ОФАРИДАЕВ Назрӣ- доктори илмҳои филологӣ,
сарходими илмии шуъбаи забонҳои помирии
Институти илмҳои гуманитарии ба номи Б. Искандарови АМИТ
ТААССУБИ ДИНӢ-ТАҲДИД БА АМНИЯТИ МИЛЛӢ ВА ОЗОДАНДЕШИИ ҶОМЕА
Таассуб категорияи психологиву иҷтимоӣ буда дар зеҳнҳои аҳли ҷомеа ба шаклҳои гуногун зуҳур меёбад. Таассубро метавон ба хелҳои гуногун ҷудо намуд, ки ба фаъолияти инсон вобастагии қавӣ доранд. Яке аз чунин падидаҳои иҷтимоӣ, ки ба падидаи дигари иҷтимоӣ - таҳамулпазирӣ муқобил меистад, таассуби динӣ мебошад, ки заминаҳои равонӣ, мафкуравӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангию сиёсӣ дорад. Дар робита ба заминаҳои хуруҷи таассубгарӣ метавон таассуби сиёсӣ, таассуби миллӣ ва ҳатто таассуби маҳаллиро низ номбар кард, ки дар заминаи омилҳои муайяни иҷтимоӣ зоҳир мегарданд ва то андозае хусусияти фардӣ ва куллиро касб мекунанд.
Тарбияи таассуб ва хурофотпарастӣ дар ҷомеае сурат мегирад, ки ғояҳои мафкуравии заиф ва халоҳи муайяни идеологӣ (мафкуравӣ) вуҷуд дошта бошанд. Бояд ёдовар шуд, ки халоҳи бавуҷудомадаи идеологӣ ва вазъи мураккаби иҷтимоию иқтисодӣ дар ҷумҳуриҳои Осиёи Марказии пасошўравӣ ба эмиссарҳои хориҷӣ ва хизматгорони дохилии онҳо дар муддати кутоҳ муясар гардид, ки тафаккури қишри муайяни аҳолиро ба дарки арзишҳои исломӣ ба сифати асосҳои идеологӣ (мафкуравӣ) моил созанд, ки муносибатҳои шахсӣ ва ҷамъиятиро танзим намоянд. Дарки бешууронаи арзишҳои ислом, сатҳи пасти дониш ва ҷаҳонбинии динӣ ва дунявӣ боиси хуруҷи таассуби динӣ мегардад. Таассуби динӣ дар муҳите рушд мекунад, ки ҷаҳонбинии илмӣ, дастовардҳои илм ва арзишҳои дунявӣ шадидан пахш гардида, дар ҷомеаи муҳити равонии маҳдуд дар омезиши ба эҳсосоти динӣ ба вуҷуд биёяд.
Таълиму тарғиби нодурусти арзишҳои дину мазҳаб, ки ба маҷрои носолим яктарафа равона карда мешаванд, ба руҳияи новустувори наврасону ҷавонон таъсири манфӣ мерасонад.
Сатҳи рушди тафаккури мардуми минтақа то ҳол ба дарки воқеияти имрўз, ки рушди ояндаро таъмин менамояд, ба кундӣ сурат мегирад. Танҳо фикри озод, андешаи солим, рушди илму маърифат метавонад таассубро аз байн барад. Рушди руҳию равонии аҳли ин ё он ҷамъият агар ҷанбаи созандагию бунёдкориро касб намояд, дар он ҷомеа ҷой барои таассуб боқӣ намемонад.
Доман задани таассуби динӣ дар мамолики исломӣ дар баробари ифротгароӣ, терроризм, ҳаросатафканӣ ва дар амал татбиқ намудани аҳдафи доираҳои сиёсӣ, иқтисодию молиявӣ мебошад, зеро дин сарчашмаи ғоявии пурқудрат барои расидан ба ҳар гуна аҳдоф аст. Сарчашмаи ғоявии пурқудрати ислом метавонад ҳам созанда бошад ҳам сўзанда. Таассуби динӣ ба дараҷае дар ниҳоду равони инсон реша давондааст, ки ҳаётро ба сифр баробар карда, маргталаб худро дар як лаҳза қурбони ҷаҳолат месозад. Яке аз омилҳои пайдоиши терроризми иломӣ таассуби динӣ мебошад.
Таассуб дар қалби фарде, ки ба ин мараз мубталло шудааст, нафрату адоват ва одам бадбинро тарбия мекунад. Таассуби динӣ шахсро танҳо дар доираи худу ҳаммаслакони худ банд мекунад, руҳияи худбинӣ тарбият мекунад.
