Навидҳои рӯз

- Ҷумъа, 01 Март 2024
Терроризм – таҳдид ба давлатдории миллӣ
Терроризм – таҳдид ба давлатдории миллӣ
Дирӯз дар толори Институти илмҳои гуманитарии ба номи академик Б. Искандарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мизи мудаввар дар мавзуи “Терроризм – таҳдид ба давлатдории миллӣ” бо иштироки ходимони илмӣ, магистрон ва докторантони (PhD)-и Институт гузашт. Мавзуъро номзади илмҳои таърих Саидасанов Юсуф пешниҳоди ҳозирин намуда, нукоти асосии ин проблемаи муосирро таҳти баррасӣ қарор дод. Ба хусус, маълумот дар бораи нишонаҳои терроризми муосир, манбаҳои маблағгузории он, шаклҳои фаъолияти гурӯҳҳои террористӣ, тарзҳои омода намудани қувваҳои террористӣ пешниҳод гардид. Таъкиди махсус бар хавфи фаъолияти ин гуна гурӯҳҳо ба давлату давлатдорӣ, сулҳу оромии кишварҳо, якпорчагиву амнияти давлатҳо гардида, зикр шуд, ки ҷавонону наврасон бояд дар ҳама гуна ҳолатҳо аз ворид шудан ба шабакаҳои иҷтимоии шубҳанок худдорӣ намоянд.
Мизи мудаввар бо саволу ҷавоб ва суҳбати пурмазмун байни ҳозирин анҷом пазируфт.
Муфассал ...

- Ҷумъа, 23 Феврал 2024
АРТИШИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН ФАХРУ ИФТИХОРИ МОСТ
АРТИШИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН ФАХРУ ИФТИХОРИ МОСТ
Имрӯз дар толори Институти илмҳои гуманитарии ба номи акдемик Баҳодур Искандарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон чаласаи тантанавӣ бахшида ба 30-умин солгарди Артиши миллии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он бо сухани табрикотӣ ва ишорае ба таърихи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон директори ИИГ АМИТ, доктори илми филология Қаландариён Ҳоким Сафар ва номзади илми таърих Шоинбеков Аловиддин баромад намуданд.
Раёсати Институти илмҳои гуманитарии ба номи Б. Искандарови АМИТ аз фурсат истифода бурда, Қувваҳои Мусаллаҳи Ватанамон ва дар симои онҳо тамоми сокинони кишварамонро бо Рӯзи Артиши миллӣ табрику таҳният гуфта, изҳор менамоем, ки Илоҳо осмони софи имрӯзаи Ватанамон софтару поктару, хоки Ватанамон осудатару оромтар гардад ва ҳеҷ вақт садои тиру туфанг дар он шунида нашавад.
Рӯзи Артиши миллӣ муборак бод!
Муфассал ...
- Ҷумъа, 23 Феврал 2024
ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ –НЕРЎИ ПУРИҚТИДОРИ ВАТАН
Тошмамадова Ф. – докторант (Phd)-и шуъбаи фолклор ва адабиёти Институти илмои гуманитарии ба номи академик Б.Искандарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ –НЕРЎИ ПУРИҚТИДОРИ ВАТАН
Созмон додани Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи соҳибистиқлолии кишварамон яке аз муваффақиятҳои бениҳоят шоёне буд. Зеро бо ташкили як девори боқувват барои мустаҳкамӣ ва бехатарии давлат, пеш аз ҳама, ба чунин муҳофизон эҳтиёҷ дошту аз уҳдааш ҳам баромада тавонист. Албатта бо саъю кўшишҳои бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
Ҳар як халқу миллат барои оромиву осудагии Ватан доимо дар ҷустуҷўи роҳҳои беҳтар кардани ҳифзи меҳани хеш мекўшад, то ки дар ин давраи нооромиҳои ҷаҳони муосир ба мушкилоте рў ба рў нашавад. Шаъну шараф, нангу номус ва ифтихори ватандўстии ҳар миллат ба артиши он вобастагӣ дорад ва хушбахтона дар кишварамон аз замони таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳ рўз аз рўз қувват гирифта дар тўли 31 –сол ба бисёр пешравиҳо ноил гардидааст. Аз ҷумла, мустаҳкам намудани сарҳади кишвар бо бунёд намудани дидбонгоҳҳои сарҳадӣ мутобиқи талаботи замони имрўза мебошад, то ки сарбозони ҷасуру далер битавонанд дар муҳити созгор адои хизмати модар- ватанро ба ҷо оранд. Инчунини дигар сохтани манзилҳои истиқоматӣ барои хизматчиёни ҷузъу томҳои ҳарбӣ ҳам аз он шаҳодат медиҳад, ки кашварамон дорои тараққиёту пешравиҳои бузурге дар ин ҷода хаст.
