Навидҳои рӯз

- Душанбе, 18 Март 2024
ТАНОСУБИ ИЛМУ ДИН, АҚЛУ ИМОН ВА ҲИКМАТУ ЗУҲД
Варқа ОХОННИЁЗОВ, доктори илмҳои филологӣ, сарходими шуъбаи фолклор ва адабиёти Бадахшони ИИГ ба н. Б.Искандарови АМИТ
ТАНОСУБИ ИЛМУ ДИН,
АҚЛУ ИМОН ВА ҲИКМАТУ ЗУҲД
(Дарунмояи суханони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрӣ бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини мамлакат. Душанбе, 9-уми марти с. 2024)
Таҳлил, таълим, таъкид ва дархосту пешниҳодҳое, ки аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрӣ бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини мамлакат иброз гардиданд, бори дигар собит месозанд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роҳи дуруст ва рости рушд қарор дорад. Тоҷикистон дар роҳе қарор дорад, ки дар он имрӯз кулли имконот барои тавозуни ҳаёти дунявӣ ва тақвияти руҳонӣ вуҷуд дорад. Муҳтавои сухани Пешвои муаззами миллат маҳз ҳамин ҷанбаро дар назар дорад ва ҷомеаи мо бояд ба он тамаркуз кунад. Ин он ҷанбаест, ки гузаштагони миллати сарафрози мо онро дар тӯли тамоми таърих, аксаран дар ҳоле, ки умед ба оянда ҳам мавҷуд набуд, талқин менамуданд. Дин худ илм аст ва аз илм ҷудо нест, ақл ҷузъи эътиқод аст ва зуҳд бояд бар ҳикмат асос ёфта бошад – ин буд таълиму таъкиди бузургони миллат то ба даври мо ва ин аст таълиму таъкиди Пешвои миллат барои мо ва ояндагони мо!
Президенти муҳтарами мамлакат сухани хешро аз таҳнияти ҳамватанони дохилу хориҷи кишвар бо фарорасии моҳи шарифи Рамазон оғоз намуданд ва бар он таъкид доштанд, ки “моҳи шарифи Рамазон – моҳи парҳезгориву эҳсонкорӣ, хайру садақот, бахшиши гуноҳҳо ва поксозии зоҳиру ботин” аст. Дар идомаи суханашон Пешвои миллат аз “ҳикмати парҳезгориву рӯзадорӣ” ёдрас гардиданд, ки “танҳо дар тарки хӯрдану ошомидан маҳдуд намегардад, балки ин моҳи муборак барои мусулмонон василаи эътиқодии муҳим ҷиҳати анҷом додани корҳои хайру савоб, амалҳои писандида, дасту забони пок доштан, гузашт кардану бахшидан, бо сабру таҳаммул будан ва дигар хислатҳои ҳамидаи инсонӣ маҳсуб мешавад”.
Чун як фарди мусалмон ва ҳамчун як марди хирад, Сарвари давлат бо такя ба ояҳои қуръонӣ ва аҳодиси набавӣ аз аъмоли хайр ва баракоти садақаву назр ёдовар шуданд. Дар ҳамин замина буд, ки Пешво офарину сипоси худ ва мардуми Тоҷикистонро ба фарзандоне, ки дар тӯли беш аз сӣ соли соҳибистиқлолии кишвар сиёсати иҷтимоиву иқтисодии давлату Ҳукуматро бо саховатмандии хеш дастгирӣ намуда, “то имрӯз ҳазорон мактабу кӯдакистон, беморхонаву бунгоҳҳои тиббӣ, роҳу пулҳо, коргоҳу корхонаҳои саноатӣ ва дигар иншооти таъиноти иқтисодиву иҷтимоӣ бунёд карда, садҳо ҳазор сокинони мамлакатро бо ҷойи корӣ таъмин намуданд, ҳар сол чор – панҷ маротиба ба оилаҳои ниёзманд ва ятимону маъюбон кумак расониданд ва ҳоло боз бисёр корҳои хайру савобро амалӣ карда истодаанд”, иброз намуданд. Бо ин гуфтаҳояшон Сарвари давлат ҳикмати андешаи некро дар амал манзур сохтанд, ки волотарин намунаи таносуби андеша ва амали хайр ба шумор меояд.
