ХУДОЁРБЕКЗОДА Хосият Қамчибек – унвонҷўйи шуъбаи фолклор ва
адабиёти Бадахшони Институти илмҳои гуманитарии
ба номи академик Б.Искандарови АМИТ
ЧИД (ХОНАИ ИСТИҚОМАТИИ КӮҲИСТОНИЁН) НУСХАИ КИШТИИ НАҶОТБАХШ
Ман гиря кардам. Дилам эҳсосоти аҷибе дошт- омехтаи таассуф, пазмонӣ, ифтихор. Хеле мехостам худро аз гиря боз дорам. Натавонистам. Ҳамсуҳбатам Евгений Шаталов - ҷаҳонгарди рус дар хиҷолат афтод аз ҳолати ман. Пиёлаи обро дароз кард. Ин сайёҳи закӣ дарк намуд, ки гиряи ман бо хотироте тавъам аст. Баъди нӯшидани об, ором шудам. Ба худ омадам. Ин ҷаҳонгард, ки на танҳо сайёҳ буд, балки худро ҳамчун таърихшинос ва фарҳангнигор низ муаррифӣ мекард, боз пурсиши худро такрор намуд. Инак, лутфан бигӯед, ки хонаи урфии ин мардум чӣ маъно ва фалсафа дорад. Чаро сохт ва тарҳи ин хона маҳз чунин аст, шояд ҳикмате дар он ниҳон бошад.
Бо ин пурсишҳо хотиротам маро ба айёми кӯдакӣ бурд. Бибиҷамоли нозанин- модаркалони ситорагарму нуронӣ ва бобои басо хирадмандам Худоёрбекро ёд намудам. Кошки зинда мебуданд - хоки зери пойи онҳоро ба дидагонам мемолидам...
Оби чашмонам ҷорӣ буд, ба хотирам омад, ки то чӣ андоза нисбати хонаву дари аҷдодӣ эҳтироми хоса доштанд. Хонаи аҷдодиро ҳамчун ибодатхона медонистанд. Амаки ман Алибек, макони руҳи покаш фирдавси муҷалло бошад, пайваста мегуфт, ки ин ҳама баракату савлате, ки насиби мо ва фарзандонамон гардидааст, аз ҳалолкорию ҳалолнонию поктинатии Бибиҷамолу Худоёрбек аст. Бале, яқинан чунин аст...
Худоё, кошки он рӯзҳо ҳамин замону соат мебуданд. Ҳар як тори мӯйи момои Бибиҷамолро сила мекардаму кӯдаквор мебӯсидамаш.
Рӯзе момоям аз оғилхона бузғолачаи навзодро ба хона овард. Дар пойгаҳи даҳлези хона монда, дар рӯймоли куҳнаи хеш печонаш намуд. Бузғолача садо мебаровард ва модари худро мекофт, вале ба по истодан натавонист. Момоям равғани маскаро гирифта, бо ангушти худ ба даҳони ин ҷонвари навзод тела медод. Ман, ки дар синфи якум мехондам ва аз пастиву баландиҳои рӯзгор, аз ҳикмати ҳаёт ханӯз ноогоҳ будам, аз ин кори момоям норозиёна зуд пеши бобоям барои додхоҳӣ давидам. Маро, ки навакак рӯбучини хонаро ба итмом расонидаму бояд дарс тайёр мекардам, ин амали момо андаке асабонӣ намуд. Пеши бобоям шикоят бурдам, ки хонаи одамон макони бузғолача нест. Магар ман боз маҷбур ҳастам, ки пойгаҳи даҳлези хонаро дубора поку тоза намоям. Бобом хандиду гуфт, ки бузғолачае, ки онро лоиқи таваҷҷуҳ намедонам, дар баробари одам назди Худованд азиз аст ва гуфт, ки дар хонае, ки мо зиндагӣ дорем, дар он барои ҳамаи инсу ҷинс ва ҳатто ваҳшу тайр ҷой дода шудааст. Ин қисса аз забони Пайғамбар аст- гуфт бобои Худоёрбек.