Мавриди зикр аст, ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин бора чунин қайд карданд: «Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ барои ҷавонон мактаби ҷавонмардӣ маҳсуб ёфта, дар рўҳияи ватандўстиву ватанпарварӣ, худшиносиву худогоҳӣ тарбия намудани хизматчиёни ҳарбӣ ва барои онҳо муҳайё намудани шароити хуби хизмат, инчунин, риояи талаботи оинномаҳои ҳарбӣ муҳимтарин самти сиёсати мудофиавии кишвар маҳсуб меёбад».
Муҳофизату ҳимоятгари Ватан будан аз ҳар кас меҳнати бисёр, шабзиндадорӣ кардан, мустаҳкамию матонат, тоқатпазирӣ, ҷасурӣ ва ҷоннисорию фидокориро талаб мекунад. Имрўз гуфта метавонем, ки Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тайёрии комили сиёсӣ ва ҳарбӣ, зиндагӣ ва заҳмати осудагии халқу давлатро муҳайё намуда, дар муқовимат бо ҳама гуна аъмоли зишти ҷомеа омодаи мубориза аст, зеро фарзандони ғаюр намегузоранд, ки қадами нопоки душман ба хоки кишвар гузошта шаваду амну амонии халқро халалдор созад.
Бояд қайд кард, ки заҳмату талошҳои сарбозону афсаронро Ҳукумати кишвар ба назар гирифта, барои беҳтару хубтар адои вазифа кардан барояшон дар дидбонгоҳҳо як қатор чорабиниҳоро ташкил намуданд, аз ҷумла барномаҳои фарҳангию фароғатӣ, кушодани китобхонаҳо ва ба таълим фаро гирифтани ҳомиёни Ватан аз ҷумлаи ин гуна иқдомҳо мебошанд. Зеро заҳмату ҷоннисориҳои ҷавонмардони Ватан кафили сулҳу субот ва оромии Тоҷикистони азизамон ба шумор меравад. Тавре Пешвои миллат дар яке аз суханрониҳояшон қайд карданд: «Хизмат ба Ватан аслан хизмат кардан ба падару модар ва бародарону хоҳарони машғули меҳнати осоишта аст. Зеро Ватан ва миллат ду рукни муқаддасеанд, ки бидуни онҳо ҳеҷ фард сари баланду ифтихори инсонӣ дошта наметавонад».
Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон тайи солҳои арзи вуҷуд карданаш аз бисёр сахтиҳову душвориҳо гузашта онҳоро паси сар намуда бо роҳбарии бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Генерали Артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ибтикорити сулҳҷўёнаи вай имрўз ба як сохтори пуриқтидори низомӣ мубаддал шуда, тинҷиву амонии кишвар аз дасти ин родмардони меҳан дар амон аст.
Хулоса, мо имрўз дар фазои тинҷиву оромӣ умр ба сар мебарем ва аз он мефахрем, ки Қувваҳои Мусаллаҳи ватанамон хеле пуриқтидору бонуфуз ҳастанд ва қудрати ҳифзи марзу буми Тоҷикистони маҳбубамон дорад.
Муфассал ...
- Чоршанбе, 21 Феврал 2024
Конференсияи ҷумҳуриявии «Забонҳои миноритарӣ дар партави ҷаҳонишавӣ»
Конференсияи ҷумҳуриявии «Забонҳои миноритарӣ дар партави ҷаҳонишавӣ»
Имрӯз дар толори Институти илмҳои гуманитарии ба номи Б. Искандарови АМИТ Конференсия бахшида ба 21 феврал – Рӯзи байналмилалии забони модарӣ таҳти унвони «Забонҳои миноритарӣ дар партави ҷаҳонишавӣ» доир гардид. Конференсияро бо сухани ифтитоҳӣ директори Институти илмҳои гуманитарӣ доктори илмҳои филология Қаландариён Ҳоким Сафар кушода, роҷеъ ба ҳифзи забонҳои модарӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ ва иқдоми Ҳукумати кишвар дар ин самт ибрози назар намуд.
Дар конференсия 8 маърўзаи илмӣ аз тарафи устодон ва профессорони Институти илмҳои гуманитарӣ: д.и.филол. Офаридаев Н., н.и.филол. Некушоева Ш. ва ҳайати устодону профессорони Донишгоҳи Русӣ-Тоҷикӣ (Славянӣ)-и ш. Душанбе д.и.филол., профессор Искандарова Д.М., д.и.филол., профессор Давлатмирова М.Б., Козлова О.Л., н.и.филол. Қурбонова Х.Х., Алексеева Д.А. (магистрант) баррасӣ гардиданд. Мавзуи меҳварии баромадкунандагони конференсия таҳия, проблемаҳо, ташаккулу инкишоф ва аҳаммияти корпус барои ҳифзи забонҳо буда, тавассути маърўзаҳои пурмуҳтавои формати онлайн ва офлайн ба масъалаҳои мазкур равшанӣ андохта шуд.
Конференсия бо музокираи байни иштироккунандагон анҷом пазируфт.
Муфассал ...