Президенти кишвар, ҳамчун як фарди ҷаҳони муосирро бо тамоми чолишҳо ва имкониятҳояш мушоҳидаву дарккунанда, роҳи имрӯзу ояндаи Тоҷикистонро дар таносуби илму дин, ақлу имон ва ҳикмату зуҳд мебинанд. Ҷои зикр аст, ки чунин мушоҳида, чӣ дар гузашта ва чӣ дар замони муосир, танҳо хоси бузургтарин шахсиятҳои ҷаҳонӣ буду ҳаст ва мутаассифона, аксари намояндагони илму дину ақлу имону ҳикмату зуҳд ҳар яке ба пову роҳи худ равонанд. Аз ин рӯ, рисолати Пешво ба ҳам овардани ҳар ин се ҷуфти мафҳуми дарки дунё ва дин дар Тоҷикистон мебошад, ки Истиқлоли кишвар барои он заминаи мустаҳкам ва васеъро фароҳам овардааст. Инро Пешвои миллат чунин арзёбӣ мекунанд: “Бори дигар такрор менамоям, ки ин ҳама аз баракати муқаддастарин неъмати зиндагии халқамон – истиқлолу озодӣ ва дунявӣ будани давлатамон аст, ки барои пайравони ҳамаи динҳо имкониятҳои баробар ва шароити озоду созгори эътиқодиро фароҳам овардааст”.
Таъкиди ҳамешагии Пешвои миллат бар он аст, ки мардуми мо, пеш аз ҳама, бояд аз арзишҳои миллии хеш дар рӯёрӯйи зуҳуроти номатлуби муосир дифоъ ва истифода намояд. Ин таъкиди батакрор ҳикмате дар замир дорад, зеро маҳз арзишҳои миллӣ, забону фарҳанг ва суннату маросими гузаштагони мо буданд, ки миллатро дар тӯли таърих аз ҳар гуна вартаи ҳалокат наҷот дода, то ба имрӯз оварда расонданд. Воситаи наҷоти миллат ҳамоно ҳикмату хираду таҳаммулу ақлу имони дар ин суннатҳо қолабу таҳкимёфта буданд. Таваҷҷуҳ мекунем ба ин гуфтаҳои Пешвои миллат дар хусуси ҷашнҳои аҷдодӣ ҳамчун ҷузъи фарҳанги миллӣ: “Мардуми мо, ҳамчунин, имкон пайдо намуданд, ки расму ойинҳои миллӣ ва маросиму идҳои динӣ – ҷашнҳои Наврӯзу Меҳргон, Тиргону Сада ва идҳои Рамазону Қурбонро ҳамчун ҷузъи фарҳанги миллӣ эҳё карда, онҳоро бо иштироки озодонаи хурду бузурги мамлакат ва бо ифтихор аз таърихи беш аз шашҳазорсолаи миллати тоҷик таҷлил намоянд”.
Пешвои миллат ҳангоми суханронии хеш пайваста аз низоми дунявии давлат, ки таъмини озодии виҷдон дар он мақоми худро доро мебошад, ёдрас мешуданд. “Низоми дунявӣ” гуфта, Президенти кишвар маҳз ба мақоми конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ишора дорад, ки дар Моддаи 1-и Қонуни асосии кишвар ба ин тавр сабт шудааст: “Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад... Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ буда, барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меорад”.
Озодии виҷдон бошад имкониятҳоеро дар назар дорад, ки тавассути онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон аз ҳуқуқу манфиатҳои динӣ, эътиқодӣ ва мазҳабии хеш озодона истифода менамоянд. Инро Президенти муҳтарами кишвар чунин иброз доштанд: “Танҳо соҳибистиқлолӣ ва низоми дунявии давлатамон имкон фароҳам овард, ки миллатҳои гуногун ва пайравони дину мазҳабҳои мухталиф дар кишварамон фаъолияти динию эътиқодии худро дар доираи муқаррароти Конститутсияи мамлакат ва қонунгузории амалкунанда озодона анҷом диҳанд”.
