wrapper

   Раёсати Институти илмҳои гуманитарии ба номи академик Б. Искандарови АМИТ дар асоси Нақша-чорабиниҳои АМИТ ва ҳамзамон дар асоси Нақша-чорабиниҳои МИҲД-и ВМКБ, Нақша-чорабиниҳои дохилиро оиди хонишҳои сиёсӣ таҳияву баррасӣ намуда, онро мунтазами амалӣ намуда, истодааст.

  Дар санаи 11.06.2024 дар толори ИИГ хониши сиёсии навбатӣ дар мавзуи “Ҷаҳон ва ҷаҳонбинӣ: биниш ва дониш дар масири таърих” аз тарафи ходими илмии шуъбаи тадқиқоти иҷтимоиёту иқтисодиёти Бадахшон Ҳақназар Имомназар баррасӣ гардид. Устод Ҳақназар Имомназар  дар доираи мавзуъ, сайри таърихии мафҳуми ҷаҳонбиниро бо зикри 3 навъи асосии он (ҷаҳонбинии устуравӣ (мифологӣ), динӣ (моҳвароӣ), илмӣ-фалсафӣ) ҳамаҷониба шарҳ дод. Ҳамчунон дар мавриди ҳадафҳо ва нақши ҷаҳонбинӣ дар ҳаёти иҷтимоӣ ва ба хусус, мақому арзиши ҷаҳонбиниҳои муосир (илмӣ ва ғайрилмӣ) дар ҷомеаи тоҷикистонӣ бо мисолу намунаҳои ҳаётӣ баён намуданд, ки мавриди алоқаи ҳайати кормандони ИИГ гардид. Дар поёни баёни мавзуъ, баҳсу мулоҳизаҳо сурат гирифтанд, ки актуалӣ ва ҷолиб будани мавзуъро нишон дод. Фишурдаи матни мавзуи мазкур дар рӯзҳои наздик дар сайти ИИГ ба маълумоти алоқамандон манзур хоҳад шуд.