wrapper

Раёсати Институти илмҳои гуманитарии ба номи академик Б.Искандарови АМИТ дар асоси Нақша-чорабиниҳои АМИТ ва ҳамзамон дар асоси Нақша-чорабиниҳои МИҲД-и ВМКБ, Нақша-чорабиниҳои дохилиро оиди хонишҳои сиёсӣ таҳияву баррасӣ намуда, онро мунтазами амалӣ намуда истодааст.

Дар санаи 24.04.2024 дар толори ИИГ хониши сиёсии навбатӣ дар мавзуи “Нақши стратегия ва барномаҳои давлатӣ дар рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон” баргузор гардид. Дар назди ҳозирин бо мавзуи зикргардида ходими калони шуъбаи тадқиқоти иҷтимоиёту иқтисодиёти Бадахшон доктори илми иқтисод Ғоибназарзода Саид Муҳаммадназар баромад намуданд. Устод Ғоибназарзода дар доираи мавзуъ  ҳадафҳои стратегии Тоҷикистон: таъмини истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ,  ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии босуръати кишварро бо далелҳо ва истиноди мушаххас таҳлилу баррасӣ намуданд.

Маъракаи хониши сиёсӣ бо саволу ҷавоб ва таҳлили ҷамъбастии мавзуи “Нақши стратегия ва барномаҳои давлатӣ дар рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон” анҷом ёфт.

Фишурдаи баромад аз рӯи мавзуъ дар шакли мақола дар сайти ИИГ ба табъ расонда мешавад.