Асли таълими ислом хондану илм андӯхтан ва тавассути имони холис дарк намудани Офаридгори хеш аст, на сиёсат. Вале ҷаҳони мураккаби имрӯза ва тарғиби ғалатбинонаю ғалатандози бархе аз исломбадбинони олам онро аз аслаш дур сохта сиёсатзада мекунанд. Роҳ ва вазифаи моро дар ин ҷода нишон дода, Президенти кишвар вазифагузорӣ менамоянд: “Дар вазъияти мураккаби ҷаҳони муосир мо вазифадорем, ки ба хотири ҳифзи истиқлолу озодӣ ва амнияти давлату ҷомеа дар баробари риояи талаботи қонунҳои давлати дунявӣ ба арзишҳои динӣ оқилона муносибат намуда, ҳам арзишҳои созандаи дини исломро ҳифз намоем ва ҳам пеши роҳи паҳншавии тафриқаандозиву ифротгароиро гирем”.
Бар ақлгароии мазҳаб тамаркуз кардан аз вижагиҳои дигари суханронии Пешвои миллат маҳсуб меёбад. Ақлгароӣ ба мафҳуми фалсафии хеш хирадгароӣ мебошад, ки бар ақл асос ёфтааст. Ақл ва таҳаммул аз ҳам ҷудо нестанд ва бинобар ин, ақлгароӣ ва таҳаммулгароӣ аз зумраи таъкидҳои аслӣ дар суханронии Сарвари давлат мебошанд: “Хотирнишон месозам, ки сабаби пайравони зиёд доштани мазҳаби ҳанафӣ дар ақлгароӣ ва таҳаммулгароии он буда, ба шароити ҳар давру замон, аз ҷумла замони муосир мутобиқат дорад ва инсонро ҳамчун беҳтарин мавҷуди офаридаи илоҳӣ дар мақоми бисёр баланд мегузорад”.
Ҷои ишораву ёдрас кардан нест, ки инсон дар ҷаҳони андеша ва осори мутафаккирони миллати мо чӣ мақомро сазовор буд. Худи ин мутафаккирон намунаи олитарин фарзанди инсон буданд ва мусаллам аст, ки пешсафтарин мубаллиғони инсону инсоният ба шумор мерафтанд. Инро низ Пешвои миллат ба мо ёдрас намуданд, чунончи: “Тамоми донишмандону бузургони миллати мо, аз қабили устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакиву Ҳаким Абулқосими Фирдавсӣ, Носири Хусрави Қубодиёниву Абӯалӣ ибни Сино, Мавлоно Ҷалолиддини Балхиву Шайх Саъдии Шерозӣ, Хоҷа Ҳофизи Шерозиву Камоли Хуҷандӣ, Мирзо Абдулқодири Бедилу Аҳмади Дониш ва устод Садриддин Айнӣ тавассути маърифату худшиносӣ дарк кардани муаммои дунёву охиратро талқин мекарданд”.
Масъалаи ақлгароии мазҳабро идома дода, Сарвари давлат аз мардуми Тоҷикистон, бо таъкиди махсус ба ҷавонон талаби ҳамчун меросбари шахсиятҳои оламшумули илмию ахлоқӣ ифтихор намуданро талаб кард, чунончи: “Бинобар ин, мардуми Тоҷикистон, хусусан, ҷавонону наврасон, ки худро мусулмон ва пайрави мазҳаби ақлгарои ҳанафӣ меҳисобанд, ҳуқуқи маънавӣ доранд, ки аз меросбари шахсиятҳои оламшумули илмию ахлоқӣ будани хеш ифтихор кунанд”.
Воқеан, Пешвои миллат дар радифи мазҳаби ақлгарои ҳанафия, аз тариқаи исмоилия низ ёдовар гардиданд (“...исмоилия, ки мазҳаби таърихии як қисми аҳолии бумии кишвар мебошад...”), ки низ пешсафтарин намояндагони он ақлро ҷузъи имон гуфтаанд ва маърифатро бар хирад асосёфта мепиндоштанд.
