wrapper

 

Қурбонхонова Н., Азорабекова Ш., Шакармамадов О. Дирӯз ва имрӯзи Наврӯзи Бадахшон. - Душанбе: “Сифат-Офсет", 2024. - 142 с.

Муҳаррири масъул: номзади илмҳои филологӣ Азорабеков Сардорбек

Зери назари доктори илмҳои филологӣ Қаландариён Ҳоким Сафар 

 

Солиён боз муҳаққиқон ва донишмандони касбу кори гуногун ба ҷамъоварӣ ва омӯзишу таҳқиқи расму оину маросимҳои мардумӣ, ба вижа Наврӯз дар манотиқи Кӯҳистони Бадахшон машғул мебошанд. Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон Наврӯз ҳамчун мероси фарҳанги миллӣ ва ҷашни муқаддаси ниёгон мазмуну шукӯҳи тоза пайдо кард. Баъд аз мақоми байналмилалӣ гирифтани ҷашни Наврӯз (соли 2010) таваҷҷуҳ ба омӯзишу таҳқиқи он ва нашри маводи наврӯзшиносӣ тадриҷан зиёд гашта, теъдоди асарҳои ҷудогона ва рисолаву мақолаҳои илмӣ афзудаанд. Доир ба таъриху давраҳои таҳаввул ва масоили ҷашни Наврӯз ва хусусиятҳои баргузории он аз ҷониби аҳли илму адаб, муаррихону рӯзноманигорон, эҷодкорону коршиносон осори зиёди илмиву бадеӣ ва иттилоотӣ бо забонҳои гуногуни дунё таҳияву нашр шудаанд. Дар онҳо натиҷаи муҳимтарин чорабиниҳои ба ифтихори ҷашни Наврӯз баргузоршуда тасвири воқеии худро ёфтаанд.

Бо вуҷуди он, ки солҳои тӯлонӣ роҷеъ ба ин ҷашни бостонӣ таҳқиқот ба анҷом расонда шуда бошанд ҳам, вале ҳанӯз бисёр масъалаҳои алоқаманд ба анъанаҳо, таҳаввули бархе аз расму маросимҳои наврӯзӣ ва моҳияти ин ҷашн дар замони муосир пурра мавриди баррасӣ қарор нагирифтаанд.

Аз ин ҷиҳат, аз ҷониби муаллифони асар кӯшиш ба харҷ дода шуд, ки таҳаввулоти ин расму оинҳо дар даврони муосир то андозае васеътар баррасӣ карда шаванд. Таҳқиқоти мазкур ҷойгоҳи расму анъанаҳои наврӯзӣ ва моҳияту арзиши онҳоро дар асоси маълумоту маводди нав дар ҷаҳони муосир инъикос мекунад. Аз мушоҳидаҳои солҳои охир ба назар мерасад, ки Наврӯз дар замони соҳибистиқлолии кишвар муҳимтарин вижагиҳои гуманистӣ, ватандӯстӣ, ваҳдату ягонагӣ, ҳамдиливу ҳамдастӣ, инъикоси бадеии воқеияти нави зиндагӣ, ҷавҳари миллӣ, муносибати умумибашариро дар худ таҷассум намуда, таърихи таҳаввули фарҳанг, афкор ва ақоиди иҷтимоӣ-ахлоқӣ ва фалсафаи мардумро аз ҳар ҷиҳат бозгӯӣ мекунад. Таҳқиқоти мазкур дар асоси маълумот ва маводди нав анҷом шуда, ақидаҳои таърихии мардумӣ доир ба заминаҳои пайдоиши ҷашни Наврӯз, эҳёи ҷашни бостонии Наврӯз ва моҳияти он, инъикоси худшиносиву ҳувияти миллӣ дар расму маросимҳои наврӯзиро дар бар мегирад. Дар баробари ин, дар доираи андешаи назарии олимони тоҷик, ки оид ба ҷашни Наврӯз анҷом додаанд, баъзе мулоҳизаҳои нав пешниҳод гардидаанд.

Ғояи асосии китоб ин аст, ки гарчанде урфу одатҳо ва эътиқодоти куҳани мардум нисбати ҷашнгирии Наврӯз бо рангу таровати нав иҷро шаванд ҳам, ҳамон унсурҳои қадимаи аҷдодӣ дар онҳо то ҳанӯз нигоҳ дошта шуда, ба замони муосир мутобиқ гардидаанд.

Китоб аз фаслҳои “Саҳми Пешвои миллат дар эҳёи ҷашни Наврӯз”, “Нигоҳе ба пайдоиши Наврӯз дар манобеи асотириву таърихӣ”, “Бозтоб ва таҳаввули суруду таронаҳои наврӯзӣ дар Кӯҳистони Бадахшон”, “Расму таомулҳои мардумӣ”, “Таомҳои наврӯзии тоҷикони Бадахшон”, “Гулчини ашъори адибони Бадахшон роҷеъ ба Наврӯз” иборат буда, дар охири китоб мафҳуми калимаҳое, ки ба расму оинҳои наврӯзӣ марбут ҳастанд, шарҳу тавзеҳ шудаанд.