Раёсати Институти илмҳои гуманитарии ба номи академик Б.Искандарови АМИТ дар асоси Нақша-чорабиниҳои АМИТ ва ҳамзамон дар асоси Нақша-чорабиниҳои МИҲД-и ВМКБ, Нақша-чорабиниҳои дохилиро оиди хонишҳои сиёсӣ таҳияву баррасӣ намуда, онро мунтазами амалӣ намуда истодааст.
Имрӯз дар толори ИИГ ба номи Б. Искандаров хониши сиёсӣ дар мавзуи «Таассуби динӣ – таҳдид ба амнияти миллӣ ва озодандешии ҷомеа» баргузор гардид. Доир ба мавзуи зикршуда доктори илмҳои филологӣ, профессор, сарходими илмии шуъбаи забонҳои помирӣ Офаридаев Назрӣ баромад намуда доир ба арзишҳои сиёсии давлат дар шароити имрӯза маълумот доданд. Аз ҷумла арзишҳои динию мазҳабиро низ таҳлил намуда таъкид карданд, ки ин арзишҳо набояд дар муќобили ҳамдигар бошанд. Чорабинии хониши сиёсӣ бо саволу ҷавоб анҷом пазируфт.