Пайравони ҳар ду мазҳаб, пеш аз ҳама, ифтихор аз таъриху фарҳангу забону адаби ягона доштан, ифтихор аз фарзанди як миллат будан, ифтихор аз сокинони бумии ин сарзамини аҷдодӣ буданашон мекунанд. Ифтихори тоҷик будан барои мо аз ҳар гуна тафохури дигар баландтар аст. Ва агар гӯям, ки ҳамин пайванд муносибати хуби эътиқодии кулли сокинони Тоҷикистонро низ тақвият додааст, хато намекунам.
Дар масъалаи пайравии эътиқодӣ илова намудан зарур аст, ки ҳар ду мазҳаб ҳам бар ақл такя доранд ва мазҳабҳои ақлгаро ҳастанд. Маҳз ҳамин рукни ақлгароии мазҳаби ҳанафия ва тариқаи исмоилия буду ҳаст, ки пайравонашон дар тӯли таърихи қариб 1500 сол паҳлӯ ба паҳлӯ, китф ба китф ва қадам ба қадами якдигар таърихи ватану миллати худро сохта омаданд. Барои боз ҳам равнақ бахшидан ба комёбиҳои беназири даврони Истиқлол аз ин рукн бояд истифодаи комил намуд.
Андешаҳоямро бо ҷумлаҳои пур аз ифтихору насиҳату роҳнамоии Пешвои миллат ҳусни анҷом мебахшам:
“Ҳар фарди ин сарзамин ва ҳар як наврасу ҷавони он, ки бо решаҳои таърихиву забонӣ ва фарҳангиву маънавӣ бо миллат ва халқи тоҷик пайванди ногусастанӣ дорад, бояд бо ифтихор иброз намояд, ки ман тоҷикам, набера ва меросдори аҷдоди бофарҳанге ҳастам, ки барои рушди илму фарҳанг ва тамаддуни башарӣ, инчунин, ҳифзи асолати дини мубини ислом хизмати басо арзишманд карда, дар олами ислом ҷойгоҳи сазоворро соҳиб гардидаанд”.
Муфассал ...

- Душанбе, 18 Март 2024
Дар Институти илмҳои гуманитарии ба номи академик Б. Искандарови АМИТ бо иштироки Раиси ВМКБ Мирзонабот Алишер Худобердӣ маҳфили илмию адабӣ бахшида ба Рўзи зиёиёни эҷодкор бо иштироки Шоири халқии Тоҷикистон Лаълҷубаи Мизоҳасан дар мавзуи «Шеъри муо
Дар Институти илмҳои гуманитарии ба номи академик Б. Искандарови АМИТ бо иштироки Раиси ВМКБ Мирзонабот Алишер Худобердӣ маҳфили илмию адабӣ бахшида ба Рўзи зиёиёни эҷодкор бо иштироки Шоири халқии Тоҷикистон Лаълҷубаи Мизоҳасан дар мавзуи «Шеъри муосири тоҷик ва рушди тафаккури миллӣ» баргузор гардид.
Дар кори ин маъракаи илмию адабӣ кормандони мақомоти ВМКБ, Раёсати маорифи вилоят, аъзоёни шуъбаи Бадахшонии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, омўзгорону донишҷўёни Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М.Назаршоев ширкат варзиданд.
Дар маҳфили баргузоргардида суханронии раиси ВМКБ Мирзонабот А.Х. таҳти унвони «Нақши зиёӣ дар таҳкими Ваҳдати миллӣ» шунида шуд, ки дар он бо истинод ба суханони Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу Ваҳдат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон махсус таъкид гардид, ки дар замони муосири хеле ҳассос нақши зиёиён дар рушду таҳкими давлатдории навини тоҷик бояд хеле назаррасу бебадал бошад. Дар ин замина нақшу саҳмгузории зиёиёни Бадахшон низ бояд бештар тақвият пайдо намояд. Инро мо дар мисоли фаъолияти Институти илмҳои гуманитарӣ, ки кормандони он имрўз дар таблиғу ташвиқи сиёсати Давлати соҳибистиқлоли тоҷикон кўшиши зиёд ба харҷ медиҳанд, дида метавонем вале боз ҳам дар ин ҷода бояд бо сухану қалами худ сайъи бештаре намуд, то моҳияту муҳтавои сиёсати давлат дар тамоми самтҳо ба саҳми ҳар як сокини кишвар ба таври дақиқу амиқ расонда шавад.