Ман, ки маънои ҳамаи ин гапро намефаҳмидам, боз пеши момоям Бибиҷамол омадам ва гуфтам, ки мумҷон магар ин хона ҷойи ҳайвонот аст? Бибиҷамол, ки ҳам ба зоҳиру ҳам ба ботин зани зебо буд, қиссаи хонаи Бадахшониро оғоз кард:
- Хонаи Бадахшонӣ аз даромадгоҳи хона, ки дупеча ном дорад, оғоз мешавад. Дар дупеча ду сутун ҷойгир аст, ки бо тахтачӯбе - дар қисмати болоӣ бо ҳам мепайванданд ва он тахтачӯб бучкаγӣҷ (бузкуш) ном дорад. Баъди ин даромадгоҳ пойгаҳ ҳаст, ки дар байни хона мавқеъ дорад. Аз як тарафи пойгаҳ даромадгоҳ ва аз се тарафи он се суфа(се дӯкон) ҷойгир аст. Як суфа (дӯкони)-и он воγӡ- нêх (ҷойи нишасти ҷавонон), суфа (дӯкон)- и дигар бар-нêх (ҷойи нишасти калонсолон) ва тарафи сеюм чāлак (ҷойи нишасти кӯдакон) ном дорад. Дар чāлак ҷойи хурокхӯрӣ ва макони бозии кӯдакон ҳаст. Аз чāлак болотар боз суфа (дӯкон)-и иловагӣ ҳаст, ки онро кицор мегӯянд, яъне ҷойи нишаст барои занону бонувон.
Аз ин бармеояд, ки дар ин хона одамон тибқи синну сол ва ҷинс ҷойи нишасти худро доранд. Кицор (оташдон), ки суфаи аз ҳама баландтар аст, макони бонувон аст. Аслан ягон мардина дар кицор намешинаду бидуни зарурат ба он намебарояд. Пухту паз ва шишту хези бонувон дар суфаи кицор аст, ва маҳз дар ин ҷо оташдони хона – чагдон ҷойгир мебошад. Мавқеи чагдон дар ин хона басо муҳим аст. Дар он ҳам нон пухта мешаваду ҳам хӯрок ва ҳам аҳли хонавода гирди он ҷамъ омада суҳбатороӣ менамоянд. Мадҳияву қиссахонӣ мекунанд. Ҷойи арӯс дар рӯзи тӯй фақат ва фақат дар суфаи кицор аст. Вақте ки домод арӯсро ба хонаи хеш меорад, ҳамакнун ҷойи нишасти якҷояи онҳо дар маросими тӯй ва баъд аз он дар давоми се рӯз дар воγӡ-нêх мебошад.
Суфа (дӯкон)-и воγӡ-нêх аслан ҷойи ҷавонмардони хонадон аст. Инчунин ҳангоми маросими азодорӣ ҷойи майит низ дар суфаи воγӡ – нêх ҳаст.
Суфа (дӯкон)-и бāр-нêх, ки ҷойи пирону калонсолон ҳаст, дар он бонувон намешинанду ҷойгузин намегарданд. Дар маъракаҳои муҳим дар он дуохонон, намояндагони дину ойин мешинанду дуову қиссахонӣ мекунанд. Ҳангоми туй бошад, дар суфаи бāр-нêх домодро куртаву ҷома мепӯшонанд. Сартарошон хонда, домодро ба сафари хонаи арӯс гусел менамоянд.
Дар хона панҷ сутун аст. Яке номи Биби Фотимаи Зуҳроро дорад, ки дар суфа (дӯкон)-и кицор ҷойгир аст ва пеш аз роиҷи дини Ислом номи Аноҳиторо дошт. Дар назди ин сутун арӯс оро дода мешавад ва то омадани домод дар назди он мешинад.
Сутунҳои хона ҳудудҳои хонаро аз ҳам ҷудо менамоянд.
