи «Самаранок истифодабарии захираҳои таърихиву фарҳангии ВМКБ дар рушди соҳаи сайёҳӣ», муаллими калони кафедраи фалсафа ва сиёсатшиносии ДДХ ба номи М. Назаршоев Мирзоазизов М. дар мавзуи «Рушди сайёҳӣ дар тавоноӣ ва ҷозибаҳои таърихию табиии водии Вахон» баромад намуданд.
Дар ҷамъбасти Панели 3-юми Форуми ҷумҳуриявии сайёҳии «Бадахшон дарвозаи тиллоии Тоҷикистон» таҳти унвони «Нақши ёдгориҳои таърихии ВМКБ дар Ҷалб ва рушди сайёҳӣ» оид ба ҳифзу таҷдиди ёдгориҳои таърихии ВМКБ пешниҳодҳои мушаххас ироа гардиданд.