ХУДОЁРБЕКЗОДА Хосият Қамчибек – унвонҷўйи шуъбаи фолклор
ва адабиёти Бадахшони Институти илмҳои
гуманитарии ба номи академик Б.Искандарови АМИТ
БАРДОШТ АЗ МУЛОҚОТИ АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ
МИЛЛӢ - ПЕШВОИ МУАЗЗАМИ МИЛЛАТ, ПРЕЗИДЕНТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО ФАЪОЛОН,
НАМОЯНДАГОНИ ҶОМЕА ВА ХОДИМОНИ ДИНИ КИШВАР
Тоҷики тоҷдор агар ҷӯйӣ
Он ман астам, ки шоду озодам.
Подшоҳам ба қисматам имрӯз,
Тахту тоҷам диёри ободам.
(М.Миршакар)
Ин рўз ҳам мегузараду фардо низ. Ҳафтаю моҳу сол ҳамчунин. Даҳсолаҳо ва садсолаҳо хоҳанд гузашт. Устухони мо имрўзиён дар ҷаҳони абад ба ғубор табдил хоҳад ёфт, аммо баъди ҳамаи ин ҳазорҳо хазону баҳор танҳо ва танҳо номи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зинда хоҳад буд. Ба он соне ки мо- имрўзиён, Куруши Кабиру Анўшервони Одил ва Исмоили Сомониро ёд медорем, шоистаи таҳсину намунаи ибрат медонем, бад-ин сон ояндагони мо Эмомалӣ Раҳмонро чун Пешвои бузург, чун абармарди таърихии миллати тоҷик дар асри 21 ёд хоҳанд кард... Марҳилаи имрўзаи ҷаҳон дар таърихи башарият марҳилаи басо мушкил ба қалам дода хоҳад шуд. Дар ин даврони носозгори азнавтақсимкунии ҷаҳон, ки бисёр давлатҳо бо “инқилобҳои ранга”, мағзшўиҳо, нофаҳмиҳо, бе дарки амиқи геополитикаи ҷаҳон марзу бум ва фазои ваҳдонияти худро аз даст додаанд, мардуми тоҷик баръакс, тавонист иштибоҳҳои таърихии худро ислоҳ бисозад, аз нав эҳё гашта, давлатсозӣ намуда, ба марҳилаи нави рушду нумуъ бирасад. Дар ин ҷода бузургу беҳамто аст заҳматҳои Пешвои муаззами миллат ва ҳастии ин Пешвои оқилу дурандеши миллат таърихист.
Бо ҳар як таҳлили мулоқоти ин бузургфард –муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони аҳли ҷомеа ва ходимони дини кишвар, ҳар дафъа маънои волои онро бештар дарк менамоям. Ҷаҳон - ҷаҳон ғизои маънавӣ мегирам аз ин мулоқот. Дар ҳар як сухани ироагардидаи Пешвои муаззаму некўқадам ҷавҳари аслии инсонӣ тараннум гардида, ҳидоят баҳри беш аз пеш дўст доштани сарзамини бузурги аҷдодӣ баён мегардад. Ватандорӣ. Худогоҳӣ. Ин аст ҳадафи меҳварии ин мулоқот ва боз ҳифзи манфиатҳои миллӣ дар ин марҳилаи бархўрди манфиатҳои давлатҳои абарқудрат. Хештаншиносӣ ва муҳаббату самимият нисбат ба ин сарзамини бузург, ки мероси гаронарзиш аз пешдодиён мебошад, тараннум мегардад.
