Офаридаев Назрӣ – доктори илмҳои филологӣ, профессор,
сарходими илмии шуъбаи забонҳои помирии
Институти илмҳои гуманитарии ба номи Б. Искандарови АМИТ
АРЗИШҲОИ СИЁСИИ ДАВЛАТ ВА АРЗИШҲОИ ДИНИЮ МАЗҲАБӢ
Масъалаи давлат, давлатдорию давлатсозӣ аз даврони атиқа оғоз ёфааст. Яке аз нахустин асарҳо дар ин мавзуъ асарҳои мутафаккири Юнони Бостон Арасту ва Афлотун мебошанд. Дар осори мутафаккирони форсию тоҷикӣ низ масъалаи давлат матраҳ мегардид. Байте аз “Маснавӣ”-и Мавлоно дар ин радиф омўзанда аст.
Давлат ҳама з - иттифоқ хезад,
Бедавлатӣ аз нифоқ хезад.
Яке аз саромадони коммунизми илмӣ Ф. Энгелс асареро бо номи “Пайдоиши оила, моликияти хусусӣ ва давлат” дорад, ки ба масъалаи давлат бахшида шудааст. Масъалаи давлат аз назари идеологияи синфӣ дар асари В.И. Ленин “Давлат ва инқилоб” таҳлил шудааст. Масъалаи давлат имрўз ҳам мубрам буда, ин мазуъ аҳаммияти худро аз даст надодааст ва пажуҳишҳо дар ин самт идома доранд.
Давлат шакли танзими сиёсии ҷомеа дар қаламрави муайян, шакли мустақили ҳокимияти умумӣ, ки дорои қудрати идора ва водорсозии иҷборӣ мебошад ва тамоми сокинони мамлакат дар тобеияти он мебошанд.
Дар илм ва ҳуқуқи байналмилалии муосир таърифи ягонаи давлат дида намешавад.
Мафҳуми “мамлакат” бо мафҳуми “давлат” наздик аст ва айнияти истилоҳи давлат нест ва доираи васеътари ифодаро дорад.
СММ, ки калонтарин созмони байналмилалӣ мебошад, шинохти ин ё он ташаккули ҳудудиро ҳамчун давлат ҳуқуқ надорад ва ба ин масъала ҳуқуқи байналмилалӣ ва давлату ҳукуматҳои алоҳида сару кор доранд.
Давлатҳо метавонанд бо ду ном истифода шаванд: Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Тоҷикистон. Ҳар кадоми ин номҳо мавқеи истифодаи худро доранд. Ҷумҳурии Тоҷикистон – ҳамчун субъекти ҳуқуқӣ дар шартномаҳои байналмилалӣ ба кор бурда мешаванд. Шакли кутоҳ –Тоҷикистон дар асноди иқтисодӣ ва ҷуѓрофӣ ба кор бурда мешавад.
Рамзҳои давлатӣ истиқлол ва ҳуввияти давлатро инъикос мекунанд ва ҳар як шаҳрванди мамлакат бояд ба онҳо эҳтиром дошта бошад.
Давлат дорои аломатҳои худ мебошад. Давлат ниҳоди иҷтимоиест, ки тартибу низомро дар байни қишрҳои гуногуни ҷомеа дар асоси қонун ва анъана таъмин менамояд, ки бо ин хусусияташ аз ниҳодҳои дигари иҷтимоӣ тафовут дорад.
Истиқлоли ҳокимияти ягона дар қаламрави далат, соҳибихтиёрӣ нисбат ба дигар давлатҳоро нишон медиҳад Ҳокимияти оммавии ошкор истиқлоли давлатро дар ҳудуди муайян нишон медиҳад.
Мавҷудияти гурўҳи одамон, ки дар идораи давлат иштирок мекунанд, инчунин мақомот ва муассисаҳои ҳокимияти давлатӣ, ки иҷрои муқаррароти далатиро таъмин менамоянд (артиш, милитсия, муассисаҳои ислоҳотӣ ва м.и.) аз аломатҳои асосии давлат ба шумор мераванд.
Воситаҳои молиявӣ, ки аз андоз ва дигар сарчашмаҳо пардохта мешаванд, барои иҷрои вазифаҳои давлат ва кормандони дастгоҳи давлат истифода мешаванд.
Давлат ҳуқуқи ногузири қабул намудани қонунҳо ва дигар асноди меъёриро дорад, ки иҷрои онҳо аз тарафи тамоми аҳолии қаламрави мамлакат ҳатмист.
Вазифаи давлат таъмини волоияти қонун, ҳифзи озодӣ ва ҳуқуқи одамон, ҷустани роҳҳои осон намудан ва ҳал намудани ҳамдигарнофаҳмӣ байни неруҳои ҷамъиятӣ ва ба вуҷуд овардани тафоҳуми иҷтимоӣ байни ақшори гуногуни ҷомеа ба ҳисоб меравад.
Вазифаи дохилии давлат амалисозии тадбирҳои ташкилию иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, таъмини амнияти ҳам одамон ва ҳам худи давлат мебошад.
Вазифаҳои дохилии давлат аз самтҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, маориф, илм, тандурустӣ, сиёсати демограф, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, амнияти одамон, амнияти давлат, таъмини тамомияти арзии мамлакат иборат мебошад.
Вазифаи берунии давлат ҳифзи манофеи давлат, мамлакат дар арсаи байналмилалӣ ба шумор меравад.
Ҳар як давлаи вобаста вазифаҳои стратегияи сиёсии худ барномаҳо ва лоиҳаҳоро кор карда, аз тарафи давлат таввасути тадбирҳои гуногуни сиёсӣ амалӣ мегарданд.
