wrapper

Навидҳои рӯз

СОҲАИ МАОРИФ ДАР ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

Абдулназар АБДУЛНАЗАРЗОДА - доктори илмҳои филологӣ, сарходими илмии шуъбаи фолклор ва адабиёти Бадахшони Институти илмҳои гуманитарии ба номи академик Б. Искандарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

 

СОҲАИ МАОРИФ ДАР ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

           

Паём барномаи солонаи мукаммал ва мушаххасе аст, ки ҳар сол аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ироа мегардад. Ин барномаи солонае ба шумор меравад, ки маҷмуи нақшаву барномаҳои стратегии яксолаи тамоми ҷанбаҳои сиёсиву иҷтимоӣ, ҳуқуқиву шаҳрвандӣ ва фарҳангиву маърифатиро фаро мегирад.

Имсол низ Паёми Пешвои миллат, ки ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардид, барномаи мушаххас ва мукаммали солонаро рӯӣ кор оварда, барои тамоми соҳаҳои ҳаёти кишвар масъалагузориҳои мубрам ва ояндабинона дар миён гузошта шуданд ва ҳар як соҳаҳои ҳаёти кишвар муваззаф гардиданд, ки таҳти ҳидоятҳои Роҳбари Давлат фаъолияти яксолаи хешро ба роҳ монанд.

Дар Паёми навбатӣ Сарвари мамлакат самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии кишварро муайян намуда, дар баробари таъмини пешрафти дигар соҳаҳо ба соҳаи илму маориф таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, дар ин самт вазифаҳои мушаххасро ба миён гузоштанд.

Бояд тазаккур дод, ки соҳаи маориф, ки дар кишвар самти афзалиятнок дониста шудааст, дар ҳеҷ замоне аз мадди назари сиёсати пешгирифтаи Сарвари мамлакат дар канор наистода, балки ҳама вақт дар мадди аввал гузошта шудааст ва ба ин соҳа таваҷҷуҳи махсус равона карда мешавад.

Маълум аст, ки ин соҳаи ҳаётии кишвар, ки ба қавли Сарвари мамлакат «Пешравии мамлакат ба соҳаи маориф вобаста аст» дар Паёми ҳарсолаи Пешвои миллат нақши меҳварӣ дорад. Чунонки дар Паёми ироагардидаи соли 2022 ба бахши маориф ба таври бесобиқа таваҷҷуҳ зоҳир  гардида, таъкид намудаанд: «Мо мактабро ба ҳайси боргоҳи илму дониш, саводу маърифат ва омӯзгорро чун шахси мафкурасозу тарбиятгари насли наврас эътироф намуда, ба онҳо арҷу эҳтиром гузоштанро аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимтарин медонем».

Имсол низ ин андешаҳоро Сарвари мамлакат тақвият бахшида, иброз намудаанд, ки: «Рушди сармояи инсонӣ мояи калидии баланд бардоштани сатҳу сифат ва самаранокии соҳаи иҷтимоӣ, махсусан маориф ва тандурустӣ, илм ва иноватсия, инчунин самаранокии муассисаҳои илмӣ мебошад.  Дар  навбати худ рушди илму маориф калиди пешрафти ҳамаи соҳаҳо ва омили муҳимтарини таъмин намудани ояндаи босуботи давлат ва фардои босаодати ҷомеа ба ҳисоб меравад».

Пешвои миллат пеш аз ҳама зина ба зина ва сол ба сол фароҳам овардани шароит барои кӯдакону наврасон, ба монанди сохтмони мактабҳои типи нав, ҷиҳозонидани мактабҳо ва муассисаҳои таълимӣ ёдоварӣ намуда, иброз намуданд, ки: «Бо фароҳам омадани имконият хусусияти иҷтимоии буҷети давлатӣ тақвият дода шуда, хароҷот барои илму маориф, тандурустӣ ва дигар соҳаҳои иҷтимоӣ аз 9,6 миллиард сомонии соли 2017 ба 18,5 миллиард сомонӣ дар соли 2023 расонида шуд, яъне 1,9 баробар зиёд гардид". Ин иқдоми бузурги Сарвари мамлакат мо маорифчиёнро рӯҳбаланд гардонида, боз ҳам бо ҷиддият дар амал татбиқ намудани ҳадафҳои босуботи кишвар тамоми қувваамонро равона менамоем.

Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми мазкур рушду густариши соҳаҳои илм, маориф ва фарҳанг ва  дастовардҳои бузурги фарҳангии кишварамонро яке аз афзалиятҳои муҳими сиёсати Ҳукумати мамлакат арзёбӣ намуданд. Роҳбари олии мамлакат иброз намуданд, ки дар соли 2023 дар мамлакат аз ҷониби соҳибкорони ватандӯст дар соҳаи маориф 117 иншоот барои беш аз 43 ҳазор хонанда бунёд гардида аст.

Дар навбати баъдӣ, бояд тазаккур дод, ки зина ба зина баланд бардоштани маоши соҳаи маориф ва илм аз ғамхориҳо ва таваҷҷуҳи бевоситаи Сарвари мамлакат ба ин соҳа донистан шарт ва зарур аст. Хушбахтона, имсола дар ин соҳа ва дигар соҳаҳои иҷтимоии мамлакат 40 фисад маоши ҳармоҳаи кормандон баланд бардошта шуд, ки ин худ шаҳодат аз ғамхории беғаразона ва ояндабинонаи Сарвари мамлакат ба ҳисоб меравад. Вобаста ба ин, сатҳи рушд ва самаранокии истифодаи сармояи инсонӣ барои давлату Ҳукумат аҳаммияти аввалиндараҷа дорад. Рушди сармояи инсонӣ омили калидии баланд бардоштани сатҳу сифат ва самаранокии соҳаҳои иҷтимоӣ, махсусан, маорифу тандурустӣ, илму инноватсия, инчунин, фаъолияти самараноки муассисаҳои илмӣ мебошад. Дар навбати худ, рушди илму маориф калиди пешрафти ҳамаи соҳаҳо ва омили муҳимтарини таъмин намудани ояндаи босуботи давлат ва фардои босаодати ҷомеа ба ҳисоб меравад. Дастгирии таҳқиқоти илмӣ тавассути боло бурдани меъёри маблағгузории он, таъсиси марказҳои муосири илмӣ, озмоишгоҳҳо ва ба роҳ мондани ҳамкории муассисаҳои илмӣ бо истеҳсолот дар давраи минбаъда муҳим арзёбӣ мегардад”.

Ин аст, ки баҳри пешрафти ин соҳаи муҳимтарини ҳаёт Сарвари мамлакат махсусан, таъкид намуданд, ки мо бояд тамоми кӯшишҳо ва заҳматҳоро баҳри пешравии босуботи ин соҳаи ҳаёт сафарбар намоем, то дар ин замони зудтағирёбанда ба талаботи рӯзафзуни ҷомеа ҷавобгӯ бошад. Барои расидан ба ин ҳадафҳои муҳим ва саривақтӣ Сарвари мамлакат дар ин самт вазифагузориҳои мушаххасро дар миён гузоштанд:

-  Аввал, омода намудани кадрҳои баландихтисос;

- Дувум, баланд бардоштани сифати таълим дар тамоми зинаҳои таҳсилот;

- Савум, ба таври ҷиддӣ ба роҳ мондани омӯзиши забонҳои хориҷӣ, фанҳои дақиқ ва риёзӣ;

Барои пиёда намудани ин ҳадафҳо Пешвои миллат таъкид намуданд, ки: «Дар ин раванд, Вазорати маориф ва илм, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ҷиҳати таҳкими заминаи моддиву техникии муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёнаи касбӣ, ҳамкории фаъол ба корҳонаҳои истеҳсолӣ ва омода кардани кадрҳои баландихтисоси техникиву муҳандисӣ чораҷӯӣ намоянд».

Зеро агар омӯзгори соҳибкасб набошад ва сатҳи маърифатнокии замони муосир ба талабот ҷавобгӯ набошад, пешрафти ҷомеа ғайри имкон аст. Ин масъулияте аст, ки ҳар як омӯзгор бояд дар он таҳаммул намояд ва барои ба талабот ҷавобгӯ кардани насли навраси ояндасоз омода намояд. Агар дар ин замони зудтағйирёбанда шахсони соҳибихтисос ва дорои зеҳнияти баланд омода карда нашаванд, ҷомеа наметавонад пешрафт намояд.

