МАМАДШЕРЗОДШОЕВ Умед Шозодамамадович-ходими
илмии шуъбаи таърих ва мардумшиносии
Институти илмҳои гуманитарии АМИТ
ЭКСТРИМИЗМ ВА ОҚИБАТҲОИ НОМАТЛУБИ ОН ДАР ҶАҲОНИ МУОСИР
Асри XXI яке аз пуртаззодтарин давраҳои таърихи инсоният ба шумор рафта, дар ин давра бар асари муборизаи шадиди давлатҳои абарқудрат дар як қатор кишварҳои ҷаҳон чунин аъмоли номатлуб ба мисли хурофотпарастӣ, экстримизм ва терроризм рӯз то рӯз авҷ гирифта ин зуҳуроти номатлуб ба соҳибихтиёрӣ ва арзишҳои миллии бархе аз давлатҳо хатари ҷиддиро таҳдид мекунанд. Ин падидаҳои номатлуб имрӯз барои ҳаёти ороми башарият ва таъмини сулҳу субот миёни кишварҳоро зери хатар гузошта, ҳазорон нафар инсонҳо бар асари ин амалҳои зишт ё ҷони худро аз даст медиҳанд ё ба паси панҷара афтида, як умр маҳбус мешаванд.
Ба ин хотир барои ҳифз намудани худ аз ин зуҳуроти хатарнок Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар аксари мулоқотҳо ва суханронҳои пурмуҳтавои худ шаҳрвандони Тоҷикистонро огоҳ мекунанд, ки фирефтаи созмонҳои экстремистӣ ва терористии исломӣ нашуда, дар чаҳорчўби сиёсати сулҳҷӯёнаи давлати худ ва қонунҳои кишварашон кор ва зиндагӣ намоянд.
Тавре маълум аст, 9 марти соли 2024 дар шаҳри Душанбе мулоқоти навбатии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини мамлакат баргузор гардид. Дар ин мулоқоти муҳим Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон масъалаи муҳимеро, ки баррасӣ намуда буданд, ин муборизаи беамон бурдан бо хурофотпарастӣ, исломгароӣ, экстримизм ва терроризм буданд:
“Бояд гуфт, ки бо вуҷуди муносибати неки давлат нисбат ба ҳамаи дину мазҳабҳо, бахусус, нисбат ба дини мубини ислом, солҳои охир зуҳуроти нороҳатсозандаву нигаронкунандаи таассубу хурофот, тафриқаандозиву ифротгароии динӣ ва дар ин замина риоя нагардидани меъёрҳои Конститутсия ва қонунҳои амалкунанда афзоиш ёфта истодааст.
Ин дар ҳолест, ки тибқи андешаву назари донишмандони маъруфи улуми исломӣ хурофоту таассуб ва ифротгароии динӣ бо таълимоти инсонпарваронаи дини ислом робитае надорад.
Душманони дини мубини ислом барои коштани тухми нифоқу бадбинӣ, эҷоди ҳисси исломситезӣ, тафриқаи мазҳабӣ дар байни уммати мусулмон ва расидан ба ҳадафҳои ғаразноки худ, ки яке аз онҳо даст ёфтан ба боигариҳои фаровони кишварҳо мебошад, ифротгароии диниро бо ҳар роҳу восита пуштибонӣ ва маблағгузорӣ мекунанд”.
Тавре ҷомеашиносон иброз медоранд, сарчашмаи терроризм ин зуҳуроти хурофотпарастӣ, ифротгароӣ ва экстримизм мебошанд ва забоншиносон дар луғатномаҳо маънии ин истилоҳотро чунин шарҳ додаанд: Хурофот дар луғат ба маънии “асотир” ва “афсона” омадааст, яъне онҳо суханҳое мебошанд, ки ҳеҷ гоҳ пояи илмӣ надоранд. Ифротгароӣ бошад маънои зиёдаравӣ, тундравӣ, якравӣ ва зулму ситамро ифода мекунад. Он муодили вожаи фаронсавии экстримизм мебошад. Яъне ифротгароён шахсонеанд, ки аз доираи адолат ва эътидол хориҷ мешаванд ва рафтори золимона ва ситамгаронаро аз худ нишон медиҳанд ва ба фасод рӯй оварда, инкишофи илм ва озодандеширо дар ҷомеа боз медоранд.
Аммо, вақте ки ифротгароён ҷинояти вазнинро содир мекунанд ва даст ба куштори инсон мезананд, одамонро ба гаравгон мегиранд, иншоотҳои истеҳсолӣ ва маишиву фароғатиро метарконанд, воситаҳои нақлиётро мерабоянд ин аъмоли зиштро тероризм меноманд. Яъне амалҳои хурофотпарастӣ, ифротгароӣ, исломгароӣ ва экстримистӣ сарчашмаи терроризм маҳсуб мешаванд.
Мутахассисон намудҳои экстримизмро баррасӣ намуда, ин зуҳуроти номатлубро ба намудҳои экстримизми динӣ, экстримизми сиёсӣ ва идеологӣ ҷудо мекунанд. Бархе аз мутахассисон бошанд, ҳатто иброз медоранд, ки экстримизм дар соҳаи илм ва варзиш низ вуҷуд дорад.