Давлатҳо вобаста ба форматсияҳо ба ғуломдорӣ, феодалӣ, сармоядорӣ, сотсиалистӣ ва вобаста ба рушди тамаддунӣ ва рушди технология ба аграрӣ, индустриалӣ(саноатӣ) постиндустралӣ ба типҳо ҷудо мешаванд
Шаклҳои идораи давлатӣ системаи ташкили мақомоти идораи давлатиро дар мегирад, ки ба монархия ва республика (ҷумҳурият) ҷудо мешавад
Системаи ҳудудии идораи давлатӣ унитарӣ(ягона) ва федератсияро дар бар мегирад.
Режими сиёсии давлат, методу усулҳои идораи давлатиро дар бар мегирад: (демократия, олигархатия, олигархия, авторитаризм, тотолитаризм).
Хар як давлат дорои ҳувияти давлатии худ мебошад, ки ба таъриху арзишҳои миллии сокинони он иртибот доранд.
Арзишҳои сиёсии давлати Тоҷикистон дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баён ёфтааст:
Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад.
Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ буда барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меорад.
Соҳибихтиёрӣ, истиқлолият ва тамомияти арзии Тоҷикистонро давлат таъмин менамояд. Тарѓиб ва амалиёти ҷудоиандозӣ, ки ягонагии давлатро халалдор мекунад, манъ аст.
Мафкураи ҳеҷ як ҳизб, иттиҳодияи ҷамъиятӣ, динӣ, ҳаракат ва гурўҳе наметавонад ба ҳайси мафкураи давлатӣ эътироф шавад.
Бинобар ин муҳимтарин арзишҳои сиёсии давлати Тоҷикистон дар шароити имрўза соҳибихтиёрӣ, демократӣ, ҳуқукбунёдӣ, дунявӣ, ягонагӣ ва иҷтимоӣ маҳсуб меёбанд.
Таърифи ягонаи дин вуҷуд надорад. Аз рӯйи баъзе маълумотҳо 250 то 1000 таърифи дин вуҷуд дорад. Мафҳуми дину диншиносӣ нисбат ба пайдоиши динҳои ҷаҳонӣ нисбатан ҷавон аст.
Дини масеҳӣ 2, 31 млрд (33% ахолии дунё), ислом -1,58 млрд (23% сокинони дунё), индуизм -0,5 млрд (14% сокинони дунё)- ро ташкил медиҳад ва ҳамчун динҳои ҷаҳонӣ шинохта шудаанд.
Вазифаҳои дин аз инҳо иборат аст:
-Танзими рафтору ахлоқи фардҳои алоҳида ва гурўҳҳои иҷтимоӣ;
-Дин тимсоли ҷаҳонро дар шуури одамон ташаккул медиҳад ва ҷойи одамро дар олами атроф муайян намуда, системаи арзишҳоро ба вуҷуд овардааст;
-Дин осоиши руҳро таъмин менамояд
- Дин омили муттаҳидсози як ҷомеа мебошад, ки пайравони ин ё он динро муттаҳид месозад. Аз тарафи дигар дин омили пурзўри тафриқасозии ҷомеа низ ба шумор меравад;
- Ба ҳифзи фарҳанги иҷтимоии сокинон - пайравони дин ва ҳифзи мероси фарҳангӣ мусоидат мекунад. Дин худ ҷузъи фарҳанги башарӣ ба шумор меравад.
Дин дорои фаъолияти сохторӣ мебошад, ки аз инҳо иборат аст:
- Шуури динӣ (таълимот дар бораи Худо, меъёрҳои тарзи зиндагӣ ва дигар арзишҳои динӣ);
- Фаъолияти динӣ (фаъолияти эътиқодӣ ва ѓайриэътиқодӣ):
- Муносибатҳои динӣ (эътиқодӣ ва ѓайри эътиқодӣ)
- Созмонҳои динӣ
Динҳо ба политизм,монотизм, пантеизм, этиқодот ба идеали абстрактӣ (конфутсия, даосизм, будизм ва м. и.) ҷудо мешаванд, ки ба масоили эътиқодӣ иртибот мегиранд.
Дини ислом ҷавонтарин ба ҳисоб меравад. Дар 28 мамлакат ислом дини давлатӣ ё дини расмӣ ба шумор меравад. Аҳли суннат дар ислом 85-90 фози пайравони исломро ташкил медиҳанд. Боқимонда аз аҳли ташаюъ мебошанд. Ду шохаи асосии ислом ба мазҳабҳо ҷудо мешаванд.
Аз солҳои 70-ум консепсия давлати исломӣ пайдо шуд. Вобаста ба ин иқтисоди исломӣ, сотсиализми исломӣ барин консепсияхо пайдо шуданд.
Тавре ки маълум аст, яке аз арзищҳои муҳими давлати Чумҳурии Тоҷикистон – дунявӣ будани давлат мебошад. Аз ин рў, дар Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаи аз давлат ҷудо будани дин таъкид карда шудааст: Иттиҳодияҳои динӣ аз давлат ҷудо буда, ба корҳои давлат мудохила карда наметавонанд.
Ҳамин тариқ, дар давлатҳои дунявӣ арзишҳои сиёсии давлатӣ нисбат ба арзишҳои динию мазҳабӣ бартарӣ дошта, муқобили якдигар қарор надоранд. Давлат барои пайравони тамоми дину мазҳабҳои мамлакат шароити мусоидро дар самти иҷрои расму русуми динӣ – мазҳабӣ фароҳам оварда, дар айни замон аз пайравони эътиқодманди ҳар дину маҳзаб тақозо карда мешавад, ки хилофи қонуну муқаррароти давлатӣ амал накунанд ва чун шаҳрванди солимфикри мамлакат дар ободии Ватани худ саҳм гузоранд.