Аз сутуни якуми даромадгоҳ, ки номи яке аз наберагони ҳазрати пайғамбарро дорад, то шаҳсутуни хонадон, ки номи худи Ҳазрати Пайғамбари Исломро дорад, ҳудуди бāр-нêх аст. Аз шаҳсутуни хонадон то сутуни сеюм, ки номи амакзода ва домоди ҳазрати Пайғамбар- нахустин имоми равияи шиаи Исломро дорад, ҳудуди воγӡ-нêх аст. Аз ин сутун то сутуни чорум- Биби Фотимаи Зуҳро ҳудуди бонувони калонсол, модарону момоён ва аз он то сутуни панҷум, ки номи набераи дуюми ҳазрати Пайғамбарро дорад, ҷойи ҷавондухтарон аст.
Ҳама чиз ҷой, низом, рабт ва тартиби худро дорад дар ин хонаи пурбаракат - гуфт момои Бибиҷамол.
Чун сухан ба фарҷом расид, мани нодон боз пурсидам, ки ин бузғола ба ҳамаи ин гуфтагиҳо чӣ муносибат дорад. Момом дигар табассум накард. Овози маҳини ӯ оҳанги ҷиддӣ гирифт. Гуфт, ки магар бобоят нагуфт, ки таърихи ин хона аз таърихи Пайғамбари Нуҳ (алайҳиссалом) аст. Ӯро Худованд мефармояд, ки барои наҷоти олам киштие бисозад ва ӯ ин хонаро сохт. Намуди берунии он киштӣ буд ва намуди дарунии он мана ҳамин хона буд. Дар аҳди паҳншавии дини ислом ин сутунҳо ба панҷ адад расиданд ва номи ҳазрати Пайғамбару аҳли байти ӯро гирифтанд, вале дар киштии наҷотбахши Пайғамбар Нуҳ ( а) ин сутунҳо 72 адад буданд. Аз як сутун ба сутуни дигар ҷойи ин ё он ҷинсу инс, хазандаю парандаю чаранда буд. Худованд инсонро дар ин киштӣ аз тӯфон наҷот дод ва дар баробари инсон ҳамаи олами набототу ҳайвонотро аз ҷумла бузу бузғоларо наҷот бахшид. Пас бармеояд, ки дар баробари инсон ҳар як ҷонвари наҷотёфта низ дар назди Худованд мартаба ва маҳбубият доштааст ва азиз аст. Ҳамин бузғола бо одамон дар ин киштӣ наҷот ёфт ва имрӯз хона маконаш ҳаст.
Маро ин суханони модаркалонам то ҳадде ҳайрон карданд, ки дар ҷоям шах шуда мондам. Гарчанд на ҳамаи ин бузургию шаҳоматро медонистам ва на ҳамаи ин ҳикматро мефаҳмидам, вале маро ҳаяҷон, як ҳолати ифтихору болидахотирӣ фаро гирифт. Дар хаёлам тасвири киштии калон, ки дарунаш ҳамаи ҷонварон оромона ҷойгиранд ва дар баробари ин кӯдакон дар чāлаки киштӣ, бонувон дар кицори он, муйсафедону ҷавонон дар бāр-нêх ва воγӡ-нêхи киштии калон шиштагиянд, чарх мезад. Якбора чанд савол дар тафаккурам дар гардиш буд. Ба равзанаи чаҳорхонаи бом чашм дӯхта, пурсидам, ки оё дар байни 72 сутуни хонаи киштисон низ чунин равзана вуҷуд доштааст.? Модаркалонам ҷавоб дод, ки ба шифти хона нигар. Магар аз ёд баровардӣ, ки чӣ хел бобоят аз рӯи даромади нурҳои офтоб тавассути ин равзана ба хона, соати рӯз ва вақтро муайян мекунад. Нури офтоб ҳар рӯз тибқи равзанаи боми хона ба даруни хона медарояд ва ҳар рӯз хатти нури офтоб бо камтарин нуқот аз ҳам тафовут мекунад. Ин тавр, бо нишонаҳои даромади хатти нури офтоб рӯзи баргузории Хирпичор, Хирчизон ва ҷашни Наврӯзро бобоят муайян месозад. Дар киштӣ низ чунин буд. Бо амри Парвардигор тамоми ҳайвоноту парандагону хазандагон ором буданд ва танҳо пайғамбари бузург ва дигар одамони наҷотёфта тавассути ингуна равзана рӯзу соатро бо даромаду баромади нури офтоб муайян мекарданд. Аз чунин равзана парандагонро ба ҳаво парвоз медоданд, то ки аз хушкӣ дарак бидиҳанд.