Дар фаровард метавон гуфт, ки омӯзгор шахсияте аст, ки ҷомеа дар масири таърих ба он ниёз доштааст ва он асоси мафкурасози мардум аст. Дар ин росто ҳар як омӯзгор ва тарбиятгари насли наврас муваззаф аст, ки тамоми ҳастияшро ба харҷ диҳад ва баҳри пиёда намудани сиёсати пешгирифтаи давлат ва минҷумла Пешвои миллат камари ҳиммат баста, ватани азизамонро ҳамчун кишвари пешрафта ва дорои захоири бойи интеллектуалӣ муаррифӣ намояд.

            Бе мураббӣ зери гардун муътабар натвон шудан,

Моҳи навро рафта-рафта чарх оламгир кард.

Ин ҳама ғамхориҳо ва дастгириҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми  зиёиён, кормандони соҳаҳои илм ва маорифу фарҳангро водор менамояд, ки дар меҳвари сиёсати маорифпарварона ва фарҳангпарваронаи Роҳбари Олии мамлакат собитқадам бошем ва дар рушди қувваҳои зеҳнӣ ва пешрафти ҳаёти фарҳангии миллату кишварамон саҳми боризи худро гузошта, Ватани азизамонро ба як кишвари соҳиби нерӯҳои зеҳнӣ ва маданӣ табдил бидиҳем.

Муфассал ...

Терроризм – таҳдид ба давлатдории миллӣ

Терроризм – таҳдид ба давлатдории миллӣ

Дирӯз дар толори Институти илмҳои гуманитарии ба номи академик Б. Искандарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мизи мудаввар дар мавзуи “Терроризм – таҳдид ба давлатдории миллӣ” бо иштироки ходимони илмӣ, магистрон ва докторантони (PhD)-и Институт гузашт. Мавзуъро номзади илмҳои таърих Саидасанов Юсуф пешниҳоди ҳозирин намуда, нукоти асосии ин проблемаи муосирро таҳти баррасӣ қарор дод. Ба хусус, маълумот дар бораи нишонаҳои терроризми муосир, манбаҳои маблағгузории он, шаклҳои фаъолияти гурӯҳҳои террористӣ, тарзҳои омода намудани қувваҳои террористӣ пешниҳод гардид. Таъкиди махсус бар хавфи фаъолияти ин гуна гурӯҳҳо ба давлату давлатдорӣ, сулҳу оромии кишварҳо, якпорчагиву амнияти давлатҳо гардида, зикр шуд, ки ҷавонону наврасон бояд дар ҳама гуна ҳолатҳо аз ворид шудан ба шабакаҳои иҷтимоии шубҳанок худдорӣ намоянд.

Мизи мудаввар бо саволу ҷавоб ва суҳбати пурмазмун байни ҳозирин анҷом пазируфт.

 

Муфассал ...

АРТИШИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН ФАХРУ ИФТИХОРИ МОСТ

АРТИШИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН ФАХРУ ИФТИХОРИ МОСТ

Имрӯз дар толори Институти илмҳои гуманитарии ба номи акдемик Баҳодур Искандарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон чаласаи тантанавӣ бахшида ба 30-умин солгарди Артиши миллии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он бо сухани табрикотӣ ва ишорае ба таърихи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон директори ИИГ АМИТ, доктори илми филология Қаландариён Ҳоким Сафар ва номзади илми таърих Шоинбеков Аловиддин баромад намуданд.

Раёсати Институти илмҳои гуманитарии ба номи Б. Искандарови АМИТ аз фурсат истифода бурда, Қувваҳои Мусаллаҳи Ватанамон ва  дар симои онҳо тамоми сокинони кишварамонро бо Рӯзи Артиши миллӣ табрику таҳният гуфта, изҳор менамоем, ки Илоҳо осмони софи имрӯзаи Ватанамон софтару поктару, хоки Ватанамон осудатару оромтар гардад ва ҳеҷ вақт садои тиру туфанг дар он шунида нашавад.

Рӯзи Артиши миллӣ муборак бод!

Муфассал ...

ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ –НЕРЎИ ПУРИҚТИДОРИ ВАТАН

Тошмамадова Ф. – докторант (Phd)-и шуъбаи фолклор ва адабиёти Институти илмои гуманитарии ба номи академик Б.Искандарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

 

ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ –НЕРЎИ ПУРИҚТИДОРИ ВАТАН

Созмон додани Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи соҳибистиқлолии кишварамон яке аз муваффақиятҳои бениҳоят шоёне буд. Зеро бо ташкили як девори боқувват барои мустаҳкамӣ ва бехатарии давлат, пеш аз ҳама, ба чунин муҳофизон эҳтиёҷ дошту аз уҳдааш ҳам баромада тавонист. Албатта бо саъю кўшишҳои бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Ҳар як халқу миллат барои оромиву осудагии Ватан доимо дар ҷустуҷўи роҳҳои беҳтар кардани ҳифзи меҳани хеш мекўшад, то ки дар ин давраи нооромиҳои ҷаҳони муосир ба мушкилоте рў ба рў нашавад. Шаъну шараф, нангу номус ва ифтихори ватандўстии ҳар миллат ба артиши он вобастагӣ дорад ва хушбахтона дар кишварамон аз замони таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳ рўз аз рўз қувват гирифта дар тўли 31 –сол ба бисёр пешравиҳо ноил гардидааст. Аз ҷумла, мустаҳкам намудани сарҳади кишвар бо бунёд намудани дидбонгоҳҳои сарҳадӣ мутобиқи талаботи замони имрўза мебошад, то ки сарбозони ҷасуру далер битавонанд дар муҳити созгор адои хизмати модар- ватанро ба ҷо оранд. Инчунини дигар сохтани манзилҳои истиқоматӣ барои хизматчиёни ҷузъу томҳои ҳарбӣ ҳам аз он шаҳодат медиҳад, ки кашварамон дорои тараққиёту пешравиҳои бузурге дар ин ҷода хаст.

Мавриди зикр аст, ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин бора чунин қайд карданд: «Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ барои ҷавонон мактаби ҷавонмардӣ маҳсуб ёфта, дар рўҳияи ватандўстиву ватанпарварӣ, худшиносиву худогоҳӣ тарбия намудани хизматчиёни ҳарбӣ ва барои онҳо муҳайё намудани шароити хуби хизмат, инчунин, риояи талаботи оинномаҳои ҳарбӣ муҳимтарин самти сиёсати мудофиавии кишвар маҳсуб меёбад».

Муҳофизату ҳимоятгари Ватан будан аз ҳар кас меҳнати бисёр, шабзиндадорӣ кардан, мустаҳкамию матонат, тоқатпазирӣ, ҷасурӣ ва ҷоннисорию фидокориро талаб мекунад. Имрўз гуфта метавонем, ки Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тайёрии комили сиёсӣ ва ҳарбӣ, зиндагӣ ва заҳмати осудагии халқу давлатро муҳайё намуда, дар муқовимат бо ҳама гуна аъмоли зишти ҷомеа омодаи мубориза аст, зеро фарзандони ғаюр намегузоранд, ки қадами нопоки душман ба хоки кишвар гузошта шаваду амну амонии халқро халалдор созад.

Бояд қайд кард, ки заҳмату талошҳои сарбозону афсаронро Ҳукумати кишвар ба назар гирифта, барои беҳтару хубтар адои вазифа кардан барояшон дар дидбонгоҳҳо як қатор чорабиниҳоро ташкил намуданд, аз ҷумла барномаҳои фарҳангию фароғатӣ, кушодани китобхонаҳо ва ба таълим фаро гирифтани ҳомиёни Ватан аз ҷумлаи ин гуна иқдомҳо мебошанд. Зеро заҳмату ҷоннисориҳои ҷавонмардони Ватан кафили сулҳу субот ва оромии Тоҷикистони азизамон ба шумор меравад. Тавре Пешвои миллат дар яке аз суханрониҳояшон қайд карданд: «Хизмат ба Ватан аслан хизмат кардан ба падару модар ва бародарону хоҳарони машғули меҳнати осоишта аст. Зеро Ватан ва миллат ду рукни муқаддасеанд, ки бидуни онҳо ҳеҷ фард сари баланду ифтихори инсонӣ дошта наметавонад».

Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон тайи солҳои арзи вуҷуд карданаш аз бисёр сахтиҳову душвориҳо гузашта онҳоро паси сар намуда бо роҳбарии бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Генерали Артиш  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ибтикорити сулҳҷўёнаи вай имрўз ба як сохтори пуриқтидори низомӣ мубаддал шуда, тинҷиву амонии кишвар аз дасти ин родмардони меҳан дар амон аст.

Хулоса, мо имрўз дар фазои тинҷиву оромӣ умр ба сар мебарем ва аз он мефахрем, ки Қувваҳои Мусаллаҳи ватанамон хеле пуриқтидору бонуфуз ҳастанд ва қудрати ҳифзи марзу буми Тоҷикистони маҳбубамон дорад.

Муфассал ...