Раиси ВМКБ Мирзонабот А.Х. бо таъкид қайд намуданд, ки азбаски бо дастгирии ҳамаҷонибаи роҳбари кишвар зиёиёни тоҷик имрўз дар авлавият қарор доранд, онҳо низ бояд ҳамчун неруи пешбар ва яке аз пояҳои асосии ҳифзкунандаи маънавиёти миллат бо андешаҳои миллатмеҳвару илмбунёди худ дар таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ, ҳифзи истиқлоли давлатӣ ва ҳимояи манфиатҳои миллӣ нақши муассири худро гузоранд.
Дар идомаи кори маҳфил суханрониҳои директори ИИГ, д.и.филол. Қаландариён Ҳ.С., д.и.филол., сарходими шуъбаи фолклор ва адабиёти Бадахшони ИИГ Охониёзов В.Д. дар мавзуи «Ҷанбаҳои ҳунарии шеъри замони Истиқлол (дар мисоли ашъори Л.Мирзоҳасан)», мушовири шуъбаи Бадахшонии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, барандаи ҷоизаи адабии ба номи М. Турсунзода Хушомади Алидод бо унвони «Хусусиятҳои бадеии ашъори Л.Мирзоҳасан», гузориши н.и.филол. ходими илмии шуъбаи фолклор ва адабиёти Бадахшони ИИГ Азорабеков С.Қ. дар мавзуи «Назаре ба ҳаёт ва фаъолияти эҷодии Лаълҷубаи Мирзоҳасан» ва дар поёни маҳфил гузориши Шоири халқии Тоҷикистон, н.и.филол. Лаълҷубаи Мирзоҳасан дар мавзуи «Шеър ва нақши он дар ҷомеа» шунида шуданд. Кори маҳфили адабию илмиро қироати шеър аз ҷониби магистрантони ИИГ ҳусни тоза бахшид.
Баргузории чунин маҳфили илмию адабӣ дар доираи як муассисаи илмӣ иқдоми нек дар тарғибу ташвиқи илму адаб ва эътибору арҷгузорӣ ба арзишҳои миллист. Бинобар ин дар фаъолияти ИИГ баргузории чунин маҳфилҳо минбаъд идома хоҳад дошт.

- Ҷумъа, 15 Март 2024
ТАРБИЯИ ДУРУСТИ ФАРЗАНД - КАФИЛИ РУШДИ ҲАЁТИ ҶОМЕА
Искандаршоева З.К.
Мудири шуъбаи тадқиқоти
иҷтимоиёту иқтисодиёти Бадахшон
ТАРБИЯИ ДУРУСТИ ФАРЗАНД - КАФИЛИ РУШДИ ҲАЁТИ ҶОМЕА
дар ҳошияи мулоқоти Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин
“Нагузорем, ки фарзандони мову шумо, яъне оянда
ва баракату саодати минбаъдаи мо василаи дасти
дигарон ва боиси бадномии миллати тамаддунсози
тоҷик дар арсаи ҷаҳонӣ гарданд”
Эмомалӣ Раҳмон
Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи иштирокдорони мулоқот ва кулли мардуми шарифи мамлакатро ба муносибати фаро расидани моҳи шарифи Рамазон – моҳи парҳезгориву эҳсонкорӣ, хайру садақот, бахшиши гуноҳҳо ва поксозии зоҳиру ботин самимона табрик гуфта, дар бораи фазилатҳои пурарзиши ин моҳ андешаронӣ намуданд ва барои рафъи камбудиҳои дар ин соҳа ҷойдошта ба масъулин супоришҳои мушаххас додаанд.
Дар ҷараёни мулоқот бо намояндагони фаъоли ҷомеа ва ходимони дин Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар оид ба ҷараёни татбиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» андешаронӣ карда, аз аҳли ҷомеаи мамлакат риояи қатъии муқаррароти қонунҳоро талаб намуданд.
Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониҳояшон роҷеъ ба таълиму тарбияи фарзандон андешаронӣ намуданд ва таъкид бар он доштанд, ки фарзанд меваи умри инсон аст, ва ҳар як нафар мехоҳад, ки соҳиби фарзанд бошад. Аммо тарбияи дурусти фарзанд низ сарбаландии инсонро бештар месозад. Зеро мақсади ҳамаи мо дар он аст, ки фарзандон дар пиронсолӣ дастгирамон бошанд. Аз ин рӯ пайваста онҳоро тарбия бояд намуд, ки дар пиронсолӣ асои дасти мо бошанд.
Мо бояд ҳамеша дар ёд дошта бошем, ки танҳо кадрҳои замони нав, яъне мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи ҷаҳони муосир метавонанд Ватан ва давлатро соҳибї кунанд, обод созанд, тараққиёти давлатро таъмин намоянд ва ҷомеаро пеш баранд. Дар ҳазораи сеюм танҳо давлату миллатҳое ҳастии худро ҳифз карда, пеш рафта метавонанд, ки илму дониши пешрафта ва техникаву технологияҳои замонавӣ дошта бошанд.
Бинобар ин, ҳар яки мо вазифадорем ва дар назди наслҳои имрӯзу оянда, барои тақдири Ватан, давлат ва миллат масъулият дорем, ки рӯ ба мактабу маориф оварем, барои фарзандонамон шароит муҳайё кунем, ки бесавод намонанд, илму дониш омӯзанд ва касбу ҳунарҳои замонавиро аз худ намоянд. Ин вазифаи ҷонии падару модарони азиз, аҳли маориф, роҳбарони тамоми сохтору мақомоти давлатї, зиёиён, фаъолон, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва аҳли ҷомеа, аз ҷумла ходимони дин мебошад.
Мо бояд хонем, илм омӯзем, илмҳои дақиқу риёзиро рушд диҳем, техникаву технологияҳои навтаринро аз худ кунем, кадр тарбия кунем ва заҳмат кашем, то зиндагии имрӯзаамон нисбат ба дирӯз ва фардоямон нисбат ба имрӯз беҳтар гардад.
Мо бояд сатҳу сифати зиндагии мардумамонро боз ҳам баланд бардорем. Фарзандонамонро тавре тарбия намоем, ки дастгиру ғамхори мо бошанд, донишманд шаванд, соҳибмаърифат ва мутахассиси замони нав гардида, одобу ахлоқи ҳамидаи инсонӣ дошта бошанд. Мову шумо фарзандро барои он ба дунё оварда, ба камол мерасонем, ки дар аёми пирӣ дастгирамон гардад.
Дар хотир дошта бошем, ки роҳбарони гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ, ки фарзандони мову шуморо ба сафҳои худ ҷалб менамоянд, азоби таваллуд кардану ба воя расонидани фарзандони моро накашидаанд, заҳмати бедорхобиро надидаанд ва ба онҳо нону об надодаанд.
Аз ҳамин хотир фарзандони мову шумо барои онҳо ҳеҷ арзиш надоранд, дар як лаҳза онҳоро ба террористи худкуш табдил дода, ҳадафҳои нопоки худро амалӣ месозанд. Баъди аз даст додани онҳо танҳо ҷони падару модар месӯзаду халос. Мо набояд гузорем, ки номи фарзандони мо дар таърихи миллат ҳамчун террорист ё ифротгаро сабт шавад. Ин дар шаъни падару модари тоҷик ва миллати соҳибфарҳангу бостонии тоҷик айб аст.
Пас биёед, фарзандонамонро тарбия намоем, илм омӯзонем, китобхон кунем ва соҳибкасб гардонем, ки дар зиндагии ояндаи худ азият накашанд, роҳгум назананд, дастёр ва ғамхори падару модар бошанд. Маҳз ба ҳамин хотир мо ин масъаларо дар сатҳи меъёри Конститутсия қабул намудем.
Мо бояд иттиҳоду ҳамбастагї, сулҳу суботи ҷомеа ва ваҳдати миллиамонро, ки ҷавшани мо дар муқобили хатарҳои замони муосир мебошанд, чун гавҳараки чашм ҳифз кунем, зеро қудрати мо дар иттиҳоду сарҷамъӣ, ватандӯстӣ ва заҳмати содиқонаи мо ба хотири ободии Ватан ва рушди давлатамон аст.