Дар ин ҷо бояд ёдовар шуд, ки ифратгароӣ, тундгароӣ, терроризм аз таассуби динӣ сарчашма мегиранд. Мубориза ба муқобили чунин падидаҳои хатарзои асри XXI аз вазифаҳои мубрами замони имрўза ба ҳисоб меравад.
Воқеаю ҳодисаҳои солҳои охир аз он шаҳодат медиҳанд, ки таассуби динӣ, махсусан дар мамолики исломӣ ба ваҳшонияти гўшношунид зоҳир шуда истодааст, ки на танҳо мамлактро ба хатар мувоҷеҳ сохтааст, балки ба суботи ҷомеа ва амнияти давлатҳо низ таҳдид мекунад.
Яктарафа пахш гардидиани назару ҷаҳонбинии қишри муайяни сокинони ин ё он минтақа, истифода аз ҷаҳонбинии яктарафаи одамон, аз диди маҳдуди шахшуда ва ба маҷори тахрибкорӣ равона намудани эътиқоди одамон метавонад хатарҳои ҷиддиеро ба бор оварад.
Нохун задан ба торҳои ҳиссёти мазҳабии мардум ва зомбӣ намудани афкори умум ба суботи мамлакат метавонанд хатареро эҷод намоянд ва таассуби динӣ аз қонунҳои давлатӣ бартарӣ пайдо кунад.
Ба назари мо, дар ҷомеае, ки фарҳанги сиёсӣ рушд накардааст, заминаҳои таассуби динӣ аз байн нарафтаанд, татбиқи сиёсии озодандешӣ мувофиқи мақсад нест.
Имрўз ҷаҳони ислом ноором аст. Даҳҳо созмонҳои ифротӣ арзи вуҷуд намудаанд, ки ҳадафҳои бесуботгардонии мамлакатҳои Осиёи Марказиро доранд, ки ба таассуби динӣ асос ёфтаанд ва гўё барои ислом ва пайравони он хизматеро ба ҷо меоварданд.
Чунин созмонҳои террористию экстермистии байналхалқӣ ва хадамоти махсуси давлатҳои алоҳидаи хориҷӣ барои ҷомеаи башарӣ хатар доранд.
Тоҷикистон ҳамчун узви ҷомеаи ҷаҳонӣ аз чунин хатару таҳдидҳо дар канор монда наметавонад ва сабабгори ба амал омадани хатарҳои ҷиддӣ барои ҷамъият ва давлат гарданд.
Мо низоми дунявии давлатдориро интихоб кардем. Аммо нақши руҳоният дар ҷомеа торафт зиёд шуда истодааст. Гаравидани ҷавонон ба созмонҳои ифротию тундгаро нигаронкунанда боқӣ мемонад.
Афзудани шумораи масҷидҳо нисбат ба муассисаҳои таълимӣ боиси он гардидааст, ки ҳаёти маънавии шаҳрвандон зери нуфузи уламои ислом қарор гирад.
Аз ин рў зарур аст, ки ба қишри дигари созандаи ҷомеа- омўзгорон таваҷҷуҳи бештаре зоҳир гардад, ки тафаккури маънавии шаҳрвандон, аз он ҷумла насли ҷавонро ба маҷрои дуруст ва солиму созанда равона намоянд.
Таҳсили ғайрирасмии наврасону ҷавонони тоҷик дар муассисаҳои динии давлатҳои хориҷӣ ва иштироки зодагони Тоҷикистон дар созмонҳои экстермистӣ байналхалқӣ таҳдиди ҷиддиест ба амнияти суботи ҷумҳурӣ. Тавре маълум аст, аксари ин гуна толибилмонро нафароне ташкил медиҳанд, ки дониши дунявӣ надошта, ҷаҳонбинии онҳо дар асоси ғояҳои таассуб ташаккул меёбад.
Инчунин таассуб метавонад, дар мактабхои ғайрирасмии динӣ зуҳур меёбад. Зеро мударрисони чунин мактабҳои ғайрирасмӣ маълумот ва дониши кофии динӣ надошта, аз донишҳои ҳуқуқӣ ва дунявӣ огоҳӣ надоранд.
Саъю талоши қисме аз намояндагони дин баҳри нуфуз пайдо намудан дар ҷомеа саъю талоши зиёдеро ба ҳар баҳона ба харҷ медиҳанд. Аз баҳси ришу ҳиҷобу сатр сар карда, то паҳн намудани овозаҳо дар бораи фаъолияти мақомоти давлатӣ ба он нигаронида шудааст, ки қонунҳои дунявии давлатро баҳри эҳёи рушди арзишҳои миллӣ зери суол гузоранд ва дар зеҳни мардум шубҳа ва нобовариро эҷод намоянд.
