06.09.2024
КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМӢ-АМАЛӢ ДАР ИНСТИТУТИ ИЛМҲОИ ГУМАНИТАРИИ БА НОМИ АКАДЕМИК Б. ИСКАНДАРОВИ АМИТ ИСТИҚЛОЛИЯТ – РОҲ БА СӮИ ТАРАҚҚИЁТ
Имрӯз дар толори Институти илмҳои гуманитарии ба номи академик Б. Искандарови АМИТ Конференсияи илмӣ-амалӣ бахшида ба 33-юмин солгарди Истиқлолияти Тоҷикистон таҳти унвони “Истиқлолият – роҳ ба сӯи тараққиёт” баргузор гардид.
Зимни сухани ифтитоҳӣ ва табрикотии худ директори ИИГ АМИТ, доктори илмҳои филологӣ Қаландариён Ҳоким Сафар таъкид бар он доштанд, ки Истиқлолият на танҳо мақоми сиёсии давлатро инъикос мекунад, балки он маҷмуи омилҳоест, ки рушди дохилию берунии давлатро муайян месозад. Ҳамзамон афзуда шуд, ки Истиқлолият ба ташаккул ва таҳкими ҳувияти миллӣ, ваҳдату ягонагии мардум ва ифтихор аз кишвари худ мусоидат намуда, барои рушди фарҳангу забон ва анъанаҳо заминаи мусоид фароҳам меорад.
Дар кори конфронс олимони Институт профессор Офаридаев Назрӣ бо маъруза таҳти унвони “Рушди забони давлатӣ дар даврони соҳибистиқлолии кишвар”, номзади илмҳои таърих Аламшоев Қурбониддин бо маъруза таҳти унвони “Сиёсати фарҳангии давлати Тоҷикистон дар солҳои Истиқлолият” ва докторант (PhD)-и ИИГ АМИТ Ҷумъахонов Гулша бо маъруза таҳти унвони “Дастовардҳои иқтисоди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолӣ” баромад намуданд. Дар умум қайд гардид, ки беҳтарин натиҷаҳои мусбии Истиқлолияти давлатамон инҳо ташаккули давлатдорӣ, таҳкими ҳувияти миллӣ, рушди гидроэнергетика, ҷалби сармоя, навсозии иктисодиёт, баланд бардоштани дараҷаи зиндагонӣ, мустаҳкам намудани демократия мебошанд.