Бо ибрози суханони “Имрӯз мехоҳам доир ба равандҳое, ки дар ҷаҳони муосир идома доранд, аз ҷумла бархӯрди фарҳангу тамаддунҳо, тафриқаву низоъҳои диниву мазҳабӣ, густариши бесобиқаи терроризму экстремизми динӣ, «сиёсати дугона» нисбат ба гурӯҳҳои ифротгарои динӣ ва монанди инҳо, ки василаи истифодаи қувваҳои гуногуни манфиатхоҳ гардидаанд, инчунин, таъсири онҳо ба ҷомеа ва давлати мо ибрози андеша намоям...Баъзе масъалаҳое ҳастанд, ки мо бояд имрӯз доир ба онҳо кушоду равшан назари худро гӯем, равандҳои номатлубро баррасӣ намоем ва пеши роҳи онҳоро гирем, ки мисли ҳодисаҳои солҳои 90-ум боз ягон фоҷиаи дигар сар назанад...”Сарвари дурандеш моро таъкидан ҳидоят намуд, ки аз сиёсати даврони гузарон огоҳ бошем. Аз он бохабар бошем, ки дар ин асри илму техника, асре ки инсоният то ҳадде пеш рафта аст, ки ба моҳу коинот парвоз дорад, ҳифзи манфиати миллӣ волотарин ҷойгоҳро касб намудааст. Манфиати абарқудратҳо ҳар чӣ зудтару бештар ба зери назорату тасарруфи худ даровардани ҳудуду масоҳати бештар дар кураи замин ва истифодаи захираҳои табиии он мебошад. Тоҷикистон, ки сарзамини бою пурғановат чи аз ҷиҳати нерўи зеҳниву чи аз ҷиҳати олами ваҳшу тайру канданиҳои зеризаминӣ мебошад, кайҳо чунин таваҷуҳҳоро ба худ ҷалб намудааст. Мусаллам аст, ки бо чунин бузургие, ки Тоҷикистон дорад, чунин муборизаҳо баҳри ба даст овардани руҳияи мардуми он низ роиҷ аст. Аз ин рў, месазад, ки тамоми заковати худро ба кор бурда, дар атрофи сиёсати ин шахсияти таърихӣ, ки барои ободии Ватан борҳо ҷонбозиҳо намудааст, бештар сарҷамъ шуда, дар ободии диёри нозанин азму талош намоем. Истиқлолияти онро, ояндаи пурнакҳат ва дунявияти онро бо ақл, бо сиёсат, бо меҳнат, бо арҷгузорӣ ба дастовардҳои даврони озодии комили Ватан ҳифозат намоем.
“Дар ин маврид ман фақат як сухан мегӯям: фарде, ки дар Тоҷикистон ношукрӣ аз ин сарзамин мекунад, аз ин сарзамини биҳиштосои аҷдодӣ ношукрӣ мекунад, оҷиз мешавад! Танҳо соҳибистиқлолӣ ва низоми дунявии давлатамон имкон фароҳам овард, ки миллатҳои гуногун ва пайравони дину мазҳабҳои мухталиф дар кишварамон фаъолияти динию эътиқодии худро дар доираи муқаррароти Конститутсияи мамлакат ва қонунгузории амалкунанда озодона анҷом диҳанд. Бори дигар такрор менамоям, ки ин ҳама аз баракати муқаддастарин неъмати зиндагии халқамон – истиқлолу озодӣ ва дунявӣ будани давлатамон аст, ки барои пайравони ҳамаи динҳо имкониятҳои баробар ва шароити озоду созгори эътиқодиро фароҳам овардааст”- баён дошт Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон. Зиҳӣ Қиблагоҳи миллат, ки ҳар як баёни афкори шумо панд аст. Маҳз соҳибистиқлолӣ, муттаҳидӣ, низоми дунявии давлатамон имрўз миллати моро пирўз гардонид. Ин пирўзии мо бар рағми бадхоҳони миллат буд ва пирўзӣ бар сустиродагиву бераҳмиву бемаромӣ, пирўзӣ бар нооромиҳои таҳмилӣ аст. Пирўзии хиради азалии миллат бар ҷабри таърих. Пирўзии ваҳдату якмаромӣ бо сарварии фарзонафарзанди миллат, Қаҳрамони асили миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
“Ман ифтихор мекунам, ки аввал тоҷикаму баъдан мусулмон”- албатта, ин ибрози Сарвари давлат таърихист. Панди рўз аст, ин афкор. Яқинан дар ин марзу бум аз замони Ориёиҳои қадим то ба имрўз фаҳмишу динҳои мухталиф роиҷ буданд. Олами дарки гуногунмаъно танин дошт. Ҷаридаи таърих шамшери Искандари Мақдуниву муғултозиву арабсозӣ ва даҳҳо тасарруфро дар ин сарзамин сабт дорад. Низоъҳову кашмакашҳову парокандагӣ - ҳама паси сар шуд ва дар асри навин ин мардум бо фарҳанги мардумсолории худ, бо ақлгароиву озодандешӣ - тоҷдорони давр - давлати Тоҷикистони соҳибистиқлолро бунён намудаанд, ки тафохури имрўзиёну ояндагони миллат аст. Ман ҳам фарзанди ин диёр –ба сони Пешвои сиёсии дурандеши худ нахуст аз он ифтихор дорам, ки тоҷикаму баъдан мусалмон, - ориям аз ҳар гуна ифроту нофаҳмиву нохалафӣ, ки дар асл низ ҷавҳари дину мубини ислом нест.