Президенти кишвар ба тамоми љавонони Тоҷикистони соҳибистиқлол муроҷиат намуда, таъкид менамоянд, ки истиқлолу озодиро, ки беҳтарин неъмат барои миллати озодихоҳи тоҷик мебошад, ҳифз намоянд!
Ин Ватани биҳиштосоро дӯст доранд, онро чун амонати аҷдодамон ҳимоя кунанд!
Аз тоҷик будани худ ифтихор дошта бошанд, зеро гузаштагони мо - фарзандони фарзонаи миллати тоҷик дар рушди фарҳангу тамаддуни башарият саҳми бузург гузошта, роҳи ҷаҳониёнро ба сӯйи ҳамзистиву ҳамбастагӣ мунаввар сохтаанд.
Имрӯз мо бояд шукрона аз он намоем, ки давлати мо тинҷу ором аст ва дар ҳавои сулҳу субот орому осоишта кору зиндагӣ дорем. Натиҷаи ҳамин аст, мардуми сарбаланди тоҷик сатҳи зиндагиашонро боло бардошта, қисмати зиёди мардуми мо имрӯз ба зиёрати хонаи Худо мушарраф гардидаанд. Аммо бояд дарк намоем, ки дар қатори зиёрати хонаи Худо бояд дастгириву кӯмак ба табақаи ниёзманди аҳолиро низ дар мадди назар қарор бидиҳем.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гаштаву баргашта таъкид намуданд, ки мо бояд дар амалӣ намудани арзишҳои миллӣ ва динии худ ҳамеша манфиати мардуми Тоҷикистонро дар мадди назар дошта, ба қадри соҳибистиқлолии давлатамон бирасем ва ин неъмати бебаҳоро ҳамчун гавҳараки чашм нигаҳбонӣ намуда, шукронаи онро ба ҷо орем. Зеро дастовардҳои бузурги Тоҷикистон дар замони Истиқлол худ аз худ ҳосил нашудаанд, балки дар натиҷаи ранҷу заҳмат, меҳнати эҷодгарона ва ободкоронаи ҳуди ҷомеаи Тоҷикистон ба даст оварда шудаанд. Бинобар ин мо бо итминони комил гуфта метавонем: Мардуми шарифи Тоҷикистон таҳти роҳбарии хирадмандонаи Пешвои миллат мушкилтарин ва сахттарин имтиҳонҳо ва монеаҳоро дар роҳи бунёди давлати ҳуқуқбунёд, демократӣ ва дунявии миллии худ бурдборона ва муваффақона паси сар карданд ва минбаъд низ барои таъмини арзишҳо ва манфиатҳои миллию давлатии Тоҷикистон дар партави ҳидоятҳои роҳбари мардумии худ муттафиқона мубориза мебаранд.
Муфассал ...
- Ҷумъа, 15 Март 2024
САХОВАТМАНДӢ – ҲИКМАТИ БУЗУРГИ МОҲИ ШАРИФИ РАМАЗОН
Зоолишоева Шамшод- номзади илмҳои филологӣ, ходими калони шуъбаи забонҳои помирии Институти илмҳои гуманитарии ба номи Б. Искандарови АМИТ
САХОВАТМАНДӢ – ҲИКМАТИ БУЗУРГИ МОҲИ ШАРИФИ РАМАЗОН
(ибрози андеша аз суханоронии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон)
Паёмбари Худо (с) фармуданд:
Саховатмандӣ дарахте аз дарахтони Биҳишт аст, ки шохаҳояш дар дунё паҳн шудаанд. Ҳар касе яке аз он шохаҳоро бигирад, он шоха ӯро ба Биҳишт барад.
Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намунаи бараълои саховатпешагии мардуми тоҷиканд ва метавон гуфт, ки, бешубҳа, шохае аз дарахти саховатмандӣ дар даст доранд, зеро ғамхорӣ дар хаққи маъюбону пиронсолон, кӯдакони ятиму бепарастор ва, умуман, сари вақт дасти сахоро ба мардум дароз кардан барояшон дар мадди аввал меистад.
