wrapper

          1.05.24 дар Институти илмҳои гуманитарии ба номи академик Б. Искандарови АМИТ бо ибтикори директори Институти илмҳои гуманитарӣ, доктори илмҳои филологӣ Қаландариён Ҳ. С. конференсияи илмӣ-амалӣ бахшида ба бузургдошти Носири Хусрав дар мавзуи «Нақши Ҳаким Носири Хусрав дар ҳаёти адабӣ ва илмии мардуми Кўҳистони Бадахшон» баргузор гардид.

          Конференсияро директори Институти илмҳои гуманитарии ба номи академик Б. Искандаров, доктори илмҳои филологӣ Қаландариён Ҳ.С. ифтитоҳ намуда, сипас бо маърўзаи «Қасоиди Носири Хусрав: масъалаи интисоб», доктори илмҳои филологӣ Н. Офаридаев бо маърўзаи «Мавқеи истилоҳоти фалсафӣ-динии форсӣ-тоҷикӣ дар осори Носири Хусрав», номзади илмҳои филологӣ Беҳронов Ҷ. бо маърўзаи «Носири Хусрав ва адабиёти муосир», номзади илмҳои филологӣ Қурбонхонова Н. бо маърўзаи «Вуруди архетипҳои мансух ба ашъори Носири Хусрав» баромад намуданд.

         Дар қисмати дуюми конференсия аз тарафи магистрони ИИГ ба номи академик Б. Искандаров  порчаҳои шеърӣ аз ашъори Носири Хусрав қироат гардиданд.

Дар бахши музокирот бошад, иштирокдорон андешаҳояшонро иброз доштанд.

Конференсия дар сатҳи баланди илмӣ гузаронида шуд.