Сарвари давлат аз мавқеи бонуи тоҷик сухан гуфту аз тарбияи насли наврас ҳамчунин. Аз фарҳанги оламшумули мардуми тоҷик ибрози андеша карду аз адабиёту нобиғаҳои дунёи адаб, аз ҳунару ҳунармандӣ, аз сиёсати дохилидавлативу муносибатҳои хориҷӣ ва ҳар як таъкиду ҳидояти ў дунёи беканори панд буду ҳаст. Таҳлили фаъолияти намояндагони дину ойинҳои мардумӣ низ дар ин марҳилаи ҳассоси ҷаҳони гузарон тақозои рўз мебошад. Ҳамаи ин ҷабҳаҳои ҳаёти ҷомеаро мавриди таҳлил қарор дода, Пешвои миллат бобати ояндаи дурахшони ин сарзамини бузург бо ном Тоҷикистон баррасиҳо пешниҳод намуд. Назари умдаи Пешвои муаззами миллат бар обу ранг бахшидани дарахти пурсамару пурнакҳати Ваҳдати миллӣ ва аз он баҳрабардориву шукргузорӣ намудан аст.
“Мову шумо бояд шукрона кунем, ки соҳиби Ватани ободу озод ҳастем, аз боду ҳавои он нафас мекашем, бо нону намаку оби ҳамин диёри бостонӣ ба камол расидаем ва фарзандону набераҳоямонро дар муҳити орому осудаи он ба воя мерасонем. Шукрона кунем, ки мову шумо соҳибватану соҳибдавлат ҳастем, шукрона кунем, ки узви кулли созмонҳои байналмилалии дунё ҳастем ва дар қатори кишварҳои ҳатто абарқудрати ҷаҳон соҳиби як овоз ҳастем, шукрона кунем, ки моро дар арсаи байналхалқӣ чун кишвари фаъол, муаллифи панҷ ташаббуси сатҳи ҷаҳонӣ мешиносанд ва эҳтирому эътироф менамоянд.” Яқинан дар масири миллати тоҷик, дар ин асру дар асрҳои пешин, ваҳдату ваҳдоният мушкилкушо ва нерўбахшандаву наҷотдиҳанда будааст ва чунин мемонад. Шукргузорӣ аз он,- давлати пояндаву ҷовидонаи миллат аст.
“Пас биёед, ба қадри ин Ватан, ин сарзамини биҳиштосои аҷдодӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва нону намаки он расем, ба хотири ободии боз ҳам бештари Тоҷикистони азизамон ва пешрафти давлати соҳибистиқлоламон муттаҳиду сарҷамъона ва софдилонаву содиқона заҳмат кашем”. Яқинан меҳнати ҳалол, арақи ҷабин, нони бо заҳмат ба даст оварда як рукни фарҳанги миллати тоҷик аст. Заҳматписандӣ дар рўзгорони ин мардум ҷойгоҳи хоса дорад ва минбаъд низ бе шакку шубҳа ин мардуми аз табори ориёиҳои асил бо заҳмату меҳнату ақлу заковат, дар партави ҳидоятҳои шоистаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарзамини аҷдодии худро ободу шукуфо менамоянд.
Ҳамчун рўзноманигор, бандаи камтарин, ҷиҳати пешбурди фаъолияти корӣ ҳамеша дар байни мардуми оддӣ њастам ва зимни суҳбат бо сокинони минтақаи Бадахшон, ин муроҷиатҳои падаронаю таъкидҳои Певшои муаззами миллатро дар умқи дили сокинони вилоят эҳсос менамоям. Он дўстдорию самимияту муҳаббате, ки мардуми ин кўҳистони Ватан нисбати фарзанди фарзонаруху фарзонапешаи Ватан Эмомалӣ Раҳмон доранд, назир надорад. Нидои таърих аст:, ки чун мардум дўстдори Сарвари азизи худ бошаду Сарвари хирадпеша ҷонфидои мардуми сарзамин бошад, пас ин марзу бум ба волотарин эъҷоду эъҷоз, ба пирўзии бемислу бемонанд бар ҳар гуна имтиҳони таърих қодир аст. Чунин шахсиятҳоро ба сони Эмомалӣ Раҳмон Офаридгор шояд дар чанд садсола як бор ба дунё меоварад, ки бо харизмаи худодод қодир њастанд, мардумро аз паси худ бибаранд.
Зиҳӣ Пешвои муаззам муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, зиҳӣ мардуми некўпиндору некўрафтори тоҷики аз азал тоҷдор.