wrapper

17.09.2024

КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМӢ-АМАЛӢ БАХШИДА БА 90-СОЛАГИИ ПРОФЕССОР ОЛУБОЛУ БОҚИЕВ

      Имрӯз дар Институти илмҳои гуманитарии ба номи академик Б. Искандарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба 90-умин солгарди таърихнигори мумтоз, муҳаққиқи нуктасанҷу олими маъруфи тоҷик устод Олуболу Боқиев конференсияи илмӣ-амалӣ таҳти унвони “О. Боқиев - таърихнигори барҷастаи тоҷик” доир гардид.

     Зимни суханронии ифтитоҳӣ директори Институти илмҳои гуманитарии Қаландариён Ҳоким Сафар таъкид бар он доштанд, ки конфронси имрӯза ба хотири гиромидошти ёдбуди муаррихи барҷастаи тоҷик Боқиев Олуболу Боқиевич баргузор гардидааст, ки осори ӯ як ҷузъи ҷудонашавандаи китобхонаи илмии ҳам Институтамон ва ҳам китобхонаҳои ҷумҳуриявӣ гардидаанд. Тадқиқоти ӯ ба таҳқиқи самтҳои мухталифи таърихи Тоҷикистон, аз ҷумла вазъияти иҷтимоӣ ва иқтисодии Тоҷикистон то давраи пеш аз инқилоб, ҳамроҳшавии Осиёи Миёна ба Россия ва таҳқиқотҳо дар таъриху таърихнигории тоҷикон бахшида шуда, ба рушди соҳаи таърихи ватанӣ таъсири калон расонидаанд.

    Дар кори конференсия ба ҳайси намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон муовини Раиси ВМКБ Абдулназарзода Абдулназар Абдулқодир иштирок варзида, зимни сухани табрикотии худ қайд намуданд, ки чунин олимони варзида ба амсоли О. Боқиев бо осори таърихии худ ҷойгоҳи махсусеро дар қатори таърихнигорони варзидаи тоҷик ишғол намудаанд.

      Дар кори конференсия олимони Институти илмҳои гуманитарии ба номи Б. Искандарови АМИТ н.и.т. Д. Ниёзбеков, н.и.т. Қаландаров Т.С., д.и.филол. Офаридаев Н., н.и.т. Алимшоев М. ва ходими илмии шуъбаи таърих Карамова И. бо маърузаҳои ҷолиб дар бораи Олуболу Боқиев ва саҳми ӯ дар таърихнигории тоҷик баромад намуданд.