Аммо аз миёни намудҳои экстримизми зикршуда, хатарноктаринашон экстримизми динӣ ва экстримизми сиёсӣ мебошанд. Экстримизми динӣ ё ифротгароии динӣ он аст, ки ҳадафаш ғасб намудани як ҳокимият ва ё аз байн бурдани як мазҳаб буда, маромаш таъсис додани як ҳукумати хатарноки радикалии исломӣ мебошад. Ифротгароёни ба ном исломӣ, ба мисли аъзоёни гурӯҳи ДОИШ, Алқоида, салафия, толибон ва дигар гурӯҳҳои тундрав ғайр аз иделогияи худ таълимоти дигар мазҳабҳои исломӣ аз ҷумла ҳанафӣ, исмоилӣ, шиаи исноашарӣ ва адёни ғайри исломиро намепазиранд ва онҳоро ба куфр мутаҳам мекунанд ва мехоҳанд бо роҳи зулму ситам ва хунрезӣ пайравони мазоҳиби дигарро аз байн бибаранд.
Мазоҳиби ифротӣ ҳарчанд худро мусулмони ҳақиқӣ пиндошта бошанд, ҳам, вале ягон рафтори онҳо бо таълимоти ислом ва Қуръон мувофиқат намекунад. Зеро мувофиқи таълимоти Қуръон ноҳақ резондани хуни як бародари ҳамдини худ гуноҳи азим шумурда мешавад. Мувофиқи иршодоти оёти Қуръонӣ вақте ки Худои таъоло Одамро офариданӣ мешавад, малоикаҳо назди Худованд омада, тақозо мекунанд, ки Парвардигоро шумо чунин махлуқеро халқ накунед. Зеро ӯ дар олам хунрезӣ намуда, даст ба фасод мезанад. Вале новобасста ба ин Худованд Одамро офарид ва бо ӯ паймон бастанд, ки дар рӯи замин фасод ва хунрезӣ накунад. Дар ин бора дар ояи 84 Сураи Бақара чунин омадааст: “Ва ёд кунед, ки аз шумо паймон гирифтем, ки хуни якдигарро нарезед ва якдигарро аз хона ва кошона наронед. Он гоҳ дида ва дониста гардан ниҳодед”.
Вале бартариҷӯӣ дар дини ислом ва инкор кардани таълимоти мазоҳиби исломӣ ва адёни ғайри исломӣ хилофи таълимоти Қуръони маҷид буда, ин аъмоли зишт мусулмононро ба экстримизм, хурофот ва терроризм оварда мерасонанд. Мувофиқи таълимоти исломӣ тамоми инсонҳо чи мусулмон бошанд ва чи ғайри мусулмон дар назди Худованд барбар мебошанд. Тавре дар ояи 13 сураи Ҳуҷуроти Қуръони маҷид омадааст: “Эй мардум мо ҳамаи шуморо нахуст аз мард ва зане офаридем ва онгоҳ шуъбаҳои бисёр ва фирақи мухталиф(мазҳабҳо ва миллатҳои гуногун) гардонидем, то якдигарро бишиносед. Ҳамоно бузургвор ва боифтихортарини шумо назди Худо ботақвотарини(парҳезгортарин) шумоанд. Ҳамоно Худо комилан доно ва огоҳ аст”
Экстримизми сиёсӣ бошад, он аст, ки дар ин ё он кишвар аҳзоб ва созмонҳои сиёсӣ бо усули экстримизм раҳбарони ҳукуматро айбдор намуда, мехоҳанд бо ин роҳ нуфузашонро дар миёни мардум камранг созанд ва онҳоро аз мансаб барканор созанд. Бо ин роҳ ҳадаф доранд ҳукукумати кониститусиониро барҳам зананд ва идеологияи сиёсии худро ҷорӣ намоянд.
Тавре мушоҳида мекунем исломгароёни тундрав ва ифротӣ идеологияи хатарноки худро аз тариқи сайтҳои интернетӣ дар миёни ҷавонон паҳн мекунанд. Барои ин ҷавонон бояд ҳушёр бошанд, ки ба ин дасиссаи ифротгароён дода нашаванд. Баъзан чунин ақидаҳои экстримистӣ аз ҷониби ифротгароён аз тариқи шабакаҳои телевизионии кишварҳои исломӣ низ пахш мешаванд, ки ба ин барномаҳо низ набояд таваҷҷуҳ зоҳир кард. Ҳамчунин чунин ба мушоҳида расидааст, ки имомхатибҳои тундрав, ки салафӣ шуданд, ақидаҳои экстримистиро дар масоҷиди Тоҷикистон тарғиб кардаанд ва садҳо нафар ҷавононро раҳгум намуданд. Чунин воқеа дар вилояти Суғд ба мушоҳида расид ва ин имомхатибҳо дастгир шуда ба ҷавобгарӣ кашида шуданд.
Хуллас, зуҳуроти манфии хурофотпарастӣ, экстримизм (ифротгароӣ) ва терроризм дар қарни XXI аз зуҳороти номатлуб маҳсуб шуда, оқибатҳои хеле нангин доранд ва ифротгароён метавонанд бо идеологияи зарарноки худ як мазҳабро аз байн бибаранд, ё як ҳукумати конститусиониро барҳам зананд ва ё як шахси бонуфузу баландпояро беасос сиёҳ намуда ба ҷони ӯ таҳдид намоянд. Пас барои шаҳрвандони Тоҷикистон зарур аст, ки дар чаҳорчўби қонунҳои давлати конститусионии худ кор ва зиндагӣ намоянд ва фирефтаи ақидаҳои дурӯғ ва хатарноки исломгароёни хориҷӣ нагарданд.