Дар шифти хона дар чӯбҳои дарози болои сутунҳо, ки боми хонаро мебардошт, макон барои хазандаҳо будааст-гуфт момои Бибиҷамол. Дар ёдат ҳаст, гуфт момоям, ки порсол ба хонаи холаи Гулбаҳор мори сафед роҳ ёфта буд. Мори сафед зуд ба ҳамин тирчӯби тори сутунҳои дароз баромад, зеро аз азал дар ин хона ҷойи худро медонад. Дар ёд дошта бош, ки дар ин хона агар мор пайдо шавад, ягон бор соҳибони хонаро намегазад, зеро ин низ амри илоҳист.
Бобои Худоёрбек, ки дар ин асно ба хона даромада, сари суфраи барнêх нишаста буд, ба гап ҳамроҳ шуд. Ба боло, ба шифти хона назар афканда, равзанаи хонаро нишон дода, гуфт, ки гирди равзанаи боми хона ана ҳамин чор қабат чаҳорчӯбаи чиндашуда маъно ва нерӯи худро доранд. Ин чор қабат, ки чаҳорхона ном гирифтаанд, таҷассуми чаҳор унсури табиат: обу хоку, ҳавою оташ ҳастанд. Вақте ки киштии Пайғамбари Нуҳ (а) сохта шуд, бо амри Парвардигор фариштаву малоика нерӯи ин чор унсурро дар чор қабати равзанаи хона ҷойгузин намуданд ва ин нерӯҳо ҳар яке пеши одамизод вазифадор шуданд, ки нофаҳмиву нооромиву ҷангу ҷадолро ба ин хона-киштӣ намонанд ва онро аз шари шайтон ва балоҳои осмон эмин нигоҳ доранд ва то рӯзи қиёмат бошандагони хонаро бонӣ намоянд.
Бобоям афзуд, ки тирчӯбҳои болои бāр-нêх, воγӡ-нêх ва кицор низ номи худро доранд. Номи сайёрагону моҳу ситорагони осмонанд, ки аз рӯи таҳлилҳои урфӣ,- гӯиё киштии Пайғамбар Нуҳ(а)-ро бо нерӯи худ бонӣ мекардаанд. То замони мо ин номҳо ҳанӯз ҳам роиҷ ҳастанд.
Момоям Бибиҷамол дар пойгаҳи даҳлези хона бузғоларо дубора гӯиё ҷон бахшид, гуфт: “Худованд, ки ҳамаи ҳайвоноту парандагону хазандагонро дар киштӣ ҷой дод, пас ҳамаи онҳо дар назди Худованд ҷойгоҳ, вазифа ва иноят доранд. Аз ин рӯ ба хона овардани ин бузғолача барои наҷот аст”. “Баъди фурӯ нишастани тӯфон ҳазрати Пайғамбар вазифадор шуд, ки ҳамаи он азизони Худовандро, ки дар киштӣ ҳамроҳи ӯ буданд, минбаъд низ нигоҳубинӣ кунад”- ба суханони момоям илова кард бобо.
Додарам, ки аз шунидани ин алфоз мисли ман мот монда буд, бобои Худоёрбекро саволборон кард. Чӣ хел баъд мардумон аз киштӣ мебаромаданд?. Филро аз он чӣ хел мебароварданд?. Шеру паланг чӣ хел одамонро дар киштӣ намехӯрданд?. Бобо шумо ҳам дар ҳамон киштӣ будед?....