Ин гуна фаъолиятҳо ба манзури бунёд намудани мафкураи тахрибкор, заминаҳо барои афзудани таассубу ҳурофоти динӣ, зуҳури радиколизми динӣ нигаронида шудааст ва қудратҳои ҷаҳонӣ ҳизбу ҳаракатҳои хусусиятҳои динӣ доштаро дар амалӣ сохтани аҳдофи геополитикӣ ва стратегии худ метавонанд истифода баранд.
Бино ба иттилои расмӣ айни замон дар мамлакатҳои Ироқ ва Сурия беш аз 2000 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон дар ҳайати гурўҳҳои террористиву экстермистӣ дар муқоматҳои мусаллаҳона иштирок кардаанд. Теъдои аз онҳо кушта шуданд, теъдоди дигар бошанд аз доми хоҷагони худ раҳоӣ ёфта наметавонанд. Аксари чунин ҷавонон саводи кофӣ надоранд, мавқеи худро дар ҷомеа пайдо накардаанд. Даъват ба ҷиҳод ва иштирок дар он низ як шакли таассуби динӣ аст.
Бо роҳнамоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Чумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва фаъолияти хастанопазири мақомоти давлатӣ теъдоди зиёди шаҳрвандони мамлакат,аз ҳисоби занону кўдакону наврасон аз урдугоҳҳои Ироқу Сурия ба Ватан баргардонда шудаанд.
Таҳаввулот ва паёмадҳои минтақа ва мамлакатҳои исломӣ моро водор месозанд, ки таассуби диниро дар мамлакат пешгирӣ намоем ва нагузорем, ки чунин мафкура хусусияти умумӣ пайдо намояд.
Барои баланд гардидани маърифати динии мардум ва, махсусан насли ҷавон, шароити мусоид фароҳам оварда шавад. Барои густариши ба истилоҳ «Исломи муътадил» дар мамлакат заминаи мусоидро ба вуҷуд оварда, ҷиҳати фаъолияти созандаи мазҳабҳои суннатии кишвар шароити мусоидеро фароҳам оварда шавад.
Тарбияи мутахассисони диниро дар дохили ҷумҳурӣ ба роҳ монда, онҳое, ки ба хориҷа мераванд, таҳти назорати ҷиддӣ гирифта шаванд ва ин раванд пешгирӣ карда шавад.
Фаъолияти иҷтимоии ҷавонон дар дохили мамлакат васеъ гардад, ҷойҳои нави корӣ ба вуҷуд оварда шаванд, муҳоҷирати меҳнатӣ коҳиш дода шавад.
Барои тарбияи мутахассисони диншиносе, ки дорои донишу ҷаҳонбинии муосири дунявӣ ва динӣ бошанд, тадбирҳои амалӣ андешида шавад.
Масоили вазъи динии мамалкат, густариши дин, таҳаввулоти ҷаҳонбинии пайравони дин мавриди тадқиқ қарор гирад.
Муаммоҳои мушкилоти мазкур равшан гардида, ҷиҳати ҳалли онҳо тадбирҳои амалӣ андешида шавад.
Мақомоти амнияти мамлакат фаъолияти ҷараёнҳои тафриқаангези мазҳабиро таҳти назорат гирифта, амалҳои тахрибкоронаи онҳоро пешгирӣ намоянд.
Оид ба фаъолияти зарарноки ҳизбу ҳарактаҳои ифротӣ корҳои ташвиқотию тарғиботӣ ба таври густурда ба роҳ монда шавад. Ба тарбияи насли наврасу ҷавон аз макотиби таҳсилоти ҳамагонӣ сар карда то муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дар руҳияи худшиносӣ, пойбандӣ ба арзишҳо ва ифтихороти миллӣ, ғояҳои ваҳдати миллӣ, дастовардҳои истиқлол таваҷҷуҳи ҷиддӣ равона карда шавад.
Доир ба таваҷҷуҳи давлат нисбат ба дину диндорӣ, фароҳам овардашудани шароити мусоид барои пайравони дини ислом, ҳимояи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз дини мубини ислом ва суханронии эшон дар мулоқот бо ходимони дин ва фаъолони ҷомеа корҳои таблиғотию ташвиқотӣ ба таври густурда ба роҳ монда шавад.
Таассуби динӣ бо озодандешӣ ва ақлгароӣ дар тазод қарор дорад. Озодандешӣ ва ақлгароӣ дар таърихи ислом дорои нақши хосе мебошад. Тибқи ақидаи исломшиносон ин падида дар самти мазкур табиати духўра дорад.