Дар вохӯрии навбатиашон 9 март дар Кохи Ваҳдат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи моҳи шарифи Рамазон бо масъулини мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, намояндагони фаъоли аҳли ҷомеа, олимон ва ходимони дин мулоқот карданд.
Дар оғоз Сарвари давлат ҳамаи иштирокдорони мулоқот ва кулли мардуми кишварро ба муносибати фаро расидани моҳи шарифи Рамазон – моҳи парҳезгориву эҳсонкорӣ, хайру садоқат, бахшиши гуноҳҳо ва поксозии зоҳиру ботин самимона табрик гуфта, дар бораи фазилатҳои пурарзиши ин моҳ андешаронӣ карданд. Сарвари давлат дар бораи равандҳое, ки дар ҷаҳони муосир идома доранд ва таъсири онҳо ба ҷомеа ва давлат эҳсос мегардад, ибрози андеша намуданд.
Аз љумла таъкид карданд, ки зоҳирпарастиву исрофкорӣ ва риоя накардани меъёру андозаҳои муайяншудаи анъана ва расму оинҳои мардумию динӣ садди роҳи баланд гардидани сатҳи зиндагии аҳолӣ мегардад. Бо ёдоварӣ аз фармудаҳои қуръонӣ ва ҳадисҳои набавӣ бори дигар таъкид гардид, ки исрофкоронро Худои таъоло дӯст намедорад.
Дар бораи дигар масъалаҳои муҳими рӯз суханронӣ намуда, аз ҳикмати моҳи шарифи Рамазон, махсусан аз бобати саховатманд будан, ки яке аз хислатҳои бузурги инсонӣ мебошанд, ишора намуданд, ки: “ҳикмати парҳезгориву рӯзадорӣ танҳо дар тарки хӯрдану ошомидан маҳдуд намегардад, балки ин моҳи муборак барои мусулмонон василаи эътиқоди муҳим ҷиҳати анҷом додани корҳои хайру савоб, амалҳои писандида, дасту забони пок доштан, гузашт кардану бахшидан, бо сабру таҳаммул будан ва дигар хислатҳои ҳамидаи инсонӣ маҳсуб мешавад”.
Аз паёмҳои ҳамасолаи Пешвои миллат ва вохӯриҳояшон бо мардум, садҳо шахсони саховатманду саховатпешаи мамлакат руҳу илҳоми тоза гирифта, барои фароҳам овардани шароити беҳтару хубтар барои сокинони ҷумҳурӣ саҳми арзишманди худро гузошта истодаанд.
Сарвари давлат миннатдории самимии Худро ба ин шахсони ватандӯсту ватанпарвар иброз намуда, гуфтанд, ки: “...соҳибкорону тоҷирон, шахсони саховатпеша ва афроди бонангу номуси ҷомеа сиёсати инсондӯстонаи иҷтимоии давлату Ҳукуматро дастгирӣ карда, бисёр иқдомоти савобу созандаро анҷом доданд. Онҳо то имрӯз ҳазорон мактабу кӯдакистон, беморхонаву бунгоҳҳои тиббӣ, роҳу пулҳо, коргоҳу корхонаҳои саноатӣ ва дигар иншооти таъиноти иқтисодиву иҷтимоӣ бунёд карда, садҳо ҳазор сокинони мамлакатро бо ҷойи корӣ таъмин намуданд, ҳар сол чор – панҷ маротиба ба оилаҳои ниёзманд ва ятимону маъюбон кумак расонидаанд ва ҳоло боз бисёр корҳои хайру савобро амалӣ карда истодаанд”.
Кобили зикр аст, ки ҳамаи дастурҳои раҳнамунсози Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба анҷом додани хайру саховат, дастгирии оилаҳои камбизоат, ятимону бепарасторон, сарфаю сариштакорӣ ва танзими маъракаву маросимҳо аз беҳтарин аҳкоми тарбиявии Қуръони карим ва ҳадисҳои набавӣ гирифта шуда, мақсад аз он ҳидояти мардум ба иљрои кори нек, ба роҳи пурсаодати зиндагӣ мебошад.
Пушаймон нагардад кас аз кори нек,
Накӯтар зи некӣ чӣ чиз аст нек?
Муфассал ...