Бобом дупечаро нишон дода гуфт, ки мана ҳамин ду сутун, ки бо поратахта (буҷкаγӣҷ-бузкуш) дар боло бо ҳам пайваст ҳастанд, нишони даромаду баромад буданд, зеро дигар сутунҳо аз ҳамдигар дур мемонданд. Дар мадди аввал парандагону хазандагону дарандагон киштиро тарк намуданд ва оҳиста - оҳиста байни сутунҳо холӣ шуд.
Одамон, ки баъд аз ин дар дунё паҳн шуданду барои худ хона месохтанд, тарҳи киштиро ба инобат гирифтанд. Ҳамааш аз шумораи аҳли хонавода вобаста буд. Хонавода, ки калон буд, масоҳати хонаро калон мекарданд. Шумораи сутунҳоро теъдоди фарзандон ташкил медоданд...
Додари закии ман боз пурсон шуд, ки бобо шумо ҳашт фарзанд доред, вале чаро дар хонаи мо ҳашт сутун нею панҷ сутун аст. Бобом гуфт, ки баъди солаҳои зиёд суннат шуд, ки хонаҳо панҷ сутун дошта бошанд, зеро ҳаёти мардум бо ҳастии панҷ фаришта тавъам гардид. Мана сутуне, ки модаркалонат дар назди он чāрх мересад, (дастгоҳи ресмонресӣ) имрӯз Биби Фотимаи Зуҳро ном дорад, ки то ислом бо номи фариштаи иффату покдоманӣ - бонии бонувон ва обу некӣ- Аноҳито буд. Шаҳсутуни хонадон, ки имрӯз бо номи Ҳазрати Пайғамбари ислом Муҳаммад(с) аст, то ислом Суруш ном дошт...
Ҳар қадаре, ки бобоям ҷавоб медод, пурсишҳои додарам кам не, балки зиёд мешуданд. Суруш кӣ бошад, Аноҳито кист. Замёду Заммеҳр киҳоянд. Чаро хоҳари ҳамсинфам Аноҳито ном дорад?...
Ҳамаи инро ба ёд оварда, боз гиря гулӯгирам кард. Дунёи зиққии ман нисбати ҷадди бузургам беканор буд. Ӯ хонаи истиқоматии мардуми кӯҳистонро ибодатхона мегуфт. Онро эъҷози Пайғамбар медонисту амри Худованд.
Намедонистам ба ҷаҳонгарди Рус Евгений Шаталов чӣ гуна ҳама инро бифаҳмонам. Аз чӣ оғоз кунам. Евгений Шаталов боз саволи навбатӣ баён дошт, оё дуруст аст, ки хонаҳои Бадахшониро хонаҳои ориёӣ мегуянд. Бале, гуфтам ман. Инҳо хонаҳои ориёиёнанд. Аслан маънои ориёӣ насли тоза, насли орӣ аз ҳамагуна деву дад аст. Насли одамизоде, ки аҷдоди онҳо бо дасти Худованд халқ шудаву пазирои бадиву хислати оганда бо бадӣ нест. Хонаи ориёиҳое, ки тавассути киштии чун ин хона, аз ғаждии замон наҷот ёфтанд. Тавассути ин хона –киштӣ онҳое, ки орӣ аз ҳама гуна бадиву зиштӣ, онҳое ки дар баданашон хуни тозаи Ҳазрати Одаму Момоҳаво буд, онҳое, ки бо деву ҷин олуда набуданд, дилу нияти пок доштанд ва шиори ҳастии рӯзгорони худро Пиндори нек, Кирдори нек ва Гуфтори нек интихоб намуданд, наҷот ёфтанд...