Аз як тараф наздик шудан ба ин масъала бо ақлу диди равшан ва бо талаботи ақлу мантиқ аз зуҳури озодандешӣ дарак дода, ҷанбаи мусбат дорад. Аммо вақте ба ин ё он масъалаи динӣ аз лиҳози ифротӣ наздик шуда, назариёти бепояеро бо таври сунъӣ эҷод менамоем- ин ҷанбаи манфии озодандешӣ ба ҳисоб меравад. Дар таърихи афкори исломӣ борҳо мушоҳида шудааст, ки муллоҳо аз моҳият ва таъиноти иҷтимоии дин бехабар аз дин илме сохта, мехоҳанд худро чун олим муаррифӣ созанд.
Дар замони имрўза ва шароити имрўза уламои дин, ки аз дин илм месозанд, нерўи зеҳнии ҷавононро аз омўзиши масоили илмӣ боз медоранд ва заминаи зуҳури таассуби диниро ба вуҷуд меоранд. Зеро ин қабил уламо ва домуллоҳо ба дарки он масъала то ҳол нарасидаанд, ки асли дин эътиқод асту ҳеҷ умумияте бо илм надорад.
Таърихи афкори исломӣ саршор аз аслҳои озодандешист. Вале мутафаккирони ислом дар ин самт мушкилӣ ҳам доранд. Назарияпардозони ислом борҳо фирқаву мазабҳои ҳамдигарро санги маломат заданд. Баъзеҳо дар атрофи масоили арзишҳои исломӣ ва назарияҳо оид ба онҳо, мутафаккирони динро ба кўчаи сарбаста ворид намудаанд. Зеро аз дин илм сохтан кўшишест, ки ба пояҳои дин зарба ворид намоянд.
Гароишҳои ақлгароӣ дар афкори донишмандони аҳли ислом вуҷуд дошта, як асли муқими таърихи таҳаввули онро нишон медиҳад.
Яке аз сарчашмаҳои зуҳури таассуб ривоятҳои ғайривоқеӣ ва ғайритабиӣ мебошанд. Чунин ривоятҳои ғайритабию ғайривоқеӣ дар таърихӣ афкори исломӣ зиёданд. Ин гуна ривоятҳо ҷавононро ба кўчаи сарбаста бурда, имконияти ба таври мантиқӣ ва оқилона фикр кардани онҳоро боз медоранд ва манбаи зуҳури ифротгароӣ дар ҳаллу фасли масоили динӣ ва дар мавриди ҳаллу фасли масоили сиёсӣ низ мебошанд.
Аз ин рў, зимни мутоилаи китобҳои динӣ бояд таваҷҷуҳро ба он масъала ҷалб намоем, ки мундариҷаи чунин китобҳо мувофиқ ба зеҳни хонанда бошад. Бояд дар хотир дошт, ки ҳар як ҷое ки ақлгароӣ ҳукумрон набошад, эҳсосот ғалаба мекунад, эҳсосот дар навбати худ сарчашмаи таассубу ҳуруфот ва ифрот мебошад. Асли дин эътиқод аст ва эътиқод исботро намепазирад. Илм танҳо тавассути исбот вуҷуд дошта метавонад.
Озодандешӣ дорои аҳаммияти бузурги амалӣ мебошад ва имконият медиҳад, ки ҷавонон ба омўзиши масоили илми воқеӣ ҷалб шаванд, то аз нуфузи таассуби динӣ эмин монанд.
Барои озодандешӣ ба сифати падидаи зарурии иҷтимоӣ - фарҳангӣ дар ҷомеаҳои динӣ таассуб монеа эҷод мекунад. Аз ин рў, дар рушди афкори динӣ озодандешӣ асли муҳим ба шумор рафта, чун василаи муҳими ақлгароӣ ва дарёфти роҳи солими ҳаёт ба аҳли башар хизмат мекунад ва имконият медиҳад, ки ҳама гуна таассубу ҳурофоту бидъатҳоро дар дин аз байн барад.
Барои пайдо намудани шаклу усулҳои нави ватандўстӣ тадбирҳои самарабахш амалӣ гарданд.
Бо донишҳои замонавӣ мусаллаҳ намудани насли наврас ва баланд бардоштани сифати таҳсил дар мактаби таҳсилоти ҳамагонӣ аз вазифаи аввалин дараҷаи аҳли маориф ба ҳисоб меравад ва барои тарбияи шогирдони босаводу худшинос аз мизи мактабӣ таваҷҷуҳи ҷиддиро равона созанд.
Дастовардҳои илм ҳар чӣ зиёдтар тарғиб карда шаванд, ҷавонону наврасон ба таҳқиқи илмӣ бештар ҷалб карда шуда, ба тарбияи тафаккури солими илмии ҷавонону наврасон таваҷҷуҳи бештаре зоҳир гардад.