То ҳадде ки тавонистам, ҳикмати ин хонаи бузургро барои ҷаҳонгарди рус маънидод намудам. Ҳикмати хонае, ки дар он ҳар як чӯбу тахта маънӣ ва ҳикмати худро дорад. Хонае, ки он натанҳо дар қаламрави минтақаи Бадахшон сохта шудаву то ба имрӯз пойбарҷост, балки чанд даҳсола пеш дар водии Рашту Хуталони номдор ва дигар минтақаҳои куҳии Ватан низ сохта мешуду то кунун аз он ёдгориҳо боқист.
Евгений Шаталов ҳар як сухани маро сабт мекард ва худ дар ҳайрат буд аз ин муаррифии хонаи пешдодиён. “Мо дар дигар минтақаҳои Тоҷикистон чунин хонаҳоро надидем”- гуфт ӯ.
Бале, медонам, ки надидаст, зеро дар ҷустуҷӯ набуд. Надидаанд чунин хонаҳоро дар дигар минтақаҳои Тоҷикистон онҳое, ки дидан намехоҳанд. Бозёфти боқимондаи чунин хонаҳои Ҷамшедӣ дар Ванҷи боло, водии Язғулому Қаротегину Дарвоз ва Хатлони таърихӣ бешумор аст. Дар боқимондаҳои шаҳри Карон (Дарвоз), ки тибқи маълумоти мутахассисон таърихи наздик ба чаҳор ҳазорсола дорад, бозёфтҳои археологӣ дар он далолат аз мавҷудияти чунин хонаҳои қадимаи мардумиро доранд. Аҷибаш ин ки дар аулҳои минтақаи Қафқоз, хусусан дар Озорбойҷон, ки низ яке аз маконҳои қадимаи Зардуштиён ба шумор меравад, чунин хонаҳо ҳанӯз ҳам арзи ҳастӣ доранд...
Талош мекардам, ки ба ҳамсуҳбати худ умдатарин маъно ва ҳикмати хонаи Ҷамшедиро бирасонам ва чизе ки нофаҳмо буд, дубораю себора маънидод кардам, зеро ки соҳибони ин хонаҳо бо табиат басо наздик буданд, худро ҷузъи табиат медонистанд, аз наҷоти киштии наҷотбахш дубора ҳаёти башариятро оғоз бахшиданд ва ҷавҳари аслии ҳастии худро некӯиву покӣ медонистанд. Дар Бадахшон аз он ҷиҳат то замони мо зиндаву пойбарҷоянд чунин хонаҳо, ки бонии ҳамаи ин шарофат куҳҳои гардунрасу сарбаланди минтақа буданд. Ин куҳҳо чун сипар ин мардуму урфу одат, расму ойин ва хонаҳову рӯзгорони онҳоро аз ҳайбати ҷаллоди замон эмин нигоҳ доштанд. Махз ин куҳҳои сарбаафлок садди роҳи тасарруфҳои Искандари Мақдуниву муғулу араб ба ин кӯҳистон гардида буданд ва ин хонаҳои аҷдодӣ дар баробари дигар ойинҳои ҳамвора арзишманд ҳифозат ёфтанд. Ҳамчунин муҷиби ҳифзи ҳамаи ин бузургӣ гузаштагони мо ҳастанд, инсонҳои оддӣ ва раҳим ба сони ҷадди бузургам Худоёрбек ва модарбузургам Бибиҷамол, ки тавонистанд, шукуҳи рӯзгоронро барои моён - имрӯзиён бе олудагӣ, бо тамоми покиву нафосат ба мерос гузоранд.
Ин хонаҳо макони зисти кӯҳистониён, муаррифгари фарҳанги қадимаву ҳикматҳои инсондӯстона мебошанд, ки яқинан омӯзиш ва муррифиро тақозо доранд.
PS: муаррифии ЧИД -хонаи урфии тоҷикони куҳистони Бадахшон –ҳамчун нусхае аз киштии наҷотбахш аз забони Алиёрбеков Худоёрбек ва Назирова Бибиҷамол, сокинони деҳаи Танги ҷамоати деҳоти Сучон, ноҳияи Шуғнон навишта шудааст.